Cоли 2019 барои ҷумҳурии азизи мо — Тоҷикистон ва тамоми мардуми шарифи он соли бобарор, марҳилаи навбатии созандагию бунёдкорӣ ва ноилшавӣ ба як қатор ҳадафҳои тозаву ҷадиди халқу миллатамон буд. Дар зарфи соли 2019 дар қатори дигар соҳаҳои хоҷагии халқ Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд низ мунтазам фаъолият бурда, ба натиҷаҳои назарраси истеҳсолию молиявӣ ноил гардид.

Дар соли 2019 парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд аз ҷониби 8 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 5 ширкати ҳавопаймоии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Сибир, Ютэйр, Севернқй ветер, Уралҳские авиалинии ва Глобус), 1 ширкати ҳавопаймоии “Чайна Саузерн”-и Ҷумҳурии мардумии Чин ва 2 ширкати ҳавопаймоии Ватанӣ — ҶДММ «Сомон-Эйр» ва ҶСК “Тоҷик-Эйр” ба амал оварда шудаанд. Мутаассифона, аз санаи 01.10.2019 ширкати ҳавопаймоии “Чайна Саузерн” иҷроиши хатсайрҳои худро аз фурудгоҳи Хуҷанд муваққатан қатъ намуда, ширкати ҳавопаймоии ҶСК “Тоҷик-Эйр” танҳо хатсайрҳои мавсими “Ҳаҷ-2019”-ро иҷро намудааст.

Шумораи умумии хатсайрҳои хизматрасонидашуда дар соли 2019-ум 2526 адад, аз онҳо хатсайрҳои тиҷоратӣ 2437 ададро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда дар соли гузашта 2304 адад, аз он 2254 хатсайри тиҷоратиро ташкил медод, яъне нисбати ҳамин давраи соли гузашта 222 хатсайр ва тиҷоратӣ бошад, 183 хатсайр зиёд шудааст.

Иҷроиши хатсайрҳои тиҷоратӣ аз ҷониби ширкатҳои маҳаллӣ дар соли 2019 769 адад ё худ 31,6%, аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ бошад, 1668 адад ё худ 68,4%-ро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар соли гузашта ба ширкатҳои маҳаллӣ 1009 хатсайр ё худ 44,8%, ба ширкатҳои хориҷӣ 1245 хатсайр ё худ 53,2%-ро ташкил медод. Нисбати соли гузашта саҳми ширкатҳои маҳаллӣ 23,8% кам шудааст. Хатсайрҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 89 ададро ташкил додааст.

Шумораи умумии мусофирони қабулу гуселшуда дар соли 2019-ум 663435 нафарро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда дар соли гузашта 540232 нафарро ташкил дода, нисбатан 123203 ё худ 22,8% зиёд шудааст.

Интиқоли мусофирон аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ дар соли 2019-ум 199425 ё худ 30,1% ва аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ бошад, 464010 мусофир ё худ ба 69,9% рост меояд. Ин нишондиҳандаҳо дар соли гузашта ба ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ 220541 мусофир ё худ 41,8% ва ба ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ бошад, 319691 мусофир ё худ 59,2%-ро ташкил медод. Нисбати соли гузашта саҳми ширкатҳои ватанӣ дар интиқоли мусофирон нисбати ширкатҳои хориҷӣ 9,6% кам шудааст.

Дар соли 2019 ҳамагӣ ба миқдори 271,2 тонна бору бағоҷ ва дар соли 2018 ба миқдори 304 тонна қабулу гусел карда шудааст, ки нисбатан 32,8 тонна кам мебошад.

Миқдори хатсайрҳои маҳаллӣ дар соли 2019-ум 324 адад ва дар соли гузашта 383 ададро ташкил додааст, яъне нисбати соли гузашта 59 адад ё худ 15,4% кам шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ шумораи мусофирон дар хатсайрҳои маҳаллӣ 81283 нафар ва дар соли гузашта 64091 нафарро ташкил додааст, ки нисбати соли гузашта 17192 нафар (26,8%) зиёд мебошад.

Натиҷаҳои молиявии фурудгоҳ дар соли 2019 чунин аст:

Даромади умумии фурудгоҳ 166 млн 684 ҳазор сомонӣ аст. Ин нишондиҳанда дар соли 2018-ум 120 млн 918 ҳазор сомониро ташкил медод, ки нисбати соли гузашта 45 млн 766 ҳазор сомонӣ ё худ ба 37,8% зиёд шудааст.

Фоидаи соф дар соли 2019-ум 74 млн 564 ҳазор сомонӣ ва дар соли 2018-ум 44 млн 175 ҳазор сомониро ташкил медод, ки нисбат ба соли гузашта 30 млн 389 сомонӣ ё худ 68,8% зиёд шудааст.

Сабабҳои асосии зиёд шудани фоидаи софи корхона — ин пеш аз ҳама зиёд шудани шумораи хатсайрҳо ва мусофирон, инчунин дар ҳамин сол дар баъзе моҳҳо пешниҳод накардани тахфиф ба баъзе ширкатҳо, сарфакорона ва оқилона истифода бурдани маблағҳои корхона ва кам кардани хароҷотҳои ғайриистеҳсолӣ мебошад. Афзудани қурби миёнаи асъор ба андозаи 4,1% низ таъсиргузор аст.

Дар соли 2019 пардохти андозҳо ба буҷет 41 млн 400 ҳазор сомонӣ ва дар соли 2018-ум 32 млн 400 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбатан 9 млн сомонӣ (27,8%) зиёд мебошад.

Дар соли 2019 ҳангоми ворид намудани воситаҳои нақлиёт ва дигар молҳо аз тарафи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» 32 адад эъломияи бори гумрукӣ ба расмият дароварда шудааст, ки ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли гузашта 14 адад зиёд мебошад. Миқдори умумии пардохтҳои гумрукии ба зерҳисоби мақомоти гумрук гузаронидашуда дар соли 2019-ум 2млн 265 ҳазору 545 сомониро ташкил додааст, ки ин назар ба соли 2018-ум 364555 сомонӣ зиёд аст. Дар соли 2018 пардохтҳои гумрукии супоридашуда 1900990 сомониро ташкил медод.

Музди меҳнати кормандони фурудгоҳ дар соли 2019-ум 24 млн 752 ҳазор сомонӣ буда, ин нишондиҳанда дар соли 2018-ум 22 млн 560 ҳазор сомониро ташкил медод, яъне нисбатан 2 млн 192 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст. Музди миёнаи меҳнати кормандон дар соли 2019-ум 2484 сомонӣ ва дар соли 2018 бошад, 2259 сомониро ташкил додааст, ки нисбатан 225 сомонӣ зиёд шудааст.

Дар соли 2019 фурудгоҳ 7544637 кВт қувваи барқ истифода бурдааст, ки маблағи он 3661489 сомониро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда соли 2018-ум 7714655кВт буда, арзиши он 3176746 сомониро ташкил медод. Нисбат ба соли 2018 қувваи барқ 170018кВт кам масраф шудаст. Аммо маблағи он аз ҳисоби афзудани нарх 484743 сомонӣ зиёд шудааст.

Фурудгоҳ дар санаи 01.01.2020 аз бонкҳо қарзҳои кӯтоҳмуддат надорад. Қарзи дарозмуҳлати Бонки Аврупои Таҷдид ва Рушд оид ба татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии техникии аэродроми фурудгоҳ дар санаи 01.01.2020-ум 7 млн 163 ҳазор сомонӣ, бо асъори хориҷӣ 738,8 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. То имрӯз 3161,2 ҳазор доллари амрикоӣ баргардонида шудааст.

Қарзи дебитории фурудгоҳ 55,6 млн сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, қарзи дебитории ҶСК «Тоҷик-Эйр» 16 млн сомонӣ ва ширкати ҳавопаймоии «Сомон-Эйр» 13млн 780 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дигар қарзҳои дебиторӣ табиати муваққатӣ дошта, дар вақтҳои муайяншуда пардохт мешаванд.

Қарзи кредиторӣ бошад, дар санаи 01.01.2020-ум 24,5 млн, аз ҷумла қарзҳои ширкатҳои сохтмонӣ 5,5 млн-ро ташкил додааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба як қатор ташкилоту муассисаҳои маъюбон, оилаҳои камбизоат, хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд, мақомоти қудратӣ ва пешниҳод намудани чиптаҳои ройгон ба маблағи 296,7 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида шудааст.

Вазъи кунунии фаъолияти ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», чун корхонаи мустақил, нишон медиҳад, ки Фурудгоҳ дар низоми глобалии ҳамлу нақли бору мусофирон фаъолона иштирок менамояд ва сатҳу сифати хизматрасониҳои рӯизаминӣ беҳтар гардидааст.

Барои давраҳои дарпешистодаи соли 2020 назди фурудгоҳи Хуҷанд чунин вазифаҳои асосӣ гузошта шудаанд:

— Таъмини рушди минбаъдаи инфрасохтор ва самтҳои афзалиятноки Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд.

— Ҷалби маблағҳои грантӣ ва ҷалби қарзҳои имтиёзноки муассисаҳои байналхалқии молиявӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати идомаи сохтмони бинои Аэровокзал.

— Иҷро намудани супориши Пешвои миллат (дар доираи сафарҳои корӣ ба вилояти Суғд), бунёди чойхона ва меҳмонхонаи замонавӣ.

— Азнавсозӣ ва таҷдиди таҷҳизоти заминӣ, техникаи махсуси перронӣ, механизмҳо ва автопарк.

— Татбиқи чораҳо баҳри пурраю самаранок ба кор андохтани имкониятҳои истеҳсолӣ, ба сатҳи байналмилалӣ расонидани сифати хизматрасонӣ.

— Зиёд кардани даромаднокии корхона аз ҳисоби фаъолияти ғайриавиатсионӣ.

— Кам кардани хароҷоти барзиёд ва истифодаи дурусту мақсадноки захираҳо.

— Ҳаллу фасл намудани масъалаҳои қарзҳои дебитории ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ — ҶСК «Тоҷик-Эйр» ва ҶДММ «Ширкати ҳавопаймоии «Сомон-Эйр».

— Амалӣ гардонидани тадбирҳои зарурӣ барои ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва техникаю технологияи муосир.

— Иҷрои саривақтию босифати пардохти андозҳо ба буҷети давлат.

— Вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ дар ҳудуди фурудгоҳ.

— Чораҷӯӣ баҳри пешгирии пастшавии ҳаҷми ҳамлу нақл тариқи фурудгоҳи Хуҷанд.

— Тақвият бахшидан ба ҳамкориҳо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилотҳои дар фурудгоҳи Хуҷанд амалкунанда.

— Беҳтар кардани низоми амният ва татбиқи тадбирҳои зиддитеррористӣ.

— Ба қадри имкон зиёд намудани ҳиссаи молҳои воридивазкунанда дар фаъолияти истеҳсолии фурудгоҳ.

Ба гуфтаи директори генералии ҶСК “Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд” муҳтарам Қурбони Алимардон, “Фурудгоҳ симои зоҳирии худро барои сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз ба рӯз зебову дигаргун намуда истодааст”.

Бояд гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама сафарҳои худ ба минтақаи шимолии Тоҷикистон аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд дидан мекунанд ва барои пешрафту ободонии фурудгоҳ ба роҳбарият дастуру супоришҳо медиҳанд. Роҳбари закӣ ва кордон, директори генералӣ Қурбони Алимардон ва кормандони фурудгоҳ супоришҳои Сарвари давлатро саривақт иҷро менамоянд. Дар натиҷа, фурудгоҳ аз ҷониби Президенти кишвар ба баҳои баланд сазовор гардидааст. Ҳамин аст, ки соли гузашта дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ барои кормандони касбу кори гуногуни кишвар, Пешвои муаззами миллат Қурбони Алимардонро барои хизматҳои шоистаи худ ба давлату миллат бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ намуданд.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

Добавить комментарий