Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷиҳати таъмини иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро равона намудааст. Зимни баррасии нишондиҳандаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Рашт иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Муқимӣ изҳор намуд: “Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар соли 2018 гувоҳи он аст, ки меҳнаткашони ноҳия дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро дар ҳаёт татбиқ намуда, ҷиҳати дар семоҳаи аввали соли 2019 ба даст овардани нишондиҳандаҳои назаррас саъю кӯшиш намудаанд”.

 

Муроҷиати шаҳрвандон

Тавре Р. Муқимӣ дар идомаи суҳбат иброз дошт, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки танҳо дар семоҳаи якуми соли 2019 ба шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия 67 адад мактуб аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21 адад қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 адад Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 адад нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 адад гузориш аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 адад қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 адад Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 адад нақша — чорабиниҳо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 адад аризаҳои шаҳрвандони ноҳия, ки ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд, 1 адад Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 адад Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 адад нақшаи корӣ ва 1 адад суратҷаласа ворид гардидаанд.

Инчунин 138 адад мактуб аз вазорату кумитаҳои ҷумҳуриявӣ, 270 адад мактубҳо аз ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ворид шудааст.

Дар ин давра 168 адад мактубҳои раиси ноҳия ба мақомоти болоӣ, ҷамоатҳо ва ташкилоту муассисаҳо ирсол шуда, 194 адад қарор, 56 адад амрҳои раиси ноҳия ва 30 адад протоколҳои маҷлисҳои васею вохӯриҳои раиси ноҳия бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия ба тасвиб расидаанд.

Ба шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт дар семоҳаи аввали соли 2019-ум 507 адад муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 251 ададаш мутааллиқ ба рӯзи қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси ноҳия мебошад.

Аз шумораи умумии муроҷиатҳои шаҳрвандон 199 ададаш оид ба таъмин намудан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 27 адад бобати ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ, 2 адад ташкили хоҷагии ёрирасон, 24 адад ҷиҳати таъмин намудан бо шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин, 22 адад оид ба фаъолияти соҳибкорӣ, 16 адад оид ба қабули иншоот, 133 адад доир ба сафари Ҳаҷ-2019-ум, 38 адад ҷиҳати расонидани кӯмаки молиявӣ ва 46 адади дигар масъалаҳои  гуногунро дар бар мегиранд.

Аз шумораи муроҷиатҳои воридгардида ба 311 ададаш ҷавоб гардонида шуда, 196 адади дигар дар нимаи моҳи март ворид шуда, муҳлати иҷрояшон давом дорад.

Муроҷиатҳои шаҳрвандон умуман оид ба гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ мебошад. Дар ҷамоатҳое, ки фонди тақсими замини наздиҳавлигӣ мебошад, муҳтоҷон ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин карда мешаванд.

 

Иҷрои буҷет

Дар се моҳаи аввали соли 2019 нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия 14 млн 517 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, 14 млн 606 ҳазор сомонӣ ё 100,6 фоиз иҷро гардидааст.

Дар ин давра аз ҳисоби даромадҳои худӣ нақшаи воридоти андозҳо ба андозаи 102 фоиз иҷро шуда, ба буҷет 4 млн 982 ҳазор сомонӣ дохил гардидааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 89 ҳазору 562 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз 10 манбаҳои даромадҳои ба нақша гирифташуда 5 манба пурра ва барзиёд иҷро гардида, 5 манбаи дигар, аз ҷумла андоз аз даромади шахсони воқеӣ, андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт ва боҷи давлатӣ иҷро нагардида, аз ин ҳисоб 788 ҳазору 552 сомонӣ маблағҳо ба буҷет ворид карда нашудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳангоми таҳияи нақшаи қисми даромади буҷет аз ҷониби масъулини соҳаҳои андоз ва молия таҳлилҳои дурусту асоснок пешниҳод намешаванд.

Маблағҳои мақсаднок ва ҳисоббаробаркунӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 100 фоиз, яъне 9 млн 624 ҳазор сомонӣ ворид карда шудааст.

Қисми хароҷоти буҷети ноҳия дар ин давра ба 14 млн 027 ҳазор сомонӣ баробар буда, 95 фоизи нақшаро ташкил медиҳад ва нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 1 млн 782 ҳазор сомонӣ афзудааст.

Сабабҳои асосии таъмин нагардидани нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия — ин ҷой доштани воҳидҳои кории холӣ ва худдорӣ намудан аз маблағгузории хароҷотҳои дуюмдараҷа мебошад.

Қайд кардан бамаврид аст, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия афзалият ба хароҷотҳои соҳаҳои иҷтимоӣ дода шуда, беш аз 12 млн 903 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба ин соҳаҳо равона гардидааст, ки 92 фоизи хароҷотҳои буҷети маҳаллии ноҳияро ташкил менамоянд.

Дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия аз ҳисоби пардохти музди меҳнат қарздорӣ мавҷуд нест.

Бақияпулиҳои андоз ба ҳолати 1-уми апрели соли ҷорӣ 426 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли равон 14 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.

 

Рушди иқтисодии ноҳия

Дар семоҳаи аввали соли 2019 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот 67 млн 308 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 9 млн 439 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст. Гардиши чаканаи мол дар ин давра 25 млн 105 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 млн 452 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

 

Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ

Дар давоми 3 моҳи соли 2019 барои рушди соҳибкории хурду миёна аз ҷониби шуъбаҳои бонкии дар ноҳия амалкунанда ба маблағи 1 млн 695 ҳазору 237 сомонӣ қарзҳо дода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 337 ҳазору 717 сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳаҷми интиқоли маблағ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатии дар хориҷи кишвар фаъолиятдошта 52 млн 88 ҳазору 760 сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6 млн 225 ҳазору 475 сомонӣ зиёд аст.

Дар ин давра дар ноҳия 114 субъектҳои соҳибкории нав фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудаанд. Шумораи соҳибкороне, ки тибқи патент ва шаҳодатнома фаъолият мекунанд, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 71 нафар ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 189 адад зиёд шудаанд.

 

Вазъи кишоварзӣ

Дар ноҳия 2894 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 25 га боғҳои нав бунёд ва дар майдони 49 га боғҳои куҳна барқарор карда шуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 82 га кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, бинобар сабаби номусоид омадани обу ҳаво 188 гектар кам мебошад.

Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 17 млн 568 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 421 ҳазор сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 102,5 фоизро ташкил медиҳад.

 

Саноат

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаҳо ва коргоҳҳои саноатии ноҳия 9 млн 848 ҳазор (6 млн 545 ҳазор) сомониро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 млн 304 ҳазор сомонӣ ё 50,5 фоиз зиёд мебошад.

 

Нақлиёт

Барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ҳудуди ноҳия дар давоми семоҳаи аввали соли 2019 дар ҳаҷми 163 ҳазору 483 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия дар ин давра роҳҳои ноҳия ва дохили шаҳраку деҳот корҳои тоза намудани роҳҳои автомобилгард аз барф бо автогрейдер дар масофаи 3773 км, кашонидан ва пошидани маводҳои зиддилағҷишӣ дар ҳаҷми 720 тонна, тоза кардани ҷӯйборҳои канори роҳ ва қубурҳо дар ҳаҷми 840 метри мукааб ба анҷом расонида шудаанд.

 

Шуғли аҳолӣ

Дар ин давра дар Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рашт 667 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, 70 нафар ба филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт ба курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ, омӯзиши компютер, устои автомобил, кафшергари газию барқӣ ва барқчӣ равона карда шуда, 113 нафар ба корҳои доимӣ ҷалб гардидаанд.

Аз ҷониби филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт дар семоҳаи аввали соли 2019-ум 11 гуруҳҳои омӯзишӣ бо фарогирии 160  нафар касбомӯзон ташкил карда шудаанд. Аз ин шумора 6 гуруҳ бо фарогирии 90 нафар касбомӯзон, аз ҷумла 27 нафар занон аз ҳисоби барнома ва 5 гуруҳ бо фарогирии 70 нафар, аз ҷумла 36 нафар занон ба тариқи худмаблағгузорӣ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Дар ин давра 48 нафар, аз ин 15 нафар занон бо ҳуҷҷатҳои касбӣ таъмин карда шудаанд.

 

Муҳоҷират

Муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони дар хориҷи кишварбуда дар давраи ҳисоботӣ 7565 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 391 нафарашон занон мебошанд. Шумораи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ нисбат ба аввали сол 505 нафар кам шудааст.

Музди миёнаи моҳонаи кормандони ноҳия 846 сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 43 сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 105,3 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ноҳия 8303 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шуда, нафақапулиҳо ба пуррагӣ пардохт гардидаанд.

 

Тандурустӣ, кор бо занон ва оила

Дар ноҳия барои хизматрасонии тиббиву табобатӣ ба аҳолӣ беморхонаи марказӣ, 4 беморхонаи минтақавӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ, 20 марказҳои саломатии деҳотӣ, 49 хонаҳои саломатӣ, 8 маркази барномаҳои миллӣ, шуъбаи ёрии таъҷилӣ фаъолият бурда, дар онҳо 137 нафар табибон ва 416 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият менамоянд. Инчунин диспансери байниноҳиявии бемориҳои руҳӣ ба беморони минтақа хизмати тиббӣ мерасонад.

Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати пешгирӣ намудани аҳолӣ аз паҳншавии  бемориҳои вируси норасоии масунияти одам, сил, гепатити С масъулини соҳа дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои профилактикӣ ва ташвиқотию тарғиботиро ба роҳ монда, аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Нусратулло Махсум, ҷамоатҳои шаҳраки Ғарм ва Навобод ройгон аз ташхиси тиббӣ бархӯрдор гардидаанд. Дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои тандурустии ноҳия 13447 нафар беморон ба табобат ва ташхис фаро гирифта шудаанд.

Фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳия бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Дар ноҳия 6 муассисаи госпиталӣ фаъолият доранд, ки дорои 366 кати бистарӣ мебошанд.

Дар семоҳаи аввали соли равон 790 таваллуд ба қайд гирифта шудааст, ки дар асоси нишондиҳандаҳои зикршуда дар ҳамин давра таваллуди хонагӣ кам гардида, таваллуди стасионарӣ ба андозаи 4 фоиз зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва  шарикони рушд як адад дастгоҳи рентгени рақамӣ ба Беморхонаи марказии ноҳия дастрас карда шудааст.

 

Кор бо занон ва оила

Шумораи умумии занон дар ноҳия 63 ҳазору 680 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 33 ҳазору 734 нафарашон қувваи қобили меҳнат мебошанд. Аз ин шумора дар соҳаи тандурустӣ 430 нафар, соҳаи маориф 366 нафар, соҳаи фарҳанг 60 нафар, рушди соҳибкории хурду миёна 71 нафар занон кору фаъолият доранд. Теъдоди мутахассисони роҳбарикунанда аз ҷумлаи занон ба 192 нафар расидааст. Инчунин, 9 нафар занон ҳамчун вакил дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ҳуқуқҳои интихобкунандагонро ҳимоя мекунанд.

Дар ноҳия 3 корхонаи дӯзандагӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 36 нафар занон фаъолият мекарданд. Айни замон бошад, ҳамагӣ 8 нафар занон дар корхонаи дӯзандагии «Чевар-2014» ба кор ҷалб гардида, 2 корхонаи дӯзандагии дигар — «Бону-2014» ва «Зуҳал-2014» фаъолият надоранд. Яке аз омилҳои таваҷҷуҳ зоҳир накардани бонувони дӯзанда ба фаъолияти корӣ — ин сари вақт пардохт нагардидани маблағҳои фармоишгарон ба ҳисоби корхонаҳои дӯзандагӣ мебошад.

Маркази омӯзиши адрасбофӣ низ дар шаҳраки Ғарм бо мақсади ҷалби занону бонувон ба шуғли доимӣ таъсис дода шуда буд. Ба хотири ҷоннок намудани фаъолияти маркази мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҳисоби грантҳои президентӣ 30 000 сомонӣ ба роҳбари марказ Неъматова Ибодат дастрас карда шудааст. Аз маблағи зикргардида 16 933 сомонӣ таҷҳизот ва маводҳои зарурӣ харидорӣ карда шудааст. Мутаассифона бинобар сабаби аз ҳудуди ҷумҳурӣ берун будани роҳбари марказ маркази мазкур муваққатан аз фаъолият мондааст.

 

Маориф ва илм

Дар ноҳия 113 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии 27606 нафар хонанда, ки 13259 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, фаъолият мекунанд. Ба хонандагон 1703 нафар омӯзгор, ки аз ин 366 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, таълим медиҳанд. Ҳамзамон, дар ноҳия 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим бо фарогирии 189 нафар тарбиятгирандагон, 1 интернати наздимактабӣ бо фарогирии 47 нафар тарбиятгиранда, 2 боғчаи бачагона бо фарогирии 160 нафар тифлакон ва 40 адад Маркази инкишофи кӯдакони синни томактабӣ бо фарогирии 936 нафар амал карда истодаанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 815 компютер, 186 принтер, 12 адад тахтаи электронӣ, 21 адад видеопроектор ва 71 генератор мавҷуд мебошад.

Дар асоси протоколи вохӯрии раиси ноҳия бо кормандони соҳаи маориф аз 9-уми марти соли 2019 нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи ноҳия тасдиқ карда шуда, иҷроиши бандҳои он зери назорати роҳбарияти шуъбаи маориф қарор доранд. Дар ин асос муайян карда шудааст, ки айни замон 699 нафар омӯзгорони ғайриихтисос ба шогирдон дар муассисаҳои таълимии ноҳия дарс мегузаранд. Барои бартараф намудани камбудии ҷойдошта 42 нафар омӯзгорон бо роҳхати шуъбаи маориф ба шуъбаҳои ғоибонаи ДОТ дар ноҳияи Рашт сафарбар карда шудаанд.

Ҷиҳати ҷалби хонандагон ба омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, инчунин фанҳои дақиқ дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳои иловагӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маориф аз ҳисоби омӯзгорони соҳибтахассуси забони русӣ, ки аз Федератсияи Россия ба донишкадаи омӯзгорӣ омадаанд, дарсҳо ва маҳфилҳои иловагӣ ташкил карда шудааст.

Ҷиҳати ҷалби кӯдакони синни 5-6-сола ба марказҳои инкишофи кӯдакон ташкили гуруҳҳои нав дар назди 15 муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ 5008 адад китобҳои дарсӣ аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас карда шудааст. Дар семоҳаи аввали соли равон 62 нафар омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шудаанд.

 

Фарҳанг

Дар ноҳия 13 хонаи фарҳангӣ, 3 клуб, 40 китобхона, 1 мактаби мусиқӣ, 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, филармонияи халқӣ, театри халқӣ, осорхонаи назди бахши фарҳанг, 2 ёдгории таърихии монументалӣ амал намуда истодаанд.

Иштироки кормандони бахш дар баргузории чорабиниҳои Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модар ва ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки бо намоиши театрикунонидашуда баргузор гардид, назаррас мебошад.

Роҳбарияти бахши фарҳанг бобати таъмини соҳа бо мутахассисони касбӣ ҷаҳду талош намуда истодаанд. Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда ҳанӯз ҳам камбудиҳо дар мавриди ҷоннок намудани фаъолияти театри халқӣ ва хонаҳои фарҳангӣ, таъмири китобхонаҳо дар маҳал, тақвият бахшидан ба ҳунару малакаи овозхонон, эҷоди оҳангу сурудҳои баландмазмун ҷой доранд, ки ҳалли таъҷилиро талаб мекунанд.

 

Танзим

Дар давоми семоҳаи аввали соли 2019 дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия 256 адад сабти ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда, 32 адад ақди никоҳ бекор карда шудааст. Айни замон дар ҳудуди ноҳия 91 ташкилоти динӣ, аз ҷумла 1 масҷиди ҷомеъи марказӣ, 5 масҷиди ҷомеъ, 85 масҷиди панҷвақта фаъолият менамоянд.

Тайи се моҳ дар ноҳия 229 маърака ба қайд гирифта шудаст, ки хароҷоти умумии онҳо 454 ҳазору 480 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 377 ҳазору 460 сомонӣ кам харҷ гардидааст.

Вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 5 ҳолат ба қайд гирифта шуда, нисбати вайронкунандагони талаботи қонуни мазкур протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, дар ҳаҷми 27500 сомонӣ ҷарима муқаррар ва ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст.

84 нафар сокинони ноҳия дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар таълим мегирифтанд, ки аз ин 45 нафар то дастур ва 34 нафар баъд аз интишори дастури Сарвари кишвар ба Ватан баргардонида шуда, 5 нафар дар хориҷа қарор доранд ва мутобиқи баёнотҳо ва суханони волидони онҳо то охири соли 2019 ба Ватан бармегарданд.

 

Ҷавонон ва варзиш

Шумораи  ҷавонон дар ноҳия 52800 нафарро ташкил намуда, дар соли 2018 дар байни ҷавонон 10 ҳолати ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шуда, айни замон дар ҷангҳои ДИИШ ва дигар давлатҳо аз ноҳия 31 нафар ҷавонон иштирок дошта, дар давлатҳои исломӣ 5 нафар ғайриқонунӣ таҳсил карда истодаанд.

Дар ҳудуди ноҳия 113 иншооти варзишӣ, 2 варзишгоҳ, 1 маҷмааи варзишӣ, 80 майдончаи варзишӣ, 23 толори варзишӣ, 5 ҳавзи шиноварӣ, 1 мактаби варзишӣ бо теъдоди 17 нафар мураббӣ ва 338 нафар машқварзон (20 нафар бонувон) фаъолият доранд. Дар давраи ҳисоботӣ 3 мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ, 7 мусобиқаҳои сатҳи минтақавӣ, 33 мусобиқаҳои сатҳи ноҳиявӣ гузаронида шуда, ҷавонони ноҳия дар сатҳи мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 1 медали тилло, 1 медали нуқра ва дар сатҳи минтақавӣ 3 медали тилло, 6 медали нуқра ва 12 медали биринҷиро сазовор гардидаанд.

 

Сайёҳӣ

Бо мақсади таблиғи имкониятҳои сайёҳӣ сомонаи ноҳия таҳия гардида, маводҳои иттилоотии сайёҳӣ тавассути он пайваста нашр мешаванд. Дар баробари ин таблиғи мавзеъҳои сайёҳии ноҳия тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва интернетӣ, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Инчунин бо мақсади рушди минбаъдаи соҳа ва муайян намудани имкониятҳои сайёҳӣ бо қарори раиси ноҳия аз 1-уми июни соли 2018, №365 “Барномаи рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Рашт барои солҳои 2018-2020” қабул гардидааст. Ҷиҳати иҷрои банди 3 Нақша-чорабиниҳо бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” харитаи сайёҳии ноҳия омода карда шуда, дар яке аз мавзеъҳои сайёҳии ноҳия, Чашмаи шоирон воқеъ дар даромадгоҳи ноҳия насб карда шудааст.

Айни замон дар ноҳия 3 меҳмонхона, 2 ҳомстей, 1 хостел, 1 маркази итилоотӣ, 2 осорхона, 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 боғи ботаникӣ ва 1 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд, ки дар рушди сайёҳӣ заминаи мусоид мегузоранд.

Аз нимаи дуюми моҳи декабри соли 2018 сомонаи сайёҳии ноҳия ба фаъолият шуруъ намуд, ки дар рушд ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии ноҳия заминаи мусоид фароҳам меоварад.

 

Иншооти ҷашнӣ

Ҷиҳати омодагӣ ва корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт амалигардонии чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2018-2021 таҳия ва тасдиқ карда шуда, корҳо дар ин самт бомаром идома доранд.

Аз 206 иншооти ба нақша гирифташуда 76 иншоот ба соҳаи иҷтимоӣ, 34 иншоот ба соҳаи варзиш, 24 иншоот оид ба таъмир ва барқарорсозии роҳҳо ва каналҳо, 22 иншоот оид ба сохтмони биноҳои маъмурӣ ва хонаҳои истиқоматии хизматӣ, 12 хати нави оби нӯшокӣ ва чоҳҳои амудӣ, 26 бинои маркази савдо, меҳмонхона, таваққуфгоҳ, нуқтаҳои хизматрасонии техникию фурӯши сӯзишворӣ, 12 адад ба корхонаҳои нави истеҳсолӣ, дар масофаи 4 км гузаронидани хати баландшиддати интиқоли барқ тааллуқ доранд. Соли 2018-ум 58 иншоот мавриди истифода қарор дода шуда, дар 50 иншоот корҳои сохтмонӣ идома дорад. Ҳамзамон дар соли 2019 сохта ба истифода додани 13 майдончаи варзишӣ, 3 майдончаи бозиҳои кӯдакона, 4 бинои маъмурӣ, 12 биноҳои муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ, 5 ҳаммом, 6 маркази савдо, 4 толори варзишӣ, 6 чоҳи амудӣ, 6 коргоҳ ва марказҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, 4 иншоот асфалтпӯш ва таъмир намудани роҳҳо, 1 осорхона, 4 хати оби нӯшокӣ, 2 адад таъмир ва барқаросозии каналҳо, 4 адад чароғонкунии кӯчаҳо, 1 хонаи истиқоматӣ барои оилаи маъюб, 2 китобхона, 2 бунгоҳи тиббӣ ва 3 адад кӯпрукҳо ба нақша гирифта шудааст ва корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот бомаром идома доранд.

“Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин замина таъмини рушди бомароми иҷтимоию иқтисодии ноҳия фаъолияташро равона менамояд”,- бо итминон иброз намуд дар охири суҳбат иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рашт Р. Муқимӣ.

 

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

Добавить комментарий