Гурзандози маъруфи тоҷик, чемпиони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаров баъд аз гумонбар шуданаш дар истифодаи допинг Чемпионати ҷаҳонии варзиши сабукро дар Қатар тарк кард ва ба Душанбе баргашт.
Дилшод Назаров пас аз бозгашт ба Душанбе дар саҳифаи фейсбуки худ навишт, ки ояндаи наздик дар бораи гумонбар шуданаш ба истеъмоли допинг изҳорот нашр мекунад. Ӯ ҳамчунин навишт, ки барои ба қарори қатъӣ омадан, ба ӯ вақт лозим аст.
“Дӯстони азиз. Шумо шояд фаҳида бошед, ки маро аз муаррифӣ кардани кишварам манъ карданд. Ман наметавонам дар чемпионати ҷаҳон ширкат кунам, зеро ба истеъмоли маводи манъшуда гумонбар шудаам. Хоҳиш мекунам, ба ман фурсат диҳед, то фирамро кунам. Намехоҳам ба эҳсосот дода шавам, далел пешниҳод кардан мехоҳам. Ояндаи наздик изҳоротамро нашр мекунам. Ҳақ бар ҷониби ман аст”, — навиштааст Дилшод Назаров.
Назаровро барои истифодаи метаболити манъшудаи туринабол гумонбар медонанд, аммо худи ӯ гуфт, ки ҷоизаҳояшро ҳалол ба даст овардааст.