Занони соҳибкори Ҳисор дар ободонии шаҳр саҳми арзандаи худро мегузоранд. Маҳз бо шарофати бонувони соҳибкори фаъолу ватандӯст ҳудуди шаҳр обод гаштааст.

 Ифтихор аз бонувони фаъол

Оид ба корҳои ободонӣ, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва дигар чорабиниҳову иштироки занони фаъол дар вохӯриҳо бо аҳолӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор Раҳимӣ Миҷгона чунин зикр дошт: “Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа корҳои назаррасро анҷом дода истодаанд. Самтҳо ва ҳадафҳои асосии фаъолияти ин шуъба таъмин намудани кафолатҳои баробарҳуқуқии мардону занон тибқи барномаҳои давлатӣ, таъмин намудани фаъолияти соҳибкории занон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва ҳифзи иҷтимоии занонро дар бар мегирад. Дар кишвари мо барои ҳимояи тандурустии модару кӯдак, дастгирии иҷтимоӣ ва ҳуқуқии занон, баланд бардоштани фаъолияти сиёсиву малакаи касбӣ, таъмини ҷойи корӣ бидуни ҷудоӣ аз оила ҳама гуна шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Ва яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пайваста баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ба шумор меравад. Роҳнамои ин сиёсат чун дар дигар бахшҳои хоҷагии халқи кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

«Дили тавонои модар муҳаббатро мепарварад, руҳафтодаву дилшикастагонро умед мебахшад, ба ҳар кадоми мо боли парвоз ва нерӯи зиндагӣ ато мекунад. Дар қалби бузурги модар ҷаҳон ҷой мегирад»,- таъкид менамоянд Пешвои миллат.

Ба гуфтаи ӯ, “шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр тибқи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Ҳисор муҳтарам Шарифҷон Ҷумазода дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо занону духтарон мунтазам вохӯриҳо гузаронида, атрофи мавзуҳои мубрами рӯз суҳбатҳо доир мекунад. Аксари вақт занон бо кӯмаки якдигар мушкилоти ҳамсоя ё духтарони дар нимароҳ мондаро мусбат ҳал менамоянд. Вайроншавии оилаҳо низ мо – масъулони шуъбаро ба ташвиш овардааст, ки оид ба ин масъалаи нигаронкунанда кӯшиш мекунем, бо оилаҳое, ки дар чунин вазъ қарор доранд, қаблан вохӯрда, оқибатҳои нохуши ин мушкилотро фаҳмонем. Чун оилаҳои ҷавон аз маслиҳату машварати гуруҳи таблиғотӣ, ки аксарияти аъзои гуруҳ аз оилаҳои намунавӣ ва собиқадоронанд, миёни ин оилаҳои ҷудогашта ташвиқоту таблиғот мебарем, ки андаке ҳам бошад, ин оилаҳоро ба созиш биёрем. Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми майи соли 2014 №294 «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» барномаи ноҳиявӣ таҳия гардидааст, ки мувофиқи он корҳои таблиғотию ташвиқотӣ миёни занону духтарон мунтазам гузаронида мешавад. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар шаҳри Ҳисор, хоса дар шуъбае, ки мо сарварии онро ба дӯш дорем, хуб ба роҳ монда шудааст. Оид ба амалишавии ин қонунҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Ҳисор, Навобод, Сомон, Деҳқонобод, Мирзо Турсунзода, Мирзо Ризо, Алмосӣ, Дурбат ва миёни донишҷӯёну волидайн, омӯзгорони Коллеҷи омӯзгорӣ ва тиббии шаҳр ҳар сари вақт суҳбату вохӯриҳо доир менамоем. Дар вохӯриҳо мардум ба масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани духтарон таваҷҷуҳи зиёд доранд.

Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Ҳисор Коллеҷи омӯзгорӣ ва тиббӣ, литсейи касби-техникӣ  фаъолият доранд, ки дар омода намудани кадрҳо нақши бузург мебозанд“.

Раҳимӣ дар масъалаи эълон гаштани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” низ изҳори назар карда, аз ҷумла гуфт: “Дар ин самт дар шаҳри Ҳисор низ як қатор корҳои назаррас ба анҷом расида истодааст. Бояд қайд намоям, ки дар 12 ҷамоату шаҳракҳои деҳот мо дастгоҳҳои атласу адрасбофӣ дорем. Марказҳои дӯзандагӣ ҳаст, ки бонувон касбҳои гуногунро омӯхта истода, дар ин марказҳо кору фаъолият карда истодаанд. Дар худи Қалъаи Ҳисор, ки ҳамарӯза сайёҳони хориҷиву дохилӣ аз ин мавзеъ дидан мекунанд, маҳсули дасти ҳунармандони шаҳри Ҳисор ба фурӯш гузошта шудааст. Ҳар рӯзи шанбеву якшанбе бо амри раиси шаҳри Ҳисор муҳтарам Шарифҷон Ҷумазода бозори ҳунар ташкил карда шудааст, ки дар он ҷо аз ҳудуди 12 шаҳраку ҷамоатҳо ҳунармандон маҳсули дасти худашонро ба фурӯш мегузоранд”.

– Фаъолияти соҳибкорӣ миёни занони шаҳр хуб ба чашм мерасад. Аксари бонувон ҳамчун соҳибкори инфиродӣ шуғли тоҷирӣ дошта, дӯконҳои фурӯш ва мағозаҳои молҳои ниёзи аввалия доранд. Шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр ба маърифати соҳибкории бонувон диққати махсус дода, бо онҳо пайваста вохӯрӣ доир месозад. Соли 2019 аз шаҳр се нафар занон дар озмуни занони соҳибкор иштирок намуда, ду нафарашон соҳиби гранти Президентӣ шуданд. Ҷиҳати баланд бардоштани савия ва маърифати роҳбарӣ чор нафар сарварзанони шаҳри Ҳисор ба ҷумҳуриҳои Япония ва Хитой сафари корӣ доштанд. Ман бо ифтихор метавонам чандин нафари онҳоро номбар кунам. Мавҷуда Ҳакимова, Кенҷамоҳ Нуралиева, Матлуба Набиевна, Сурайё Уроқова ва дигарон аз зумраи он бонувоне мебошанд, ки дар пешбурди корхои ободонию созандагӣ ва тарғибу ташвиқ миёни аҳолӣ корҳои назаррасро роҳандозӣ менамоянд,- иброз дошт Раҳимӣ Миҷгона.

Мавҷуда Ҳакимова – соҳибкорзан зикр намуд, ки таҷрибаи 20-солаи соҳибкорӣ дошта, асосан самти фаъолияти соҳибкориашро аз деҳаи Меҳрободи ҷамоати Мирзо Турсунзода, ки зиндагӣ мекунад, шуруъ намудааст.

– Президенти кишварамон дар Паёмашон оид ба муассисаҳои томактабӣ суханронӣ карда буданд. Ман бештар ба деҳот аҳамият доданро сар кардам. Дар деҳаи Турдибобо, ки дар он ҷо тавлид ёфтаам, бунгоҳи тиббии деҳаамонро таъмир кардам. Дар шаҳри Ҳисор як мактаби хусусӣ ва як кӯдакистон сохта ба истифода додаам, ки зиёда аз 300 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Инчунин, 24 нафар занонро ба корҳои таълимӣ ҷалб кардам. Дар ноҳияи Шаҳринав низ сохтмони як иншооти замонавӣ, яъне мактаб-кӯдакистон идома дорад. Аз ҷониби Пешвои миллатамон солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид, ки ин як такони ҷиддӣ буд баҳри ривоҷу равнақ додани ҳунарҳои мардумӣ. Аз паёмҳои Ҷаноби Олӣ илҳоми тоза гирифта, дар маркази шаҳраки Ҳисор маркази эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ташкил кардам. Боз барои бонувону духтарон як маркази омӯзишӣ низ дорем. Дар маркази мазкур 5 нафар занон бо кори доимӣ таъмин мебошанд. Бо гулдӯзиву қуроқдӯзӣ машғуланд ва ҳамзамон, барои гузаронидани маъракаҳо аз гулҳо сабадҳо тайёр мекунанд,- гуфт ӯ.

Дастгирии бонувон

Моҳи январи соли ҷорӣ нақшаи кории шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иборат аз 34 банд аз ҷониби муовини раиси шаҳр тасдиқ гардида, бандҳои он марҳила ба марҳила иҷро шуда истодааст. Инчунин, дар ин давра тибқи нақшаи тасдиқгардида ва дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор нақшаю чорабиниҳо ва озмунҳои шаҳрӣ аз ҷониби шуъба гузаронида шудаанд.

Шуъбаи кор бо занон ва оила баҳри иҷроиши нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” дар давоми 11 моҳи соли 2019 як қатор корҳоро ба сомон расонидааст. Аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои хизмати давлатӣ 60 нафар дастгирӣ ёфтаанд, ки аз ин шумора 16 нафарашон роҳбар дар самти хизмати давлатӣ мебошанд. Дар тамоми соҳаҳои ҳудуди шаҳр шумораи кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон 222 нафар ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳконӣ 843 нафар мебошанд, ки дар якчоягӣ1066 нафарро ташкил мекунанд.

Тибқи квотаи Президентӣ аз соли 2006 то инҷониб 128 нафар духтарон таҳсилоти олӣ гирифтаанд, ки аз ин шумора 50 нафарашон алҳол донишҷӯи макотиби олӣ буда, 9 нафар дар кадрҳои роҳбарикунанда – директори муассисаҳои таълимӣ, муовинони директор, раиси иттифоқи касаба ва мутахассисони дигар соҳа шуда фаъолият доранд.

Ҳамзамон, бо мақсади омода намудани духтарони ҷавон ба ҳаёти оилавӣ, ба зинаи сеюми таҳсилот ҷалб намудани занону духтарон, тарбия намудани онҳо дар руҳияи одобу ахлоқи шарқиёна, пешгирӣ намудани ҳолатҳои номатлуб, оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ, тавлиди бефосила, хушунат дар оила ва дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мизи мудаввар, вохӯриҳо ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангию тарбиявӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар дар моҳи феврал ва марти соли ҷорӣ баргузор гардидааст.

Оид ба баланд бардоштани нерӯи занон аз ҳисоби хизматчиёни давлатӣ тренингҳои муштарак гузаронида шуда, 4534 нафар занон аъзои ҳизб, 6 нафар занон вакили шаҳрӣ ва 39 нафар вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба ҳисоб мераванд. Инчунин, гузаронидани маҳфили мубоҳисавӣ таҳти унвони “Нақши занон дар идоракунии давлат” бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ дар назар аст.

«Зан бояд баробари мард бошад»

Матлуба Набиева – директори Маркази солимгардонӣ ва репродуктивии шаҳри Ҳисор яке аз фаъолзанони шаҳр ба ҳисоб меравад, ки дар соҳаи тандурустӣ 17 сол таҷрибаи корӣ дорад. Ин бонуи фаъоли ҷомеа ба ғайр аз кори табибиаш ҳамчун узви гуруҳи корӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти сохтмонҳои ҷашнии Ҷамоати деҳоти Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор, ҳамчун намояндаи раиси шаҳр вобаста шуда, баҳри пешрафт ва ободии ин гӯшаи диёр саҳми беназири худро мегузорад.

Матлуба Набиева мегӯяд, ки «фаъолияти кории ман аз соли 1993 дар Шаҳринав оғоз ёфт. Дар дармонгоҳ ба ҳайси акушер-гинеколог кор ва фаъолият кардам. Баъдан дар шуъбаи таваллудхона ҳамчун акушер-гинеколог кори худро идома додам. Бади 2 сол ба шаҳри Ҳисор омадам. Тӯли 7 сол мешавад, ки дар ин марказ роҳбар мебошам. Айни замон дар маркази мо 34 нафар кормандон фаъолият карда истодаанд, 9 нафар акушер-гинеколог,14 нафар момодояҳо, 4 нафар ҳамшираҳои тиб, 2 нафар озмоишгар, 1 нафар ултрасадо, 2 нафар фаррош, 1 нафар муҳосиб, 1 нафар посбон. Ғайр аз кори худ боз дар ҷамоатҳо корҳои фаҳмондадиҳиро мегузаронам. Бо аҳолӣ дар масъалаҳои зӯроварӣ дар оила, ки аз тарафи хушдоману шавҳарон мешавад, вохӯриҳо гузаронида, барои пешгирии ҳолатҳои номатлуб саҳми худро мегузорам».

– Зан бояд баробари мард бошад. Баробарҳуқуқии худро дониста, бояд саҳми худро дар ҷомеа гузорад. Бо ташаббуси Президенти кишварамон акнун бонувони хонашини мо дар хона маҳсули дасти худро омода сохта, ба фурӯш мегузоранд. Падарам ба ҳайси роҳбар фаъолият мекарданд, бештар ба соҳаи тиҷорат машғул ва модарам хонашин буданд. Касби табибӣ аз айёми кӯдакӣ дар дилам ҷо шуда буд. Хоҳарам Набиева Саодат низ духтур мебошад, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият карда истодааст. Гуфтаниам, ки занон бояд пеш аз ҳама ғизои дуруст истеъмол намоянд. Тарзи ҳаёти солим бояд дошта бошанду сари вақт табобат намоянд. Аз ҷониби маркази мо доруҳо барои камхунӣ барои занони ҳомиладор ройгон тақсим шуда истодааст. Зан бояд пеш аз ҳама фаъолу соҳибмаълумот бошад. Зани боҳунару соҳибмаълумот фарзандонашро нағз тарбия мекунад. Ман мехоҳам, ки занони мо ҳамеша солим бошанду фарзандони солим ба дунё оранд,- афзуд ӯ.

Зан – тарбиятгар

Сидиқова Шаҳло – мудири кӯдакистони “Офтобак”-и рақами 3-и шаҳри Ҳисор мегӯяд, ки “Рисолати аслии зан-модар дар тарбиятгарии ӯст, яъне инсони бофаҳму идрок ба ҷомеа инъом намудан. Маҳз зан-модар тарғибгари арзишҳои муқаддаси оиладорӣ ва фарҳанги волои хонаводагӣ мебошад. Бузургии зан низ, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, муҳофизи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Аз соли 2012 дар кӯдакистони мазкур ба ҳайси сарвари кӯдакистон фаъолият карда истодаам. Дар кӯдакистон айни замон 117 нафар тарбиятгиранда буда, аз онҳо 48 нафарашон духтаронанд. Кӯдакистон ба таълиму тарбияи замонавӣ фаро гирифта шудааст. Дар кӯдакистон 5 нафар мураббӣ кор мекунанд. Дар маҷмуъ, 22 нафар коргар дорем. Кӯдакистон аз ду ошёна ва ошхона иборат аст. Шароит барои тарбиятгирандагони мо муҳайё мебошад. Тарбиятгирандагони мо дар озмуни “Сад ранги чакан” иштирок намуданд. Дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок мекунанд. Модарам бисёр мехостанд, ки ман насли наврасро ҳамчун омӯзгор таълиму тарбия диҳаму ҳиси ватандӯстию меҳанпарастиро дар қалби кӯчаки онҳо бедор намоям. Ааз ин рӯ, пайваста кӯшиш менамоям, ки дар таълиму тарбияи насли кӯчак ҳамеша содиқу устувор бошам. Бо дастгирии МИҲД ва шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор кӯдакистони мо рӯз аз рӯз обод гашта, мушкилиҳои ба миён омада дар кӯтоҳтарин лаҳзаҳо ҳалли худро меёбанд. Дар самти таълиму тарбия, ҷиҳати сари вақт таъмин намудан бо хӯрока низ танқисӣ надорем, чунки раиси шаҳрамон нисбати кӯдакон диққати махсус дода, дар ҳама ҳолат дастгирӣ менамоянд”.

– Роҳбар бояд худаш нахуст ободкор бошад. Вақте ки дар як муассиса шахсро ҳамчун роҳбар таъин менамоянд, пеш аз ҳама бояд ободкориро пеша намояд. Кори худро дар таълиму тарбияи фарзандони миллат бояд дуруст ба роҳ монад. Инчунин, дар таълиму тарбия саҳми худро гузорад. Модарон ғамхоранд. Пешвои миллати мо низ бисёр занонро дастгирӣ намуда, шароитҳоро фароҳам оварданд. Миннатдории худро пеш аз ҳама ба МИҲД-и шаҳри Ҳисор, хусусан Раиси шаҳрамон баён менамоям, ки нисбати мо занон ғамхор ҳастанд. Бигзор занони мо ҳамеша сарбаланд ва ободкор бошанду пеш аз ҳама тарбиятдиҳандаи хуб бошанду тарбиятгирандагонро дар роҳи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия кунанд,- афзуд ӯ.

Чорабиниҳои фарҳангӣ

Дар асоси амри раиси шаҳр санаи 7-уми марти соли 2019 дар Қасри фарҳанги шаҳр бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки 700 нафар занону духтарони фаъол аз ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳр ва ҳайати роҳбарикунандаи шаҳр даъват карда шуданд. Аз онҳо 15 нафар занони фаъол бо Сипосномаи раиси шаҳр сарфароз гардонида шуданд.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020”, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, арҷгузорӣ ба арзишҳои волои суннати ниёгон, ҳифзи урфу одатҳои миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таҳкими заминаи мусоид баҳри оилаҳои ҷавон, пешгирии амалҳои номатлубе аз қабили ҷудошавии оилаҳо, никоҳи бармаҳал, бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва Рӯзи Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни шаҳрии “Либоси миллӣ симои миллӣ” дар байни занону духтарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гузаронида шуд. Даври аввали озмуни шаҳрии “Либоси миллӣ-симои миллӣ” дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардид. Беҳтарин либосҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Даври дуюм дар бинои тарабхонаи “Қалъаи Ҳисор” баргузор гардид. Дар даври ниҳоии озмуни шаҳрии “Либоси миллӣ-симои миллӣ” тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, шуъбаи маориф, коллеҷҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, Беморхонаи марказӣ ва маркази саломатӣ , Шӯрои ҷамъиятии ШВКД-и шаҳри Ҳисор бо намоиши сарулибоси миллӣ ва анъанаҳо тибқи нақша баромад намуданд.

Пешгирии зӯроварӣ дар оила

Масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар оила яке аз масъалаҳое мебошад, ки имрӯз таҳти муҳофизат ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин самт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ба тасвиб расид, ки мақсади қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим намудан буда, вазифаҳои субеъктҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо доир ба ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.

Дар ин замина, дар доираи “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳри Ҳисор давоми 11 моҳи соли ҷорӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст. Аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оила моҳҳои март ва декабри соли ҷорӣ мизи мудаввар доир ба зӯроварӣ дар ҳамбастагӣ бо намояндагони беморхонаи марказӣ, маркази саломатӣ-репродуктивӣ, мутахассисони занони ҷамоатҳои деҳот ва фаъолзанон баргузор гардид. Моҳи апрели соли ҷорӣ аз тарафи мутахассисони шуъба конфронс дар мавзуи “Ҳаёт бе хушунат зебост” дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор бо иштироки намояндагони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳр ва ҷамоату шаҳракҳо гузаронида шуд.

Давоми 11 моҳи соли равон дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тибқи нақшаи Шӯрои кор бо занон аз ҷониби марказҳои машваратӣ мутахассисони пешбари ҷамоатҳо Шӯрои занони маҳал гузаронида шуд. Дар Шӯро аъзо ва фаъолони ҳар як деҳа иштирок намуда, ҷиҳати таъмини иҷрои “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” мулоқотҳои судманд гузарониданд. Инчунин, тибқи талаботи Барнома амал намуда, барои баланд бардоштани маълумот ва маърифати ҳуқуқии занон дар бораи зӯроварӣ дар оила, нисбат ба занон ва дастгирии қурбониёни зӯроварӣ маслиҳатҳои ҳуқуқӣ доданд.

Рушди ҳунарҳои мардумӣ

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ҷиҳати эътибори ҷиддӣ додан ба раванди ташкили курсҳои бозомӯзӣ, азхудкунии касбу кор, ҳунарҳои мардумӣ ва корҳои хонагӣ, аз ҷумла дӯзандагӣ, бофандагӣ, заргарӣ, косибӣ, пухтани таомҳои миллӣ ва ғайраҳо, андешидани тадбирҳои муассир баҳри зиёд гардонидани ҷалби ҷавондухтарону занони бекор ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ тавассути ташкили марказҳои омӯзишӣ як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.

Дар шаҳри Ҳисор ташкили касбомӯзии аҳолии бекор ва корҷӯянда, ки яке аз самтҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ мебошад, асосан тавассути филиали дар шаҳр фаъолиятдоштаи Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” ба роҳ монда шудааст. Дар назар аст, ки фаъолияти муассисаи мазкур васеътар карда шуда, синфхонаҳои касбомӯзии иловагӣ ва намояндагии муассиса дар назди ҳар як ҷамоати шаҳраку деҳоти шаҳр ташкил карда шавад.

Бояд зикр намуд, ки тавассути Раёсати Агентии меҳнат, шуғли аҳолӣ ва бахши муҳоҷират дар шаҳри Ҳисор 32 нафар дар соли 2015-ум, 46 нафар дар соли 2016 курсҳои кӯтоҳмуддати қолинбофии дастӣ ва адрасбофиро хатм карда, соҳиби сертификат гаштаанд. Дар соли 2017-ум 191 нафар, дар соли 2018-ум 292 нафар ва дар 11 моҳи соли 2019-ум 65 нафар (20 қуроқдӯз, 25 бофанда, 20 кафшергар, ки аз инҳо 45 нафарашон занон мебошанд) тавассути Раёсати Агентии меҳнат, шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ҳисор курсҳои кӯтоҳмуддатро хонда, соҳиби сертификат гаштаанд. 30 нафари дигар курсҳои мазкурро омӯхта истодаанд, ки ба наздикӣ ба итмом мерасонанд.

Айни замон дар филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳри Ҳисор се синфхонаи адрасу қолинбофӣ бо 3 адад асбоби адрасбофӣ ва 6 адад асбоби қолинбофӣ мавҷуд аст.

Аз ҳисоби хатмкардагони гуруҳи адрасбофон дар Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор 6 нафар ба адрасбофӣ машғул буда, аз истеҳсол ва фурӯши маҳсулоташон даромади хуб ба даст меоранд. Хатмкардагони дигари ин бахшҳо ҳунари адрасбофию қолинбофиро дар хонаҳои худ ташкил намудаанд. То ин ҷониб дар ҳудуди шаҳр дар маҷмуъ 30 адад дастгоҳи қолинбофӣ ва 16 адад дастгоҳи адрасбофӣ, 1 адад маркази қуроқдузӣ фаъоланд.

– Раиси шаҳри Ҳисор муҳтарам Шарифҷон Ҷумазода нисбати самти занон таваҷҷуҳи беандоза дошта, ҷаҳду талош доранд, то сафи бонувонро дар химати давлатӣ боз ҳам бештар намоянд ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллатро дар амал татбиқ созанд. Имрӯзҳо масъалаҳое ҳастанд, ки ҷомеаи моро ба ташвиш овардаанду боиси нигаронии шаҳрдорӣ гаштаанд. Мутаассифона, имрӯз бо чунин занону модароне дучор шудан мумкин аст, ки худро дар омӯзиши донишҳои дунявӣ аз ҷомеаи умумибашарӣ канор гирифта, суннатҳои миллиро ба кунҷи фаромӯшӣ андохтаанд. Ҳамин аст, ки онҳо дар тарзи либоспӯшӣ ба бегонапарастӣ гаравида, ба тарбияи фарзандон таъсири манфӣ мерасонанд, ки бо чунин вазъи ногувор набояд муросо кард.

Амалӣ намудани муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар аснод ҷиҳати ба камол расонидани ворисони сазовори миллат, риояи суннатҳои аҷдодӣ, пешгирӣ кардан ва аз байн бурдани ҳама гуна тақлидкориҳои кӯр-кӯрона нақши муассир мебозанд. Аз ин рӯ, пеш аз ҳама, модарон вазифадоранд, ки дар риояи талаботи қонунҳои мазкур намунаи ибрат бошанд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо корҳои маърифатию тарғиботиро миёни аҳолӣ таҳким бахшанд, ба раисони маҳаллаҳо, шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар танзими ҷашну маросимҳо ёрии амалӣ расонанд. Модаронро зарур аст, ки писарону духтарони худро дар истифодаи интернету телефонҳои мобилӣ таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд ва дилбастагиву шавқу завқи онҳоро ҳарчи бештар ба китобу китобхонӣ барангезанд. Зеро, мутолиаи навиштаҳои чопи электронӣ ва тамошои наворҳои интернет, ки аксаран бо фаҳшу фуҷур олудаанд, ахлоқи ҷавононро коста гардонида, оқибат боиси тира гаштани тафаккури онҳо ва пайвастан ба ҳама гуна ҳаракатҳои тундрав мегардад,- афзуд Раҳимӣ Миҷгона Раҳим.

Нигора САИДБЕКОВА, МТЖТ

Добавить комментарий