Имрӯзҳо бо кӯмак ва дастгириҳои кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати ба Ватан баргардонидани он шаҳрвандоне, ки аз фарти гумроҳию нодонӣ ба сафи ҳизбу ҳаракатҳо, равияҳо ва ташкилотҳои тундраву ифротгаро пайвастаанд, чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, бо мақсади ба Ватан баргардонидани онҳо ва ба ин тартиб озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳли ҷамоатчигӣ пурзӯр намуда истодаанд.

Бо дастрасии эзоҳи моддаҳои 3073 ва 4011Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандоне, ки аз рӯи гумроҳӣ ба сафи ҳизбу ҳаракат ва ташкилотҳои террористиву экстремистӣ шомил гардида, бо мақсади пинҳон будан аз ҷазои ҷиноятӣ дар кишварҳои хориҷӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доранд, агар аз кирдорҳои қаблан содирнамудаи худ, сидқан пушаймонӣ изҳор намуда, бо хоҳиши худ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозир шаванд, дар ҳолати набудани дигар аломатҳои таркиби ҷиноят дар кирдори онҳо, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд. (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.05.2004 №35)

Бо назардошти омилҳои дар боло зикргардида аз ҷониби кормандони Раёсати мазкуркорҳои профилактикиву фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, хусусан бо наздикон ва аҳли оилаи нафарони ғафлатзада ва гумроҳгашта, ба роҳ монда шудааст.

Аз васоитиахбори омма ба ҳамагон маълум аст, ки то имрӯз чандин нафар аъзоёни ташкилоти террористии ҲНИ, ба мисли Раҳматулло Баротов, Наим Самиев,Садриддин Муллоев ва боз чандин нафарони дигар бо хоҳиш ва ихтиёри худ тарки ин ҳизби осебзада ва исёновар карда, ба ватан баргаштаанд.

Яке аз собиқ аъзоёни ташкилоти экстремистӣ — террористии ҲНИ, ин Валиев Рашодхон Ҳоҷиевич, санаи таваллудаш 21-уми майи соли 1966, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Чоркӯҳи шаҳри Исфара мебошад.

Валиев Р.Ҳ. соли 1999 ба даъвату найрангҳоимуғризонаи роҳбарони ТЭТ ҲНИ дар шаҳри Исфарафирефта шуда, шомили ин ҳизби моҷароҷӯ мегардад. Бо ваъдаҳои пучу кизби роҳбарони ҳамонвақтаи ТЭТ ҲНИ-и шаҳри Исфара бовар карда, мувофиқи дастури онҳо ба даъвати сокинони шаҳри Исфара барои шомилшавӣ ба ҳизб машғул мегардад.Дар ҷаласаҳову ҷамъомадҳои ҳизб фаъолона иштирок намуда, бар зидди сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадҳо менамуд.

Тӯлиузвияташ дар ҳизби мамнӯъгашта, шаҳрванд Валиев Р.бо таблиғу ташвиқиақидаҳои ҳизб ва ҷалби сокинони шаҳри Исфара ба сафиин ҳизби исёнгар машғул мешавад.

Аз гуфтаҳои Валиев Р.:“Ин наҳзатиҳои даҳшатафкан сахтиҳо ва душвориҳои солҳои ҷанги таҳмилиро ба гӯшаи фаромӯшӣ гузошта, соли 2015 бо роҳбари собиқ мухолифини тоҷик Ҳалим Назарзода бо лақаби “Ҳоҷӣ Ҳалим”, аз навдаст ба тазоҳурот заданд.Ҳамагон хуб медонанд, ки дар ин амали нангин ва ноҷавонмардона наҳзатиёни ҳилагар дасти қавӣ доштанд”…

Валиев Р. дер бошад ҳам аз найрангҳои пасипардагии наҳзатиҳо огоҳ мегардад ва аз ҳолати ба миён омада барои дастгир нагардидан аз ҷониби мақомотҳои қудратии Тоҷикистон, ба Федератсияи Россия фирор намуда, дер гоҳ дар онҷо пинҳон мегардад.

Аввалҳои соли 2019 Валиев Р. аз тариқи расонаҳои иҷтимоии интернетӣ огоҳӣ меёбад, ки он нафароне, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои ҷудоандоз пайвастаанд, агар аз кардаи худ пушаймон гардида, ихтиёран ба Ватан баргарданд, гуноҳашон бахшида мешавад. Ба ин хотир, Валиев Р. санаи 27-уми марти соли 2019 ба Ватан баргашта, ба Шӯъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили вилояти Суғд муроҷиат менамояд. Ӯро кормандони Шӯъбаи мазкур мувофиқи қонунҳои амалкунанда ҳуҷҷатгузорӣ намуда, нисбаташэзоҳи қисми махсуси Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ карданд. Айни замон Валиев Р. дар озодӣ қарор дошта, дар иҳотаи оила ва хешовандон кору зиндагӣ дорад.

Зимни сӯҳбат Валиев Р. ҳамчунин қайд кард, ки:“Имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки наҳзатиёни хунхор аз дур мақсадҳои ғаразноки хешро ҷониби Тоҷикистон тарҳрезӣ намуда, тавассути сомонаҳои интернетӣ ба таблиғу ташвиқоти ақидаҳои ифротгаронаи худ машғул гаштаанд. Ба ин минвол ҷавононро барои иштирок дар ҷангҳои Афғонистон, Сурияву Ироқ ва дигар давлатҳои хориҷӣ ҷалб намуда истодаанд. Дар ташкил ва ба анҷом расонидани амалҳои даҳшатбори террористӣ низ даст доранд. Ташкили ақидаҳои ифротӣ ва ҳамоишҳои бемаънӣ дар сомонаҳои интернетӣ аз зумраи амалҳои ношоями ин хоинони давлату миллат мебошад, ки симои ваҳшиёнаи онҳоро боз ҳам пурра ошкор месозад”.

Р. Валиев дар идомаи суҳбат иброз дошт, ки: “Ба  он нафароне, ки то ҳол пойбанди ин ҳизби моҷароҷӯ мебошанд,муроҷиат намуда, гуфтаниам, ки аз фаъолияти ман дар ин ҳизби тахрибкор хулоса бароред.Ба ақидаҳои таблиғотии нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик гӯш надода, ба Ватан баргардед. Ватан барои мо азиз аст, мо бояд дар ин сарзамини аҷдодӣ дар иҳотаи пайвандон ва ёру дӯстон бошем, на дар канори хоинони ватанфурӯшу мардуми бегона. Ватанхоҳу ватандор дар Ватан аст, на беватан.

Шаҳди беватаниро чашидаам, ғаму ғурбати танҳоиро дидаам, ба Шумо дигарбора гуфтаниам, ки хоки Ватанро аз тахти Сулаймон боло гузореду хори Ватанро аз лолаву райҳон хуштар донед! Ҳамватанони гумроҳгашта ва дар ғафлатмонда,Шуморо ин сарзамин, ин миллат ва пайвандонатон интизор аст!!!»

 

Мирзои Шариф,

рӯзноманигор

 

P.S. Аз Раёсати мубориза бур зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ иттилоъ пайдо намудем, ки ин ниҳоди қудратӣ азҳамаи он нафароне, ки имрӯз дар ҷустуҷӯ қарор доранд, дархост ба амал овардааст, ки дар сурати бо хоҳиш ва иродаи худ ба Ватан баргаштан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гардида, метавонанд орому осуда дар канори аҳли оила ва пайвандони худ озоджона умр ба сар бубаранд.  ба РМЗҶМ ВКД, тариқи телефонҳои 221-01-49; 223-16-09, суроғаи электронӣ (info@ubop.tj) ва шабакаҳои иҷтимоӣ муроҷиат намоянд. Бовар дорам бо роҳнамои ва тавсияҳои онҳо хурсандона ва якдилона Тоҷикистонро обод мезозем.

Рақами Раёсат дар Вайбер (Viber), Вотсап (WhatsApp), ИМО (IMO), Телеграмм (Telegrams) ва Вичат (WeChat): (+992) 93-444-00-66.

Добавить комментарий