Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ҳамчун яке аз соҳаҳои пешбарандаи ҷомеа афзалият дода, дар ҳар як Паёмашон ба рушд бахшидани он таъкид менамоянд. Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ кӯшиш ба харҷ додааст, то дар соли хониши 2019 ба масоили пешрафти таълиму тарбия, баланд бардоштани донишу маърифати хонандагону омӯзгорон, боло бурдани сатҳу шароити мутахассисони ҷавону кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф, ободкориву бунёдкорӣ ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимиву томактабӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.

Маълумоти мухтасар

Бо мақсади интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд, дар соли 2019 дар Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ чораандешии ҷиддӣ сурат гирифта, айни замон дар шуъба 4 нафар зан дар вазифаи мушовири Хадамоти методӣ, дар вазифаи директори муассиса 32 нафар, дар вазифаи ҷонишини директор 23 нафар ва дар фаъолияти омӯзгорӣ 1501 нафар зан машғули коранд. Инчунин, 8 нафар мудирони муассисаҳои томактабӣ занҳо буда, 6 нафар зан дар вазифаи сармуҳосибӣ кору фаъолият доранд.

Шуъба бо андешидани тадбирҳои саривақтӣ тавонистааст, ки табдил додани муассисаҳои таҳсилотиро дуруст ба роҳ монад. Дар натиҷа теъдоди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ 1 адад ва умумии асосӣ 1 адад кам гардида, муассисаҳои таҳсилоти асосии умумӣ 2 адад зиёд гардидааст. Ин омил барои фаро гирифтани хонандагон дар зинаи дуюм ва сеюми таҳсилот ва таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ба таҳсил, таъмини онҳо бо таҳсилоти муттасил, пешгирии аз таҳсил дур мондани хонандагон, аз ҷумла духтарон мусоидат намудааст.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 49 120 нафар хонанда, аз ҷумла 24 844 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Илова бар ин, дар қатори кӯдакони солим 129 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд низ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Рушди таҳсилоти томактабӣ

Рушди таҳсилоти томактабӣ, ки дар ташаккули кӯдак зинаи асосӣ маҳсуб мегардад, аз самтҳои асосии фаъолияти шуъба ба шумор меравад. Дар ноҳия 8 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, 603 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли 2018-ум 151 нафар кӯдак зиёд мебошад. Аз 28 нафар мураббӣ 24 нафар бо таҳсилоти олӣ фаъолият намуда, 3 нафар дорои таҳсилоти олии нопурра ва 1 нафар дорои таҳсилоти миёнаи махсус мебошанд. Дар соли 2019-ум 2 муассисаи томактабӣ дар ҷамоати деҳоти Тугарак ва М. Маҳмадалӣ барои 132 нафар кӯдакон ба истифода дода шудааст.

Ҷиҳати қонеъ намудани талабот ба таҳсилоти томактабӣ дар ноҳия 48 Маркази инкишофи кӯдак таъсис дода шуда, аз ин шумора 34 муассиса дар бинои шакли нав ҷойгир буда, дар онҳо 1673 нафар кӯдакон фаро гирифта шудаанд.

Гирандагони стипендияҳо

Дар соли хониши 2019-ум 9 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба тариқи озмун гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 460 сомонӣ гардидаанд. Илова бар ин, 5 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия гирандаи стипендияи раиси вилояти Хатлон мебошанд. Ҳамзамон, бо ташаббус ва дастгирии раиси ноҳия ва бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми феврали соли 2018, №949 «Оид ба дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, литсей, коллеҷи тиббӣ, ҳамчунин ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятии беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ» дар ноҳия 6 нафар хонанда гирандаи стипендияи раиси ноҳия ба андозаи ҳар кадом ба миқдори 200 сомонӣ дар арафаи соли хониши 2019-2020 мавриди амал қарор гирифтааст.

Дарёфт ва рушди истеъдодҳо

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми июни соли 2014, №353 “Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2015-2020” ҷиҳати таъсиси марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо қарори раиси ноҳия ба тасвиб расида, дар 6 маҳфилҳои фаннӣ 242 хонанда фаро гирифта шуда, 10 нафар омӯзгорон ба хонандагон таълиму тарбия медиҳанд.

Вазифаи аввалиндараҷаи Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳия муайян ва омода намудани истеъдодҳои қобилияти фавқулодда дошта аст. Дар натиҷаи саъю кӯшиш ва талошҳои маорифчиёни ноҳия дар даври сеюми озмунҳои фаннии даври вилоятӣ 16 нафар хонанда бо медали тилло, 20 нафар бо медали нуқра, 80 нафар бо медали биринҷӣ, 22 нафар бо ифтихорнома сарфароз гардидаанд. Дар олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявии хонандагон бошад, 2 ҷойи ифтихорӣ ба даст омадааст. Дар Олимпиадаи байналмилалӣ (Кенгуру ва IMAS) аз фанни математика хонандагон сазовори 3 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ гардидаанд. Илова бар ин, дар озмуни “Донояк”-и Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоят хонандагони ноҳия фаъолона иштирок намуда, сазовори 2 ҷойи ифтихорӣ гардидаанд.

Таъминоти технология

Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 59 адад кабинетҳои компютерӣ мавҷуд мебошад. То имрӯз муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо 1346 адад компютер, 225 адад принтер, 34 адад доскаи электронӣ, 43 адад проектор таъмин карда шудаанд.

Дар соли 2019 аз ҷониби Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъба зиёда аз 226 адад компютери таъмирталаб аз таъмир бароварда шудааст. Илова бар ин, дар нуҳ моҳи соли 2019-ум 43 компютер, 15 проектор, 15 тахтаи электронӣ ва 2 принтер барои муассисаҳои таълимӣ харидорӣ карда шудааст.

Назорати пешрафти хонандагон

Бо мақсади назорати пешрафти хонандагон ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ масъалаи аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан дар  муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст. Дар умум, дар аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм 42 051 нафар ширкат намуда, 11 699 аз аттестатсияи хатм (бо назардошти синфҳои 4-ум) ва 30 352 нафар аз синф ба синф гузаронида шудаанд. Шумораи умумии хатмкунандагони синфи 11-ум 3 158 нафар буда (1 475 нафар духтар), аз ин шумора 2934 нафар (1372 нафар духтар) хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаанд. 42 нафар ба хориҷи кишвар, 167 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, коллеҷҳо ва курсҳои кӯтоҳмуддат, 20 нафар (10 нафар духтар) тибқи квотаи Президентӣ дохил шудаанд.

Дар соли 2019-ум 4 нафар хонандагони синфи 9-и муассисаҳои таълимии ноҳия соҳиби аттестати аъло гардидаанд, ки ин замина ба гирифтани медали тилло дар ноҳия мебошад.

Таҳсилоти иловагӣ

Фаъолияти муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияро метавон дар соли 2019 самарабахш арзёбӣ намуд, зеро муассисаи мазкур алҳол бинои алоҳида ва мустақилияти молиявии худро бо қарори раиси ноҳия аз 19.05.2017, №357 дошта, маҳфилҳо вобаста ба равияҳо амал мекунанд.

Дар давраи таътили тобистона дар 21 маҳфили муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ 840 нафар кӯдакону наврасон ба чорабиниҳо ҷалб карда шудаанд, ки ин кори хуби марказро нишон медиҳад.

Фармоиши вазири маориф ва илм аз 14.07.2014, №1450 “Дар бораи амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми июни соли 2014, №375 “Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расонида шуда, мавриди амал қарор дорад. Вобаста ба масъалаи мазкур дар назди муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва муассисаҳои таълимии №51, №61-и ноҳия атласу адрасбофӣ, маҳфилҳои зардӯзӣ, гулдӯзӣ, кешбофӣ, дӯзандагӣ, қуроқбофӣ, чакандӯзӣ, бозичаҳои маҳин ва дастони моҳир ташкил гардидааст, ки теъдоди зиёди хонандагонро ҷалб намудаанд.

Ҷиҳати интихоби дурусти касб аз ҷониби хонандагон як қатор корҳои судманд роҳандозӣ гардидааст. Аз ҷумла, дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 23 адад кабинетҳои технологияи касб барои писарон, 19 адад кабинети технологияи касб барои духтарон, 4 адад кабинети санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ, 4 адад кабинети мусиқӣ ва суруд амал мекунад, ки дар онҳо хонандагон бо касбҳо амалан шинос мешаванд.

Истироҳати тобистона

Ҳамасола кормандони иттифоқҳои касабаи кормандони маорифи ноҳия оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврвсон» тадбирҳои судманд андешида, дар доираи имкониятҳои мавҷуда кӯдакон ва наврасон ба истироҳату солимгардонӣ дар истироҳатгоҳҳо фаро гирифта мешаванд. Соли 2019 дар лагерҳои наздимактабӣ ва интернатҳо 1 632 ва дар лагерҳои фароғатӣ-таълимӣ 3 950 нафар фаро гирифта шудаанд. Бо ташаббуси кормандони иттифоқҳои касабаи кормандони маорифи ноҳия аз ҳисоби Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон 22 нафар дар лагери беруназшаҳрии «Офтобак»-и шаҳри Ваҳдат, аз ҳисоби кормандони иттифоқҳои касабаи кормандони маорифи ноҳия дар лагери беруназшаҳрии «Файзи истиқлол»-и ноҳияи Варзоб 22 нафар ва дар назди мактаб-интернати хонандагони болаёқат 45 нафар, дар муассисаҳои томактабӣ 1 400 нафар, дар маҷмуъ 7 004 нафар дар лагерҳои наздимактабӣ ва беруназшаҳрӣ истироҳат намудаанд.

Масъалаи ҳифзи саломатии кормандон низ дар маркази диққати кормандони иттифоқҳои касабаи кормандони маорифи ноҳия меистад. Дар ин раванд 68 нафар кормандони эҳтиёҷдоштаи соҳа бо роҳхат ба осоишгоҳҳои «Хоҷа оби гарм», «Зумрад», «Тосқала», «Шифо», «Баҳористон» ва «Уротеппа» фиристонида шудаанд.

Бозомӯзии омӯзгорон

Дар ёздаҳ моҳи соли 2019 нақшаи иҷрои курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таъмин гардида, 480 нафар омӯзгорон, 35 нафар роҳбарони Марказҳои инкишофи кӯдакон ва дар доираи лоиҳаи “Хониши босифат” 50 нафар китобдорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар семинари омӯзишӣ иштирок намуда, 50 нафар директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар доираи лоиҳаи гранти Фонди глобалӣ дар соҳаи маориф (ГПО-4) аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаштаанд. Илова бар ин, 18 нафар омӯзгорон дар семинари ҷумҳуриявӣ, 97 нафар омӯзгорон дар семинари минтақавӣ, 160 нафар омӯзгорон дар семинари ноҳиявӣ иштирок намудаанд. Аз тарафи Хадамоти методии шуъба дар давраи ҳисоботӣ 18 семинари проблемавӣ, 30 семинари методӣ ташкил карда шуда, 140 омӯзгорони забони русӣ ва англисӣ аз курси таълими салоҳиятнокӣ гузаронида шудаанд. Дар 62 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дарсҳои кушоди дар сатҳи ноҳиявӣ ташкил карда шуда, аз тарафи мушовирони Хадамоти методии шуъба 835 дарси омӯзгорон мавриди таҳлил қарор дода шуда, 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз аттестатсияи даврӣ ва 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз аккредитатсияву 320 нафар омӯзгор аз аттестатсия гузаронида шудаанд.

Омӯзиш ва баррасии вазъи мавҷуда собит менамояд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолияти иттиҳодия ва шӯроҳои методӣ тадриҷан беҳтар гардида, нақши муассири онҳо дар баланд гардидани сифати таълиму тарбия ва сайқал додани малакаю дониш ва маҳорати касбии омӯзгорон ҳарчи бештар мушоҳида мешавад, ки ин пеш аз ҳама ба фаъол будани кори кабинетҳои методӣ алоқаманд аст.

Корҳои сохтмонӣ

Яке аз омилҳои ба раванди корҳои сохтмонӣ таъсиргузор – ин таъсиси аксияи таъмири мактаб таҳти унвони “Одам нашавад магар касе аз мактаб!” мебошад, ки дар ноҳия амалӣ гардидааст. Қабл аз аксияи мазкур дар ноҳия таъмиру сохтмони биноҳои муассисаҳои таълимиро камтар аз 20 нафар соҳибкорону шаҳрвандони алоҳида ҳамроҳӣ доштаанд, ки баъди гузаронидани аксия теъдоди дастгириву кӯмакрасонии шаҳрвандон ба беш аз 60 нафар расидааст.

Ба гуфтаи масъулини Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, “эҳтироми муроҷиатнома, ки аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, воқеан ба ҷалби шахсони олиҳиммат ва ба мактаб кӯмакрасон хело афзуд. Ин иқдоми мо мавсимӣ нест ва аксияи мазкур мунтазам гузаронида мешавад”.

Бояд қайд намуд, ки корҳои сохтмонӣ ва таъмир дар муассисаҳои таълимии ноҳия мувофиқ ба муҳлатҳои муқарраргардида ҷараён гирифтаанд.

Иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми ноябри соли 2016, №504 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» дар муассисаҳои таълимии №№6, 12, 15, 22, 27, 33, 38, 47, 51, 52, 56, 58, 60 ва 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ амалӣ шуда истодааст. Дар доираи амалишавии барномаи давлатии мазкур дар муасисаи таълимии №15 аз ҳисоби маблағҳои марказонидашудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 синфхонаи иловагӣ бо 125 ҷойи нишаст, дар муассисаи №51 бо маблағгузории Маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо (Арабистони Саудӣ) 13 синфхона бо 340 ҷойи нишаст, дар муассисаи №58 воқеъ дар ҷамоати деҳоти М. Маҳмадалиев 10 синфхона бо 240 ҷойи нишаст, дар муаасисаи №6 воқеъ дар ҷамоати деҳоти М. Вайсов аз ҳисоби буҷаи вилоят 8 синфхона бо 240 ҷойи нишаст, дар муассисаи №52-и ҷамоати деҳоти М. Маҳмадалиев 11 синфхона барои 210 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шудаанд. Инчунин, дар муассисаи таълимии №38-и ҷамоати деҳоти Х. Раҷабов 2 синфхона барои 50 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Ҳамин тариқ, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар маҷмуъ дар 38 муассисаи таълимӣ 275 синфхона барои 6045 ҷои нишаст сохта ба истифода дода шудааст. Айни замон боз сохтмони 6 муассисаи таълимии дигар аз ҳисоби Арабистони Саудӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба гуфтаи мудири Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ муҳтарам Орифзода Муҳаммад Қурбоналӣ, “тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми майи соли 2018, №АП-1059 дар бораи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша-чорабиниҳои омодагӣ дар шуъбаи маориф таҳия гардида, дар ин замина корҳои ободониву бунёдкорӣ бомаром пеш рафта истодаанд”.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here