Ё вазъи ислом дар деҳот чӣ гуна аст?

 

Чанд сол пеш замоне, ки Ҳукумати кишвар тасмим гирифт масҷидҳои шаҳру деҳотро дар саросари ҷумҳурӣ ба “танзим” дарорад, банда бисёр мухолифатҳо доштам. Махсусан замоне, ки дар пайи “батанзимдарориҳо” садҳо масҷид бо далели ҳуҷҷат надоштан баста шуд, хеле нороҳат будам ва тасмим гирифтам, ки доир ба масҷиду аҳамияти он дар Ислом таҳқиқу мутолиаи бештаре намоям. Вақте дарёфтам, яке аз вазифаҳои асосии масҷид ҷамъ овардани мусулмонон гирди як меҳвар аст, бовар ҳосил кардам, ки тасмими мақомдорон то андозае дуруст будааст.

Воқеан, мавҷуд будани се-чор масҷид дар як маҳаллае, ки ҳамагӣ 100-150 буна дорад, ҳеҷ гоҳ маънии мусалмонии ҳақиқӣ ва муттаҳидии мардуми онро надорад. Ё барои як ҷамоат ҳеҷ гоҳ будани се-чор масҷиди ҷомеъ наметавонад аҳли он ҷамоатро даври ҳам ҷамъ ораду аҳдофи ягонаи Ислом — иттиҳоду бародариро пиёда кунад. Чун ин тасмим дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои марбути дин роҳандозӣ шуда буд, метавонист василаи хубе барои аз исломи миқдорӣ ба исломи сифатӣ табдил додани дин дар кишвар бошад. Ва аммо…

Аз ҷӯшу хурӯши он воқеаҳо ҳаддалимкон ду сол сипарӣ шуд. Мардум низ андак-андак ба ин чиз одат карданд ва намозгузорони маҳаллаҳо хоҳу нохоҳ ба масҷидҳои “ҳуҷҷатӣ”-и деҳаҳояшон мераванд. Чун моҳи Рамазон фаро мерасад, албатта фаъолияти кулли масҷидҳо густурдатар мегардад ва сафи “намозгузорони мавсимӣ” низ меафзояд. Хубиву бадии ин амали мо мусалмононро бигзор аҳли уламои исломӣ баҳогузорӣ кунанд. Мо ҳеҷ қазовате надорем. Лекин…

Ба хонаи як дӯстам, ки дар деҳкадае воқеъ аст, ба меҳмонӣ рафтам. Пас аз ифтор барои адои намози таровеҳ сӯи масҷид шитофтем. Саҳни масҷид тозаву озода. Дохилаш низ ба қавле муҷалло. То қомат гуфтани муаззин наздики 200 нафар намозгузорон дар сафҳо рост шуданд. Расо соати 21:00 намоз шуруъ шуду ҳамагӣ пас аз 25 дақиқа имоми деҳа (агар ӯро имом гуфтан шояд) дуои хатми намоз кард.

Ҳеҷ чизро дарк накардам, фақат хаму рост шуданҳои паёпай ва рукуъу саҷдаҳои бидуни тавозуъ, ки наметавонистӣ аз ҳеҷ кадом яке ғизои руҳиву маънавӣ бигирӣ. Аз номи таровеҳ, ки маънояш истироҳат кардан аст, ба ғайр аз 10 маротиба ният чизе набуд. Ба худ гуфтам, ки собиқ раиси шаҳри Истаравшан (ҳоло раиси шаҳри Кӯлоб) Баҳром Иноятзода шояд дар кадом масҷиде аз пушти чунин имомҳо намоз хондааст, ки қазоваташ чунин буд: “Аз масҷид бо ақли солим берун намешаванд”.

Дар воқеъ аз он тарзи ибодат мардум ба ғайр аз машқи бадан, ки шояд барои ҳал кардани ифтор низ муфид набошад, чизе намегиранд.

Дилам барои намозгузорони он маҳал сӯхт, ҳатто барои намозгузорони мавсимиаш. Воқеан онҳо барои ободии масҷид заҳмати зиёде ба харҷ дода буданд. Беҳтарин шароит. Қолину қандилҳои масҷид дар маҳалла шояд назир надошт. Ҳатто таҳоратхонаву ташнобаш таъмирдидаву озода буд. Онҳо воқеан барои дар як сатҳи воло анҷом додани фароизи динии худ тамоми корро карда буданду тамоми чизро харида буданд. Вале як хатои бузург, имому пешво ё ба қавли маъмул мулло надоштан (шояд зӯрашон нарасида буд, ки мулло “бихаранд”).

Чун аз дӯстам доири масъала пурсидам, гуфт, ки 20 сол мешавад, мулло-имоми маҳалла аст. Ҳаволааш ба Худо. Мо аксари сокинони маҳалла, ки аз Ислом ба тарзи бояд огаҳӣ надорем, барои ҳамин кордораш намешавем. Ҳарчӣ ки кунад, мурдаву зиндаи мо дар дасти ӯст. Фарзандонамонро никоҳу мурдаҳоямонро ҳамин мардак кафан мекунад.

Мо низ ҳеҷ гоҳ ба чигунагии ибодати як нафар мусалмон (хоҳ ғайри ин) кор намегирем, ин ҳаққи ӯст ва ба қавли дӯстам, ҳаволааш ба Худо. Аммо вақте як чун имоми масҷид қавонини исломиро дониставу надониста поймол мекунад, ин ҷои гап дорад. Барои як нафар мусалмон чигунагии иҷрои ибодат ҳаққи вай аст, вале барои як имом ин бори масъулият аст, ки мехоҳад ё не, бояд аз рӯи қавонину қавоид иҷрояш кунад.

Чи гунае ки тамоми аъмоли сиёсатмадорон, то кӯчактарин корашон мавриди таваҷҷуҳу бознигарӣ қарор дода мешавад, бояд ибодат, саҳеҳтараш имоматии муллоҳои муҳтарамро низ, ки аз нигоҳи дигар фаъолияти кориашон ҳисоб мешавад, саҳл нагирем. Зеро аз рӯи ҳамин имоматии эшон аст, ки дар тамоми маъракаҳо, хоҳ тӯю хоҳ азодорӣ калонтарин “сағал”-у калонтарин бурдаи гӯшти рӯи ош ва аз ҳама ҷои ифтихорӣ (болои хона, рӯи чанд қабат курпача) насиби инҳост. Муаллиму кишоварзу муҳандису ҳатто академикҳо дар маъракаҳои деҳот ҷойгоҳи кӯчактарин муллоро надоранд. Аз ин рӯ, мебояд сари ин масъала аввало худи онҳо андеша кунанд. Вагарна хонандае, ки аз қавонини ислом огаҳӣ дорад, худ қазоват кунад, ки…

Оё аз рӯи адолат аст, вақте 29 ракъат намоз бо тасбеҳу дуову оят ҳамагӣ дар 29 дақиқа хонда мешавад?

Оё аз рӯи адолат аст, вақте тасбеҳи Рамазон ҳамагӣ дар 17 сония хонда мешавад?

Оё аз рӯи адолат аст, вақте як мусалмон ҳудуди 18 соат рӯза мегираду бо умед сӯи масҷид рафтаву ҳеҷ чиз намегирад?

Пас Шӯрои уламои кишварро мебояд, ки ин масъаларо бори дигар мавриди омӯзиш қарор диҳад ва меъёрҳои адои намозро бори дигар ба ходимони дин дар маҳаллаҳо расонад, то ҳуқуқи намозгузорон поймол нагардад. Дар акси ҳол маҷбурем ба дурустии андешаи ҷаноби Баҳром Иноятзода бовар кунем.

 

Хуршед ХОВАРӢ, рӯзноманигор

Добавить комментарий