Дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маориф мавқеъ ва манзалати хоса дорад, зеро бе маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли босавод бунёди ҷомеаи солим аз имкон берун аст. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат тамоми нерӯю тавоноии худро ба ин самти афзалиятнок равона карда, барои таълиму тарбияи босамари насли наврас дар тамоми муассисаҳои таълимӣ иқдомҳои боровареро рӯйи кор оварда истодааст. Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз таҳаввулоти дар ин раванд ҷоришуда дар канор нест.

Заминаҳои кадрӣ

Раванди таълим ҳамеша ба омӯзгор ниёз дорад ва он вақт самараи нек дода метавонад, ки бо кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ пурра таъмин бошад. Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳамбастагӣ бо роҳбарони муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии Ҳукумати кишвар дар соҳаи маорифро ҳадафи дурнамои хеш қарор дода, онро пайгирона дар амал татбиқ менамояд. Бо ин мақсад дар давоми соли таҳсил 8 семинари амалии роҳбарон, 12 ҷаласаи шуъбаи маориф баргузор гардида, дар онҳо 92 масъалаи вобаста ба омӯзиш, амалишавии барномаҳои давлатӣ ва мушкилоти соҳа мавриди таваҷҷуҳ ва баррасӣ қарор гирифтаанд.

Барои ҷалби хатмкардаҳо ба муассисаҳои таълимӣ Ҳукумати мамлакат имтиёзҳои зиёдеро пешбинӣ кардааст ва тибқи таъкиди Пешвои миллат, минбаъд низ ба устодону омӯзгорон ғамхории бештаре зоҳир карда мешавад. Айни замон дар ноҳия 63 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 1 литсей, интернати кӯдакони болаёқат, 1 муассисаи таҳсилоти иловагӣ, 1 маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, 1 Маркази рушди истеъдодҳо ва 6 муассисаи томактабӣ босамар фаъолият доранд.

Ҳадафҳои неки созандаву бунёдкорона дар даврони соҳибистиқлолии Ватан аз тамоми кормандони соҳаҳои илму маориф тақозо дорад, ки пеш аз ҳама бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ бошанд ва шогирдону таълимгирандагонро ба омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар сафарбар карда, ин қишри фаъоли ҷомеаро дар руҳияи баланди худшиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоянд.

Дар ҳамин ҳол, қобили тазаккур аст, ки дар давоми соли таҳсили ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои сарикасӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия 9 адад тахтаи электронӣ бо видеопроекторҳо ва 130 адад компютер ворид гардида, феълан мавриди истифодаи хонандагону омӯзгорон қарор доранд.

Нақши занон дар рушди маориф

Феълан 40046 нафар толибилмон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 1915 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дорои тахассус сабақ меомӯзанд. Аз шумораи умумии устодон 853 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Дар асоси сиёсати маорифпарваронаи Сардори давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ нисбат ба мавқеи занон дар мамлакат эътибор ва мартабаи хос касб намудааст. Ҷиҳати иҷрои талаботи Ҳукумат баҳри баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа айни ҳол дар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаи маорифи ноҳия 22 нафар бонувон кору фаъолияти пурсамар доранд.

Ҳамзамон, қайд кардан бамаврид аст, ки дар соли гузашта ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсилоти баъди хатми синфи 9 аз 1495 нафар 1128 нафар ба синфи 10 гузаронида шуда, феълан таҳсили худро бомаром идома дода истодаанд.

Сатҳу сифати таълиму тарбия

Баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳама давру замон аз омилҳои муҳими самти маориф ба шумор меравад. Барои он ки сифати таълим боло равад, бояд ҳар як фарде, ки дар соҳаи маориф ба ҳайси омӯзгор, мураббӣ, устод ва ё корманд фаъолият мекунад, масъулияти баланди шаҳрвандӣ дошта бошад ва ояндаи насли наврасро яке аз муҳимтарин ҳадафҳои фаъолияти таълимӣ ва тарбиявии хеш қарор диҳад.

Натиҷаи мушоҳида ва санҷишҳои назоратӣ гувоҳи ҳоланд, ки вазъ ва сифати таълиму тарбияи шогирдон, рафти иҷрои қарору фармоишҳо, назорати дохилимактабӣ, тартиби ҳуҷҷатдорӣ, назорати рафтори хонандагон, амалӣ намудани санаду ҳуҷҷатҳои меъёрии гузаштан ба усулҳои муосири таълим ва ислоҳоти соҳаи маориф дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 3, 5, 9, 12, 14, 30, 39, 43 ва 59 муътадил буда, ба стандартҳо мувофиқ мебошанд.

Ҳамчунин, зикри ин нукта низ бамаврид аст, ки дар асоси нақшаи пешбинишуда муассисаҳои таълимии №№2, 5, 26, 36, 42 ва 45 бо муваффақият аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуда, фаъолияти онҳо мусбат баҳогузорӣ гардида, таълимгоҳҳои мазкур барои 5 соли минбаъда соҳиби иҷозатнома (литсензия) барои идомаи фаъолият гардидаанд.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти гуруҳҳои идоракунии сифати таҳсилот ва сатҳи донишандӯзии хонандагон дар ноҳия ба ҳисоби миёна 3,7 бал ва дараҷаи азхудкунияшон 74 фоизро ташкил медиҳад, ки дар маҷмуъ дар сатҳи миёна қарор дорад.

Рушд ва ҷилои истеъдодҳо

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2019 озмуну олимпиадаҳоро дар сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ қаноатбахш ҷамъбаст намудааст. Ба ин минвол, дар даври сеюми олимпиадаи фаннии мактаббачагон аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 108 нафар хонанда ва аз Литсей-интернати кӯдакони болаёқати ноҳия 99 нафар ширкат варзида, дар ҷамъбасти олимпиадаи вилоятӣ хонандагони болаёқати ноҳия аз синфи 9 бо касби 2 ҷойи аввал, 2 ҷойи дуюм, 6 ҷойи сеюм ва 2 ҷойи ифтихорӣ, инчунин, аз синфҳои 10-ум бо гирифтани 6 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм, 4 ҷойи сеюм ва аз синфҳои 11-ум бо ба даст овардани 8 ҷойи ифтихорӣ номбардори аҳли маорифи ноҳия ва устодони хеш гардидаанд.

Хуштолеъони квотавӣ

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Нуруллоев Сафаралӣ Хайруллоевич мегӯяд, ки “бе шак, давлату ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун омили асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро муттасил идома медиҳад. Маҳз қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳими давлатӣ баҳри татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Бо назардошти ҳамин ҷанбаъҳо мо бояд минбаъд низ ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, нақши омӯзгорон дар омода кардани кадрҳои лаёқатманду соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар, худогоҳу хештаншинос ва содиқ ба Ватан, давлат ва миллат боз ҳам бештар таваҷҷуҳ намоем”.

Яке аз имтиёзҳои Ҳукумат ба хатмкунандагони макотиби таҳсилоти умумӣ — ин ҷорӣ шудани квотаи Президентӣ мебошад. Дар ин замина тибқи Низомномаи амалкунандаи квотаи Президентӣ 280 нафар довталабон аз 42 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар даври ноҳиявӣ ширкат варзида, аз миёни эшон 82 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтаанд. Ба ин минвол, ба ҳар як ҷойи ҷудогардида то 5 нафар лаёқатмандони беҳтарин барои суҳбат ба комиссияи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудаанд. Дар натиҷаи баррасиву омӯзиши мӯшикофонаи сатҳ ва савияи дониши онҳо 20 нафар хонандагони беҳтарин (10 нафар писар ва 10 нафар духтар) сазовори унвони пурифтихори донишҷӯӣ дар муассисаҳои олии касбии мамлакат гардидаанд, ки ин хуштолеъон асосан аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 1, 2, 6, 13, 17, 24, 26, 32, 42, 62 ва Литсей-интернати кӯдакони болаёқати ноҳия мебошанд.

Зикр кардан ҷоиз аст, ки аз 2261 нафар хатмкунандагони соли таҳсили 2018 — 2019-ум 1396 нафарашон тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд ва ин нишондод 61,7 фоизро ташкил медиҳад.

Курсҳои такмили ихтисос

Таҳкими омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ аз нуктаҳои муҳимтарини Паёми Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба шумор меравад. Донистани забонҳои хориҷӣ, махсусан русию англисӣ имконият фароҳам меорад, ки ҷавонони кишвар аз дастовардҳои илмию фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоии ҷаҳон боз ҳам беҳтар огоҳӣ пайдо намоянд ва ҳамзамон, дар муаррифии комёбиҳои кишвар дар олам нақши муҳим гузошта, миллати худро ба ҳайси як кишвари соҳибтамаддун тарғиб намоянд.

Бояд қайд кард, ки курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф ва омӯзгорони соҳаи маориф низ ба он нигаронида шудааст, ки низоми таълими кишварро ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида, ба ин васила дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ корбурд ва таҷрибаву усулҳои гуногуни фаъолгардонии хонандагон амалан татбиқ гардонида шавад.

Бо ин мақсад 200 нафар омӯзгорони фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ дар давраи таътили тирамоҳӣ ва зимистона аз курсҳои такмили ихтисоси таълими салоҳиятнокӣ гузашта, фаъолияти кориашонро идома бахшида истодаанд. Дар ин замина ҳамчунин дар мувофақа бо Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳри Бохтар 213 нафар омӯзгорони фанҳои таълимӣ ва 6 нафар муовинони директор дар пойтахти кишварамон ихтисосҳои худро такмил додаанд. Ҳамзамон, дар асоси Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон стандарту барнома ва китобҳои таълимӣ таҷдиди назар шуда, дар асоси таълими салоҳиятнокӣ барнома ва китобҳои дарсӣ дастраси хонандагон ва омӯзгорон гардонида хоҳанд шуд, ки дар раванди боло бурдани сатҳу сифати таълим мусоидат хоҳанд кард.

Тарғиби фарҳанги миллӣ

Боиси хушҳолист, ки аҳли маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то дар тамоми чорабиниҳои оммавӣ — сиёсӣ, фарҳангӣ ва озмуну мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, дар тарғиби фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзанда гузоранд. Натиҷаи чунин талошҳост, ки дар соли таҳсили ҷорӣ дар миқёси вилоят фаъолияти нисбатан хуби муассисаҳои таълимиро муаррифӣ намудаанд.

Дар доираи ҳамин тадбирҳо ва инчунин, дар асоси нақша — чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳия оид ба таҷлили ҷашни “Рӯзи Модар” дар тамоми муассисаҳои таълимӣ маҳфилҳои мухталифи адабию фарҳангӣ баргузор гардидаанд. Ҳамзамон, бахшида ба “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 дар назди Кохи фарҳанги ноҳия тамоми муассисаҳои таълимӣ дастранҷи ҳунарҳои омоданамудаи худ, аз қабили сабадбофӣ, чакандӯзӣ, зардӯзӣ, наққошӣ, тарроҳӣ, алочабофӣ, қолинбофӣ ва ғайраро ба маърази намоиш гузоштаанд, ки аз ҷониби ҳакамон ва сокинони ноҳия хуш пазируфта шудаанд. Бояд гуфт, ин озмун бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, фарҳанги оиладорӣ, ҳуввияти миллӣ ва тарбияи зебоипарастии насли наврас, равнақ бахшидан ба мақому манзалати либоси миллӣ, густариши санъату маҳорати ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила, ба ҳаёти мустақилона омода намудани ҷавонон, ҷалби бештари онҳо ба касбу ҳунаромӯзӣ ва эҳёи суннатҳои ниёгон равона шудаааст.

Маҳак — ҳифзи арзишҳои маънавӣ

“Дар умум равандҳои замони муосир аҳли маорифро водор месозанд, ки дар тарғиби моҳияти истиқлолу озодӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, таблиғу ташвиқи арзишҳои маънавӣ, аз ҷумла забон, таъриху фарҳанг, расму ойин, анъанаҳои миллӣ ва ба ин восита дар замири хонандагон таҳким бахшидани ҳисси миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва омода будан ба ҳифзи манфиатҳои Тоҷикистони азизамон саҳми калидӣ дошта бошанд”,- иброз дошт Сафаралӣ Нуруллоев ва ҳамзамон бо итминон афзуд, ки “рисолати мо — кормандони соҳаи маориф дар оянда тарбия намудани наврасону ҷавонон, ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо боқӣ мемонад ва бо боварии комил гуфта метавонам, ки шуъбаи маорифи МИҲД-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро дар амал татбиқ намуда, баҳри рушди соҳаи маорифи ноҳия ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад”.

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here