Маркази ташхиси минтақавӣ — яке аз зерсохторҳои Агентии “Тоҷикстандарт” дар шаҳри Конибодом фаъолияти худро дар асоси Конститутсия, талаботи Қонунҳои амалкунанда «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат», «Дар бораи таъмини ченаки ягона», «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия», «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ», «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ», «Дар бораи стандартонӣ», Қарор, дастур ва супоришҳои Агентии “Тоҷикстандарт”, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, баҳри ҳимояи бозори истеъмолӣ аз ворид ва ба муомилот баровардани маҳсулоти пастсифат ва илова бар ин, ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон равона карда, дар асоси Амри Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 3 сол барои санҷиш моратория эълон гардидааст, ки дар асоси моратория дар чунин корхонаҳо санҷишро манъ кардааст.

Аз тарафи мутахассисони Марказ дар нуҳ моҳи соли 2019 фаъолияти 344 (332) субъекти хоҷагидор таҳти санҷиш ва назорат қарор дода шудааст, ки нисбати соли гузашта 12 адад санҷиш зиёд мебошад. Аз санҷишҳои умумии гузаронидашуда 316 адад санҷишҳои нақшавӣ, 8 адад такрорӣ ва 20 адад санҷишҳои ғайринақшавӣ мебошанд, ки асосан дар нуқтаҳои тиҷоратӣ гузаронида шудаанд.

Дар натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда нисбати 359 субъекти хоҷагидор протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, мувофиқи талаботи Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи умумии 66000 сомонӣ, ки дар соли 2018-ум 28250 сомонӣ мебошад, қарори ҷаримаи маъмурӣ бароварда шудааст. Ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 197 адад қарори ҷарима ба маблағи 37750 сомонӣ зиёд мебошад. Аз миқдори умумии қарорҳои ҷарима 176 адад ба маблағи 27610,0 сомонӣ дар асоси протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ (ШКД, прокуратура) пешниҳод гардидааст, қарорҳои ҷаримаи маъмурӣ қабул карда шудааст.

Дар рафти гузаронидани санҷишҳо 506,87 кг, дар ҳамин давраи соли 2018-ум 688,1 кг, маҳсулоти ғайристандартӣ дарёфт гардидааст, ки 182,2 кг нисбати соли гузашта кам мебошад. Ин гувоҳ аз самаранок бурдани корҳои назоратӣ ва тарғиботӣ нисбати қонуншиканиҳо мебошад.

Инчунин, дар рафти санҷишҳо 310 адад бозичаҳои кӯдаконаи ғайристандартӣ ва 1047 адад дафтарҳои мактабии ғайристандартӣ ошкор карда шудааст.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ якҷоя бо Прокуратураи шаҳри Конибодом дар 13 нуқтаи доруфурӯшӣ санҷишҳо гузаронида шуда, дар онҳо камбудиҳо ошкор гардида, нисбати 13 нафар субъектҳои хоҷагидор протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мувофиқи талаботи Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи умумии 3080 сомонӣ қарорҳои ҷарима қабул гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар асоси дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва Агентии “Тоҷикстандарт” дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонии шаҳри Конибодом корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуда, 10 семинар гузаронида шудааст. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ аз соҳибкороне, ки оид ба фурӯши консерваҳои хонагӣ борҳо огоҳ шуда, аммо боз чунин маҳсулотро ба савдо гузоштаанд, ба миқдори 75 кг дар зарфҳои полиетилении як маротиба истифодашаванда аз савдо бозпас гирифта шудааст.

Мувофиқи барқияномаи фаврӣ оид ба арақҳои ғайристандартӣ дар якчанд нуқтаҳои савдо санҷишҳо гузаронида шуда, дар натиҷа арақҳои дар зарфҳои шаффофи полиэтиленӣ, ки аз 350 зиёд мебошад, дар ҳаҷми 12 литр дарёфт гардида, аз савдо гирифта шудааст.

Шӯъбаи назорат ва санҷиши давлатии воситаҳои ченак

Дар давраи ҳисоботӣ 14 субъекти хоҷагидор таҳти назорати давлатии метрологӣ қарор дошта, шумораи воситаҳои ченаки таҳти назорати давлатӣ қароргирифта 639 ададро ташкил додааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2018-ум 2 адад санҷиш ва 395 адад кам мебошад.

Шумораи умумии воситаҳои ченаки дар нуҳмоҳаи соли 2019 аз санҷиши давлатии мутобиқат гузаронидашуда 14562 ададро ташкил менамояд, ки маблағи умумии 304771,6 сомониро ташкил додааст.

Бахши шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ

Бахши шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонии МТМ-и шаҳри Конибодом баҳри иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи таъмини ченаки ягона», «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ», «Дар бораи стандартонӣ», «Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ», «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №310 аз 18.06.2012 «Дар бораи номгӯи мол, кор (хизматрасонӣ), ки бояд ҳатман сертификатсия карда шавад» фаъолияти кориро ба роҳ мондааст.

Бахши шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонии Марказ дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар 421 (405) субъектҳои хоҷагидор тасдиқномаи мутобиқати кору хизматрасонӣ гузаронида, шаҳодатномаи хизматрасонӣ дода шудааст, ки маблағи умумии он 148462,38 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати соли гузашта 16 адад ба маблағи 6409,02 сомонӣ зиёд мебошад.

Регламенти техникӣ ва ҳуҷҷати меъёри техникӣ

Аз тарафи мутахассиси бахши назорати давлатӣ оид ба талаботи Регламенти техникӣ ва ҳуҷҷати меъёри техникӣ дар Маркази ташхиси минтақавии шаҳри Конибодом дар давраи ҳисоботӣ дар 56 корхонаҳои истеҳсолӣ, ки дар шаҳри Конибодом ҷойгир шудаанд, оид ба қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои байнидавлатӣ корҳои омӯзишӣ ва таълимию методӣ гузаронида шудааст.

Аз тарафи мутахассиси бахш дар давраи ҳисоботӣ барои маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ 62 адад ба маблағи 35780,75 сомонӣ корҳои сертификатсионӣ ба иҷро расонида шудааст.

Бахши баҳодиҳии мутобиқат

Бахши баҳодиҳии мутобиқат дар давраи ҳисоботӣ 734 (546) адад сертификати мутобиқати молу маҳсулот додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 188 адад зиёд мебошад. Аз миқдори умумии сертификатҳои додашуда 664 (459) адад маҳсулоти воридотӣ, 205 адад сертификат нисбати соли гузашта зиёд мебошад. Сертификати мутобиқати бозори дохилӣ 62 (70) ададро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8 адад кам мебошад. Сертификати мутобиқати маҳсулоти содиротӣ 8 (17) ададро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9 адад кам мебошад.

Маблағи корҳои сертификатсионӣ дар давраи ҳисоботӣ 310030,21 (273375) сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 36655,21 сомонӣ зиёд мебошад.

Озмоишгоҳи маҳсулоти хӯрока ва кишоварзӣ

Озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти хӯрокворӣ ва нуриҳои минералӣ дар давраи ҳисоботӣ 444 (438) намунаи  маҳсулот, ба миқдори 11336,84 тоннаро аз ташхис гузаронидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6 намуна зиёд, ба миқдори 19217,0 тонна кам мебошад.

Аз миқдори умумии намунаҳои аз ташхис гузаронидашуда 74 миқдори муайяни маҳсулот ба миқдори 506,87 кг аз ҳисоби муҳлати истеъмолиашон гузашта, тамғагузорӣ ва аз рӯи сифат ва бехатарӣ ғайристандартӣ дониста шудааст.

Мутахассисони озмоишгоҳ барои тартиб додани ретсептураи маҳсулоти қаннодӣ бо сехҳои қаннодии ҳудуди шаҳр ҳамкорӣ намуда, мунтазам барои беҳтар намудани сифати маҳсулоти истеҳсолӣ кӯмаки амалии худро мерасонанд.

Ба гуфтаи директори Маркази ташхиси минтақавии Агентии “Тоҷикстандарт” дар шаҳри Конибодом Шарифзода Мирзо Воҳид, “шаҳри Конибодомро дар вилояти Суғд дарвозаи водии Фарғона ба чор тараф номбар менамоянд, ки ин гуфтаҳоро Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва президенти давлати дӯст ва бародари Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар рафти сафари давлатии президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон рӯзҳои 9-10-уми марти соли 2018 амалӣ намуданд, ки ҳаққоният дорад. Вале гарчанде мо баҳри ворид нагардидани молу маҳсулоти пастсифати ғайристандартӣ зиёд корҳои тарғиботӣ барем ҳам, баъзан чунин молҳо ба бозори истеъмолӣ ворид мегарданд. Бояд ба ғайр аз  намояндагони дигар сохторҳо дар чунин нуқтаҳои сарҳадӣ, ки дар ҳудудҳои шаҳри Конибодом дуто мебошанд, кормандони сохтори “Тоҷикстандарт” низ адои вазифа намоянд, ки барои воридоти чунин мол пурсишаш осон мегардад ва мо ба зудӣ воридоти чунин маҳсулоти пастсифату зарароварро ба марзҳои маъмурии Ватан пешгирӣ менамоем. Кормандони идораи минтақавии шаҳри Конибодом дастур ва супоришҳои Пешвои муаззам Эмомалӣ  Раҳмон ва Ҳукумати кишвар, Агентии “Тоҷикстандарт” ва МИҲД-и шаҳри Конибодомро сармашқи кори худ намуда, натиҷаҳои хуби меҳнатӣ дар ҳама бахшҳои сохтор ба даст овардаанд. Ин самараи меҳнати Шарипов Рустам, Намозов Фарҳод, Қосимов Давлаталӣ, Неъматуллоев Музаффар, Шомирсаидов Фаридун, Каримов Тоҳир, Яхшибоев Фаррух, Қобилов Эркин ва дигарон мебошад, ки хизмат ба Ватан, Меҳанро ба худ касб намуда, содиқона фаъолият доранд, ки мо миннатдорем. Аз фурсат истифода намуда, кулли ҳамватанон ва ҳамкасбонро ба соли нави мелодии 2020 табрик намуда, барояшон хонаободӣ ва саломатиро орзу намуда, хоҳони боз ҳам садоқатмандӣ ба Пешвою миллатам”.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

Душанбе — Конибодом — Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here