Имрӯз, ки дар Тоҷикистон бо сабабҳои гуногуни бозоргонӣ нарху наво андак баланд шудааст, бисёре аз гуруҳҳои манфиатдор мехоҳанд аз ин лаҳзаҳо истифода баранду бад-ин васила тавассути иттилооти бардурӯғ мафкурасозӣ намоянд миёни ҷавонони мо. Доир ба вазъи имрӯз ва мафкурасозӣ мо бо Абдуқодири Абдуқаҳҳор – директори Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мусоҳибае доштем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони азиз мегардонем.

– Сараввал, ошкоро бигӯед, ки мафкурасозӣ чӣ гуна сурат мегирад?

– Ҷаҳонишавӣ ва ё глобализатсия асари худро дар дунё гузошт. Ва имрӯз биёре аз давлатҳои абарқудрат мехоҳанд тавассути расонаҳо мафкурасозӣ кунанд. Чандин расонаҳо дар дунё ҳастанд, ки барои онҳо “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”, яъне манфиатхоҳон пулро медиҳанду ҳадафи худро, ки мафкурасозист, пиёда мекунанд. Бубинед, ки Ироқро Амрико ба хок яксон кард ва ё Ливия ё Сурияро ба хок яксон кард, чӣ кор кард? Се моҳ пеш аз ҳуҷум мафкурасозӣ сурат гирифт. Аз тамоми расонаҳои хабарӣ бонг зада шуд, ки “роҳбари ин давлат диктатор аст, ин давлат намехоҳад мардум нафаси озод кашад, вазъ бисёр шадид аст”. Ва мову шумо дар давлатҳои сеюму чорум бовар мекунем. Ҳамин гуна даҳҳо не, садҳо мисол овардан мумкин аст. Чаро зиёд ҷавонони мо дар маъракаҳои бисёр нанговари давлатҳои исломӣ иштирок намуда, ҳазорҳо фарзандону модарон хуни ҷигар хӯрданд!?

– Мафкурасозиҳо баҳри чист ва ё чӣ манфиат мегиранд мафкурасозон?

– Имрӯз ғарбиҳо мехоҳанд зери навои найи онҳо мо бирақсем. Як мутафаккир мегӯяд, ки “тақсим намову ҳукмронӣ намо”. Дар дохили як давлат чандин миллатҳои дигар зиндагӣ мекунанд, ин миллатҳоро ба ҳам ҷанг биандозу нафтҳояшон, газҳояшон, нерӯи арзони кориашонро ҳамчун гурезаи сиёсӣ қабул намо ва истифода бар. Яъне, тафриқа андозу ҳукмронияшон намо.

– Зиракии сиёсӣ оё метавонад роҳи ҳар гуна мафкурасозӣ ва таҳмилҳоро гирад?

– Бале, Президенти кишвар бисёр вақтҳо таъкид мекунанд, ки “зиракии сиёсиро аз даст надиҳед”. Зиракии сиёсӣ чӣ гуфтанӣ гап? Яъне фирефтаи чор ҷумлаи ғарбиҳо нашавед, фирефтаи чор либералҳо, ки онҳо ҳадафҳои пиёда кардани амалҳои шуми хоҷагонашонро доранд, нагардед.

– Имрӯз, ки барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус бо қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон муваққатан масҷидҳоро бастанд, аз хориҷи кишвар баҳсҳои зиёде бархост…

– Ҳоло ки вобаста ба вазъият, барои пешгирӣ аз вабои аср масҷидҳоро муваққатан бастанд, аз ин фурсат истифода бурда, чор ҷоҳилбачае, ки дар Аврупо ва ё дар ғарб аст ва ё муриди ким-кадом як “домулло”-ву ба ғайр аз “Чоркитоб” дигар чизе нахондааст, дар мафкураи онҳо ҷой мекунанд, ки давлат худкома аст, дину диёнатро намехоҳанд. О, дар сурате, ки Каъба баста шуд аз коронавирус, чаро мо ин ҳарзагуҳову фазлфурӯшонро гӯш мекунем. Агар мо як бор сар дар ҷайби тафаккур ниҳем, бузургтарин давлатҳои дунё, ба монанди Амрико, Чин, Русия ба зону заданд пеши ин вирус. Арабистони Саудӣ, ки макони муқаддас буд ва дар Қуръон бисёр зикр шудааст, ки ин макони муқаддас аз тарафи Худо ҳифз карда мешавад, аммо онҷоро имрӯз бастаанд-ку. Яъне, инҷо гап сари чӣ меравад? “Илм болотар аст аз ибодат” ҳадиси ҳазрати Муҳаммад (с) аст. Ин нуктаро Абӯалӣ Ибни Сино ҳазор сол пештар гуфта буд, ки “дар сурати вабо, бемориҳои сирояткунанда, якҷо намоз нахонед, бозорҳоро бибандед, аз хонаҳо бифурӯшед маҳсулоти ниёзи аввалияро”.

– Чӣ гуна одамон туъмаи мафкурасозон мегарданд?

– Албатта, ҷавони бесавод. Зеро ҷавони бесавод заврақи бемуҳаррик аст. Боди замона ҳар куҷо, ки мехоҳад, меронадаш. Ҷавҳар надорад. Вақте ки инсон китоб намехонад, маърифаташ заиф аст, дар устухонаш маъниву маънову фарҳанг нест, ӯ бозичаи дасти дигарон аст. Бадбахтии асосии чанд муддати охир аз бесаводист. Сабаби асосӣ бесаводист.

– Волидон чаро садди роҳи мағзшӯйиҳои фарзандон шуда наметавонанд?

– Мутаассифона, аз сад 45%-и падару модарон камсавод ва қариб ки бесаводанд ва мушкилии дигар – ин камсаводии омӯзгорон аст. Тасаввур кунед, ки падару модар, омӯзгорон бесавод бошанд, чӣ гуна метавонанд фарзандони худро тарбия кунанд? Имрӯз, мутаассифона, бисёре аз фарзандон дар кӯча тарбия меёбанд ва худ аз ин қазоват кунед, ки чӣ мешавад.

– Чӣ пешниҳод доред вобаста ба пешгирии мафкурасозӣ ва таҳмили ҳар гуна иттилооти бардурӯғ болои ҷавонон?

– Пешниҳод мекунам, ки модели Ҷопон дар мо ҷорӣ карда шавад. Шумо дидед, ки ягон ҷопонӣ фанатик бошад? Шумо дидед, ки ягон ҷопонӣ бесавод бошад? Шумо дидед, ки ягон ҷопонӣ камбағал бошад? Шумо дидед, ки ягон ҷопонӣ бозичаи дасти дигарон бошад? Не, нест. Онҳо чӣ кор карданд? Маорифро дар зинаи баландтарин гузоштанд. Кӯдакро аз сесолагӣ ба муассисаҳои таълимӣ ҷалб карданд. Аз сесолагӣ фарзанд фарзанди давлат аст. Тамоми адабиёт бепул аст барои ин кӯдакҳо. Мактабҳо, компютерҳо ва ҳама лавозимоти таҳсилотӣ барои кӯдакони ҷопонӣ бепул аст.

Мусоҳиб: Рустами СУҲРОБ

Добавить комментарий