Исмоилзода мегӯяд, ки бунёди боғи 48-гектараи Бохтар бо айби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии ҷумҳурӣ кашол меёбад

 

Раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода дар бобати сари вақт оғоз нашудани сохтмони боғи фарҳангию фароғатии маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодизии Ҷумҳурии Тоҷикистонро айбдор намуд.

Раиси шаҳр зимни нишасти матбуотиаш иттилоъ дод, ки бунёди боғи фарҳангию фароғатии калону замонавӣ — ин орзуи деринаи мардуми шаҳри Бохтар аст. Ва гуфт, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, вилоят, хулосаи ташкилоту идораҳо, агентиҳо, кумитаҳо ва вазоратҳо ҳама барои бунёди боғи фарҳангию фароғатӣ дастрас карда шуда, дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодизии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. “Мутассифона, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозо мекунад, ки парвандаи ҳар як бинои ин маҷмааи фароғатиро дар алоҳидагӣ тайёр намуда, пешниҳод кунем”,- афзуд ӯ.

Ба қавли раиси шаҳри Бохтар, онҳо ба ин тақозои беасоси кумитаи номбурда эрод гирифтаанд. Аммо гуфта нашуд, ки ин эрод ба чи тарз — хаттӣ ё шифоҳӣ сурат гирифтааст.

— Вақте ки маҷмааи фарҳангӣ мешавад, дар маҷмуъ дар он варзишгоҳ, боғи фарҳангию фароғатӣ, амфитеатр, ҳавзи шиноварӣ ва дигар инфрасохтор ҳаст. Умуман, майдони боғ 48 гектарро ташкил медиҳад, ки ин хеле калон аст. Парвандаи ҳамаи инҳо бояд якҷоя бошанд,- шарҳ дод Абдуалим Исмоилзода.

Зикр гардид, ки шаҳри Бохтар ба ҷуз ин мушкил бо кумитаи номбурда, дигар мушкилот низ дорад. “Барои сохтмони ду мактабе, ки бо маблағгузории дигар давлатҳо сохта мешаванд, розигии ҳама ташкилоту идораҳо гирифта шудааст. Вале кор се моҳ боз дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон кашол меёбад”,- гуфт Исмоилзода.

Бояд гуфт, ки капсулаи нома ба наслҳои оянда ва санги асоси боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Бохтарро дар майдони 48 гектар замин чанд сол пеш Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як сафари кориашон ба ин шаҳр гузошта буданд. Мутаассифона, бо гузашти солҳои зиёд корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо ҳатто шуруъ нагардидаанд.

Ҳоло дар ҳудуди шаҳри Бохтар ҳамагӣ як боғи нисбатан мукаммали фарҳангӣ-фароғатии ба номи Р. Мурчаев амал мекунад, ки бинобар хурд будани ҳудуд имкони ғунҷоиши ҳама хоҳишмандонро надорад.

Добавить комментарий