Ширкати Фейсбук аз тарҳи тоза барои мубориза бо ифротгароӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод. Бар асоси тарҳи тозаи Фейсбук, як гуруҳи мустақил бо ҷалби созмонҳои ғайридавлатӣ ба муҳтавои матолиби ифротӣ мубориза хоҳанд бурд.
Масъулини ширкати Фейсбук аз ибтикори тозаи худ барои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд. Бар асоси ибтикори тозаи Фейсбук, як гуруҳи мустақил ҳамроҳ бо коркунон ва мудирияти маҷозӣ барои муқобила бо муҳтавои ифротӣ ташкил шудааст. Созмонҳои ғайридавлатӣ роҳбари ҳайати машваратиро дар ин гуруҳ бар уҳда хоҳанд гирифт. Амрико, Фаронса, Бритониё, Ҷопон, Канада, Зеландияи Нав, коршиносони Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милал низ машваратҳои худро ба Фейсбук пешниҳод хоҳанд кард.
Масъулини Фейсбук гуфтаанд, талошҳои худ барои дарёфт ва ҳазф кардани матлабҳои хусусияти ифротидошта, азҷумла видеоҳои зинда аз тирандозиро бештар хоҳанд кард.
Ваъдаҳои тозаи Фейсбук барои муқобила бо ифротгароӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки маъмурияти шабакаҳои иҷтимоӣ ба мавҷи тунди интиқодҳо рубарӯ шудаанд. Азҷумла баъд аз ҳамла ба ду масҷиди Зеландияи Нав дар моҳи марти имсол шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди интиқод қарор гирифтанд. Чун нажодпарасти сафедпӯст ҷараёни ҳамла ба ду масҷидро ба таври зинда дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш кард.
Як моҳ пас аз ин ҳамлаҳо, порлумони Австралия низ бори нахуст дар ҷаҳон, қонунеро қабул кард, ки бар пояи он шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадор ҳастанд, муҳтавои хушунатомезро «бидуни таъхир» ҳазф кунанд.
Чаҳор моҳ пеш низ хабаргузории «Ассошиэйтед пресс» дар як гузориш нишон дода буд, ки чигуна системаи худкори бознашри матолиби Фейсбук, ки барои муассисаҳои тиҷоратӣ тарроҳӣ шуда буд, ба интишори матолиби гуруҳҳои тундрав ва террористӣ дар Ховари миёна ва гуруҳҳои нажодпараст дар Амрико мадад мекунад.
Фейсбук дар вокуниш ба интиқодҳо гуфта буд, ин шабака бахши бузурге аз матолиб дар ситоиши гуруҳи мавсум ба «ҳукумати исломӣ» ё «Ал-Қоида»-ро қабл аз онки мушоҳида шаванд, ҳазф мекунад.
Ин нахустин талоши шабакаҳои маъруфи ҷаҳонӣ барои мубориза бо ифротгароӣ нест. Соли 2017 Фейсбук, Твитер, Майкрософт ва Ютуб эътилофи ғайрирасмиро бо ҳадафи муқобила бо тафаккуроти ифротӣ зери унвони “Форуми ҷаҳонии интернетӣ барои муқобила бо терроризм” ташкил карданд.
Ҳадаф аз ин эътилоф мубориза бо муҳтавои ифротии хатарнок дар фазои маҷозӣ унвон шудааст.
Дар Тоҷикистон низ бархеҳо шабакаҳои иҷтимоиро манбаи ифротшавии ҷавонон медонанд. Чун тибқи омори расмӣ, садҳо ҷавони тоҷик маҳз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мағзшӯӣ шуда, ба сафи гуруҳҳои тундрав дар Сурия ва Ироқ пайвастанд.

Добавить комментарий