Чанд рӯз аст, ки марги сипаҳбад Қосим Сулаймонӣ — сарвари Сипоҳи “Қудс”-и посдорони инқилоби исломии Эрон аз сархати маъруфтарин хабаргузориҳои олам дур намеравад. Террори сарлашкари эронӣ дар Бағдод ҳамоқати дигареро дар арзёбиҳои мубориза зидди терроризм ба намоиш гузошт. Қатл ё террори сарлашкар Сулаймонӣ бо дастури бевоситаи президенти ИМА Доналд Тромп сурат гирифт ва дигар шигифтӣ ҳам надорад вақте Эрон мегӯяд ин амал қасос дар пай дорад. Сарвари мазҳабии Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ, ки тибқи низоми ҳоким дар ин кишвар ҳарфи охир ҳарфи ӯст ва тасмими ниҳоӣ аз ҷониби вай иттихос мешавад, дар нахустин соати хабари террорӣ Қосимӣ эълон кард, ки сарлашкари бузурги Қудс осмонӣ шуд. Ва паёпай ҳушдор ҳам дод, ки Эрон ин қасдро аз Амрико хоҳад гирифт.

Як-ду сухани аввалу асосӣ ҳамин, боқӣ он чӣ гузашту мегузарад, дар меҳвари ҳамин ду ёддошт: судури фармони террори Қосимӣ ва эълони қасос аз ҷониби роҳбари Эрон давр мехӯрад.

Доналд Тромп дар пайи ҳушдори ҷониби Эрон хеле саросема  таҳдид кард, ки дар посух ба ҳар амали Теҳрон 52 мавзеи таърихии ин кишварро мавриди ҳамла қарор хоҳад дод. Ва ин вокунишҳои тундеро ба дунбол дошт. 52 мавзеи таърихӣ — ин осори башариятанд ва аксари онҳо кайҳо ба рӯйхати ЮНЕСКО дохил шудаанд ва ҳамла ба онҳо ҷинояти ҷангӣ шумурда мешавад. Аз ҷумла, Чонг Ҳуо — сафири Чин дар Теҳрон дар вокуниш ба таҳдиди Доналд Тромп алайҳи осори фарҳангии Эрон дар Твитери худ акси намунаҳое аз ин осорро мунташир кард ва навишт, ки “мероси фарҳангии ҷаҳон мутааллиқ ба тамоми башарият аст!»

Қатли Сардор Сулаймонӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ бозтоби басо густарда дошт. Фейсбуки тоҷикӣ низ аз он рӯз то кунун аз ин баҳс холӣ нест. Мухолифони ин амали террористиву ҷонибдоронаш гумон мекунӣ ба ҷони ҳам даромехтаанд. Тасаввур намешавад агар онҳо дар Эрон мебуданд, оё сатре зидди сипаҳсолор навишта метавонистанд? Вале дар шабакаҳо менависанд: ҳам ба ҷонибдорӣ ва ҳам ба мухолифаташ. Онҳое, ки ҷонибдоранд, ба ин назаранд, ки ин амали террористӣ як кори ноҷавонмардона буд. Мухолифонаш ба ин ақидаанд, ки кори хубе шуд, чун Қосим Сулаймонӣ ҳам террорист будаву суриёиҳо ва ироқиҳоро мекуштааст.

Ба ин баҳсҳо кор надорем ва меравем дунболи таҳлили худ, ки даҳҳо суоли беҷавоб дорад. Аввалин суол ҳам ин буд, ки оё баъди ин Амрикову Эрон бо ҳам даргир мешаванд? Оё дар ҳақиқат Тромп ба бушкаи бензин гӯгирд зад ва ҳоло бояд шуълаи ин оташи инсонкушро мунтазир бошем? Оё сарнавишти Ироқу Либия ва Сурия барои Эрон ҳам такрор мешавад?

Инҳо суолоте буданду ҳастанд, ки таҳлилгарони машҳури олам посух меҷӯянд ва посухҳои мантиқӣ. Ховари Миёна зарфи ин чанд соли охир майдони ҷангу кашмакашҳои қудратхоҳоне чун Амрикову муттаҳидонаш гашта ва қудрати минтақавии Эрон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ин иттиҳод будаву ҳаст. Агар қасди Амрико як дарди аз замони Ризо Паҳлавӣ монда бошад, дарди кишварҳои дигари ғарбӣ тозатар аст. Ин мамолик то ҳадде кӯшидаанд дар муносибаташон бо Эрон чун Амрико зиёдравӣ накунанд, балки як ҳадди васатро нигоҳ доранд, чун бозгашташон ба ин сарзамини нафтхез  амри зарурист.

Кӣ буд Қосим Сулаймонӣ?

Қосим Сулаймонӣ 11-уми марти соли 1957 дар хонаводаи деҳқони фақир дар вилояти Кирмоншоҳ дида ба олам кушодааст. То инқилоби Исломӣ дар сохтмонҳо коргари одӣ будааст ва аз 22-солагӣ, ки инқилоб пирӯз шудааст, ба Сипоҳи посдорони инқилоб дохил шудаву баъди гузаштани курси 45-рӯзаи омодагӣ, дар ҷанги Эрону Ироқ ширкат кардааст. Маҳз дар ҳамин ҷанг маҳорати ҷангӣ нишон додаву чандин амалиётҳои бобарорро ба анҷом расонидааст. Дар замони ҷанги Эрону Ироқ оятуллоҳ Хумайнӣ фармон дод, ки кулли фармондеҳони аршади артишро берун кунанд, чун ба онҳо бовар надошт ва ба ҷойи ишон аз ҳисоби ҷавонон фармондеҳони нав ва артиши нав созмон диҳанд. Ва ин Сипоҳи посдорони инқилоб буд.

Қосим Сулаймонӣ як низомии шинохтае буд, ки аз соли 1988 фармондеҳии Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон — “Қудс”-ро ба уҳда дошт. Вай фармонҳоро мустақим аз худи роҳбари Эрон Оятуллоҳ Хоманаӣ дарёфт мекард ва мустақим ба вай итоат менамуд. Ӯро “шамшери Эрон” дар минтақа меномиданд.

Қосим Сулаймонӣ як стратеги хеле барҷастае буд, ки муҳимтарин тарҳҳои низомии ҳузури Эрон дар минтақаро кашидаву комёб шудааст. Вай барои наздик шудан бо “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ва “ҲАМОС”-и Фаласттин бо Эрон нақши басо муҳим бозидааст. Дар ҷангҳои ахири Ховари Миёна неруҳои Эрон маҳз тибқи нақшаи Сулаймонӣ амал мекарданд. Ӯ касе буд, ки тавонист Путинро мутақоид созад, ки ба Сурия ворид шавад. Вуруди Маскав дар набард зидди ДОИШ ба ҷонибдорӣ аз Асад билохира тарҳҳои Амрикоро шикаст, чун ДОИШ дар минтақа шикаста шуд.

Ҳамагӣ соле қабл Амрико Қосим Сулаймониро ба ҷиддият шинохт ва исми ӯро ба листи террористони хориҷӣ шомил намуд. Вашингтон дар тӯли солҳои ҳузури низомиаш дар Ироқ ва Афғонистон бори аввал эҳсос кард, ки маҳз Қосим Сулаймонӣ муҳраи аслӣ дар тахтаи шоҳмоти низомии Ховари Миёна ва Эрон аст ва бояд чун сипаҳсолор Аҳмадшоҳи Масъуд аз байн бурда мешуд.

Қосим Сулаймонӣ сипари Эрон дар дифоъ аз ҳамлаҳои ДОИШ-ӣ буд, чун агар ин ҷанг  ба Эрон кашида мешуд, харобиҳои зиёдеро ба бор меовард. Сулаймонӣ ҳама корро кард, то оташ ба ин хона кашида нашавад ва ДОИШ дар ҳамон Ироқу Сурия саркӯб гардад. Ва он ки дастури қатли ӯ аз ҷониби сарвари қудратмандтарин кишвари олам — Амрико содир шуд, хеле ҷойи андешаву баррасӣ дорад. Агар Сулаймонӣ дар воқеъ муҳраи муҳим набуд, Тромп шахсан ба қатлу террори вай имзо намегузошт ва худро чӣ дар кишвараш ва чӣ берун аз он зери борони тавҳину мазаммат намегузошт.

Пас аксуламали Эрон чӣ хоҳад буд: Ҷанг?

Эрон аксуламали шадид нишон хоҳад дод, вале агар касе гумон мекунад бо ИМА эълони ҷанг хоҳад кард, хаёлест хом. Эрон қудрати набарди ошкор бо Амрикоро надорад. Вале дар баробари эълони қасос рӯзи ҷаноза роҳбари ин кишвар масъалаи таҳаммулро ҳам дар миён гузошт. Яъне, Эрон ҳама гузинаҳои қасоси Сулаймониро матраҳ мекунад, вазъро меомӯзад ва бо пайдо кардани ҷойи заъфи Амрико ва фурсати муносиб қасос мегирад. Эрон ҳаргиз саросемавор пайи интиқом намеравад ва мустақиман ҳам ин корро намекунад. Чуноне аллакай баъзе таҳлилгарон ҳадс мезананд, вай аз василаҳои дигар ва қувваҳои хориҷ аз Эрон истифода хоҳад кард.

Корманди Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Владимир Сажин бар ин назар аст, ки эрониҳо дар Ховари Миёна имкониятҳои калоне доранд ва ҳузури густардаашон дар Ироқу Сурия аз ин ҷумла аст. Ин таҳлилгар гузаштаро ба хотир меорад ва мегӯяд, ки тобистони соли 2019 муносибати Эрон ва ИМА хеле тиратар шуд. Амрико аз муоҳадаи ҳастаӣ хориҷ гардид. Ҳодисаҳои дигар сари нафткашҳо дар баҳрҳо, сарнагун карда шудани ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ аз ҷониби Эрон, ҳамлаи ҳусиҳои зайдии Яман  ба чашмаҳои нефтии Арабистони Саудӣ, ки аксаран мегӯянд аслан кори Эрон буд ва ғайра боис ҳам шуда буд, ки Тромп нақшаи ҳамла кашад ва боз онро лағв кунад.

Ин таҳлилгар мегӯяд дар айни замон ҷанги густарда барои дуҷониб аслан аҳамият надорад. Тромп дар дохил аз вазъи нохубе бархӯрдор аст, бозхондаш дар парлумон баррасӣ мешавад ва дар пеш интихоботест, ки мехоҳад дуюм бор интихоб шавад. Эрон низ хостори ҷанги калон нест. Гузашта аз ин, вазъи дохилии Эрон низ вахим аст. Таҳримҳои шадиди Амрико болои Эрон ин кишварро беш аз ҳар вақти дигар заиф мекунанд.

Ин таҳлилгар ҳамчунин мегӯяд, ки дар ояндаи наздик гуфтушунид миёи Амрикову Эрон аслан имкон надорад. Зарбаи ҳавоие, ки  бар асари он Қосим Сулаймонӣ кушта шуд, баргузории ҳар гуна муколамаи дуҷонибаро барои муддатҳо мушкил мекунад.

Бале, муколама дигар дергоҳ сурат намегирад, аммо таниш боқӣ мемонад. Эрон ва Амрико баъид аст вориди набарди ошкор шаванд. Вале Эрон бо истифода аз муттаҳидонаш дар Ироқ, Сурия, Лубнон ва нукоти дигар зарбаҳои парешоне мезанад. Имкон надорад, ки сухани сарвари Эрон сухани ҳавоӣ бошад.

Намояндаи неруҳои мусаллаҳи Эрон генерал Абулфазли Шикорчӣ дар суҳбат бо хабаргузории эронии “Меҳр” рӯзи шанбеи гузашта гуфт, ки “мо бе ягон саросемагӣ нақшаи посух ба ин амали террористиро мекашем ва амалӣ мекунем. Маҳз мо вақт ва ҷойи амали худро муайян мекунем”. Ва ин соҳибмансаби неруҳои мусаллаҳ гуфт, ки ИМА мехоҳад бо ҳар баҳона Эронро вориди саҳнаи ҷанги ошкор созад, вале Эрон ҳаргиз ба ин дом худро андармон нахоҳад кард.

“Ба андешаи ман он чӣ ба сари Қосим Сулаймонӣ омад, амали террористӣ буд,- гуфтааст дар суҳбат бо “Известия” шарқшинос Вячеслав Матузов.- Қосим Сулаймонӣ шахси расмии кишвари мустақил аст. Вай метавонад ба касе маъқул набошад, вале ӯ фаъоли сиёсӣ буд. Вақте кишваре чун Амрико кормандону фаъолони сиёсиро бо ин гуна шеваҳо аз миён мебарад, ҷойи таассуф аст”.

Вокунишҳо

Ҳамлаи Амрико ба Қосим Сулаймониро ошкоро давлати яҳудӣ пуштибонӣ кард. Бинямин Натанёҳу дар баёнияе изҳор дошт, ки Доналд Тромп “барои амали фаврӣ ва қотеъ шоистаи ҳама тавсифҳост”.

То ҳол сарвари ягон кишвари ғарбӣ дар вокуниш ба ин рӯйдод онро маҳкум накардаву ошкоро зидди Амрико сухан дар миён наовардааст. Вазъи Ироқ баъди террори Сулаймонӣ дар гуфтугӯи телефонӣ миёни сарварони Русия, Фаронса — Владимир Путин ва Эммануэл Макрон, ки бо ташаббуси Порис сурат гирифтааст, мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтааст. Бино ба гузориши Кремл, ҷонибҳо аз куштори Қосим Сулаймонӣ изҳори нигаронӣ кардаанд ва гуфтаанд, ки ин амали ИМА метавонад оқибатҳои басо нохуше дошта бошад.

Ироқ амали неруҳои амрикоиро таҷовуз хонд ва эълон кард, ки ин амали террористӣ бо мақомоти ин кишвар ҳамоҳанг нашуда буд. Рӯзе пештар парлумони Ироқ бо аксарияти овозҳо лоиҳаи қарор дар бораи хурӯҷи неруҳои амрикоӣ аз ин кишварро тасвиб кард. Тавре Bloomberg хабар дод, ба пуштибонӣ аз ҳуҷҷати мазкур 172 нафар вакилони мардумӣ иштирок карданд. Баъзе вакилони парлумони Ироқ хостори таътили сафорати Амрико дар Бағдод шуданд.

Елизабет Ворен, номзади демократҳо дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Амрико, ҳамлаи ҳавоии бомдоди ҷумъаи Вошингтонро “террор” номид ва гуфт, ки ин амали сарвари Кохи Сафед амнияти амрикоиҳоро дар минтақа зери хатар қарор медиҳад.

Сиёсатмадори баноми Афғонистон Латиф Пидром дар вокунишаш қатли Сардор Қосим Сулаймониро терроризми давлатӣ номид. Вай дар саҳифаи худ дар фейсбук ёдовар шуд, ки Қосим Сулаймонӣ бо шаҳир Аҳмадшоҳи Масъуд — Қаҳрамони Афғонистон шиносоии наздик дошт. “Мубориза ва муқовимат дар баробари султаталабии Омрико ҳаққи мусаллами давлатҳо ва кишварҳои минтақа аст”.

Ҳомид Карзай, президенти пешини Афғонистон куштори Сулаймониро шадидан маҳкум намуд. Вай  Сулаймониро шахсияте бовиқор ва хостори сулҳу субот дар Афғонистон тавсиф кард.

Гурӯҳи Толибони афғон, ки ҳамакнун қарор аст бо Амрико сари масъалаи ояндаи Афғонистон канор оянд ва муоҳадаеро ҳам имзо кунанд, аз паёмадҳои басо нохӯши Доналд Тромп ҳушдор дод.  Дар баёнияи ин созмон аз ҷумла омадааст:  “Бо таассуфи фаровон иттилоъ ёфтаем, ки женерол Қосим Сулаймонӣ дар ҳамлаи нерӯҳои ваҳшии омрикоӣ ба қатл расидааст. Инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун!… Бархӯрди Амрико пас аз қатли генерал Сулаймонӣ ва ваҳшати Тромп аз ба ӯҳда гирифтани масъулияти ин қатл нишон медиҳад, ки Амрико нотавонтар аз ҳар замоне аст”.

Поёни ҳузури Амрико дар ғарби Осиё?

Ин бахшро метавон хеле муфассал навишт ва аз он ки вокуниши мардуми Эрон ба террори Сардор Сулаймонӣ дар матбуоти олам  ҳам пӯшиши густарда дошт ва хонандагони “Самак” ҳам огоҳии бештар доранд, кӯтоҳ мекунем. Танҳо ин ки ҷанозаи Қосим Сулаймонӣ дар Теҳрон аз пурҷамъияттарин намози тайи чанд соли охир буд, ки бо ширкати оятуллоҳ Хоманаӣ баргузор шуд. Гузашта аз ин, дар кулли калонтарин шаҳрҳои Эрон садҳо ҳазор нафар ба кӯчаҳо рехтанд ва раҳпаймоӣ карданд. Мавҷи азими мардум баёнгари он нукта буд, ки ихтилофи назарҳову зиддиятҳои ҳукуматдорони Эрон бо мардум, ки тайи моҳҳои охир буд, ба якдиливу ҳамдилӣ бадал гардид.  Мардум дар масъалаи интиқоми хуни Сулаймонӣ бо ҳукумати ин кишвар ҳамназар буданд. Баъзе таҳлилгарон ҳатто навиштанд, ки Тромп бо ин кораш ҳама сӯитафоҳумҳои дохилиро дар Эрон барҳам зад ва ҳукумат ва халқро дубора муттаҳид намуд.

Муҳаммадҷаводи Зариф — вазири умури хориҷии Эрон бо ёдоварии саҳнаҳои рехтани сели мардум дар кӯчаҳо дар Твиттери худ Тромпро мухотаб қарор дод ва навишт: «Оё ҳаргиз чунин дарёе аз мардумро ба умри худ дидаӣ? Оё ҳамчунон мехоҳӣ ба суҳбатҳои далқак (масхарабоз)-ҳое гӯш бидиҳӣ, ки ба ту дар бораи минтақаи мо машварат медиҳанд?

Ва оё ҳамчунон ба ин хиёл ҳастӣ, ки метавонӣ иродаи ин кишвари муъаззаму мардуми онро бишканӣ?

Поёни ҳузури бадхими Омрико дар ғарби Осиё оғоз шудааст».

Ва охирин хабарҳо

Вақте ин навиштаро мехостем ҷамъбаст кунем, муруре ба сархати хабарҳои ахир дар мавриди таниш миёни Эрону Амрико доштем. Ва хабарҳои аслӣ инҳо буданд: Ҳушдори Дабири кулли СММ Гутерриш аз боло рафтани танишҳо дар ҷаҳон, омодагии Ҷон Болтон барои ширкат дар баррасии бозхонди Тромп дар Конгресси Амрико, таҳдиди Тромп ба Ироқ барои тасмими ихроҷи неруҳои амрикоӣ, тазоҳуроти зиддиҷангӣ дар Амрико ва баъзе кишварҳои дигар, интиқоди ИМА аз сарони Аврупо, ки Вашингтонро дар қазияи Сулайонӣ пуштибонии чандоне накардаанд, эълони хурӯҷи комили Эрон аз муоҳадаи ҳастаӣ, дархости Афви Байналмилал аз Тромп ва ғайра.

Ва муҳимтарини ин хабарҳо шояд ҳамин дархости Афви байналмилал буд. Ин созмони ҷаҳонӣ аз президенти ИМА Доналд Тромп хостааст, ки таҳдидаш алайҳи ҳадафҳои ғайринизомӣ ва маконҳои фарҳангӣ дар Эронро пас бигирад ва тобеи қонунҳову муқаррароти башарию байнулмилалӣ бошад.

Ф. МУҲАММАД

Добавить комментарий