Як хонавода дар водии Вахш мегӯяд, ки пайвастани фарзанд, келин ва набераи ноболиғаш ба “Давлати исломӣ” ва бо гузашти солҳо бенишон будан хонаводаро дар ҳолати бади равонӣ қарор додааст ва ҳатто гуфта мешавад, ки ғамгинию ангушнамоӣ онҳоро ба ғам андохтааст.
Аз ғами Қудбидин Тавакалов ҳамсари ӯ Гулнора Тавакалова ва фарзанди онҳо, ки ба Сурия рафтаанд, Шарбатулло Тавакалов, падари ин хонаро бемор кард ва бо орзуи дидори онҳо ва хабардор шудани онҳо ҷон дод.
Оилаи Тавакаловҳо дар ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Бохтар зиндагӣ мекунанд. Қудбидин фарзанди хурдии оила буда, пас аз хатми мактаби миёна аз соли 2007 ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта меомад. Ӯ пас аз ним соли бо Гулнора Тавакалова оила барпо карданаш ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намуда, сипас завҷаашро, ки соҳиби як фарзанд буд, ба наздаш ба Русия даъват кард. Ҳардуи онҳо дар онҷо ба доми мубаллиғони “Давлати исломӣ” афтода, барои “ҷиҳод” кардан ба Сурия рафтаанд.
Аҳли оилаи Тавакаловҳо ин хабари мудҳишро аз кормандони мақомоти ноҳияи Бохтар дар соли 2016 шунидаанд ва мегӯяд ҳанӯз ҳам ба он андешаанд, ки азизонашон чӣ ҳол доранд.
Дар Прокуратураи Бохтар ба мо хабар доданд, ки нисбати Қудбидин Тавакалови 28-сола ва Гулнора Тавакаловаи 25-сола парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, онҳо ҳамчун ҷавонони ифротӣ дар кофтуков қарор доранд.
Сабринисо Тавакалова, модари Қудбидин мегӯяд, ки фарзандаш барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба мардикорӣ ба Русия рафта меомад: “Соли 2014 баъди оила барпо карданаш ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар карда, дар онҷо бемор мешавад, ба мо телефонӣ занг зада мегӯяд, ки оилаамро ба наздам равон кунед. Мо барои келини худ чипта омода карда, ба назди писарам равонаш кардем”.
Зимни суҳбат модари Қудбидин ба мо иброз намуд, ки чанде баъд хабари пайвастани ӯ ва оилаашро ба ҷангҳои бемаънӣ аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ шунидааст. Ӯ гуфт: “Дар ғами писарам ҳастам, ки чӣ ҳол дошта бошад? Падар аз ғами писараш ҷон дод, худам дар ғами онҳо ҳастам, ки дар куҷо ҳастанду чӣ ҳол доранд. Орзу дорам, ки як бор ба оғӯшаш гирам”.
Ин хонавода ҳатто ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ гуфтаанд, ки агар писарашонро аз Сурия баргардонанд, барои онҳо ҳадя хоҳанд дод ва ин ҳадя як гове ҳаст, ки дороии ин хонавода ба ҳисоб меравад.
Сабринисо Тавакалова бо дидаи пурашк қисса намуд, ки “баъди хабари ифротӣ шудани фарзандаш Қудбидинро шунидан шавҳарам аз ғами фарзанди роҳгумзадааш аз олам чашм пӯшуду худи ман бемору бистариям”.
Бародари Қудбидин бошад, ба мо гуфт, ки “додари ман инсони хеле хуб буд, на май менӯшиду на сигор мекашид, намозхону рӯзагир буд, вале ҳеҷ бовар надоштем, ки ба ин роҳ биравад. Мо чанд бародар дар Русия кор мекунем. Агар аз рафтани ӯ ба ҷангҳои бемаънии Сурия огоҳ мешудем, ҳатман ӯро аз роҳаш бармегардондем”. Ӯ гуфт, ки додарашро касе фиреб дода ба Сурия бурдааст: “Муддати беш аз ду сол мешавад, ки тамоман бо мо тамос намегирад ва намедонем, ки дар қайди ҳаёт ҳаст ё не. Ягона орзуи мо аҳли оила бори дигар ба оғӯш гирифтани фарзанди падарамон мебошад. Бигзор тибқи қонун ҷазо гиранд, вале дар Тоҷикистон бошанду зинда будани онҳоро бубинем”.
Ҳоло суроғаи Қудбидин Тавакалов дар назди идораи пулис ва роҳҳои серодами ноҳияи Бохтар гузошта шудааст, ки бо ҷурми ҳамдастӣ ба “Давлати исломӣ” гумонбар аст.
Бояд гуфт, ин ягона нафаре нест, ки аз ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Бохтар ба гуруҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» шомил шудааст.
Абдуғафор Ёров, муовини раиси ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Бохтар қайд кард, ки аз ҳудуди ҷамоат як оила бо зану фарзандонаш ва 12 нафар ҷавонони дигар бо мақсади “ҷиҳод” ба гуруҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» шомил шуда, бино ба маълумотҳои оперативӣ, дар давлатҳои Сурияву Ироқ қарор доштаанд. Ӯ гуфт, ки бештарашон аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба ин давлатҳо сафар намудаанд. Қайд рафт, ки ин оилае, ки ба гуруҳҳои ифротӣ аз ҷамоат шомил шудааст, оилаи Тавакаловҳо мебошад, ки бо зану фарзандаш ба Сурия рафта, тамоман бо хонаводаи худ тамос нагирифтааст.
Ба гуфти масъули ҷамоат, зимни суҳбату вохӯриҳо бо волидони ҷавононе, ки бо пайвастан ба ДИИШ дар рӯйхати сиёҳ қарор доранд, маълум гашт, ки тариқи телефон гоҳ — гоҳ бо назикони худ дар тамос мешуданд ва билохира пурра тамоси онҳо бо волидони худ аз соли 2016 қатъ шуда, ҳоло аз онҳо хабаре нест.
Абдуғафор Ёров омили шомил шудани ҷавонони ҷамоатро ҷанги шаҳрвандӣ арзёбӣ намуда, гуфт, ки баъди гуреза шудани шаҳрвандон онҳо аз муассисаҳои таълимӣ дур мондаанд, саводи кофӣ надоранд ва ба зудӣ барои пули муфт ба даст овардан ба суханони бофтаи пайравони давлати ба ном исломӣ бовар намуда, ба ҷангҳои Сурияву Ироқ сафар намудаанд.
Тибқи иттилои расмӣ, баҳри пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ва баргардонидани онҳо ба ватан суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда истодааст, вале мутаассифона ин ҳама бенатиҷа боқӣ мондааст, зеро нафаре аз ин ҷамоат аз Сурия барнагаштааст.
Дилшод Валиев, масъули бахши дин, тазиму анъана ва ҷашну маросимҳои ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Бохтар гуфт, ки мубориза алайҳи ҷинояту ҷинояткорӣ ва терроризму экстремизм вазифаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ бошад ҳам, дар ин самт ҳар як инсони солимақл бояд ҳиссаи созгори худро гузорад. Ба ақидаи ҳамсуҳбати мо, барои пешгирӣ аз гароиши ҷавонон ба ин гуруҳҳои тундрав бояд пайваста миёни ҷавонон суҳбату мулоқот гузаронида шуда, бад-ин васила сатҳи огоҳии онҳо боло бурда шавад. Зарур аст, ки наврасону ҷавононро бештар ба ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва муҳаббат ба касбу ҳунар ҷалб намоем.
Дар ҳамин ҳол, коршиносон дар вилояти Хатлон мегӯянд, ки баргаштани ҷавонон аз ДИИШ кори сангин аст, ки ба истиснои чанд нафар аз Хатлон дигарҳо наметавонанд анҷом диҳанд. Орзуи Карим, хабарнигор, ки бо ин мавзуъ бештар ошноӣ дорад, гуфт, ки баромадан аз минтақаи зери назорати ДИИШ кори сангине мебошад: “Зоҳиран аксар ҷавононе, ки ба ДИИШ мепайванданд, пушаймон ҳастанд, вале аз суҳбатҳои онҳое, ки аз нимароҳ, яъне аз Туркия баргаштаанд ва онҳое, ки аз Сурия баргаштаанд, маълум мешавад, ки бозгашт кори душвор аст. Ҳарчанд қонун онҳоеро, ки пушаймон мешаванд, афв мекунад, вале роҳи бозгашташон сангин аст. Хусусан барои заноне, ки баъди марги шавҳаронашон кӯдакони ноболиғ дар даст доранд”.
Тибқи маълумоте, ки чанд моҳи пеш дар ноҳияи Бохтар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, шумораи сокинони ин ноҳия, ки ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд, ҳудуди 90 нафар будааст, ки дар миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд. Президент моҳи майи соли гузашта, чанд моҳи пеш аз суҳбаташ дар ноҳияи Бохтар дар ноҳияи Данғара аз ифротгароӣ ва ҳузури ҷавонони тоҷик дар Сурия ва Ироқ изҳори нигаронӣ намуда, гуфта буд, ки 500 сокини вилояти Хатлон дар зери парчами сиёҳи ДИИШ меҷангидаанд.
Ин дар ҳолест, ки мақомот дар вилояти Хатлон мавзуи терроризм ва экстремизмро “вабои аср” дониста, мегӯянд, ки ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, ҳамзамон барои зиндагии осоиштаи минбаъдаи башарият хатари бузург эҷод мекунад. Барои ҳамин, ҷавонон бояд беш аз пеш зираку ҳушёр бошанд, ватану миллати худро дӯст доранд.
Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ

Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

Добавить комментарий