Варзишгари маъруфи кишвар, чемпиони Бозиҳои олимпии соли 2016 Дилшод Назаров хабари ба истифодаи допинг гумонбар шуданашро шарҳ дода, гуфт, ки аз шунидани ин хабар дар ҳолати шок қарор дорад.

«Бо он, ки маро ба истифодаи допинг баъди як санҷиши тасдиқӣ аз ман дар соли 2011 гумонбар донистаанд ва аз иштирок дар мусобиқоти ҷаҳонии Доха маҳрумам кардаанд, ман дар ҳолати шок қарор дорам» — гуфтааст Дилшод Назаров ба пурсиши ОИ «АП» дар бораи ҳодиса.

Бо масъулияти пурра изҳор медорам, ки ман ҳамеша барои тозагии варзиш баромад кардам ва ҳамаи ҷоизаҳои ман дар муборизаи одилона ба даст оварда шудаанд! Ман тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳам, ки бо мақомоти дахлдори соҳаи варзиш ҳамкорӣ кунам, то ҳама шубҳаҳо аз ман дур шаванд ва бо ин мақсад як вакилии маъруфи аврупоиро ҷалб кардаам, — изҳор доштааст чемпиони Бозиҳоли олимпии соли 2016.

Назаров изҳор доштааст, ки ӯ умедвор аст, «ба зудӣ номи неки худро барқарор мекунад ва дар мусобиқоти байналмилалӣ парчами Ватанро боз баландтар мебардорад”.

Ман ба дастгирӣ ва ҳамраъйии шумо умедворам. Ҳамин аст, ҳоло ҳамаи он чизе, ки гуфтан мехостам, — хулоса кардааст ӯ.

Дирӯз як созмони мустақили мубориза бо падидаҳои манфӣ дар варзиши сабук хабар дод, ки пас аз санҷиши намунаҳои допинг аз чемпионати ҷаҳонии соли 2011 дар шаҳри Дегуи Корея дар намунаи ташхиси Дилшод Назаров метаболити манъшудаи туринабол пайдо карда шудааст. Ба ҳамин хотир ӯ муваққатан аз ширкат дар Чемпионати ҷаҳон маҳрум карда мешавад.

Добавить комментарий