Бинобар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон намудани солҳои 2019-2021 чун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», инчунин, дар доираи иқдоми 1300 рӯзи ободонӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2018 то инҷониб дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» таҳти роҳбарии дорандаи унвони фахрии «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» Қурбони Алимардон корҳои ободонӣ, сохтмонӣ ва бунёди иншооти наву замонавӣ ҷоннок карда шудааст.

 Корҳои ободонӣ

Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд симои зоҳирии худро барои сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргун намуда истодааст. Гулу гулзоркунии фурудгоҳ дар доираи 1300 рӯзи ободонӣ бомаром идома дорад. Назди саҳни фурудгоҳ, ки пештар иборат аз дарахтони куҳансол ва алафҳои бегона буд, навсозӣ карда шуда, роҳравҳои нав, гулгаштҳо, дарахтони сояафкани ороишӣ, нишасткурсиҳо ва фаввораҳои зебову ҷолиб васлу насб карда шудаанд. Дар қисмати дигари саҳни фурудгоҳ майдончаи бозӣ барои кӯдакону наврасон сохта шуда, бо лавозимот барои бозии бачагона муҷаҳҳаз карда шудааст.

 

Теъдоди гулҳои ҳудуди Фурудгоҳ дар соли 2019 тибқи нашқа зиёда аз 1 миллион донаро ташкил хоҳад дод. Як қисми гулҳо бо мақсади иҷроиши супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ободонӣ ва кабудизоркунии Боғи ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Душанбе фиристода шуданд. Баҳри таъмини парвариш ва нашъунамои гулҳо дар соли 2019 дар Фурудгоҳ боз ду гармхонаи иловагӣ дар масоҳати 1640 метри мураббаъ сохта маврида истифода қарор дода шуда, теъдоди умумии гармхонаҳои Фурудгоҳ ба 5 адад расонида шуд.

Дар давоми соли 2019 дар ҳудуди Фурудгоҳ инчунин зиёда аз 1500 бех дарахтони ороишӣ ва сояафкан шинонида шудаанд. Дар вақти шабона чароғҳои ороишӣ саҳни Фурудгоҳро мунаввар намуда, ҳусни минтақаро боз ҳам ҷолибу дилрабо менамоянд.

Дар такя ба иқдоми 1300 рӯзи ободонӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони фурудгоҳ ба меҳнати аҳлона ва дастаҷамъона даъват карда шуда, дар ободонии ҳудуди фурудгоҳ фаъолона саҳми худро гузоштанд. Дар вақтҳои фориғ аз кор то 200 нафар кормандон (дар як рӯз) дар ободу зебо намудани ҳудуди фурудгоҳ иштирок намудаанд. Дар натиҷаи меҳнати якдилона, аҳлона ва дастаҷамъонаи кормандони фурудгоҳ корҳои зиёди ободонӣ ва бунёдкорӣ, аз ҷумла тоза кардани ҳудуди фурудгоҳ аз партовҳо, нарм кардани заминҳо, кишт ва шинонидани гулу гулбуттаҳо, шинонидани ниҳолҳои дарахтони сояафкану ороишӣ ва дигар корҳо амалӣ карда шудаанд.

Меҳмонхона ва бинои аэровокзали нав

Сохтмони бинои аэровокзали марказии Фурудгоҳ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ ва талаботҳои замони муосир аз моҳи майи соли 2016 бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз карда шуда, бо иқтидори хизматрасонӣ то ба 400-500 мусофир дар як соат роҳандозӣ карда шудааст.

Иншооти «Азнавсозии аэровокзал ва бинои иловагӣ ба он», корҳои махсуси муҳандисии дохилӣ (отопление, вентиляция, электроосвещение, телефонизация) ба итмом расонида шуда, корҳои муҳандисии беруна ва сохтмонӣ-васлу насбкунӣ идома дорад. Сохтмони фарши бино бо истифода аз сангҳои мармар пурра ба итмом расонида шуд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои будубоши муваққатии меҳмонон ва сайёҳони дохиливу хоричӣ дар Фурудгоҳ аз моҳи марти соли 2018 таъмиру таҷдиди бинои меҳмонхонаи Фурудгоҳ оғоз карда шуда, то ҳол идома дорад.

Дар иншооти мазкур аз дохили бино дигаргунӣ ворид карда шуда, корҳои пардозӣ ва корҳои махсуси муҳандисӣ оғоз карда шудаанд. Дар шафати бинои меҳмонхона сохтмони ошхона ва тарабхона идома дорад. Дар иншооти «Ошхона ва тарабхона» корҳои сохтмонии таҳкурсии бино, дар ошёнаҳои 1 ва 2 корҳои сохтмонӣ-васлу насбкунӣ ба итмом расонида шуда, корҳо оид ба бомпӯши бино давом ёфта истодаанд.

Хизматрасонӣ ба мусофирон

Дар нимсолаи аввали соли 2019 ба 7 ширкати ҳавопаймоӣ — 1 ширкати ҳавопаймоии ватанӣ ва 6 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ аз ҷониби Фурудгоҳ хизматрасонӣ карда шудааст.

Шумораи умумии хатсайрҳои хизматрасонидашуда дар нимсолаи аввали соли 2019-ум 1292 ададро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта бошад, 1181 ададро ташкил медод, яъне нисбати ҳамин давраи соли гузашта 111 хатсайр зиёд шудааст.

Иҷроиши хатсайр аз ҷониби ширкатҳои маҳаллӣ дар нимсолаи аввали соли 2019-ум 446 адад ё худ 35,1%, аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ бошад, 824 адад ё худ 64,9%-ро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар нимсолаи аввали соли гузашта ба ширкатҳои маҳаллӣ 525 хатсайр ё худ 46%, ба ширкатҳои хориҷӣ бошад, 619 хатсайр ё худ 54%-ро ташкил медод. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта саҳми ширкатҳои маҳаллӣ 11% кам шудааст.

Шумораи умумии мусофирони қабулу гуселшуда дар нимсолаи аввали соли 2019-ум 331671 нафарро ташкил дод. Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 259483 нафарро ташкил медод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 72188 ё худ 27,8% зиёд шудааст.

Интиқоли мусофирон аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ дар нимсолаи аввали соли 2019-ум 111548 ё худ 33,6% ва аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ бошад, 220123 мусофир ё худ ба 66,4% рост меояд. Ин нишондиҳандаҳо дар ҳамин давраи соли гузашта ба ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ 108614 мусофир ё худ 41,8% ва ба ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ бошад, 150869 мусофир ё худ 58,2%-ро ташкил медод. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта саҳми ширкатҳои ватанӣ дар интиқоли мусофирон нисбати ширкатҳои хориҷӣ 8,2% кам шудааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2019 ҳамагӣ ба миқдори 139,1 тонна бору бағоҷ ва дар ҳамин давраи соли 2018 ба миқдори 133,4 тонна қабулу гусел карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5,7 тонна зиёд мебошад.

Миқдори хатсайрҳои маҳаллӣ дар нимсолаи аввали соли 2019-ум 214 адад ва дар ҳамин давраи соли гузашта 203 ададро ташкил додааст, яъне нисбати ҳамин давраи соли гузашта 11 адад ё худ 5,4% зиёд шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ шумораи мусофирон дар хатсайрҳои маҳаллӣ 55414 нафар ва дар нимсолаи аввали соли гузашта 37077 нафарро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 18337 нафар зиёд мебошад.

22002000 сомонӣ ба буҷаи давлат

Даромади умумии фурудгоҳ дар нимсолаи аввал 89 млн 385 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаи мазкур дар ҳамин давраи соли гузашта 58 млн 553 ҳазор сомониро ташкил медод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 30 млн 832 ҳазор сомонӣ ё худ ба 52,7% зиёд шудааст.

Фурудгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2019-ум 37млн 5 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ба даст овард. Соли гузашта ин нишондиҳанда 24 млн 480 ҳазор сомониро ташкил медод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 млн 525 ҳазор сомонӣ ё худ 51% зиёд шудааст.

Сабабҳои асосии зиёд шудани фоидаи софи корхона — ин пеш аз ҳама зиёд шудани шумораи хатсайрҳо ва мусофирон, инчунин дар ҳамин давра пешниҳод накардани тахфиф ба баъзе ширкатҳо, сарфакорона ва оқилона истифода бурдани маблағҳои корхона ва кам кардани хароҷотҳои ғайриистеҳсолӣ мебошад. Афзудани қурби миёнаи асъор ба андозаи 7% аст.

Дар нимсолаи аввали соли 2019 пардохти андозҳо ба буҷет 22 млн 2 ҳазор сомонӣ ва дар ҳамин давраи соли гузашта 13 млн 139 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 млн 863 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар баробари ин, музди меҳнати кормандони фурудгоҳ дар нимсолаи аввали соли равон 12 млн 235 ҳазор сомонӣ буда, ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 11 млн 533 ҳазор сомониро ташкил медод, яъне нисбати ҳамин давраи соли гузашта 702 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст. Музди миёнаи меҳнати кормандон дар нимсолаи аввали соли 2019-ум 2484 сомонӣ ва дар ҳамин давраи соли гузашта бошад 2238 сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 246 сомонӣ зиёд шудааст.

Қадрдонӣ аз ҷониби Пешвои миллат

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама сафарҳои худ ба минтақаи шимолии Тоҷикистон аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дидан мекунанд ва барои пешрафт ва ободонии фурудгоҳ ба роҳбарият дастуру супоришҳо медиҳанд. Роҳбари закӣ ва кордон, директори генералӣ Қурбони Алимардон ва кормандони фурудгоҳ супоришҳои Сарвари давлатро саривақт иҷро намуданд. Дар натиҷа фурудгоҳ аз ҷониби президенти кишвар ба баҳои баланд сазовор гардид. Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ барои кормандони касбу кори гуногуни кишвар, Пешвои миллат Қурбони Алимардонро барои хизматҳои шоистаи худ ба давлату миллат бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ намуданд.

Маҳинаи САФАР

 P.S. Аҳли кормандони ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» аз сарфароз шудани Қурбони Алимардон ба унвони фахрии «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ифтихор дошта, ин мукофоти олиро ба эшон муборакбод мегӯянд.

Добавить комментарий