Солҳои охир дар натиҷаи сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати кишвар пешрафти босуботи иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи калонтарини вилояти Хатлон — Кӯшониён таъмин гардида, муҳимтар аз ҳама, ба ҳадафи ниҳоии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум зина ба зина ноил гарида истодаанд. Зеро, бахшида ба ҷашнӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ин ноҳия имрӯз корҳои ободонию бунёдкорӣ вусъати тоза касб намуда, масъулони мақомоти маҳал кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки ин санаи таърихиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд.

 Бунёди 324 иншооти ҷашнӣ

— Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди 324 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то 31-уми декабри соли 2019-ум 140 адади он сохта мавриди истфиод қарор дода шудааст,- гуфт иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин Сироҷиддин.

Тавре иттилоъ дода шуд, азимтарин иншооте, ки то соли 2021 дар ҳудуди ноҳия бунёд мешаванд, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, бинои 7-ошёна (харҷаш 11 миллион сомонӣ), ду бинои 5-ошнёна (бо харҷи 18 миллион сомонӣ), муассисаи томактабӣ барои 160 кӯдак (бо харҷи 1,5миллион сомонӣ), маҷмааи Парчам ва Нишони давлатӣ (бо маблағи беш аз ду миллион сомонӣ), боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, ки то имрӯз 60 фоиз корҳо дар он бо харҷи беш аз 1,5 миллион сомонӣ иҷро шудааст, марказҳои замонавии хизматрасонӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, меҳмонхона, ҳаммом, майдончаҳои варзишӣ, чароғонкунии маркази ноҳия то деҳот, таъмири роҳу пиёдароҳҳо, пулҳои мошингузар, кашидани хатҳои оби нӯшокӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошад, ки дар онҳо корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

Раиси ноҳия гуфт, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи “Ганҷ”, ки барои истеҳсоли равғани офтобпараст машғул аст, мавриди истифода қарор дода шуд.

— Ҳамчунин, дар ноҳия корхонаи истеҳсоли семент ба нақша гирифта шудааст. Корхонаи мазкур аз ҷониби ҶДММ “Хайёми нур” бунёд мешавад, ки иқтидори солонаи он се миллион тонна семент дар як солро ташкил медиҳад,- илова кард ӯ.

Номбурда ҳамчунин гуфт, ки дар заминаи ин корхона корхонаи истихроҷи хок ё истеҳсоли хишт, истеҳсоли гипсакардон, шифер низ ба нақша гирифта шудааст. Корхонаи мазкур дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони олмонӣ сохта хоҳад шуд. Айни замон масъалаи ҷудо гардидани замин барои сохтмон дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.

— Бо ба истифода додани ин корхонаи азими саноатӣ беш аз панҷ ҳазор нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ хоҳанд шуд,- қайд кард Вализода Икромиддин.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақша то соли 2021 дар қаламрави ноҳия 18 корхонаю коргоҳ сохта хоҳад шуд, ки аз ин се ададаш ба истифода дода шудааст.

Рушди маориф

Дар ноҳияи Кӯшониён соҳаи маориф ба тадриҷ рушд намуда, дар даврони соҳибистиқлолиии мамлакат зиёда аз 30 муассисаи наву замонвӣ бунёд гардидааст. Танҳо дар соли 2019 дар ноҳия 30 синфхонаи иловагӣ барои беш аз 700 ҷойи нишаст сохта шудааст. Айни замон сохтмони 33 синфхонаи иловагии дигар барои зиёда аз 775 ҷойи нишаст идома дорад.

Ҳамчунин, дар ин давра муассисаи таълимии №8, ки дорои 16 синфхона барои 400 хонанда аст, сохта ба истифода дода шуд.

Айни замон сохтмони муассисаи таълимӣ барои 620 нафар хонанда дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия пеш рафта истодааст, ки он низ соли 2020 мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ният дорад, ки ҳама мушкилии соҳаи мазкуро бартараф намуда, сатҳу сифати таълиму тарбияро барои муҳассилин боз ҳам беҳтар намояд.

Се соли оянда, ки дар кишвар “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст, масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён тасмим доранд дар ин солҳо аксари кулли мушкилоти ҷойдоштаро дар ноҳия бартараф сохта, сатҳи зинагии мардумро боз ҳам боло бардоранд. Ва ҳама он дастуру супоришҳоеро, ки аз тарафи роҳбарияти Ҳукумати кишвар дода мешавад, сари вақт иҷро намуда, ноҳияи калонтарини вилояти Хатлонро ба як ноҳияи зебои кишвар табдил диҳанд.

Добавить комментарий