Дастгирии занон аз авлавиятҳои сиёсати кадрӣ дар ин шаҳр аст

 

Фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат баҳри таъмини волоияти қонун, риояи талаботҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона гардида, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, беҳ кардани сатҳу сифати зиндагӣ ва муҳайё сохтани шароити арзандаи меҳнатию фароғатии мардум ҷаҳду талоши зиёд ба харҷ медиҳад. Роҳбарии ин шаҳрро шахси фарҳангиву кордон ва ташаббускор Раҳмоналӣ Амирзода бар дӯш дорад.

Хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон зимни як сафари корӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва дурнамои рушди ин шаҳри аз ҷиҳати иқтисодиву саноатӣ пешрафтаи кишвар, ки дар таъмини бозори истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти кишоварзии хушсифату нисбатан арзон саҳм дорад, шиносоӣ пайдо намуд.

Тадқиқот ва мушоҳидаҳои мо собит намуданд, ки тайи 5-6 соли охир шаҳри Ваҳдат ба куллӣ симояшро тағйир дода, дар ин муддат садҳо иншооти хурду бузурги хуштарҳу замонавӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Бешак, ин иншоот дар таъмини аҳолӣ бо ҷои кори шоиставу доимӣ, рушди соҳибкорӣ ва вазъи некӯаҳволии мардум мусоидат хоҳанд кард.

Вазъи нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳри Ваҳдат дар солҳои 2016-2018 ва 6 моҳи соли 2019 нишон дод, ки корхонаю муассисаҳо ва хоҷагиҳо ба таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, инчунин мушкилот ва омилҳои манфии ба рушди иқтисодиёт таъсиркунанда нигоҳ накарда, бо истифода аз захираю имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати нигоҳ доштани рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, хусусан соҳаи истеҳсолӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд, ки ба пешрафти фаъолияти иқтисодии шаҳр мусоидат намудаанд. Ҳаҷми даромадҳои буҷети шаҳр соли 2018-ум 197 миллону 723 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки дар қиёс нисбат ба соли 2016-ум 34 миллиону 565 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 121,2 дарсадро ташкил менамояд. Қисми хароҷоти буҷети шаҳр соли 2018 ба маблағи 128 миллиону 64 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудааст, ки нисбат ба соли 2016-ум 11 миллиону 470 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Буҷети шаҳр моҳияти иҷтимоӣ дошта, тақсимоти он аз рӯи гуруҳбандии иқтисодӣ барои рушди соҳаи мазкур сол аз сол зиёд гардида истодааст. Соли 2018-ум 69,2 дарсади буҷети шаҳр ба соҳаи маориф, 19,4% ба соҳаи тандурустӣ ва 1% ба соҳаи иҷтимоӣ, ҷубронпулӣ, кӯмаки молиявӣ ба иштирокчиёни ҶБВ ва садамаи Нерӯгоҳи атомии Чернобил ва боқимонда 10,4 дарсади дигар барои нигоҳдорӣ ва моддаҳои аввалиндараҷа равона гардидааст.

Бо мақсади дастгирии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар солҳои 2016-2018 ва 6 моҳи соли 2019 аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр 3 млн 286 ҳазор сомонӣ барои ҷуброни мактаббачагони камбизоат, иштирокчиёни ҶБВ ва Чернобил маблағ ҷудо гардидааст.

Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳр дар солҳои 2016-2018 ва 6 моҳи соли 2019 зиёда аз 32 млн сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Дар 6 моҳи соли 2019 буҷети маҳаллии шаҳр ба маблағи 53 млн 999 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 млн 872 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Қисми хароҷоти буҷети шаҳр ба маблағи 53 млн 755 ҳазор сомонӣ аз худ карда шуд, ки 92,1 дарсади он барои пардохти музди меҳнати кормандони муассисаҳои буҷетӣ ва боқимонда 7,9 дарсади дигар барои моддаҳои ҳимояшавандаи аввалиндараҷа сафарбар гардидааст.

 

Рушди соҳаи саноат

Ҳайдарзода Ислом, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Ваҳдат мегӯяд, ки соҳаи саноат яке аз соҳаҳои асосии шаҳр маҳсуб ёфта, рушди он ба ташкили ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гаштани буҷети давлатӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ шароит фароҳам меоварад.

Амалӣ гаштани барномаҳои давлатӣ имкон дод, ки соҳаи саноат рушд ёбад, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ зиёд гардад. Агар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2016-ум 242 миллиону 713,5 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2018 ба 349 миллиону 74 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки дар муқоиса нисбат ба соли 2016-ум 106 миллиону 360,5 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 143,8 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 6 моҳи соли 2019 ба маблағи 232 млн 367,9 ҳазор сомонӣ иҷро гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 169 млн 630,7 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 3,6 баробарро ташкил медиҳад,- изҳор дошт ӯ.

Бо мақсади зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар се соли охир 10 корхонаҳои истеҳсолӣ бо технологияҳои муосири замонавӣ, аз қабили корхонаи коркарди маҳсулоти нафтии ҶДММ «Тенг-Лонг», истеҳсоли қубурҳои пластикии ҶДММ «Мегапласт», коркарди маҳсулоти ширӣ ҶДММ «Лазиз-Д», коркарди маҳсулоти консервабарорӣ ҶДММ «Хушрӯз», истеҳсоли профилҳои пластикии ҶДММ «УСЕРПЕН», коркарди пӯст ҶДММ «Ҳасан-саноат», масолеҳи сохтмонӣ ҶДММ “Нурмуҳаммад-2018”, коркарди хӯроки паранда ҶДММ «Мурғи шоҳ» ва 2 коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шудаанд.

Дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ се корхонаи истеҳсоли гӯшти мурғ ба фаъолият оғоз кард, ки ҶДММ «Рушди парандапарварӣ» 26 тонна, ҶДММ «Баҳори пурфайз» 201,3 тонна ва ҶДММ «Ҳумоюн-2018» 43,6 тонна гӯшти мурғ истеҳсол намудаанд. Ҳамчунин, дар моҳи феврали соли ҷорӣ коргоҳи коркарди пӯсти ҶДММ «Сомон-Чарм» ба фаъолияти истеҳсолӣ оғоз намуд, ки 84 дона пӯст тариқи таҷрибавӣ истеҳсол намудааст.

Ба истифода дода шудани корхонаҳои истеҳсолии дар боло зикршуда боис гардид, ки зиёда аз 10 намуди маҳсулоти воридотивазкунанда, аз ҷумла бензин, сӯзишвории дизелӣ, мазут, маҳсулоти гуногуни ширӣ, консерваҳои меваю сабзавот, қубурҳои полиэтилении қутрашон гуногун, профилҳои пластикии андозаҳои ҳархела, хӯроки паранда, пӯсти нимтайёр, маҳсулоти гӯштӣ ва либосҳои мактабӣ ба роҳ монда шавад.

Зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот тибқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр барои солҳои 2016-2020 дар назар дошта шуда, барои рушди соҳаи мазкур икониятҳои иқтидори калони истеҳсолӣ, аз қабили масолеҳи сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, сангҳои ороишӣ, обҳои маъданӣ ва гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст, ки шаҳри Ваҳдатро аз соҳаи аграрию саноатӣ ба шаҳри саноатию аграрӣ табдил дода, бозори истеъмолиро бо молҳои рақобатпазир, ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва содиротӣ таъмин менамояд.

 

Рушди соҳибкорӣ

Бо василаи таъмини фазои мусоиди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баракати сулҳу суботи кишвар бахши соҳибкорӣ дар шаҳри Ваҳдат сол аз сол рушд менамояд. Агар дар соли 2016 шумораи соҳибкорон 10614 нафарро ташкил менамуд, имрӯз шумораи онҳо ба 12475 нафар расидааст.

Ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2015, №772 тасдиқ шудаст, чораҳои зарурӣ андешида шудааст. Нисбати амалӣ намудани лоиҳаҳои дар Барномаи мазкур пешбинигардида бо ҷалби сармояҳои хориҷӣ, маблағҳои грантӣ ва бонкӣ дар шаҳри Ваҳдат чорабиниҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.

Бо василаи амалигардонии лоиҳаи парвариши занбӯри асал ва истеҳсоли маҳсулоти занбурӣ, ки арзиши он 395,8 ҳазор доллари амрикоиро дар бар мегирад, то ин муддат дар шаҳри Ваҳдат 15170 оилаи занбӯр парвариш карда мешавад. Дар солҳои 2016-2018 тавассути Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 6 нафар занҳои соҳибкор барои парвариши занбӯри асал 140 ҳазор сомонӣ грантҳои президентӣ ҷудо гардид. Дар баробари ин аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ дар ҳаҷми 540 ҳазор сомонӣ барои парвариши занбӯри асал масраф гардидааст.

Ҳамчунин барои сохтмони системаи обтаъминкунии деҳаи Симиганҷи Ҷамоати деҳоти Симиганҷ дар ҳаҷми 80 ҳазор доллари амрикоӣ маблағ ҷудо гашта, то имрӯз 50 дарсади маблағ масраф гардида, кор дар ин самт идома дорад.

Сохтмони НБО-и хурди «Сорво» 100 кВт дар ҷамоати деҳоти Ромит бо арзиши умумии лоиҳа 220 ҳазор доллари амрикоӣ сохта ба анҷом расонида шуда, мавриди истифода қарор дорад.

Сохтмони Бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Гулзори ҷамоати деҳоти Чӯянгарон бо арзиши умумии лоиҳа 350 ҳазор доллари амрикоӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва маблағгузории сокинони маҳал пешбинӣ гардидааст, ки то имрӯз 35 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудааст.

Дар маҷмуъ, тибқи «Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020» дар шаҳри Ваҳдат 2955,0 ҳазор сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шудааст.

 

Рушди соҳаи сохтмон

Дар соли 2016 дар шаҳри Ваҳдат 75 иншоот ба истифода дода шудааст, ки аз он 63 ададаш бо масоҳати 18662 метри мураббаъро хонаҳои истиқоматӣ дар бар мегиранд. Ҳаҷми корҳои пудратӣ дар ин давра 264 346 000 сомониро дар бар мегирад. Дар ин давра як бинои мактаб барои 240 ҷойи нишаст дар ҷамоати деҳоти К. Исмоилов, 9 бинои истиқоматии 5-ошёна, як бинои истиқоматии 7-ошёна ва бинои маъмурии нозироти андози шаҳр, инчунин корхонаи коркарди металҳои рангаи «Покрӯд» сохта ба истифода дода шуд.

Дар соли 2017 дар шаҳри Ваҳдат 94 иншоот ба истифода дода шудааст, ки аз он 70 ададаш бо масоҳати 25300 метри мураббаъро хонаҳои истиқоматӣ дар бар мегиранд. Ҳаҷми корҳои пудратӣ дар ин давра 131 870 000 сомониро дар бар мегирад. Дар ин давра аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои 21-ошёна дар маҳаллаи Роҳатӣ, сохтмони бинои маъмурии шуъбаи корҳои дохилӣ дар кӯчаи Фирдавсӣ, сохтмони мактаб барои 640 ҷойи нишаст дар маҳалаи Навбунёди ХХ, сохтмони Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва варзишгоҳ барои 25000 ҷойи нишаст ба маблағи умумии 55 млн сомонӣ ба истифода дода шуд.

Дар соли 2018 дар шаҳри Ваҳдат 196 иншоот бо масоҳати 45386 метри мураббаъ ба истифода қабул карда шуд. Ҳаҷми корҳои пудратӣ 137 241 000 сомониро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар ҳудуди шаҳр 8 адад хонаҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгир кардани марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, 4 адад истироҳатгоҳҳои оммавӣ, 2 адад ошхонаи миллӣ, як адад меҳмонхона, як адад маркази ҳунарҳои мардумӣ, як адад ҳаммоми замонавӣ, 2 адад маркази дандонпизишкӣ, як адад маркази ташхиси тиббӣ-судӣ, як нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, як бинои иловагии қабули беморони касалии асаби кӯдакона, 24 адад марказҳои савдо, 4 нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, 7 нуқтаи хизматрасонӣ, 7 адад иншооти варзишӣ ва як адад анбори нигаҳдории картошкаи тухмӣ дар минтақаи Канаск бо масоҳати умумии ҳамаи иншооти номбаршуда, 43389 метри мураббаъ ва арзиши 60 773 000 сомонӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Дар 6 моҳи соли 2019 дар шаҳри Ваҳдат 62 иншоот бо масоҳати 21984 метри мураббаъ ба истифода қабул карда шуд. Дар ин давра 48 хонаҳои истиқоматӣ бо масоҳати 5432 метри мураббаъ, 6 адад марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, як адад иншооти тандурустӣ ба истифода қабул карда шудаанд.

 

Омодагӣ ба таҷлили 30-солагии Истиқлолият

Имрӯзҳо дар саросари кишварамон ба таҷлили 30-cолагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳои зиёд дида шуда истодаанд. Дар ин самт қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст. Бо назардошти ин санади муҳим дар шаҳри Ваҳдат низ қарори раиси шаҳр ва нақшаи бунёдкорию cозандагиҳо ба тасвиб расида, пайи амалӣ гардидани он тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Қобили зикр аст, ки бо василаи амалӣ гардидани нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Ваҳдат, ки зиёда аз 600 иншоотро дар бар мегирад, симои шаҳру деҳот хеле ва хеле зебову диданӣ хоҳад гардид.

Нақшаи зикршуда бо назардошти талаботи рӯзгори сокинони шаҳр таҳия гардида, бунёди иншооти гуногуни иҷтимоӣ дар оянда барои беҳдошти рӯзгори мардумамон хизмати шоиста менамоянд. Дар нақшаи мазкур тӯли солҳои омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф бунёди 23 муассисаи таълимӣ, 1 муассисаи томактабӣ, 145 синфхонаи иловагӣ, марказҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, техникаи комютерӣ ва касби дӯзандагию ҳунарҳои мардумӣ дар назар дошта шудааст. Зикр намудан бамаврид аст, ки аз 23 муассисаи таълимӣ 10 адади он дар деҳоти дурдасти ҷамоати деҳоти Ромит бунёд карда мешавад. Иқдоми бунёди ин муассисаҳо дар деҳоти Ромит маҳз бо ташаббуси Пешвои миллатамон аснои сафари кориашон ба ин минтақа пешниҳод гардида буд. Ҳамчунин аз ҷониби як нафар соҳибкорзан дар ҷамоати деҳоти Симиганҷ Литсейи касбомӯзӣ фаъолият хоҳад кард, ки ба соҳибкасб шудани ҷавондухтарон мусоидат менамояд.

Дар соҳаи тандурустӣ низ бунёди шумораи зиёди иншооти хизматрасонӣ, аз ҷумла бунёди 53 бунгоҳи тиббӣ, 1 маркази саломатӣ, 3 маркази ташхисию табобатӣ, 2 маркази дандонпизишкӣ, 1 антропологияи тиббӣ, 6 дорухона ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай ду бинои 3 ва 4-ошёнаи маркази ташхисию табобатӣ ва Маркази дандонпизишкӣ дар маркази шаҳр ва 2 бунгоҳи тиббӣ дар деҳа бунёд гардидаанд. Бо назардошти дастури Сарвари давлат ва тибқи нақша дар назди муассисаҳои тиббӣ 6 нуқтаи хатнакунӣ ташкил шуда, фаъолияти босамар доранд.

Дар нақшаи мазкур бунёди муассисаҳои фарҳангӣ низ аз мадди назар дур намондааст. Бунёди 4 китобхона, 1 амфитеатр, 1 қасри фарҳанг, 1 боғи фароғатию фарҳангӣ дар назар аст. Ҳамчунин баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ, ба таври мунтазам воқиф шудан аз воқеоти давру замон бунёди дӯконҳои фурӯши рӯзномаву маҷалла ва китобҳо дар назди муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар назар дошта шудааст.

Ба варзиш машғул гардидан аз омили муҳими таъмини сиҳатии омма мебошад, ки дар меҳвари сиёсати Роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Ҷиҳати дастгирӣ ва татбиқи ин сиёсат дар шаҳри Ваҳдат низ корҳои назаррас ба сомон расонида мешаванд. Дар нақшаи мазкур бунёди сислсила-иншооти варзишӣ дар назар дошта шудааст. Аз ҷумла, бунёди 52 майдони варзишӣ, 1 майдони варзишии болопӯшида, 3 варзишгоҳи замонавӣ, 10 толори варзишӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Ба яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи кишвар, яъне соҳаи хизматрасонӣ дар нақшаи мазкур эътибор ва таваҷҷуҳи зиёд дода шудааст. Ёдовар шудан зарур аст, ки дар даврони ҳукмронии Иттиҳоди Шӯравӣ дар саросари шаҳри Ваҳдат ҳамагӣ 6 ҳаммом фаъолият мекард. Дар нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ бунёди 16 ҳаммоми замонавӣ дар назар аст, ки ҳамаи онҳо дар деҳот сохта ба истифода дода хоҳанд шуд. То имрӯз 3 адади онҳо мавриди баҳрабардории аҳолӣ қарор гирифтаанд. Бунёди 6 ошхона, 5 чойхона ва 28 сартарошхона дар ҳудуди деҳот вазъи хизматрасонӣ ба аҳолиро беҳтар мегардонад.

То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлтии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 25 маркази савдо ва хизматрасонӣ, 1 бозори болопӯшидаи замонавӣ, 1 бозори чорво, 33 мағозаи фурӯши молҳои ниёзи мардум, 1 дӯкони фурӯши гӯшт, 1 нонпазхона, 6 мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ба нақша гирифта шуда, мардум аллакай аз хизматрасонии 5 маркази хизматрасонии савдо, бозори чорво ва 2 мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ баҳрабардоранд.

Гуфтан бамаврид аст, ки дар давраи омодагӣ ба ҷашни зикршуда 20 бинои баландошёнаи истиқоматӣ — 3, 4, 5, 6, 13, 16-ошёна сохта ба истифода дода мешаванд, ки шаҳри Ваҳдатро шукуҳу ҷилои тоза мебахшанд. Биноҳои мазкур дар кӯчаҳои 20-солагии Истиқлолият, Бохтар, Сомониён, Рӯдакӣ, Хуросон, Салимзода, Туғрал ва Фирдавсӣ бунёд гардида, шумораи зиёди эҳтиёҷмандон бо манзил таъмин ва шароити рӯзгорашон беҳтар хоҳад гашт.

Бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва ба шуғл фаро гирифтани шаҳрвандон яке аз самтҳои муҳими нақшаи бунёдкорию cозандагиҳо ба шумор меравад. Дар ин давра бунёди корхонаи коркарди партов, коргоҳи коркарди пахта, коргоҳи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан, коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, корхонаи коркарди маҳсулоти чармию ранг кардани он, корхонаи истеҳсоли гаҷ, 2 коргоҳи истеҳсоли маводҳои пластикӣ, 2 корхонаи коркарди шир, 2 коргоҳи сабадбофӣ, 22 коргоҳи дӯзандагӣ дар таҳкими иқтисодиёти шаҳр саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Таъмини истиқлолияти энергетикӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои бузурги Роҳбари Олии кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, баҳри расидан ба ин ҳадаф дар ҳама зинаҳо омодагиҳо дида мешаванд. Аснои сафари кории худ ба ҷамоати деҳоти Ромит Пешвои миллат ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси бо энергияи барқ таъмин намудани 9 деҳаи ҳудуди ҷамоати мазкур, ки ҳатто дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯшноӣ маҳрум буданд, дастур доданд. Дар ин самт кори назаррас ба сомон расонида шуда, байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии ҳамкории байналмилалии Кореяи Ҷанубӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст. Бо маблағгузории Агентии ҳамкории байналмиллалии Кореяи Ҷанубӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ромит зеристгоҳи 110/20 кВт ва беш аз 50 км хати интиқоли барқи 0,4 кВт бунёд гардида, трансформатор, низоми муосири назорат ва баҳисобгирии барқ насб карда мешаванд, ки 9 деҳаи ҳудуди ҷамоати деҳоти мазкур — Ғускеф, Пичеф, Коху, Девдара, Новаки поён, Новаки боло, Пушандоч, Вистан ва Дашти мазор бо барқ таъмин карда мешаванд, ки дар нақшаи мазкур дарҷ гардидааст.

Ҳамчунин дар ин нақша бунёд ва барқарорсозии 3 пул, ба масофаи 20,5 км таъмир гардидани роҳи деҳаҳо, мумфарш кардани 3 км роҳ, дар 11 деҳа кашидани хати обу кандани 21 чоҳ ва таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ низ зикр ёфтаанд, ки ба беҳдошти рӯзгори мардуми шаҳри Ваҳдат ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ нигаронида шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ду соли омодагӣ ба ин ҷашни фархунда зиёда аз 150 иншоот бунёд шуда, мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки бунёди ду бинои 3 ва 4-ошёнаи маркази ташхисию табобатӣ ва Маркази дандонпизишкӣ дар маркази шаҳр, анбори нигоҳдории картошка дар Канаск, бунёди 6 майдони варзишӣ, бунёди бозори чорво дар маҳаллаи Наврӯз, бунёди Бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Ғускеф, кашидани хати оби нӯшокӣ дар 6 деҳаи ҷамоати деҳоти Ромит, таъмири 20 км роҳи байни деҳаҳо ва маркази шаҳр, таъмири асосии 4 муассисаи таълимӣ дар ҷамоати деҳоти Чорсӯ, бунёди 4 коргоҳи дӯзандагӣ, бунёди 11 маркази савдо ва мағозаи молҳои ниёзи мардум ва дигарҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Тибқи нақша дар соли 2019 бунёд ва баистифодадиҳии 186 иншоот, дар соли 2020-ум 152 иншоот ва дар соли 2021-ум 94 иншоот дар назар аст, ки барои амалӣ гардонидани онҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда шуда истодааст.

Муҳимтар аз ҳама, ин нуктаро бояд ёдовар шуд, ки нақшаи бунёдкорию cозандагиҳо на танҳо бо маблағҳои буҷавӣ, балки бо ҳиссагузории соҳибкорон, кумитаҳои маҳалла, ассотсиатсияҳои волидону омӯзгорон ва монанди инҳо амалӣ гардида истодаанд. Ин худ аз он шаҳодат медиҳад, ки аҳли ҷомеаи шаҳр бо дарки бузурги масъулият барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати рӯзгори худ талош менамоянд. Мардуми шаҳри Ваҳдат кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сулҳу суботи саросарии кишварамон ва ваҳдату ягонагии миллатамонро бо бунёдкорию созандагиҳои нав ба нав шукуҳу шаҳомат бахшанд.

— Итминони комил аст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Ваҳдат ва дар маҷмуъ тамоми Тоҷикистони азизамон бо василаи бунёдкориҳои азим ба як кишвари бениҳоят зебо ва ободу муҳташам табдил мегардад. Тоҷикистон — хонаи умеди ҳар кадоме аз мову шумо, бо ифодаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маҳз бо заҳмату талоши ҳар кадоме аз мову шумо обод гардида, ба насли ояндаамон чун туҳфаи беҳтарин мерос хоҳад монд,- мегӯяд Раҳмоналӣ Амирзода.

 

Рушди соҳаи сайёҳӣ

Соли 2018 бо ташаббуси оқилонаи Пешвои муаззами миллат «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Ҳадаф аз ин иқдомҳо вусъат бахшидан ба рушди кишвар, аз ҷумла деҳот, бо ҷалби сайёҳон дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ намудани кишварамон, ҷалбу ворид намудани сармояҳои хориҷӣ ва рушду такомули ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Дар нақшаи зикршуда бунёди 1 маҷмааи сайёҳӣ, 2 истироҳатгоҳ, 5 меҳмонхона зикр гардидаву то имрӯз беш аз 75 дарсади ин иншоот бунёд гардидаанд. Маҷмааи фароғатию сайёҳии «Арху»-и назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷумлаи онҳост, ки дар яке аз мавзеъҳои басо зеботарини кишварамон — мавзеи Архуи ҷамоати деҳоти Ромит бунёд гардидааст, ки барои тамоми истироҳаткунандагон дастрас аст.

 

Маҷмааи фароғатию сайёҳии «Арху»

Маҷмааи фароғатию сайёҳии «Арху», воқеъ дар мавзеи зебоманзару миёни куҳҳои сарбаланди Архуи ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат дар масофаи 70 км дур аз маркази шаҳри Ваҳдат ҷойгир шудааст. Сохтмони биноҳои маҷмааи сайёҳӣ моҳи апрели соли 2018 дар доираи аз ҷониби Пешвои муаззами миллат эълон гардидани соли 2018 — “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат оғоз гардида, аллакай мавриди истифода қарор дода шуд.

Аз шафати маҷмаа дарёи шӯху мусаффои «Арху» ҷорист, ки ҳавои ин мавзеъро салқину форам нигоҳ медорад. Куҳҳои гирду атрофи маҷмааро дарахтону рустанииҳои гуногуни сарсабз пӯшонида, ҳусну латофати ин мавзеъро боз ҳам дилработар намудаанд.

Дар саҳни маҷмаа низ дарахтони гуногуни ороишию мевадиҳанда ва гулу буттаҳо шинонида шудаанд. Маҷмаа барои истироҳату фароғати меҳмонони дохиливу хориҷӣ, алалхусус сайёҳон пешбинӣ гардидааст. Бинои панҷошёна бо шароитҳои замонавӣ ҷавобгӯ мебошад, ки дар як вақт 50 нафар ва дар маҷмаа 70 нафарро қабул карда метавонад.

Дар дохили бинои мазкур ҳаммом бо бӯғи хушк ва тар, сауна, ҳуҷраҳо бо таҷҳизоти гуногун барои машғул шудан ба бозиҳои варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Ҳамчунин, дар саҳни маҷмаа ду ҳавзи шиноварӣ, майдончаи теннис ташкил карда шудааст. Меҳмонон аз катҳои болопӯшидаи (беседкаҳо) шафати дарёчаи «Арху» барои фароғати худ истифода карда метавонанд.

Дар ҳудуди заминҳои ба маҷмаа ҷудошуда бинои дуошёнаи қадимаи тоҷикӣ бо расму анъанаҳои қадима сохта шудааст, ки меҳмонон метавонанд аз шароити зисту зиндагии пешинаи мардуми тоҷик ошноӣ пайдо намоянд.

 

Ромит — макони дӯстдоштаи сайёҳон

Дар соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва баъзе ташкилоту муассисаҳои иҷтимоӣ озмуни шаҳрии «Бозори ҳунар» ташкил ва гузаронида шуда, ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Бо мақсади рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ соли 2018 дар шаҳри Ваҳдат Конфронси илмию амалӣ дар мавзуи «Омилҳои рушди сайёҳӣ дар шаҳри Ваҳдат» баргузор карда шуд, ки дар кори он раиси Кумитаи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону коршиносони соҳа, мутахассисони варзида ва ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуда, табодули андеша намуданд.

Барои муҳайё сохтани шароити мусоид ба сайёҳони дохилию хориҷӣ дар минтақаи истироҳатии Ромит истироҳатгоҳҳои оммавӣ, меҳмонхонаҳои замонавӣ, ошхонаҳои миллӣ, мағозаҳои фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, маҷмааҳои варзишӣ, ташнобҳои сарироҳӣ сохта ба истифода дода шуда, дар назди бахши сайёҳӣ Маркази иттилоотии сайёҳӣ таъсис дода шуд. Дар ин давра аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ таъсис дода шудани ширкати сайёҳии «Карон» ва дар арафаи анҷомёбӣ қарор доштани таъсисёбии боз як чунин ширкати дигари сайёҳӣ дар шаҳр аз рӯйдодҳои муҳим дар ин ҷода ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумотҳои оморӣ, соли 2018 ба шаҳри Ваҳдат 102 ҳазор нафар сайёҳону меҳмонон ташриф овардаанд, ки 4384 нафари онҳоро сайёҳони хориҷӣ ташкил медиҳанд. Аз ҳисоби ташрифи онҳо ба иқтисоди шаҳри Ваҳдат 2 млн 273 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст.

 

Бахши кор бо занон ва оила

Дар суҳбат бо мо З. Одинаева, мудири бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Ваҳдат иброз дошт, ки бахши кор бо занон ва оила воҳиди мустақили сохтори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат буда, фаъолияти хешро дар асоси қарору фармонҳои Сарвари давлат, қарору фармонҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси шаҳр ва Низомномаи бахши кор бо занон ва оила ба роҳ монда, мутобиқи нақшаву чорабиниҳо амал карда истодааст.

— Айни замон дар шаҳри Ваҳдат 345 ҳазору 61 нафар аҳолӣ зиндагонӣ мекунанд, ки аз ин шумора 168 ҳазору 944 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Ба бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар 6 моҳи соли 2019-ум 183 адад арзу шикоятҳои шифоҳӣ ва муроҷиати хаттӣ, 61 адад асноди мақомоти болоӣ ва қарору фармонҳои раиси шаҳр ворид шуданд. Аз шумораи аризаҳо аксарияташон ба қайд ва назорат гирифта шуда, ҳаллу фасли онҳо ба кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳои деҳот, хоҷагиҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вогузор карда шудаанд,- изҳори назар кард номбурда.

Масъалаҳое, ки дар арзу шикоятҳо дарҷ мегарданд, бештар дар бораи бо ҷои кор таъмин намудан — 6, ҷанҷолҳои оилавӣ — 83, мактаб интернат — 5, коллеҷи тиббӣ — 6, камбизоатӣ — 12, нафақа — 1, шаҳодатнома — 1, замини наздиҳавлигӣ — 4, таъмини манзил — 3, Гранти Президентӣ — 1, шумораи умумӣ 122 нафар ба қайд гирифта шудаанд.

Дастгирии соҳибкории хурду миёна дар байни занон, ташкили кори хонагӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ бо мақсади ба фаъолиятҳои гуногуни ҳунармандӣ ҷалб намудани занону духтарон, мунтазам гузаронидани корҳои тарғиботӣ ва вохӯрию суҳбатҳо перомуни мавзуҳои муҳими рӯзгор, аз ҷумла худшиносии миллӣ, танзими оила, танзими расму оинҳои мардумӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби ахлоқӣ миёни духтарон, тарбияи фарзандон, фавти бемаҳали модару кӯдак ва дигар муаммоҳои доғи рӯз аз ҷумлаи масъалаҳое ба ҳисоб мераванд, ки бахши кор бо занон ва оила ҳамарӯза ба онҳо корбарӣ менамояд.

 

Ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд

Соли равон масъалаи тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занони лаёқатманд дар машварати моҳонаи раиси шаҳр ва дар ҷаласаҳои моҳонаи Шӯрои занони шаҳр мавриди муҳокима қарор гирифтаанд. Дар назди бахши кор бо занон ва оила, дар якҷоягӣ бо раёсати маориф, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр рӯйхати 30 нафар занону духтарони лаёқатманд барои захираи кадрӣ тартиб дода шуда, то ба имрӯз 147 нафар занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор карда истодаанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи умумии кормандон дар хизмати давлатӣ 186 нафар, аз он ҷумла занон 30 нафар дар мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, ки 4 нафар мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот аз ҳисоби занон 10%, ҷонишинони раис 30%-ро ташкил мекунанд. Маврид ба зикр аст, ки сарварии 2165 адад хоҷагиҳои деҳқониро занон ба уҳда доранд. Дар соҳаи тандурустӣ аз 74 нафар роҳбар 13 нафарашон занон, дар соҳаи маориф аз 150 нафар сарварони мактабҳо 44 нафар занон, дар соҳаи фарҳанг аз 114 нафар роҳбарони муассисаҳои фарҳангӣ 50 нафарашон занҳо, дар соҳаи хизматрасонӣ 257 занон, сохтмон ва меъморӣ — 194, нақлиёт — 29 нафар, ҳифзи ҳуқуқ — 7 нафар, соҳибкорӣ — 635 нафар, дар корхонаҳои саноатӣ 127 нафарро занон ташкил менамоянд. Шумораи умумии намояндагони Маҷлиси вакилони халқ 40 нафар, аз ҷумла занон 6 нафар мебошанд.

 

Ба таҳсил фаро гирифтани духтарон

Дар шаҳри Ваҳдат баҳри ҷалби духтарон ба таҳсил корҳои зиёди маърифатию фарҳангӣ, аз қабили конфронсу суҳбатҳо, маҳфилҳо, озмунҳои фаннӣ гузаронида шуда истодаанд. Ҳамчунин, ҳангоми боздидҳо аз муассисаҳои таълимӣ аз тарафи муовини cоҳавии раиси шаҳр ба ин масъала эътиборӣ ҷиддӣ дода шуда, ба роҳбарони мактаб ҷиҳати пурра ба таълим фаро гирифтани духтарон дастуру супоришҳо дода мешавад.

Мувофиқи дастуру супоришҳои раиси шаҳр оид ба фаро гирифтани духтарони деҳоти дурдаст ба таълим ва аз рӯи нақшаи тартибдодашуда гуруҳи корӣ ташкил карда шудааст. Дар деҳоти дурдасти ҷамоатҳо бо падару модарон суҳбатҳо гузаронида, фарзандони онҳо ба хондан сафарбар карда шудаанд.

Дар 6 моҳи авали соли 2019 дар тобеияти Раёсати маориф 151 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият доранд, ки аз инҳо 114 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 24 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 13 муассисаи таҳсилоти умуми ибтидоӣ мебошанд. Ба таълиму тарбия 65644 нафар хонандагон фаро гирифта шудаанд, ки аз инҳо 30786 нафарашон духтарон мебошанд. Айни замон ба тарбияи насли наврас 3474 нафар омӯзгорон машғуланд, ки аз онҳо 2291 нафарашон занон мебошанд. Бо маълумоти олӣ 935 нафар, бо маълумоти олии нопурра 223 нафар, бо маълумоти миёнаи махсус 554 нафар, бо маълумоти миёнаи умумӣ 22 нафар.

Инчунин, ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Ваҳдат дар шаш моҳи сипаригаштаи соли 2019 зиёда аз 1637 нафар занону духтарон муроҷиат намудаанд. Дар ин давра дар Раёсати Агентӣ 587 нафар занон ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, ба 554 нафар занон мақоми бекорӣ дода шудааст. Аз ҳисоби занону духтарон 501 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд. Айни замон аз ҳисоби занону духтарони дар қайди бекорӣ буда 76 нафар ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар карда шудаанд, 15 нафар дар ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ иштирок намуда, бо кор таъмин гаштаанд. Инчунин, дар ҳамин давра 306 нафар занону духтарон барои соҳиби касби дилхоҳ гардидан ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд. Аз ин 114 нафарашон бо касби дӯзандагӣ, бофанда — 49 нафар, гулдӯзӣ — 20 нафар, попурзанӣ — 20 нафар, қолинбофӣ — 30 нафар, адрасбофӣ — 30 нафар, қуроқдӯзӣ — 30 нафар, 20 нафар қаннодӣ, сабадбофӣ — 10 нафар, компютер — 10 нафар, 10 нафар ба курси муҳосибӣ фаро гирифта шудаанд.

 

Саломатии занон

Дар ҳамаи муассисаҳои КАТС-и шаҳри Ваҳдат ҳуҷраҳои солимии репродуктивӣ ташкил карда шуда, бо дояпизишкон ва момодояҳо пуррасозӣ шудаанд ва вазифаи асосии ин ҳуҷраҳо сиҳатгардонии занҳои қобили таваллуд, саломатии занон то давраи ҳамл, паст кардани сатҳи беморӣ ё фавт, дар давраи перинталӣ ёрӣ расонидан ба занҳои ҳомила ва хизматрасонии хушсифати вобаста ба танзими оила мебошад. Шабакаи Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр дар ҳамкори бо бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо Барномаи лоиҳаи “Беҳтаргардонии кӯмаки аввалияи тиббӣ ва санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон“ оид ба солимии модару кӯдак, ки онро ташкилоти ҷамъияти “Наҷоти кӯдакон” ба зимма дорад, дар 24 бунгоҳҳои тиббии шаҳри Ваҳдат ва таъмини таҷҳизот, иштирок дар конфронси хотимавии лоиҳа корбарӣ намудаанд.

Аз тарафи маркази солимии репродуктивӣ 30 семинар-машваратҳо ва 132 маротиба дар байни аҳолии шаҳру деҳот вохӯрӣ оид ба мавзуҳои «Никоҳи хешутаборӣ»,«Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», “Солимии репродуктивии ҷавонон», «Тарзи либоспӯшии занон ва духтарон», «Баланд бардоштани сатҳи маънавиёти занон», «Омилҳои хатар ҳангоми ҳомиладорӣ», «Зоишҳои хонагӣ ва оқибатҳои он», «Оид ба бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда», «Оид ба гепатит», «ВНМО», «Маводҳои контрасептивӣ» бо занон ва ҷавонон гузаронида шудааст. Шуъбаи тиббӣ-машваратии ҷавонон барои баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон ва наврасон нисбати хизматрасонии «Солимии репродуктивии ҷавонон», «Танзими оила», «Инкишофи афзоиши синну солӣ», «ВНМБ», «Солимгардонии ҷавонон» чорабиниҳо гузаронида, дар асоси принсипҳои «Хайрхоҳона», «Маҳрамона», «Махфият», «Ройгон», «Ихтиёрӣ», «Дастрас», “Ҳуқуқҳои репродуктивӣ», «Солимгардонии ноболиғон» фаъолият менамояд. Ба шуъбаи тибби машваратии ҷавонон дар мудати 6 моҳи соли 2019-ум 557 нафар муроҷиат кардаанд.

 

Ба ҷои охирсухан

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр айни замон тамоми нерӯ ва ғайраташро ба он равона кардааст, ки аҳли меҳнати шаҳри Ваҳдат бо масъулияти баланд кор кунанд, самаранокии меҳнатро баланд намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашну маросимҳои муҳимро бо дастовардҳои беназир дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гиранд. Бо ин мақсад то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорону меҳандӯстон ва ҳамватанони бурунмарзӣ бунёди 600 иншооти гуногунро ба нақша гирифта, азм доранд шаҳри Ваҳдатро ба як гулистони зебову афсонавӣ табдил дода, номи неки онро боз ҳам шуҳратёр гардонанд.

 

Нигора САИДБЕКОВА,

Нуралӣ ШОҲМУРОД

Добавить комментарий