Ба таваҷҷуҳи Прокурори генералии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод

 

Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки ман чандин маротиба ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди бо роҳи лату куб ба худкушӣ расондан ё худ овезонда куштани марҳум бародарам Камолов Аҳадалӣ Камолович, соли таваллудаш 1962 муроҷиат карда будам. Вале мутаассифона, ҳанӯз ҳам ҷинояти мазкур нокушода боқӣ мондааст ва онҳое, ки бародарамро ба худкушӣ расонидаанд, ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд. 

Маротиба аввал 1 феврали соли 2016 аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Деваштич қарор оиди рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣқабул карда шуда буд, ки он дар асоси шикояти мо бинобар ғайриқонунӣ, беасос ва бармаҳал буданаш бекор карда шуд. 

Маротибаи дуюм 3 марти соли 2016 қарор оиди рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ, ки такроран аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Деваштич қабул шуда буд, дар асоси шикояти мо бинобар ғайриқонунӣ, беасос ва бармаҳал буданаш бекор карда шуд. 

Бори сеюм прокуратураи н. Деваштич 24 ваҷҳи мушаххаси пешовардаи моро ҳамаҷониба, пурра ва холисона тафтиш накарда, 13 июни соли 2016 бори дигар қарор дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣқабул кард. Дар асоси шикояти мо қарори қабулнамудаи зикршуда такроран бинобар ғайриқонунӣ, беасос ва бармаҳал буданаш бекор карда шуд, ки он бо қарорҳои қаблан қабулнамуда мухолифат мекунад.

Ҳамин тариқ, маротибаи чорум прокуратураи вилояти Суғд бидуни тафтиши ҳаматарафа, пурра ва холисона қарор дар бораи рад кардани оғози парвандаи ҷиноятироқабул кард. Аз ин қарори қабулшуда мо розӣ нашуда, бо шикоят ба унвони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудем. Моҳи ноябри соли 2016 қарори масъулини Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бекор кардани қарор оиди рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ аз 10 августи соли 2016 ва ба санҷиши иловагӣ баргардонидани он қабул карда шуда, маводҳо барои санҷиши иловагӣ ба прокуратураи вилояти Суғд ирсол карда шуд.  

Прокуратураи вилояти Суғд бархилофи талаботи моддаи 21 КМҶҶумҳурии Тоҷикистон санҷиши ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи ҳолатҳои корро ҳангоми санҷиши иловагӣ ба роҳ намонда, 28 декабри соли 2016 такроран қарор дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати Норбутаев Ш. ва дигаронроқабул кард. 

Моҳи январи соли 2017 мо бо аризаи шикоятӣ аз болои қарори рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ моҳи декабри соли 2016 ба қабули шахсии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон даромада будем. Дар натиҷа, қарори рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ аз 28 декабри соли 2016 нисбати Норбуттаев Ш. ва дигарон бинобар ғайриқонунӣ буданаш бекор карда шуда, нисбати Норбутаев Ш. ва дигарон бо моддаи 112 КҶҶумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, барои тафтиш ба прокуратураи вилояти Суғд ирсол карда шуд. Қарор дар бораи бекор кардани қарор оиди рад намудан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ ва оғози парвандаи ҷиноятӣ аз 19 январи соли 2017 аз ҷониби прокурори Раёсати назорати тафтишоти пешакӣ дар мақомоти прокуратура қабул карда шудааст.

Прокуратураи н. Деваштич ва ШВКД-и ноҳия 90 ваҷҳи пешниҳоднамудаи моро ба инобат нагирифта бинобар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” танҳо нисбати Шералӣ Норбӯтаев қарор қабул кард. Қарори зикршуда аз ҷониби ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар н. Деваштич тасдиқ шуд. 

Аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд дар асоси аризаи шикоятии мо қарор дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятии № 24423 бинобар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 4 марти соли 2017 бо моддаи 112 КҶҶумҳурии Тоҷикистон нисбати Норбутаев Ш. бинобар бармаҳал буданаш бекор карда шуда, барои гузаронидани тафтиши иловагӣ ба ШТ РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ирсол карда шуд. Маълум шуд, ки парвандаи ҷиноятии №24423 дар истеҳсолоти таҳқиқбарандаи РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳол он, ки дар асоси супориши прокуратураи вилояти Суғд парвандаи ҷиноятии зикршуда барои гузаронидани тафтиши иловагӣ танҳо ба ШТ РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ирсол карда шудааст. 

Ҳамин тавр, маротибаи ҳафтум низ қарор дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятии зикршуда бе баррасии ваҷҳҳои пешниҳод намудаи мо қабул карда шудааст. 

Парвандаи ҷиноятии № 24423 бо моддаи 112 КҶҶумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Норбутаев Ш. ва дигарон 19 январи соли 2017 оғоз карда шуда буд. Бо сабабҳои номаълум парвандаи ҷиноятии зикршуда қатъ карда шудааст. Аз ин бармеояд, ки нисбати дигар шарикони Норбутаев Ш. баъд аз оғоз шудани парвандаи ҷиноятӣқарори дахлдор қабул карда нашудааст.

Қарор дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятии зикршуда бинобар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз ҷониби  ШТ РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд қабул шудааст. Ман бо қарори зикршуда бинобар сабаби ғайриқонунӣ, беасос ва бармаҳал буданаш норозӣ буда аз Шумо муҳтарам Прокурори генералӣ бекор кардани қарори музкурро хоҳиш менамоям. Далелҳои зиёде пешиниҳод карда метавонам, ки барои бекор кардани қарори мазкур асос шуда метавонад. Умедворам, ки оид ба ин масъалаи мазкур ёрии амалии худро дареғ намедоред.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, бо мақсади таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, эҳтироми қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки қарор дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятии зикршуда бинобар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” бо моддаи 112 нисбати Норбуттаев Ш., ки аз ҷониби  муфаттиши калони ШТ РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники милитсия Рӯзиев Ш.қабул шудааст ва оиди қабули қарори зикршуда 12 январи соли 2018 и.в. муовини прокурори вилояти Суғд мушовири адлияи дараҷаи 1 Ҳикматуллозода А. розигӣ додааст, бинобар бармаҳал ва ғайриқонунӣ буданаш бекор карда шавад. Хоҳишмандам минбаъд тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии № 24423 аз тарафи муфаттишони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, нисбати Норбуттаев Ш. ва дигарон қарори қонунӣ ва асоснок қабул карда шавадд. Зеро Норбутаев Шералӣ пас аз ҷинояти мазкур давоми як сол худашро айбдор намеҳисобид, аммо пас аз боз шудани парвандаи ҷиноятӣ худашро гунаҳгор ҳисобида, дар аризаи худ талаб намудааст, ки авф карда шавад. Ҳоло он ки марҳум бародарам Аҳадалӣ Камолов шаби 21-22 январ соли 2016 бо бардоштани 14 ҷарроҳат дар баданаш ба ҳалокат расидааст. Вале субҳи 22 январи соли 2016 ҷасади ӯро дар оғилхонааш овезон пайдо карданд. Гӯиё, ки ӯ худкушӣ карда бошад ва ҳамин тариқ мақомоти тафтишотӣ ҳодисаи мазкурро айбдоркунии хусусӣ эълон намуданд. 

Дар шумораи № 31 (1167)-и ҳафтаномаи “Минбари халқ” аз якуми августи соли 2018 низ оид ба қазияи мазкур номаи ман ба унвонии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расида буд ва умедвор будам, ки аз мақомоти прокуратура пусухи мушаххас мегирам, вале мутаассифона то ба ҳол ба мактуби ман навиштаи ман посух наомадааст.  

Аскаралӣ Бойбобоев

Добавить комментарий