Ҳар кӣ бо меҳру вафо бар халқ хидмат мекунад,

Номи худро сархати девони миллат мекунад.

Миллати тоҷик аз ибтидо то ба имрӯз зинаҳои гуногуни ташаккулро аз сар гузаронидааст. Фарзандони ҷасуру тавонояш дар ҳар замон тавонистаанд, ки бо хираду дониш ва сохти давлатдории адолатпарварона миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Дар тавоноии сиёсӣ ва ҳифзи марзу бум низ фарзандони миллати тоҷик корнамоиҳое кардаанд, ки дар таърихи башар беназиранд. Агар мо худ ба таърихи гузаштаи миллати тоҷик назар андозем, зиёд фарзонафарзандони далеру оқилашро вомехӯрем. Ин ҳама бар он шаҳодат медиҳанд, ки гузаштаи миллати тоҷик пурифтихору шоистаи омӯзиш аст.

Дар замони мо низ чунин фарзандон кам нестанд. Аз ҷумлаи онон сар то по фидоии миллату Ватани маҳбубамон, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти маҳбуби халқ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки дар воқеъ баҳри давлату миллат хидматҳои бузурге кардаанд, ки ҳар кадоми он хидматҳоро метавон бо хати заррин дар сафҳаҳои таърихи миллат ҳаккокӣ намуд. Ин сатрҳоро ҳам ба ифтихори Рӯзи Президент, ки ҳамасола 16-уми ноябр дар сар то сари кишвар ҷашн гирифта мешавад, иншо менамоем.

Қобили зикр аст, ки унвони Қаҳрамон ва Пешворо танҳо чунин афрод метавонанд соҳиб шаванд, ки бо аъмоли ҷавонмардона, донишу хиради дурандешона, аз сидқи дил хидмат баҳри мардуми худ карда бошанд.

Албатта, аз хурд то бузурги миллати тоҷик хуб медонанд, ки Пешвои миллат чӣ заҳматҳое баҳри шукуфоии Ватан ва некӯаҳволии сокинони кишвар кашидаанду мекашанд. Ҳамаи ин талошу ҷонфидоиҳои Президенти худро миллат қадр намуда, ба он кас унвони Қаҳрамон ва Пешвои миллатро сазовор донистанд, ки бешак, ин фарзанди барӯманди миллат арзандаи чунин унвонҳо мебошанд. Беҳуда шоир баҳри чунин фарзонафарзандон нагуфтааст:

Мард он, ки ба корзори ҳастӣ,

Бе ханҷару бе сипар барояд.

Бе ханҷару бе сипар, валекин

Бо ҷавҳари сад ҳунар барояд.

Баҳри каму беши миллати худ,

Бо бешу ками ҷаҳон ситезад.

Мо — омӯзгорон мекӯшем, ки моҳият ва рисолати Рӯзи Президент ва нақши онро дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии ҳар як сокини кишвар ба наврасон ва ҷавонон омӯзонем. Насли ҷавон бояд аз хидматҳо ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат огоҳ бошанду дар навбати худ талош варзанд, то ба қадри он ҳама заҳматҳои Президенти кишвар, ки дар арсаи байналмилаӣ низ эътироф гаштаанд, бирасанд ва дар оянда, ки соҳиби касбу кор гардиданд, чун як фарди худогоҳу донандаи арзишҳои миллӣ адои хидмат намоянд. Пеш аз ҳама наврасон бояд дар руҳияи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллати худ тарбият гиранд, ки албатта, мо — омӯзгорон дар ҳар дарси тарбиявии худ бар ин таъкид менамоем.

Тозагул ИДИЕВА,

омӯзгори МТМУ №17-и ноҳияи Фирдавсӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here