Озодии саросари давлатҳо, мустақилияту оромӣ ва осудагии миллатҳо неъмати арзишманду бебаҳост. Албатта, ҳар як кишвар барои пойдорӣ ва бардавомии сулҳу субот пайваста талош менамояд. Амну суботро бояд ҳар як шаҳрванди сайёра мисли гавҳараки чашм нигоҳ дорад ва ҳифз намояд.

Ҳамагон хуб медонанд, ки аз даст додани оромиву осудагӣ кори мушкил нест, аммо барқарор намудани он мураккабу мушкил аст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки на танҳо дар сулҳу суботи кишвари худ ҳиссагузор бошад, балки барои дар миқёси ҷаҳон баҳри пойдории сулҳи абадӣ бетарафӣ зоҳир нанамояд.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар ҷомеаи имрӯзаи мо кишварҳое ба назар мерасанд, ки натанҳо сабабгори моҷаро ва нооромӣ дар дохили кишвари худ мегарданд, балки таъсири он ба тамоми давлатҳои дигар таҳдид мекунад. Дар замони муосир баъзе аз кишварҳо ба хотири амалӣ намудани манфиат ва ғаразҳои нопоки худ аз тамоми роҳу воситаҳо истифода мебаранд, ки дар натиҷа вазъияти орому осуда ва муътадили ҳаёти сокинонро дар ин ё он кишвар ноором месозад, ки боиси сар задани хушунат ва ҷангу хунрезӣ мегардад. Бинобар ин, дар иртибот ба нооромиҳои вақтҳои охир бояд вокуниш нишон дод ва баҳри пойдории оромӣ дар сайёраи замин кӯшиш кард.

Албатта, вақтро беғаразтарин довар мегӯянд. Бо гузашти солҳо вақт исбот намуд, ки дар ҳодисаҳои ҷанги ҳамватании солҳои 90-уми Тоҷикистон кишвари бо мо ҳамҷавору ҳафарҳанг — Эрон дасти қавӣ дошта, дар саргаҳи ин нооромиҳо қарор дошт. Бадхоҳони эронӣ тавассути сармоягузории ҳизби террористию экстремистии наҳзати ислом ҷомеаи моро ба гирдоби хушунат мубтало сохта, ғарқи хун намуданд. Онҳо мехостанд сиёсати манфур ва бегонаи худро ба дӯши мо бор намуда, низоҳои мазҳабиро ба миён оварда, як мазҳаби бегонаву нодаркорро ба мо бор намоянд.

Аз рӯи маълумотҳои охирин ва гузоришҳои созмонҳои гуногуни ҳуқуқи инсон, дар натиҷаи нооромиҳои моҳи гузашта, ки дар Эрон рух дод, беш аз 140 нафар кушта ва зиёда аз 7000 нафар дастгир шудаанд. Ин нооромиҳоро назар карда, даҳшатҳои ҷанги таҳмилии Тоҷикистон пеши назар меояд, зеро аз рӯи оморҳои солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, даҳо ва садҳо маротиба аз ин зиёдтар аст. Фикр мекунам, ки Эрон чаро аз он замон фикр накард, ки мегӯянд: «Набояд кард бад бо бегуноҳе, набояд канд худро низ чоҳе»?

Имрӯз Эрон даъво дорад, ки Амрико сабабгори асосии норомиҳои ахир аст. Як сухангӯи эронӣ дар баёнияаш қайд намудаст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ниҳодҳои байналмилалӣ шикоят намуда, рафтори Амрикоро ҷилавгирӣ хоҳад кард. Инҷо саволе ба миён меояд, ки агар Эрон Амрикоро барои нооромиҳои охир ба Суди байналмилалӣ диҳад, пас чаро Тоҷикистон низ аз болои Эрон ба Суди байналмилалӣ шикоят накунад? Дар қиёс ба қурбониҳои охир дар Эрон қурбониҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон садҳо маротиба зиёд аст, ғайр аз зарарҳои иқтисодие, ки кишвар дид.

Пас, Тоҷикистон ҳуқуқи маънавӣ дорад, ки аз болои кишвари Эрон ба Суди байналмилалӣ муроҷиат карда, ҷуброни ҳама қурбониҳоро талаб намояд. Аммо Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ дар фикри рӯзгори бади ҳеҷ як кишвари дунё набуду нест. Зеро, мутобиқи Конститутсияи кишвар, мо сиёсати сулҳҷӯёна ва дӯстӣ бо тамоми халқи ҷаҳон пеша намудаем ва соҳибихтиёрии мамлакатҳои дунёро эътироф ва эҳтиром менамоем.

Шукр, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муҳлат соҳиби сулҳи комил гардид ва имрӯз дар ҳоли рушд қарор дорад. Ба гумонам, барқарории сулҳу субот дар Эрон бо чунин роҳбарони амалкунандааш номумкин аст. Албатта, «бадкардаро даво нест, бадӣ кардӣ, подошашро мечашӣ».

Хулоса, ҳар як кишвар пеш аз ҳама бояд ба хотири оромиву осудагии халқи худ ва пойдории сулҳу субот дар дигар кишварҳо кӯшиш намояд, на пайгири ҳадафу мақсадҳои ғаразноки худ бошад.

Мираки БЕГМАҲМАДЗОД,

коршиноси масоили сиёсӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here