Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-и деҳаи Солмолидашти Ҷамоати деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон дар як ҳолати валангор қарор дорад. Дар мактаби мазкур 300 хонанда солҳост дар чунин шароити вазин ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Бо фаро расидани зимистон ва боридани барф мушкилоти таълимгирандагони ин муассиса боз ҳам сангинтар мешавад. Мизу курсӣ, тахтаи синф, дару тиреза ва фаршҳои мактаб ҳама куҳнаю фарсудаанд. Бар замми ин мушкилот, дар назди бинои муассиса як ғор воқеъ аст, ки рӯз аз рӯз ба  мактаб наздик шуда истодааст. Ба ҳисоби тахминии мо, мактаб аз ғор ҳамагӣ 5 метр дур асту халос. Бояд барои ҳалли вазъи мазкур Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, вилоят ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран тадбир андешанд. Зеро зимистон дар куҳистон тӯлониву сардиҳои бештар дорад ва шароити таълим дар ин муассиса ба ягон талабот ҷавобгӯ нест.

Таҳияи Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ

Добавить комментарий