Ахиран тасмим гирифта шудааст, ки дар асоси ворид намудани банди нав ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, мардони “сабукпо” низ ҷарима карда шаванд.

Ба пешниҳоди муҷозоте, ки аз ҷониби Прокуратураи генералии Тоҷикистон барои мардоне, ки аз хидмати танфурӯшон истифода мекунанд, равона гардид, ҷомеа гуногун бархӯрд мекунад. Пас аз расонаӣ шудани ин пешниҳод агар бархе онро дастгирӣ карда бошанд, бархеи дигар нисбати ин иқдом манфӣ бархӯрд мекунанд. Аз ҷумла, танфурӯшон норозигии худро нисбати ин тасмим баён намуда, мегӯянд, ки дар акси ҳол манбаи ягонаи даромадашонро аз даст медиҳанд. Як зани танфурӯш дар сӯҳбат ба радиои “Озодӣ” гуфтааст, ки “танҳо ҳамон вақт мардонро ҷарима банданд, ки барои ман барин занҳо ҷойи кор ташкил кунанд. Мо аз ҳисоби мардон зиндагиамонро пеш мебарем. Онҳоро ҷарима кунанд, занҳои танфурӯш чӣ кор мекунанд? Зиндагиамонро аз куҷо пеш мебарем”.
Ба гуфтаи ин зан, гарчанде хостааст ба рӯбучини хона ё нигаҳбонии кӯдакон машғул шавад, вале ӯро касе ба кор қабул накардааст: “Чанд дафъа хостам ба рӯбучини хона ё нигоҳубини кӯдакон машғул шавам, аммо касе хадамоти маро қабул накард. Вале вақте дар дар рӯзнома менависам, ки маҳс мекунам, ҳама занг мезананд”.
Дар Тоҷикистон то имрӯз танҳо занони фоҳишаву танфурӯш муҷозот мешуданд. Акнун, пас аз қабули банди нав дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, ки дар аввали соли 2018 ба парлумони кишвар пешниҳод мешавад, мардоне, ки аз хизмати занони сабукпо истифода мебаранд, муҷозот хоҳанд шуд. Ба қавли Прокуратураи генералии Тоҷикистон, аз муҷозоти занони сабукпо дида ҷазои мардони “сабукпо” сахттар хоҳад буд.
Ба қавли масъулини Прокуратураи генералии Тоҷикистон, мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи мазкур пешгирӣ намудани фоҳишагӣ ва тарбияи ахлоқии ҷомеа мебошад, ки ҷавобгар ҳам ҷарима ва ҳатто ба ҳабси маъмурӣ кашида мешавад.
Ҷомеашиноси тоҷик Марям Давлатова чунин пешниҳодро дастгирӣ намуда, мегӯяд, ки танҳо зан наметавонад ин бозори ғайриахлоқиро нигоҳ дорад. Ӯ чунин мегӯяд: “Аз нигоҳи ахлоқ ва иҷтимоъ, зан ба танҳоӣ наметавонад ин бозори ғайриахлоқиро нигоҳ дорад. То талабот набошад, мол дар бозор мавқеъ пайдо намекунад. Танзими талабот аз ин нигоҳ ҳамчун усули сард кардани бозор усули хуб аст”.
Дар идома ӯ гуфт, ки аз ҷониби дигар дар мавриди пешгирии касодии ахлоқ ва пайдо шудани фоҳишагӣ, усулҳои дигар тарбияи дурусти фарзандон, афзоиши маърифати санитариву тиббӣ ва амсоли ин низ бояд корбаст шаванд. Зеро аксаран ба ин бозор занону духтаракон, қурбониёни хушунатҳои гуногун, аз ҷумла зӯровариҳои шаҳвонӣ дар айёми наврасиву кӯдакӣ ворид мешаванд.
Ба қавли ин ҷомешиноси тоҷик, агар ин тарзи муҷозот тавонад ҷомеаро эмин нигоҳ дорад ва арзишҳои волои миллатро ҳифз намояд, онро набояд сарфи назар кард.
— Баъдан, шояд ҳоло ҳомиёни дурӯғини демократия эрод бигиранд, ки нақзи ҳуқуқи инсон хоҳад буд. Демократия вобаста ба арзишҳои маънавию ахлоқии ҳар ҷомеа ташаккул меёбад ва агар ин тарзи муҷозот тавонад арзишҳои волои миллатро ҳифз намояд, бояд аз он истифода кард. Ҳарчанд дар ин маврид шояд танҳо ошкор кардани ному насаби ин одамон бо чеҳраву ҷойи корашон кифоя бошад,- мегӯяд ӯ.
Дар ин ҳол, Шаҳноз Комилзода, мутахассиси кор бо ҷомеа ин пешниҳодро ба манфиати кор намешуморад ва мегӯяд, ки ахлоқро ба таври иҷборӣ тарбият кардан ғайримкон аст. Ба қавли ӯ, бояд сатҳи тафаккур ва ҷаҳонбинии мардум боло бурда шавад.
— Албатта, ман мухолифи танфурӯшӣ ҳастам, аммо, мутаасифона, ин падида дар ҳама давру замон ва дар тамоми кишварҳои дунё буд, ҳаст ва фикр мекунам, то вақте одамизод вуҷуд дорад, боқӣ хоҳад монд. Ва ҷолиб аст ҷиноятро чӣ тавр муайян мекарда бошанд? Чӣ тавр исбот мекарда бошанд, ки оё воқеан ҳам он зан танфурӯш аст ва ё дилдодаи он мард? Ва оё фоҳишаро ҳамчун соҳибкори инфиродӣ сабти ном карда, барояш дастгоҳи чекбарор медиҳанд, ки дар асоси он танфурӯшии ӯро исбот мекунанд? Ин тағйирот роҳи ҳал нест ва як иқдоми беҳуда аст. Беҳтар аст як стратегияи дарозмуддатро тарҳрезӣ карда, ба таври идеологӣ аз рушди ин падида пешгирӣ кунанд,- мегӯяд ӯ.
Имрӯз бештари танфурӯшон шиква аз он мекунанд, ки агар маҷбур намешуданд, ба ин кор даст намезаданд. Аксарияти танфурӯшоне, ки дар канори ҷодаҳои Душанбе шабона ҷамъ мешаванд, сокинони минтақаҳои кишвар маҳсуб меёбанд.
Аълохуҷа Умарзод, як фаъоли ҷомеа чунин мешуморад, ки занон аз ночорӣ ба чунин кор даст мезананд ва агар ҳамаҷиҳата таъмин бошанд, ин касабаро пеша намекунанд.
— Барои солимгардонии ҷомеа ва поксозии он аз ин афрод қабл аз ҳама сатҳи зиндагии мардумро каме ҳам бошад, баланд бардоштан лозим аст. Бисёр занҳое, ки ба ин амалҳои ношоиста даст мезананду бо мардони ба қавле «сабукпо» муносибати маҳрамона доранд, сабаби асосиаш бо ҷои кор таъмин набудани онҳо мебошад. Аз ночорӣ барои рӯзгузаронӣ ба чунин амалҳо даст мезананд. Агар онҳо бо ҷои кор таъмин бошанд, фикр мекунам ба чунин амалҳои ношиста даст намезанд,- мегӯяд ӯ.
Ба қавли ин ҳамсӯҳбати мо, бо ҷаримабандии мардони «сабукпо» низ ин қазия ҳалли худро намеёбад.
Имрӯз дар Тоҷикистон зиёд шудани шумораи фоҳишаҳо мақомоти тоҷикро нигарон кардааст. Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки соли гузашта наздик ба ду ҳазор занро ҳамчун “занҳои бадахлоқ” сабт кардаанд. Ин мақомот изҳори нигаронӣ мекунад, ки бархе аз танфурӯшҳо мубталои бемориҳои сироятӣ буда, ин бемориҳоро байни мизоҷонашон паҳн мекунанд.
Вале, Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки дар кишвар теъдоди фоҳишаҳо зиёду шумораи фоҳишахонаҳо кам шудааст. Қосимзода рӯзи 2-юми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, соли 2015 дар Тоҷикистон 157 адад фоҳишахона сабт шудааст, ки нисбати соли пешӣ 37 адад кам мебошад.
Парлумони Тоҷикистон 15-уми октябри соли 2015 бо қабули тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкуии маъмурӣ ҷазо барои танфурӯширо шаддидтар кард ва ҳамчунин маблағи ҷаримаро барои ин қонуншиканӣ ду баробар боло бурд. Бар пояи ислоҳи қонуни онвақта дар давоми як сол агар танфурӯш бори дуввум барои ин гуноҳ боздошт шавад, аз 800 то 1600 сомонӣ ҷарима ва ё аз 10 то 15 рӯз ҳабси маъмурӣ хоҳад шуд.
Вале, ҳоло маълум нест, ки тарҳи пешниҳодӣ барои таъйини ҷазо барои мардоне, ки аз хидмати танфурӯшон истифода мебаранд, дар порлумон қабул мешавад ё не?

Фарзонаи УМАРАЛӢ, “ФАРАЖ” 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here