Парламенти Тоҷикистон Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди (ҶДММ) «Авесто Гурӯҳ» оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли оби нӯшокӣ ва маҳсулоти машруботии «Сиёма»-ро  дар шаҳри Душанбе ба тасвиб расонид.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парламенти Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод, масъалаи мазкур имрӯз зимни баргузории ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон, даъвати панҷум, ки таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуд.

Зикр гардид, ки масъалаи сохтмон ва ба истифода додани корхонаи мазкур зимни мулоқоти президенти Тоҷикистон бо роҳбарияту фаъолон ва масъулини соҳаҳои гуногуни шаҳри Душанбе моҳи феврали соли 2017 аз ҷониби соҳибкори ватанӣ пешниҳод гардида буд.

Ба иттилои манбаъ, Лоиҳа аз ҷониби ширкати ватанӣ ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» дар ду марҳила татбиқ гардида, ҳаҷми умумии сармоягузории он 10 миллион доллари америкоӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур барои  расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат мусоидат мекунад.

«Мутобиқи созишнома сармоягузор аз пардохти андоз аз фоида ва аксиз ба муҳлати 5 сол озод гардида, номгӯи молҳои барои татбиқи лоиҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд», — афзуд манбаъ.

Добавить комментарий