Дар охири қарни 20 ва ибтидои қарни 21 инсоният ба хатари ҷиддие мисли  ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ гардид, ки ба бақои оламу одам таҳдид мекунад. Албатта, онҳое мегӯянд, ки ифротгароӣ  (экстремизм) ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки инсониятро дар тамоми даври таърих ҳамроҳӣ менамудааст, беасос нест. Ҳоло бо қатъият гуфтан душвор аст, ки якумин амали террористӣ кай ва дар куҷо амалӣ гаштааст.

Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам шахсони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехостанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд, зимни ин мардуми бегуноҳ қурбон мешуданд. Дар таърихи қадим ва асрҳои миёна ҳазорон намунаи амалҳои сабт шудаанд, ки моҳиятан хусусияти терористӣ доранд.

Дар охири асри гузашта ва ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ бештар характери сиёсӣ гирифт ва доираи амалётҳо васеъ гардид. Бо инкишофи техника ва технологияи нав шаклу намудҳои нави амалҳои террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба як амалёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.

Мусаллам аст, ки дар замони муосир раванди маъмулу машҳуре бо номи ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) ба вуҷуд омадааст, ки барои мо то андозае аз як тараф муфид бошад, зеро дар раванди ҷаҳонишавӣ тамоми соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ, техникӣ ва ҷамъиятӣ рушд мекунанд ва ин барои мо бешак манфиатовар аст. Аммо боз паҳлӯи дигаре, ки манфист, баръакс барои ҳаёти инсоният хавфу хатари ҷиддиеро ба вуҷуд меорад, аз ҷумла ба вуҷудоии мушкилиҳои ҷаҳонӣ, ки бо номи «мушкилоти ҷаҳонӣ» бештар маъмуланд, ки ба доираи мушкилоти мазкур  ифротгароӣ  (экстремизм) ва терроризм дар сатҳи аввал қарор доранд.

Ифротгароӣ ва терроризм имрӯз тамоми давлатҳои оламро фаро гирифтааст. Имрӯз террористон амалҳои ифротии худро аксаран вақт дар зери ниқоби дини мубини Ислом содир мекунанд, яъне онҳо худро ҳамчун доҳию рӯҳонии дини мубини Ислом нишон дода, ба дини мубини Ислом иснод меоранд. Олимон муайян намуданд, ки дар шароити муосир созмонҳо, гурӯҳҳо ва шахсони рӯҳияи террористӣ дошта фаъолияти худро шиддат бахшида, аз роҳу воситаҳои зиддиинсонӣ бо бераҳмии том истифода мекунанд. Авҷи ифротгароӣ ва терроризм ҷомеаи ҷаҳониро ба хулосае овард, ки бо ин падидаҳо бояд якҷоя мубориза бурд. Имрӯз дар ҳама давлатҳои ҷаҳон баҳри мубориза ба муқобили терроризм конунҳои зиёде қабул гаштаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ соли 1993 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ифротгароӣ» қабул шудааст, ки дар ин қонунҳо мафҳумҳои асосӣ ва самтҳои асосии мубориза бар зидди ин падидаҳо муайян шудаанд, ки пурра ба талаботи санадҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Боиси таассуф аст, ки ҳамарӯза аз тариқи васоити ахбори омма мешунавем, ки дар ин ё он давлат амали террористие рух додаасту теъдоди зиёди одамони бегуноҳ, бахусус занону кӯдакон қурбон он гаштаанд. Бояд дар ёд дошта бошем, ки ифротгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошанд, ки дар ҳама давру замон ба инсоният танҳо хавфу хатари нобудиро ба миён меоранд ва на зиёда аз он. Барои мубориза бурдан бо ин падидаи хатарзо бетарафиро ихтиёр намудан, танҳо маънои шарикӣ дар ин ҷинояти мудҳишро дорад. Шояд аксарият гумон кунанд, ки мубориза бурдан бо падидаи мазкур ин танҳо салоҳияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аст, аз як ҷиҳат ин дуруст бошад ҳам, вале мо бояд баҳри дифо аз ҳуқуқу озодиҳои худ, бар зидди ин ҷиноят, ки ҳадафи ягонааш ба таҳлука овардани ҷомеа ва ба тарс овардани инсоният мебошад, муборизаи беамон барем. Дар гулгулшукуфоӣ ва амну сулҳи кишвар саҳмгузор бошем. Тадқиқотҳо гувоҳанд, ки аксаран вақт нафароне барои содири амалҳои террористӣ ҷалб мегарданд, ки ҷавонанду дорои саводи паст ё ин ки умуман, аз таҳсил дур мондаанд. Аз ин лиҳоз, моро мебояд, пайваста дар пайи омӯзиш ва аз бар кардани донишҳои замонавӣ бошем ва ҳеҷ гоҳ майли ворид шудан ба ин ё он  гурӯҳу созмонҳои ифротиро накунем, ки бе шак ин худ як навъ пешгирӣ ва зарбаи сахтест ба ҳадафҳои нопоки афроде, ки  ин гурӯҳу созмонҳоро сарпарастӣ ва роҳбарӣ мекунанд. Мо, ҷавонон имрӯз бояд шукргузор аз он бошем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ҳаёти осоишта ба сар мебарем ва меҳнату талоши худро пайваста барои андӯхтан ва аз бар кардани  донишҳои замонавӣ равона созем ва ҳеҷгоҳ роҳ надиҳем, ки моро барои ворид шудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатхое, ки мақсадашон халалдор намудани фазои сулҳу субот, барангехтани кинаю адоват, ифротгароӣ ва терроризм аст, ҷалб намоянд, яъне аз ин падидаҳои номатлуби аср худдорӣ намоем.

Фарҳод Асламов,

донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносӣ

Добавить комментарий