Сокинони зафарманду меҳнатқарини ноҳияи Мастчоҳ бо руҳбаландӣ аз дастовардҳои бузурги соли гузашта ва илҳом аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки санаи 26-уми декабри соли 2018 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, қутбнамои рушди ҷомеа мебошад, давоми семоҳаи якуми соли 2019 фаъолияти пурсамари худро тақвият бахшида, дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд. Роҳбарии ноҳияи Мастчоҳро шахси фидоиву кордон Ғайрат Азиззода бар дӯш дорад.

 

Дар се моҳи соли равон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Масчоҳ 21 адад санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ аз мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла 3 адад Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 адад Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 адад қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 адад фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст, ки вобаста ба иҷрои саривақтии онҳо тадбирҳои амалӣ андешида шуда, дар ин замина қарорҳои дахлдори раиси ноҳия ба тасвиб расидааст.

Дар асоси дастуру вазифагузориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз ҷиҳати ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар ҳамаи соҳаҳо ва истифодаи самараноки истеҳсолот ба роҳ мондани маҳсулоти рақобатпазир, тақвияти имкониятҳои содиротии ноҳия ва умуман дар самти иҷрои барномаҳои стратегии кишвари азизу маҳбубамон силсилаи тадбирҳои судманд амалӣ гардидаанд.

Дар ноҳия 7 ҷамоати деҳоту шаҳрак — деҳоти Мастчоҳ, Оббурдон, Палдорак, Навбаҳор ва шаҳракҳои Бӯстон, Суғдиён ва Обшорон мавҷуданд, ки баҳри дастгирии онҳо барои пурзӯр намудани фаъолияташон пайваста тадбирҳо андешида мешаванд. Дар семоҳаи якуми соли равон бо мақсади дастгирии ҷамоатҳо ва ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия маблағҳои зарурӣ равона карда шудаанд.

Давоми се моҳи соли равон иҷроиши нақшаи андозҳо бе назардошти андози иҷтимоӣ 102,4 фоиз таъмин гашта, ба ҷойи 19 млн 140 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда амалан 19 млн 608 ҳазору 402 сомонӣ маблағи андозҳо ворид карда шудааст, ки нисбати нақша 468 ҳазору 402 сомонӣ зиёд аст. Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,3 фоиз таъмин гашта, ба ҷойи 25 млн 273 ҳазору 870 сомонӣ 25 млн 860 ҳазору 501 сомонӣ маблағи андозҳо ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбати нақша 586 ҳазору 631 сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия ба андозаи 101,1 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 28 млн 300 ҳазору 948 сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки нисбати нақшаи пешбинишуда 313 ҳазору 585 сомонӣ зиёд аст.

Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 99,2 фоиз иҷро гардидааст. Нақша 15 млн 131,2 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 15 млн 5,3 ҳазор  сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 98,9 фоиз, маориф 99,4 фоиз, нигаҳдории тандурустӣ 98,7 фоиз, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 100 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 99,9 фоиз ва хоҷагии қишлоқ 100 фоиз маблағгузорӣ карда шудаанд.

Ба ҳолати 1-уми апрели соли 2019 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо (бо назардошти бақияпулиҳои андози иҷтимоӣ) 10 млн 388 ҳазору 434 сомониро ташкил додааст, ки ин нисбати семоҳаи якуми соли 2018 ба маблағи 2 млн 272 ҳазору 234 сомонӣ кам гардидааст.

 

Рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ

Сокинони ноҳия, аз ҷумла соҳибкорони созандаи Мастчоҳ аз иқдоми навбатии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ” руҳбаланд гардида, баҳри татбиқи амалии он собитқадамона ҳиссагузорӣ намуда истодаанд.

Дар семоҳаи якуми соли 2019 шумораи умумии субъектҳои соҳибкорӣ дар ноҳия 5401 ададро ташкил намудааст, ки аз ин миқдор бо шаҳодатнома 251 адад, бо патент 629 адад, шахсони ҳуқуқӣ 512 адад, хоҷагиҳои деҳқонӣ 4009 ададро дар бар мегиранд. Дар муқоиса бо семоҳаи якуми соли 2018 дар ноҳия 347 адад субъектҳои соҳибкорӣ зиёд шудааст.

Айни замон дар миқёси ноҳия 5 адад лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ мавриди амал қарор доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 адад зиёд аст. Дар ин самт лоиҳаи беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ ба маблағи 1 млн 770 ҳазор доллари ИМА, лоиҳаи дастрасӣ ба маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот ба маблағи 72,5 ҳазор доллари ИМА, лоиҳаи минтақавии хатҳои интиқоли барқ ба маблағи 1 млн 500 ҳазор доллари ИМА ва лоиҳаи тиҷораткунии соҳаи кишоварзӣ ба маблағи 101 ҳазор доллари ИМА амалӣ шуда истодааст. Маблағҳои умумии дар доираи татбиқи лоиҳаҳои мазкур дар ноҳия азхудшуда 3 млн 450 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ҷиҳати иҷрои тадбирҳои амалӣ дар доираи “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ” тамоми имкониятҳои заруриро равона намуда истодааст. Вобаста ба ин, дар шаҳраки Бӯстон корҳои сохтмонии бунёди кӯдакистони замонавии хусусӣ ҳаштод дарсад ба анҷом расонида шуда, сохтмони сардхонаи замонавӣ дар деҳоти Навбаҳор бомаром ҷараён дорад.

Дар семоҳаи якуми соли 2019 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбият, малакаи соҳибкорон ва сифати омода кардани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва нақшаҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби раёсати Агентии шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Мастчоҳ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ташкил ва гузаронида шудааст.

Муассисаҳои бонкии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2019 барои пешрафти хоҷагии халқ ба соҳибкорон ва шахсони воқеиву ҳуқуқӣ, корхонаву идораҳо, ташкилоту муассисаҳо қарзҳои бонкӣ ба маблағи 18786,2 ҳазор сомонӣ пешниҳод намудаанд.

Интиқоли маблағҳо аз хориҷи кишвар 37434,3 ҳазор сомониро дар бар гирифта, дар муқоиса ба семоҳаи якуми соли 2018-ум 3999,5 ҳазор сомонӣ кам гардида, 90,3 фоизро ташкил додааст.

Дар ин давра 11 лоиҳаи сармоягузорӣ ҷиҳати кофтани чоҳҳои амудӣ, бунёди сехҳои дӯзандагӣ, фермаҳои чорводорӣ, гармхонаҳои замонавӣ, корхонаҳои коркарди чормағзи заминӣ ва истеҳсоли хишт аз тарафи соҳибкорон омода гардида, барои дастгирӣ ва мувофиқа ба сохторҳои дахлдори марказӣ, аз ҷумла Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкорӣ”-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

 

Рушди саноат дар Мастчоҳ

Корхонаҳои саноатии ноҳия дар семоҳаи якуми соли 2019 ба маблағи 36 млн 448 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 15 млн 674,7 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 175,5 дарсадро дар бар мегирад. Фабрикаи ресандагии ҶСП “Олим Текстайлз” пас аз танаффуси тӯлонӣ моҳи феврали соли равон ба фаъолият шуруъ намуд ва ба ҶДММ “Ангубин” ивази ном кард.

Корхонаҳои саноатӣ дар семоҳаи якуми соли 2019 дар шакли асл 294 тонна нону булка, 139 тонна маҳсулоти ширӣ, 74,4 тонна орд, 11,7 тонна сабус, 31,5 тонна равғани растанӣ, 94,2 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 238 тонна калобаи ришта, 300 метри мураббаъ матои адрас, 300 метри мураббаъ газворҳои гуногун, 28930 тонна семент, 834 метри мураббаъ маҳсулот аз пластикаи филизӣ, 129,3 ҳазор сомонӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, 70,5 ҳазор дона маҳсулоти нашриётӣ, 707,4 ҳазор сомонӣ маҳсулот аз чӯб, 957 ҳазор дона маҳсулоти пластмассагӣ, 32,6 тонна халтаҳои полиэтанӣ истеҳсол намудаанд.

Дар семоҳаи якуми соли равон гардиши савдои чакана 46 млн 633 ҳазор сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба семоҳаи якуми соли 2018-ум 12 млн 947 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Болоравии нишондиҳандаҳои савдои чакана асосан ба сектори хусусии аҳолӣ марбут буда, ба 313,4 фоиз баробар гардидааст. Корхонаҳои хурд ба маблағи 7895,2 ҳазор сомонӣ 320,9 фоиз, ҶДММ “Ҳоҷӣ Асрор” 48,9 ҳазор сомонӣ — 107,9 фоиз, бозорҳои ноҳия 38668,1 ҳазор сомонӣ — 115,9 фоиз. Дар баробари ин ҶДММ “Шуҳратсервис” 21,2 ҳазор сомонӣ, баробар ба 89,6 фоизи соли гузашта кор кардаасту халос.

 

Соҳаи энергетикаи Мастчоҳ

Дар семоҳаи якуми соли 2019 шабакаҳои барқии ноҳияи Мастчоҳ вобаста ба татбиқи сиёсати энергетикии мамлакат, таъмин намудани барқи бемайлон ба аҳолӣ, корхона ва муассисаҳои ноҳия тадбирҳои муҳим андешидаанд. Дар ин давра дар маҳалҳои навбунёди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 2 адад трансформатори иқтидорҳояшон мухталиф насб гардида, 340 адад ҳисобкунакҳои индуксионӣ ба ҳисобкунакҳои электронӣ иваз карда шудаанд. Дар ин муддат шабакаҳои барқи ноҳия ба миқдори 54138447 кВт/с барқ қабул намудааст, ки маблағи умумии он 13955227 сомонӣ мебошад. Аз ин ҳисоб аз тарафи нозирон ва кормандони шабакаҳои барқи ноҳия 12322873 сомонии он ҷамъоварӣ гардидааст, ки 88,3 фоизро ташкил медиҳад. Аз тарафи аҳолӣ ин нишондиҳанда 94,8 фоизро дар бар мегирад.

 

Ҳифзи амнияти озуқаворӣ

Кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина таъмини амнияти озуқаворӣ дар семоҳаи якуми соли 2019 тадбирҳои муайянеро ба сомон расонидаанд. Ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат барои ҳосили соли 2019 сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ тарҳрезӣ гардидааст, ки тибқи он дар майдони 21952 гектар гузаронидани кишти баҳорӣ, аз ҷумла 1680 га зироатҳои ғалладона, 11940 га пахта, 4330 га зироатҳои равғандор, 272 га сабзавоту картошка, 2430 га полезӣ ва 1300 га зироатҳои хӯроки чорво пешбинӣ гардидааст. Дар ин асно ба ҷамъбасти семоҳа дар ноҳия дар майдони 150 га картошкаи барвақтӣ, 34 га сабзавот, 1501 ғалладонагиҳо, 730 га зироатҳои равғандор, 188 га полезӣ, 685 га пахта ва 591 га зироатҳои хӯроки чорво киштукор карда шуда, ҷараёни кишти зироатҳо босуръат идома дорад.

Дар семоҳаи якуми соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ маҷмӯи маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба 44 миллиону 33 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки вусъати афзоиш 4 млн 167 ҳазор сомонӣ ё худ 110,5 фоизи ҳамин давраи соли 2018-ро ташкил медиҳад.

Дар соҳаи чорводорӣ бошад, истеҳсоли гӯшт 812 тонна, шир 7564 тонна, тухм 5 миллиону 430 ҳазор дона, пашм ба 26,8 тонна расонида шудааст, ки вусъати афзоиш аз 104 то 195 фоизи семоҳаи якуми соли 2018-ро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ гӯсолагирӣ ба 312 сар ва баррагирӣ ба 3890 сар расонида шудааст, ки вусъати афзоиш дар ин самт низ аз 108 то 110 фоизро ташкил додааст.

Боиси зикр аст, ки барои ҳосили соли 2019 нисбати соли 2018 дар ноҳия шумораи гармхонаҳои доимоамалкунанда 16 адад зиёд гардидааст. Вобаста ба ин, дар ин давра инчунин истеҳсоли маҳсулоти сабзавотӣ аз гармхонаҳо ба 170 тонна баробар гардидааст, ки 111 фоизи семоҳаи якуми соли 2018-ро ташкил медиҳад.

Қобили қайд аст, ки ҳолати омодагии пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими обёрии соли 2019 хуб ба роҳ монда шуда, 56 адад дастгоҳҳои обкашии барои таъмир нақшабандишуда пурра таъмир гардидаанд. Инчунин 12 км каналҳо ва 7 км заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шудаанд.

 

Рушди соҳаи меъморӣ ва сохтмон

Дар семоҳаи якуми соли 2019 вобаста ба вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ташкилотҳои сохтмонии ноҳия пурмаҳсул фаъолият кардаанд, ки далели он ҷалби 6 млн 123,7 ҳазор сомонӣ сармояи асосӣ, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 110,2 фоиз афзоиш ёфта, иҷрои корҳои сохтмону васлгарӣ ба маблағи 6 млн 33,1 ҳазор сомонӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2018-ум 111,1 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра ба маблағи 1 млн 126,6 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шудааст, ки нисбат ба семоҳаи якуми соли 2018-ум 2,3 баробар зиёд мебошад.

Нақшаи муфассали корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ, ки қаблан аз 158 банд иборат буд, баъди даровардани тағйироту иловаҳо ба 473 банд расонида шудааст. Яъне мувофиқи ин тағйироту иловаҳо то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия сохтмон, бунёд ва таъмиру азнавсозии 473 иншоот, аз он ҷумла иншооти муҳташами қасри замонавии фарҳанг, майдони парчами миллӣ, чойхонаи миллӣ, меҳмонхона, варзишгоҳи марказӣ, толори варзишии “Паҳлавонони Суғд”, терминали байналмилалии автомобилҳои боркаш, бинои баландошёнаи истиқоматӣ, терминали мусофиркаш, навбати дуюми заводи сементбарории ҶДММ “Ясин МС-Суғд”, 6 бинои маъмурии мақомоти марказӣ дар ноҳия, 17 майдончаи варзишӣ, 1 адад ҳавзи шиноварӣ, 7 муассисаи нави таълимӣ, 6 кӯдакистони хусусӣ, 5 маркази саломатӣ, 19 маркази савдои замонавӣ, 7 сехи дӯзандагӣ, 5 адад ҳаммоми муосир, 5 адад сартарошхона, 7 адад кошонаи ҳусн, фабрикаи парандапарварӣ, фермаи ширию молӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилии ноҳия ба масофаи 70 километр, таъмиру тармими 19 адад муассисаҳои таълимӣ ва 3 адад қасри фарҳанг, бунёди маркази ҷавонон, сохтмони корхонаи истеҳсоли регу шағал дар маҷмуъ ба маблағи 500 миллиону 492 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин радиф, давоми семоҳаи якуми соли 2019 ба маблағи 9 млн 630  ҳазор сомонӣ 32 иншооти таъйиноти гуногун сохта ба истифода дода шудааст.

 

Рушди инфрасохтор ва нақлиёт

Дар ноҳия 2 адад муассисаҳои нақлиётӣ фаъолият доранд, ки аз онҳо 1 адад муассисаи нақлиётии боркашон ва 1 адад муассисаи нақлиётии мусофиркашон мебошад. Дар ин давра аз ҷониби муассисаҳои нақлиётӣ 303,5 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ кашонида шудааст, ки 109 фоизи ҳамин давраи соли 2018-ро дар бар мегирад. Ҳаҷми умумии кашонидани мусофирон 8,2 ҳазор нафарро ташкил дода, 95,3 фоизи ҳамин давраи соли 2018-ро ташкил медиҳад.

Дар тобеияти муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 120,8 км роҳҳои автомобилгарди аҳамияти истифодаи умум мебошанд.

 

Соҳаи алоқа ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ

Тибқи маълумоти қитъаи техникии ҶСК «Тоҷиктелеком» дар ноҳияи Мастчоҳ ба масофаи 13 км хати нахи нурӣ байни ҷамоатҳои деҳоти Оббурдон ва Палдорак насб карда шудааст. Дастрасии аҳолӣ ба телефонҳои шаҳрӣ ва интернет дар ноҳия 701 ададро ташкил медиҳад. Бо мақсади татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо хати нахи нурӣ пайваст гардида, шабакаи ягонаи дохилӣ ташкил карда шудааст ва бо алоқаи интернетӣ таъмин мебошад. Ҳоло шумораи истифодабарандагони фаъоли интернет ба воситаи ADSL дар ноҳия 125 адад муштарӣ буда, аз он ҷумла 100 адад муштарӣ ба аҳолӣ ва 25 адад муштарӣ ба ташкилоту муассисаҳо рост меояд.

Мувофиқи маълумотҳои мавҷуда алҳол дар ҳудуди ноҳия фарогирии мавҷҳои шабакаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, аз ҷумла шабакаҳои ТВТ — 100,0%, ТВС — 95,60%, ТВҶ — 91,45%, ТВБ -91,45%, радиоҳои Тоҷикистон 95,06%, Овози тоҷик 69,04%, Садои Душанбе -71,09% ва ТВ “Суғд” 85%-ро ташкил медиҳад.

Рӯзномаи ноҳиявӣ бо номи «Машъал» дар давраи ҳисоботӣ 14  шумора бо теъдоди 23800 нусха ба нашр расида, дар саҳифаҳои худ матолиби ҷолибро вобаста ба навигариҳои соҳаҳои хоҷагии халқ инъикос намудааст.

 

Вусъати шуғли пурмаҳсул дар ноҳия

Дар давраи ҳисоботӣ ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия 1800 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки аз онҳо 862 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Ба 1491 нафари онҳо мақоми бекорӣ дода шуда, 215 нафар бо ҷои корӣ таъмин гардидаанд. Дар ин давра ба 19 нафар шаҳрвандони бекор ба маблағи 22850 сомонӣ кӯмакпулӣ расонида шудааст. Барои фаъолияти соҳибкории хурд ба 15 нафар сокинон ба маблағи 46950 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст. Дар ин муддат 4 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, дар онҳо 350 нафар шаҳрвандон ширкат варзидаанд, ки ба 25 нафари онҳо барои ҷойи кор роҳхат дода шуда, 13 нафар бо ҷои кор таъмин карда шудаанд. Дар ин давра 160 нафар шаҳрвандони ҷавон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Айни ҳол дар шаҳраку деҳоти ноҳия 300 нафар шаҳрвандон ба корҳои хонагӣ ва касбӣ машғул мебошанд. Дар ин давра инчунин 125 нафар занону духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои миллии адрасбофӣ, зардӯзӣ ва қолинбофӣ фаро гирифта шуданд.

Дар семоҳаи якуми соли 2019 шумораи умумии нафақахӯрон 9251 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 512 нафар зиёд мебошад. Маблағи умумии талаботи якмоҳа ба нафақа 2536,4 ҳазор сомонӣ мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 502,1 ҳазор сомонӣ ё худ 19,8 фоиз зиёд аст.

 

Омӯзишу парвариш

Дар ноҳия 47 муассисаҳои таълимӣ фаъолият мебаранд, ки аз ин миқдор 38 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 6 адад муассисаи таҳсилоти асосии умумӣ ва 2 адад литсей, 1 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ғайридавлатиро ташкил медиҳад. Дар ин муассисаҳои таълимӣ 24121 нафар хонанда, аз он ҷумла 11603 нафар духтарон таҳсил менамоянд. Шумораи омӯзгорон 1830 нафар буда, аз онҳо 872 нафарашон занон мебошанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 1339 нафар, ки аз ин миқдор 620 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, дорои таҳсилоти олии омӯзгорӣ мебошанд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия дар давраи ҳисоботӣ бо дастгирии раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳисоби буҷети вилоятӣ барои бунёди бинои нави таълимӣ дар маҳаллаи “40-солагии Дилварзин”-и деҳоти Палдорак санги асос гузошта шудааст. Дар ин давра ҷиҳати таъмиру азнавсозии 2 адад муассисаи таълимӣ 49000 сомонӣ аз ҳисоби буҷети ноҳия равона карда шудааст. Дар ин замина, сохтмони мактаби замонавӣ дар маҳаллаи “Ганҷобод”-и шаҳраки Суғдиён, 2 кӯдакистони хусусӣ дар деҳоти Палдорак ва шаҳраки Бӯстон босуръат идома дорад. Дар ин давра шахсони саховатпеша зиёда аз 50000 сомонии худро ҷиҳати таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ равона намудаанд.

 

Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Дар ноҳия ҳамагӣ 49 адад муассисаҳои тиббӣ, аз ҷумла 1 адад беморхонаи марказии ноҳиявӣ бо 275 кат, 4 адад беморхонаҳои минтақавӣ бо 310 кат, 1 адад маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемориҳои сил бо 25 кат, 1 адад маркази саломатии ноҳиявӣ, 9 адад марказҳои саломатии деҳот, 18 адад бунгоҳҳои саломатӣ, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, 4 адад марказҳои махсусгардонидашуда дар заминаи Маркази саломатии ноҳиявӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва 7 муассисаҳои хусусӣ мебошанд.

Дар семоҳаи якуми соли 2019 аз буҷети ноҳия барои соҳаи тандуpустӣ 4730786 сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда буд. Мувофиқи маълумот баpои таъмини эҳтиёҷи соҳаи тандуpустӣ 4634337 сомонӣ ҷудо гаpдидааст, ки иҷpоиши буҷет 98,0%-pо ташкил додааст.

Дар муассисаҳои госпиталӣ ҳамагӣ 62 нафар табибон, аз он ҷумла мутахассисони ҷавон 12 нафарро ташкил медиҳанд, 50 нафар табибон дорои тахассусанд, ки 75 %-ро ташкил медиҳанд. Кормандони миёнаи тиббӣ 295 нафарро ташкил медиҳанд, аз онҳо 32 нафар дорои собиқаи кории то 5 сол мебошанд, 149 нафарашон тахассуснокӣ доранд.

Дар муассисаҳои бистарикунонии ноҳия ба 2 нафар табибони эҳё ва наҷот, 2 нафар табибони бачагона ва 1 нафар табиби ренгенолог эҳтиёҷ мавҷуд аст.

Дар семоҳаи аввали соли 2019-ум 865 таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 32 адад кам мебошад. Дар ноҳия  ҳодисаи фавти модар дар давраи пас аз таваллуд ба қайд гирифта нашудааст. Нишондоди фавти кӯдакон дар 3 моҳи соли 2019 ба 14,0 ба 1000 зиндатаваллуд (12 нафар) баробар гардида, нисбати соли гузашта 5 промил зиёд гардидааст (8 нафар дар 3 моҳи соли 2018).

Дар арафаи ҷашни Соли нави мелодии 2019 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дар ҳамкорӣ бо корхонаву ташкилотҳо ва ашхоси саховатманд 97 оилаи эҳтиёҷманди ноҳия аёдат карда шуда, ба онҳо ба маблағи 11800 сомонӣ маводи хӯрокворӣ дастрас гардидааст. Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз тӯйи хайриявии домодию арӯсии 2 ҷуфт ҷавон аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуда, ба маблағи 30472 сомонӣ ба оилаҳои бесаробон, ятимону маъюбон кӯмаки яквақтаи маводи ғизоӣ дастрас гардидааст.

 

Вазъи соҳаи фарҳанг

Бо мусоидату ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди қасри замонавии фарҳанг барои 1000 ҷойи нишаст аз тарафи фармоишгар — Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат аз санаи 8-уми ноябри соли 2017 оғоз гардида, айни ҳол сохтмони он босуръат идома дорад.

Тибқи “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” сохтмони маркази ҷавонон дар деҳоти Палдораки ноҳия вусъат ёфта истодааст.

Айни замон дар тавозуни бахши фарҳанги ноҳия 1 Қасри фарҳанг ва Филармонияи халқӣ, 1 хонаи фарҳанги шаҳрак, 4 хонаи фарҳанги деҳот, 2 клуб, 3 коллективи халқӣ, 1 мактаби бачагонаи санъат, китобхонаи марказӣ, китобхонаи бачагона, 17 филиал — китобхонаҳои деҳот ва боғи фарҳангу истироҳатӣ амал мекунанд, ки дар ин муассисаҳо 141 нафар, аз ҷумла 25 нафар бо маълумоти олии тахассусӣ, 18 нафар бо маълумоти олии умумӣ, 40 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 55 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ кору фаъолияти муназзам доранд.

 

Кор бо ҷавонон ва варзиш

Айни замон дар ноҳияи Мастчоҳ шумораи умумии ҷавонон 42600 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин миқдор 21200 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Дар ноҳия 1 МД “Мактаби варзишӣ” фаъолият менамояд. Дар муассисаи мазкур 20 нафар мураббиён аз рӯи 9 намуди варзиш ба 654 нафар варзишгарон, аз он ҷумла, 55 нафар бонувон ҳамарӯза машғулиятҳои варзишӣ меомӯзонанд.

Дар семоҳаи якуми соли 2019 варзишгарони ноҳия дар 27 чорабиниҳои мухталиф иштирок намуда, соҳиби 820 медал гардидаанд, ки аз ин 237 адад тилло, 192 адад нуқра ва 391 адад биринҷиро ташкил медиҳад.

Шумораи умумии сафарбаркунии варзишгарон ба мусобиқаҳои гуногун 1153 нафарро ташкил медиҳад.

 

Маълумот оид ба рушди сайёҳӣ

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” силсилаи зиёди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва бедор намудани истеъдодҳои нав ба роҳ монда шудааст. Дар ин замина,  иншооти самти сайёҳӣ — сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ ва осорхона аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ оғоз карда шудааст, ки мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин иншоот барои қабул ва меҳмоннавозии сайёҳон хизматҳои шоиста менамояд.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

 То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд чунин иморату иншоот сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд:

р/т Номгӯи иморату иншоот Миқдор (адад)
1 Муассисаи томактабӣ 5
2 Муассисаи таҳсилоти умумӣ 37
3 Китобхона 3
4 Қасри фарҳанг 6
5 Боғи фарҳангу фароғатӣ 2
6 Гулгашт 3
7 Беморхона 1
8 Бунгоҳи тиббӣ 1
9 Маркази саломатӣ 9
10 Таваллудхона 1
11 Нуқтаи хатнакунии кӯдакон 5
12 Дорухона 9
13 Сартарошхона 10
14 Ҳаммом 6
15 Толори кошонаи ҳусн 9
16 Маркази савдо 13
17 Маркази хизматрасонӣ 32
18 Толори варзишӣ 7
19 Майдончаи варзишӣ 15
20 Майдонча барои бозии кӯдакон 1
21 Меҳмонхона барои қабули сайёҳон 3
22 Иншооти дигар 258
Ҳамагӣ: 436

Добавить комментарий