Фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор баҳри таъмини волоияти Қонун, риояи талаботҳои Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равон гардида, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ, беҳ кардани сатҳу сифати зиндагӣ ва муҳайё сохтани шароити арзандаи меҳнатию фароғатии мардум ҷаҳду талоши зиёд ба харҷ медиҳад. Хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон зимни як сафари корӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва дурнамои рушди ин шаҳри аз ҷиҳати иқтисодиву саноатӣ пешрафтаи кишвар, ки дар таъмини бозори истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти кишоварзии хушсифату нисбатан арзон саҳм дорад, шиносоӣ пайдо намуд.

Як сайругашти иҷмолӣ дар кӯчаҳои марказии шаҳри Ҳисор ва суҳбатҳои сарироҳӣ бо мардум собит сохт, ки Ҳисори зарнисор тайи чанд соли ахир ба куллӣ симояшро тағйир дода, дар ин муддат садҳо иншоотҳои хурду бузурги хуштарҳу замонавӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Бешак ин иншоот дар таъмини аҳолӣ бо ҷои кори шоиставу доимӣ, рушди соҳибкорӣ ва вазъи некуаҳволии мардум мусоидат хоҳанд кард.

Зимни суҳбат бо раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода мо аз иҷрои натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ҳисор танҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ пурсон шудем. Худи ҳамин нишондиҳандаҳо чун “муште аз хирвор” гувоҳи ҳоланд, ки нишондиҳандаҳо назаррас ва сутуданиянд.

 

Иҷрои буҷет

Даромади умумии буҷети давлатии шаҳр дар семоҳаи якуми соли 2019,   99,5 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 40 млн. 255 ҳазору 353 сомонии ба нақша гирифташуда, 40 млн. 051 ҳазору 786 сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 203 ҳазору 567 сомонӣ кам ворид гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 3 млн. 199 ҳазору 242 сомонӣ зиёд мебошад.

Қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ ба андозаи 95,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет ба ҷои 29 млн. 291 ҳазору 356 сомонӣ нақшаи пешбинишуда  27 млн. 884 ҳазору 519  сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 1 млн. 406 ҳазору 837 сомонӣ кам ворид гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млн 341 ҳазору 278 сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 10 млн 529 ҳазору 854 сомонӣ муайян гардида, ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 11 млн 478 ҳазору 299 сомонӣ ворид гардидааст, ки 109,0 фоизи нақшаро ташкил менамояд.

Дар семоҳаи якуми соли 2019  пардохти музди меҳнати ташкилоту муассисаҳо, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ  маблағгузорӣ карда мешаванд, қарздорӣ вуҷуд надорад.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ дар ин давраи ҳисоботӣ  ба андозаи 93,3 фоиз 27875,0 ҳазор  сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 млн 410 ҳазору 513  сомонӣ зиёд мебошад.

Дар шаҳр ба санаи 1 апрели  соли 2019 бақияи қарзи андозҳо маблағи 9,4 млн сомониро ташкил дода, нисбат ба 1 январи соли 2019 ба миқдори 224846 сомонӣ кам гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ ба воситаи бонкҳои молиявӣ ва ташкилотҳои қарзии ҳудуди шаҳр дар давраи ҳисоботӣ ба 5618 шаҳрвандон  барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ дар бахшҳои кишоварзӣ 12 млн 551 ҳазору 584 сомонӣ, тиҷорат 28 млн 375 ҳазору 265 сомонӣ, истемолӣ 15 млн 407 ҳазору 728 сомонӣ ва ба бахшҳои хизматрасонӣ ва истеҳсолот   1 млн 250 ҳазору 294 сомонӣ дар маҷмӯъ, ба маблағи 57 млн. 584 ҳаз. 870 сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018, 9 млн 791 ҳазору 519 сомонӣ зиёд аст.

Интиқоли маблағҳо дар ин давра бо  сомонӣ 42 млн  395 ҳазору 944 сомониро ташкил медиҳад.

 

Саноат

Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ теъдоди умумии корхонаҳои саноатӣ фаъолияткунанда  57 адад буда, дар ин корхонаҳо 1271 нафар коргарон  дар самти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноати сабук, нӯшокии машруботӣ, маҳсулотҳои нафтӣ, оҳан ва маводҳои сохтмонӣ фаъолият намуда истодаанд.

Корхонаҳои саноатии шаҳр бо назардошти тадқиқотҳо бо нархҳои амалкунанда дар семоҳаи якуми соли 2019 ба маблағи 47,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018  маблағи 2,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҷумла, аз ҷониби корхона ва коргоҳҳои саноатии шаҳр ба миқдори 683,1 тонна орд, 173,7 тонна хӯроки чорво, 9,8 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 91,4 тонна равғани растанӣ, 9 адад тойбанд, 22 ҳазор метри тӯлонӣ сақфҳои ороишӣ, 40,1 ҳазор дона бомпӯшҳои асбестӣ, 5,1 ҳазор метри тӯлонӣ бомпӯшҳои оҳанӣ, 1541,8 тонна қубурҳои металлӣ, 1047,9 тонна рехтаи пӯлодӣ, 21 адад мошинаҳои кишоварзӣ, 10,2 ҳазор метри мураббаъ пенопласт, 8,1 тонна симҳои луч, 18 адад ядак, 343 тонна нафт, 1319,8 метри мукааб рег, 6491,9 метри мукааб регу санмайда, 218,6 тонна маҳсулоти нонӣ, 243,1 тонна ришта, 1500 тонна асфалт, 2,7 миллион дона хишти бинокорӣ, 200,7 ҳазор дона хишти сементӣ, 2100 метри мураббаъ симтур ва ба маблағи 920,7 ҳазор сомонӣ маҳсулоти заргарӣ истеҳсол ва коркард шудааст.

Дар самти чоруми ҳадафи стратегии кишвар, рушди соҳаи саноат ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақшаҳои мушаххас дар соли ҷорӣ  тарҳрезӣ гардидааст. Аз ҷумла, сохта ба истифода додани корхонаи истеҳсоли коғаз ва маҳсулоти коғазӣ  ҶДММ “Коғази Шарора”, коргоҳи коркарди шир дар назди ҶСК “Авитсенна”, коргоҳи истеҳсоли бомпӯш дар назди ҶДММ “Истеҳсоли труба ва профили тоҷик”, коргоҳи истеҳсоли бомпӯш аз ҷониби ҶДММ “Анас Одина”, корхонаи бастабандии ҷуворимака бо иқтидори истеҳсоли 1,5 тонна маҳсулот дар як рӯз,  аз ҷониби ҶДММ “Стаб-агро” ва 2 фабрикаи мурғпарварӣ  ва дар назди фермаи чорвопарварии ҶДММ “Абдурауф Юсупов” корхонаи истеҳсоли нуриҳои органикӣ бо иқтидори истеҳсоли 35 тонна маҳсулот дар як шабонарӯз ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар нақша аст. Дар маҷмуъ аз ҳисоби корхонаҳои мазкур зиёда  аз 254 ҷои кории нав таъсис дода мешавад.

Дар ин давра бо роҳандозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 2 корхонаи истеҳсолӣ, корхонаи истеҳсоли симҳои сохтмонӣ ҶДММ “Файзи Истеъдод” ва корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ҶДММ “Малика” сохта ба истифода дода шуд. Инчунин, дар ин давра як самти аз фаъолият бозмондаи ҶДММ “Имп Эксп Компания” истихроҷи қуму шағал ба кор андохта шуд.

Аз 57 корхонаи саноатии фаъолиятдоша  32 корхона фаъолият намуда,

бинобар фаъолияти мавсимӣ доштан 20 корхона аз фаъолият бозмондааст, ки аз ин 15 адад корхонаҳои хишти бинокорӣ, хишти сементӣ ва маҳсулоти сементӣ, 1 адад корхонаи истихроҷи ангишт,  1 адад корхонаи коркарди намаки ошӣ,  2 адад корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва 1 адад корхонаи коркарди пахта мебошад.

 

Сохтмон

Дар шаҳри Ҳисор сиёсати созандагию бунёдкорӣ идома дорад. Дар семоҳаи якуми соли 2019 сохтмончиёни шаҳр пурмаҳсул меҳнат намуда, барои пешрафти иқтисодиёт ва ободонии шаҳр корҳои муайянеро иҷро намуданд.

Дар моҳҳои январ-марти  соли 2019 дар шаҳр ба маблағи 7,3 млн сомонӣ корҳои сохтмонию пудратӣ  иҷро шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018, ба андозаи  19,7 фоиз ё 1,2 млн сомонӣ зиёд мебошад.  Феълан дар ҳудуди шаҳр бунёди 10 бинои баландошёна идома дошта, 1 бунгоҳи тиббӣ ва 28 синфхонаҳои иловагӣ  мавриди истифода қарор гирифт.

 

Иншоотҳои ҷашнӣ

Ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави шаҳр бунёд, азнавсозӣ, таъмир ва тармими  613 иншооти таъйиноти гуногун  дар давоми се сол ба нақша гирифта шудааст ва то имрӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорону ҷавонмардони бонангу номуси Ҳисор 68 иншоотҳои иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ мавриди истифода қарор гирифта, бунёду азнавсозии иншоотҳои дигар тибқи нақша идома дорад.

Зимнан бунёди иншооти соҳаҳои  маорифу тандурустӣ, фарҳанг, муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳҳо, корхонаҳою коргоҳҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардонидани маҳалли зист ва анҷом додани корҳои дигари созандагӣ, аз ҷумла ҷойҳои фарҳангию фароғатӣ, гулгаштҳо, толору майдончаҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдакон ҷараён дорад.  Қобили тазаккур аст, Аз шумораи умумии иншоотҳои сохта ба истифода додашаванда, беш аз 400 адади он аз ҳисоби соҳибкорон бунёд мегардад.

Ҳамчунин, баҳри рушди соҳаи саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва аз аграрӣ ба саноатӣ-аграрӣ табдил додани шаҳр  33 коргоҳи дӯзандагӣ, 30 коргоҳи хурди истеҳсолӣ, 5 коргоҳи атласу адрасбофӣ, 5 фабрикаи паррандапарварӣ, 2 фермаи чорводорӣ, 2 боғи интенсивӣ ва 20 корхонаи мевахушкунию коркард ва сардхонаю гармхона бунёд мегардад.

Ҷиҳати рушди соҳаи маорифу тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат, тарғиби тарзи ҳаёти солим дар шаҳр 7 мактаб, 12 муассисаи томактабӣ беш аз 69 синфхонаҳои иловагӣ, 5 клиникаи хусусӣ, 3 таваллудхона, зиёда аз 50 майдончаю толорҳои варзишӣ, 1 меҳмонхона, 2 аквапарк ва маркази дилхушии кӯдакона мавриди истифода қарор мегирад.

Аз шумораи умумии иншоотҳои сохташаванда 50 мағоза, 45 маркази савдои хизматрасонӣ, 40 бунгоҳи тиббӣ, 22 дорухона, 40 майдончаи варзишӣ, 70 сартарошхона ва кошонаи ҳусн, 35 нонвойхона, 22 чойхона ва 20 ҳаммом ба истифода дода хоҳанд шуд.

Бояд зикр намуд, ки дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор  аз ҷониби соҳибкорон бунёди 10 хонаи баландошёнаи истиқоматӣ бо фарогирии марказҳои савдою хизматрасонӣ дар ошёнаи якум шуруъ гардида, ифтитоҳи иншоотҳои мазкур дар рӯзҳои наздик ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади пешгирии кӯдакон аз бемориҳои сил ва фалаҷ чорабинии эмгузаронӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, ба 98%-и кӯдакон аз бемории сил ва 99,5% аз бемории фалаҷ эм гузаронида шуд.

Дар радифи омодагиҳо ба ин ҷашни таърихӣ сохтмони муассисаҳои тандурустии зерин дар ҳудуди шаҳри Ҳисор бунёд мегарданд:

  1. Маркази ташхисию табобатӣ дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор
  2. Клиникаи хусусӣ дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор
  3. Маркази ташхисию табобатӣ ва барқарорсозӣ дар Ҷамоати шаҳрак
  4. Беморхонаи минтақавӣ дар Ҷамоати деҳоти Хонақои Кӯҳӣ
  5. Маркази ташхисию табобатӣ дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор
  6. Беморхонаи бемориҳои пуст ва узвҳои таносулӣ дар Ҷамоати шаҳраки Ҳисор аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.

Инчунин, сохтмони марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба маром идома дорад.

Дар соҳаи маориф бошад, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаҳои №№ 67, 74, 82,84,109,97, 6, 118, филиали муассисаи №134, дар умум 28 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуда, инчунин, дар назди таълимгоҳҳои №№ 18,35,38,41,53,65,70 ва 81 сохтмони 27 синфхонаи иловагӣ дар арафаи анҷомёбист.

Мувофиқи маълумоти шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳр ба 128 синфхонаҳои иловагӣ эҳтиёҷ доранд, ки аз ин сохтмони 67 синфхонаи иловагӣ дар нақшаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ворид гардида, то соли 2021 сохта ба истифода дода мешаванд.

 

Энергетика

Дар семоҳаи якуми соли 2019 шабакаи барқ ба 41543 муштарии маишӣ (аҳолӣ) хизматрасонӣ намуда истодааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 459 муштарӣ зиёд мебошад. Дар ин давра шабакаи барқи шаҳр ба миқдори 94 миллион кВт соат қувваи барқи фоиданок қабул намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 5 миллион кВт соат зиёд аст. Хароҷоти технологӣ дар ин давра ба 17,6 миллион кВт соат баробар шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 0,5 миллион кВт соат кам мебошад.

Маблағи барқи ҳисобишуда дар ин давра 19,8 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2018 4 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра барқи ҳисобшудаи аҳолӣ 14,39 миллион сомониро ташкил дода, нисбати ҳамин давраи соли 2018 3 миллион сомонӣ зиёд гаштааст.

Дар семоҳаи якуми соли 2019 пардохти барқи истифодашуда маблағи 12 миллиону 158,6 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки аз ин 9 миллиону 634 ҳазор сомонӣ аз аҳолӣ ва 2 миллиону 524 ҳазор сомонӣ ба корхонаву ташкилотҳо рост меояд.

Маблағи ҳисобишуда ба сари ҳар як нафар ба ҳисоби миёна дар се моҳ 346,6 сомонӣ рост омада, пардохт бошад 231,9 сомониро ташкил медиҳад.

Ба ҳолати 1 апрели соли 2019 қарзи аҳолӣ аз қувваи барқ дар семоҳаи якуми соли 2019 истифодабурда 4,7 миллион сомонӣ ва корхонаю ташкилотҳо 2,88 миллион сомониро ташкил додааст.

Ҷиҳати таъмини мунтазами қувваи барқ дар семоҳаи якуми соли 2019 дар 140 адад трансформаторҳо корҳои таъмирию профилактикӣ гузаронида шуда, шохаи дарахтон дар масофаи 1,3 км тоза карда шуд. Инчунин, 1,6 км ноқилҳои сустгашта ба танзим дароварда шуда, дар 4 адад трансформатор санҷиши контури заминвасл гузаронида шуд. Дар семоҳаи якуми соли 2019 шабакаи барқи шаҳр ба миқдори 284,5 млн  кВт соат қувваи барқи фоиданок қабул намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2017, 2,6 млн квт соат  зиёд аст.

 

Нақлиёт

Муассисаҳои нақлиётии шаҳр дар раванди чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ҳаёти ҷамъиятии шаҳр саҳми арзанда гузошта истодаанд. Аз тарафи ин муассисаҳо дар ин давра хаҷми боркашониро ба миқдори 255,4 ҳазор  тонна иҷро намуданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2018,  9,9 ҳазор тонна ё 4,0 фоиз зиёд шудааст.  Ҳаҷми умумии кашонидани мусофирон бошад, 2625 ҳазор  нафарро ташкил додааст.

Дар ин давра барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони шаҳр  ҷамоатҳои  деҳоти Алмосӣ, Ҳисор, Деҳқонобод  ва шаҳраки Ҳисор асфалтпӯш ва таъмир карда шуданд.

 

Кишоварзӣ

Ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба 50 млн. 540 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102,1 фоизро ташкил менамояд.

Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида  дар самти растанипарварӣ 1 млн. 147 ҳазор сомонӣ ва дар самти чорводорӣ 49 млн. 392 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки ин нишондод нисбатан дар соҳаи растанипарварӣ ба андозаи 13,2 фоиз ва чорводорӣ 1,9 фоиз афзоиш дорад.

Бо истифода аз тухмиҳои хушсифат дар майдони умумии 8 ҳазору 601 гектар зироатҳои тирамоҳӣ ва баҳориро кишт карда шуданд.

Аз майдони умумии кишт 4745 гектарро зироатҳои ғалладона, 920 гектар зироатҳои равғандеҳ, 351 гектар картошка, 451 гектар сабзавотҳо ва майдони 2116 гектарашро зироатҳои хӯроки чорво ташкил менамояд.

Хоҷагиҳои пахтакори шаҳри Ҳисор сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти рушди соҳаи пахтакорӣ ҷонибдорӣ намуда, аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, азм доранд, ки майдони ин зироатро ба 3 ҳазору 60 гектар расонанд.

Мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ дар се моҳи соли 2019 ба миқдори 65 тонна сабзавот истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 11 тонна зиёд мебошад. Маҳсулоти истеҳсолгардида аз ҳисоби гармхонаҳои ҳудуди шаҳр истеҳсол гардида, ҷиҳати дастрасии аҳолӣ ба сабзавоти тару тоза ва паст гаштани нархи хариди он дар бозорҳо таъсири мусбии худро расонид.

Мувофиқи ҳисоботҳо дар ҳама бахшҳои хоҷагидорӣ 1384 тонна гӯшт, 7188 тонна шир ва 1 млн. 484 ҳазор дона тухм истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли гӯшт 2,4 тонна, шир 3,0 тонна ва тухм 1 млн. 135 ҳазор дона зиёд гардидааст.

Вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №793 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва қарори раиси шаҳри Ҳисор  аз 10 майи соли 2016, №468 нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шуда, дар бахшҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии шаҳр дар майдони 130 гектар бунёди боғу токзори нав, дар талу теппаҳои бо намӣ таъминбуда бунёд шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар майдони зиёда аз 67 гектар боғҳои интенсивӣ, бунёд гардидаанд, ки аз он 15,2 гектараш соли 2018 бунёд ёфтааст.

 

Маориф

Дар 134 муассисаи таҳсилоти умумӣ, гимназияю литсейҳои шаҳр 67698 (31853 духтарон) нафар хонандагон, ки теъдодашон нисбат ба соли 2018 5,4% зиёд мебошад, ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.

Аз 25 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр, ки дар оғози соли таҳсил аз мактаб дур монда буданд, 15 нафарашон баъд аз бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо падару модарон ба ҷараёни таълим баргардонида шуданд. Дар давоми соли хониш ҳамагӣ 10 нафар хонандагон ба кори таълиму тарбия ҷалб карда нашуд, ки аз он 8 нафарашонро духтарон ташкил медиҳад. Аз даври шаҳрии озмуни квотаи Президентӣ 87 нафар хонандагон  гузашта, ба даври ниҳоӣ пешниҳод карда шуданд. Дастпарварони муассисаҳои таълимии шаҳр дар даври минтақавии олимпиада фаъолона ширкат намуда, 136 нафар  ғолиби озмун  гаштанд, ки нисбат ба соли 2018 19 нафар зиёд мебошад.

Дар ин давра 185 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шуданд. Сарбории ҳафтаинаи дарсии омӯзгорони шаҳр дар соли хониши 2018-2019 ба ҳисоби миёна 1 ё 1,5 воҳиди кориро ташкил медиҳад.

Бо мақсади таъмини иҷрои барномаҳои давлатии соҳаи маориф ва таъмини иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар санадҳои муҳим баҳри рушди соҳа ва мустаҳкам намудани пояҳои моддию техникии он корҳои муайяне амалӣ шуда истодааст.

Дар самти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2003, №508  ҷиҳати  иҷрои «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ барои солҳои 2014-2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бошад, дар таълимгоҳҳои шаҳр  як қатор корҳо иҷро карда  шуданд.  Аввалан таълимгоҳҳои шаҳр  дар ин давра бо омӯзгорони фанни забони русӣ ва англисӣ таъмин карда шуданд.  Ҳоло дар муассисаҳои шаҳр  209  нафар  омӯзгорони фанни забони русӣ ва 188 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ кор ва фаъолият доранд.

Ҷиҳати  тайёр намудани мутахассисони фанҳои забони русӣ ва англисӣ шуъбаи маориф бо донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ ва коллеҷи   омӯзгории шаҳри Ҳисор мунтазам ҳамкорӣ дорад.

Иброз бояд намуд, ки баҳри иҷрои “Барномаи давлатии компютеркунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ” дар шаҳр корҳои назаррас ба сомон расонида шудаанд. Алҳол дар 112 муассисаи таҳсилотӣ,  117 кабинети таълимӣ, 1534 адад компютер, 321 адад принтер ва 110 адад генераторҳо омодаи истифодаанд. Дар таълимгоҳҳои шаҳр ба ҳар 16 нафар хонанда як адад компютер  рост меояд, ки ин 80% иҷроиши барномаи мазкурро ташкил медиҳад. Имрӯз 127 нафар омӯзгорон дар муассисаҳои таълимии шаҳр ба омӯхтани фанни технологияи информатсионӣ машғуланд, ки 11 нафарашон ғайри ихтисос мебошанд.

Дар семоҳаи аввали соли 2019 бинои нави таълимӣ дар деҳаи Равшандилони Ҷамоати деҳоти  Мирзо Турсунзода барои 150 нафар дар як баст сохта ба истифода дода шуд. Инчунин, сохтмони биноҳои муассисаҳои таҳсилотии №№ 38,43,44,73 ва бинои муассисаи сохтмонаш нотамоми деҳаи Ҳисор ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон дар соли ҷорӣ сохтмони бинои нави таълимгоҳҳои №№  83, 43, 44 ба нақша гирифта шудааст.

 

Фарҳанг

Муассисаҳои фарҳангии шаҳр аз оғози сол сар карда, дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дар ҳамкорӣ бо шуъбаю бахшҳои мақомот ба истиқболи ҷашну санаҳои муҳими таърихӣ ва махсусан дар сатҳи сазовор баргузор намудани Иди байналмилалии “Наврӯз” ва дигар ҷашнҳои дарпешистода дар варзишгоҳҳои ҳудуди шаҳр, Қасри фарҳанг, Осорхонаи таърихӣ, Китобхонаи марказӣ, Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор ва дигар марказҳои фарҳангию фароғатӣ чорабиниҳои зиёди фарҳангию маърифатиро ба роҳ монданд.

Ҷашни Наврӯзи Аҷам, Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар дар сатҳи баланди фарҳангию оммавӣ доир карда шуд.

Дар ин давра аз ҷониби муассисаҳои фарҳангии шаҳр бахшида ба ин санаҳои муҳими тақдирсоз дар Китобхона, Осорхона, Қасри фарҳанг, Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ чорабиниҳои гуногун, аз қабили намоишҳои китобӣ, ташкили конференсияҳо, мизҳои мудаввар, вохӯрию мулоқотҳо бо аҳли илму адаб ва шахсиятҳои шинохтаи кишвар доир карда шуданд.

Кормандони бахши фарҳанг дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии ҷумҳуриявии “Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор” меҳмонони арҷманд намояндагони давлатҳои хориҷӣ ва сафоратхонаҳоро дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ қабул намуда, бо санъати баландашон дар дилу дидаи онҳо ҷо гирифтанд.

 

Тандурустӣ

Муассисаҳои сохтори госпиталии шаҳр аз 7 беморхонаи шаҳрӣ ва 1 беморхонаи минтақавӣ иборат мебошад.  Дар муассиса айни замон 578 кат ба беморон хизмат расонида истодааст. Таъминот бо катҳо дар соли равон ба 10 000 аҳолӣ 18,4 ададро ташкил менамояд.

Дар сохтори муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр маркази саломатии шаҳрӣ, 35 марказҳои саломатии деҳотӣ, 41 бунгоҳҳои саломатӣ ва дармонгоҳи саломатӣ фаъолият намуданд.

 

Шуъбаи кор бо занон

Айни замон шумораи умумии занон дар шаҳр 153 237 нафарро ташкил дода, аз ин 86295 нафарашро занони қобили меҳнат ташкил медиҳад. Шумораи умумии занон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4587 нафар ва теъдоди занони қобили меҳнат бошад 3179 нафар афзудааст.

Занони бо шуғл фарогирифташуда асосан дар соҳаи кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, хизматрасонӣ ва тиҷорати хурд бештар буда,  ҷиҳати зиёд намудани теъдоди занону духтарон дар муассисаҳои низоми бонкӣ, алоқа ва хизматрасонӣ чораю тадбирҳои амалӣ андешида шуданд. Айни замон дар муассисаҳои низоми бонкӣ, хадамоти алоқа, шуғл ва дигар бахшхои хизматрасонӣ 203 нафар занону духтарон фаъолият намуда истодаанд.

Аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оила дар байни аҳолӣ корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, ҷиҳати пешгирии вайрон шудани оилаҳои ҷавон, никоҳи бармаҳал, ҳолати номатлуби худсӯзию худкӯшӣ вохӯрию мулоқотҳои судманд, семинару тренингҳо, пурсишҳои сотсиологӣ ва дигар корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати таблиғу тарғиби арзишҳои миллӣ, сару либоси миллӣ ва роҳ надодан ба воридшавии фарҳангу маданияти бегона гузаронида шуданд.

 

Ҷавонон ва варзиш

Дар семоҳаи якуми соли 2019 аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиш як қатор сӯҳбату вохӯриҳо, мулоқотҳо ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор карда шуд.

Барои варзишгарон дар шаҳр мактаби варзишӣ бо 14 намуди варзиш, 2 варзишгоҳ, 1 маҷмуаи варзишӣ, 121 майдончаи варзишӣ ва  96 толори варзишӣ фаъолият намуда истодааст.

Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 40 адад майдонча ва толори варзишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 6 ададаш сохта ба истифода дода шудааст.

Бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди «Гӯштини миллӣ», «Тенниси рӯи миз», «Пауэрлифтинг»,  «Футбол»  ва «Баскетбол» дар маҷмуаи варзишии “Авитсенна”, дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ” бо иштироки варзишгарон баргузор гардид.  Мусобиқаи футбол байни ҷавонон ва наврасон дар ҷамоати деҳоти Навобод  байни 10 даста баргузор гардид.

Давоми сол ҷиҳати пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, гурӯҳҳои эстремистию террористӣ ва равандҳои ифротӣ миёни ҷавонони шаҳр корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ, вохӯрию мулоқотҳо, аз ҷумла бо намояндагони сохторҳои қудратӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар гурӯҳҳои корӣ баргузор карда шуданд.

Ҳамчунин, ҷиҳати пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, никоҳи бармаҳал, ҳолатҳои худкӯшӣ дар байни занону духтарон, таблиғи арзишҳои миллӣ, пешгирии пӯшидани либосҳои фарҳанги бегона ба тариқи усулҳои нави корбарӣ – усули “хонагӣ”, “гурӯҳӣ” ва сӯҳбатҳои инфиродӣ тавассути рейдҳо дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр дар якҷоягӣ бо мақомотҳои амният, ШВКД ва дигар сохторҳои қудратӣ гузаронида мешаванд.

Бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, кор бо занон ва оила, маориф, фарҳанг ва муассисаҳои таълимӣ бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстии ҷавонон ва ҷиҳати ҷалби онҳо ба хизмат дар сафҳои  Қувваҳои Мусаллаҳ чорабиниҳои гуногун аз қабили: “Рӯзи даъватшаванда”, вохӯрию мулоқоти хонандагони синфҳои болоӣ бо аскарону афсарони қисмҳои низомии ҳудуди шаҳр, иншои беҳтарин дар миёни донишҷӯён ва муҳассилини коллеҷу муассисаҳои таълимӣ баргузор карда шуданд.

 

Ҳифзи иҷтимоӣ

Тибқи нишондиҳандаҳои ҳисоботи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳри Ҳисор ба ҳолати 1 апрели соли 2019 теъдоди умумии  нафақагирон 21053  нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин  давраи соли 2018, ба  877 нафар зиёд гардидааст. Андозаи миёнаи нафақа 272,57 сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 сомонию 60 дирам афзудааст. Аз шумораи умумии нафақагирон 15502 нафар гирандагони нафақаи меҳнатӣ буда, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 324 нафар зиёд шудааст. Нафақагирони нафақаи иҷтимоӣ ба ҳолати 1 апрели соли ҷорӣ 5551 ташкил намуда, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 553 нафар зиёд мебошад.

Бо мақсади иҷрои талаботҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, №232 ба 32 нафар шаҳрвандон кӯмакпулии давлатӣ то синни 16 сола ба маблағи 36960 сомонӣ  аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда шуд.

Баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ ва дастгирии иҷтимоиии оилаҳои камбизоат, пардохти кӯмакпӯлӣ, кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2014, №437 “Дар бораи идома ва ҷорӣ намудани механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат” 326 ҳазору 600 сомонӣ пардохт гардидааст.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011, №604 “Дар бораи Қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон”, аз ҷумла аробачаҳои маъюбӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи имконият ба 2 нафар маъюби эҳтиёҷманд таъмин карда шуд.

Ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳри Ҳисор 625 нафар корҷӯён муроҷиат намуданд, ки аз  ин ба 311 нафар мақоми бекорӣ дода шуд. Бояд зикр намуд, ки ба 21 нафар шахсон тибқи квота ба кор таъмин гардидаанд, ки ин 33% нишондиҳандаи солонаи барномавиро ташкил медиҳад.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба 46 нафар собиқ хизматчиёни ҳарбӣ,  11 нафар баъд аз иҷрои ҷазои ҷиноӣ ва ба 1 нафар корманди аз ҷойи кор ихтисоршуда  кӯмакпулӣ дода шудааст.

Инчунин барои кори фардии сохибкорӣ ба 18 нафар шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд, қарзҳои имтиёзнок дар бахши истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва тиҷорат ва аз ин шумора ба 6 нафар барои густариши ҳунарҳои мардумӣ  маблағҳои қарзӣ дода шудааст.

 

Танзими расму оин

Бо мақсади таъмини иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва   «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» корҳои зиёди таблиғотию ташвиқотӣ миёни аҳолӣ гузаронида шуданд.

Дар давоми соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳр шумораи тӯю маъракаҳо, ҷамъ 861ададро ташкил намуд, ки дар онҳо 5 миллиону 604 ҳазору 350 сомонӣ маблағҳо масраф гардидааст.

Инчунин, ҷараёни баргузории тӯйҳои хайриявӣ бовусъат идома дошта, ҷамъ дар семоҳаи соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорон, роҳбарони ташкилоту хоҷагиҳо ва худи аҳолӣ маъракаи дастаҷамъонаи тӯйҳои суннатии 135 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуданд.

Дар давоми сол 3 ҳолати қонуншиканӣ дар ҳудуди шаҳр ба қайд гирифта шуда, барои андешидани чораҳои маъмурӣ ба суди шаҳрӣ пешниҳод карда шуд.

Бо пешниҳоди ин маълумотҳо аз рӯи натиҷагирии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳамчунин раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода дар фароварди суҳбат бо итминон иброз дошт, кин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми навбатиашон ба мардуми кишвар бармеояд, ҳамчунин қарору қонунҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд ҳам фаъолиятро ҷоннок намуда, натиҷаҳои меҳнатии худро дар соли 2019, ки оғози “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидааст, боз ҳам афзунтар менамоянд.

Саиди Ҳайдар, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here