Рӯзи 10-уми майи имсол актёри машҳури тоҷик Ҳошим Гадо 82-сола шуд. Ба муносибати ин санаи муборак рӯзноманигор Марҳабо Зунунова бо ҳунарманди маҳбуб суҳбате махсус барои хонандагони ҳафтаномаи «Фараж» оростааст.

 

Гумон мекунам, дар Тоҷикистон миёни одамони насли калонсон нафаре пайдо намешавад, ки дар ҳаёташ боре ҳам филми “Рустам ва Суҳроб”ро тамошо накарда бошад. Филми мазкур аз рӯи асари безаволи «Шоҳнома»и Абулқосим Фирдавсӣ таҳия шуда, дар филми дуюм Ҳошим Гадо нақши паҳлавон Суҳробро бозидааст. Ин филм роҳхати ӯ ба муаррифиаш дар ҷаҳон гардид. Яке аз мухлисони ӯ аз Озарбойҷон Элхан Исмаилов чанд сол муқаддам дар Интернет ба ҳунарманд мактуби хеле калоне навишт. Дар нома гуфта мешавад: «Ман 51 сол дорам ва аз бозе, ки бори аввал филми «Рустам ва Суҳроб»ро тамошо кардам, Шумо кинокумири рақами 1-и ман ҳастед. Ҳоло ҳам гоҳ-гоҳ филми «Рустам ва Суҳроб»ро мебинам ва аз бозии Ҳошим Гадо лаззат мебарам…».

Мухлиси дигари ӯ — ҳамватани собиқи мо Ирина Элияшева аз Чехословакия менависад: ««Суҳроб»и Ҳошим Гадо ҳамчун як ситораи рӯшан дар қатори ситораҳои дурахшони сайёраЖан Маре, Белмондо ва Ален Делон медурахшад».

Ҳамин хел вокунишҳои мафтункунанда  ҳазорҳо адад мебошанд. Онҳоро метавон дар шабакаи ҷаҳонии Интернет пайдо кард. Номаҳову тақризҳои мунақиддон бошад, дар бойгонии ин актёри маъруф маҳфузанд.

Мухлисони серталаби театрӣ дар Москва, Ленинград ва дигар шаҳрҳои ИҶШС имкон доштанд аз нақшҳои офаридаи ин ҳунарманд, ки дар саҳнаҳои Театри ба номи А. Лоҳутӣ ва Театри драмавии русии ба номи В. Маяковский иҷро шудаанд, ҳаловат баранд. Нақшҳои офаридаи ӯ — “Шоҳ Эдип” аз рӯи асари фоҷиавии драматурги Юнони қадим Софокл, Хлестаков аз “Ревизор”-и Н. Гогол ва Фердинанд аз намоишномаи “Макру ишқ”-и Шиллер баҳои олии мунаққидони машҳури Русия ва хориҷиро сазовор гардидаанд.

Дар фестивали санъати театрӣ дар шаҳри Маскав соли 1997, пас аз

тамошои спектаки «Эдип», раиси Иттифоқи ходимони театрии СССР Михаил Чигир гуфта буд: «Ҳошим Гадо сарвати бебаҳои миллии халқи тоҷик аст. Агар Шумо иҷозат диҳед, мо — халқи рус ҳам ӯро дастоварди мардумӣ эълон намоем» ва вазири ҳамонвақтаи фарҳанги Белорусия навишт: ««Эдип»-и Шумо шоҳкории замони мост. Чӣ хел Шумо нақш иҷро кардед? Шумо маро ҳамчун актёр ва коргардон ба ваҷд овардед. Мехоҳам, ки орзуи Шумо — «Спартак» амалӣ гардад».

Ғайр аз ин образҳои ба тамоми олам маъруф, боз нақшҳои зиёд дар синамо ва театр, ҳамчунин саҳнаҳое буданд, ки дар онҳо Ҳошим Гадо ҳам ҳунарманд ва ҳам коргардон буд. Ҳамаи ин корҳо аз рӯйи истеъдоди иҷро аз корҳое, ки зикр карда будем, кам набуданд. Масалан, Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода нигошта буд: «Ҳангоми саҳнаи «Синои ҷавон» ман мумкин нахустин мароти ба худро гум кардам. Фаромӯш кардам, ки ин асари ман ва дар саҳна Ҳошим Гадо аст. Гумон мекардӣ, ки дар саҳна дар ҳақиқат Синои ҷавон аст«.

Дар «захира»-и ҳунарманд ва коргардон боз нақшҳои зиёди шоҳони бузурги аҳди қадим, шоирон, олимон буданд: ин шоҳони Юнони Қадим Эдип, Эзоп, ҷадди бузурги мо Шоҳ Исмоили Сомонӣ, шоҳ Наср, сарвари қабилаҳои турк Қозон-хон, ихшиди суғдӣ Ғӯрак, Рӯдакӣ ва дигар нақшҳо. Оид ба саҳнаи «Рӯдакӣ» ва нақши асосие, ки соли 2008 аз ҷониби Ҳошим Гадо иҷро карда шуда буд, вокунишҳои мусбат зиёд буданд. Масалан, фарзанди нависандаи бузурги тоҷик Садриддин Айнӣ, олими маъруф Камол Айнӣ баъд аз дидани саҳна навишта буд: «Саҳнаи «Рӯдакӣ»-и Ҳошим Гадо маро он қадар ба ваҷд овард, ки сухан гуфтанам душвор аст ва мехоҳам дар анҷом ба театр барои чунин туҳфааш ба ҷумҳурӣ дар рӯзҳои таҷлили истиқлолияти он миннатдорӣ кунам. Ман аз ин саҳна ва Ҳошим Гадо — коргардони он ба ваҷд омадаам ва ӯро «Шоҳи саҳнаи тоҷик» эълон мекунам. Сипос ба ӯ ва театр«.

Ба назар мерасад, ки ин ҳунарманд, коргардон, ҳайкалсоз, профессор, Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ (барои номбар кардани хидмат ва унвонҳояш саҳифаи рӯзнома намерасад) метавонад дар зиндагии худ дигар кореро ба анҷом нарасонад ва бе ин ҳам дар таърифи санъати ҷаҳонӣ ва хотироти мардум боқӣ монад, аммо энержӣ, такопуи фитрии ҳунарманд, дониш ва истеъдоди  ӯ амалро талаб мекунад ва ӯ ба навиштани китоб оғоз мекунад, китобҳои зиёд

Ва дар ин ҷода ҳам ӯ муваффақ аст. Дар муддати кутоҳ ӯ тавонист 250 ҷилд асарҳои хешро нависад ва нашр кунад. Оид ба эҷодиёти адабии ӯ ман дар матлабҳои пешинам — «Суқроти замони мо«, «Ман назди шумо таъзим мекунам, собиқадорон«, «Бо «Рӯдакӣ»-и Ҳошим Гадо ҷашнвораи «Парасту» дар солҳои 2007-2008 дар рӯзномаҳои «События«, «Паёми Душанбе» зикр карда будам . Ҳоло баъд аз гузашти қариб 10 сол, китобҳои Устодро мутолиа карда, бо боварӣ метавонам гуфт, ки эҷоди Ҳошим Гадо аз навиштаҳои нависандаҳои маъруфи мо камӣ надоранд, балки хубтар ҳам ҳастанд. Гарчанде ӯ худро нависанда намедонад, аз китобҳои ӯ метавон оид ба замони душвори кӯдакӣ, замони таҳсил дар Маскав, таълифу офаридани образҳои машҳури шоҳон, сарлашкарон, олимон, ки бо диди хос нигошта шудаанд, маълумоти муфид пайдо кард. Дар китобҳо, ҳикояҳои хурд, масал, ашъор метавон расмҳои аз ҷониби худи ӯ кашидашударо ёфт. Чӣ қадар зиёд асарҳои ӯро бихонӣ, ҳамон қадар нисбати ин шахсият дар ҳайрат меуфтӣ. Ӯ ҳамчун кайҳон беохир аст.

Тамоми паҳлуҳои эҷодиёт ва шахсияти ӯро дар як матлаби рӯзнома ғунҷонидан  ғайриимкон аст. Айни замон хубтар аз ӯ дар бораи худаш касе навишта наметавонад. Барои ҳамин, касе, ки шахсияти Ҳошим Гадо барояш ҷолиб аст, бояд асарҳояшро бихонад.

Сарфи назар аз овозаҳо, ки гӯё ҳунарманд бо журналистони тоҷик мусоҳиба намеорояд, ба онҳо дуруштӣ мекунад, ба ман муяссар гардид бо ӯ суҳбат кунам ва якчанд суол диҳам. Ва инак посухҳои ӯ:

— Ҳангоме ки ман ба мусоҳиба омодагӣ медидам, дар шабакаи Интернет ягон маълумот оид ба оилаи Шумо наёфтам. Дар тарҷумаи ҳоли расмӣ навишта шудааст, ки шумо дар Кӯлоб ба дунё омадаед. Дар китобатон — «1000 соли танҳоӣ» дар саҳифаи охир акси оилавӣ аст. Оид ба акс ва наздиконатон нақл кунед.

— Ин чунон акси куҳна аст, ки ман ҳамаи онҳоеро, ки дар он ҳастанд, имрӯз ёд надорам. Гумон мекунам, хешовандонам ҳастанд. Вақте ки падари ман дар ҷанг буд, Сталинградро ҳимоя мекард, аз хешовандон хоҳиш карда буд, ки акси маро фиристанд. Чун вақте падарам ба ҷанг рафт, ман 4-сола ва бародарам Гулмад аз ман хурдтар буд. Чанд сол пеш аз ҷанг падарам ба хона занеро овард, ки моиндарамон шуд. Ӯ зани хуб набуд, бадқаҳр, ҷанҷолӣ. Мо замони хеле душворро аз сар гузаронидем, гуруснагӣ буд. Додарам аз рӯйи хунукназарии модарандар ва хешовандонамон аз хунукӣ ва гуруснагӣ фавтид. Оид ба солҳои ятимӣ ман дар китобҳои худ, ҷилди 5-ум — “Я?!” («Ман?!») ва ҷилди 188 — “Это я”( «Ин манам») навиштаам. Дар он сурат ман пойи луч ва дар сар тоқӣ дорам ва бо фахр ба фотоаппарат нигоҳ мекунам.

— Шумо дӯстони даврони кӯдакӣ ва наврасӣ доред, ки хотироти худро бо онҳо ба ёд оваред? Агар на, барои чӣ?

— Нисбати кӯдакиам навиштам, он ягон хубӣ надошт. Кӯдакии ман -кӯдакии ятимбачаи бемодар буд. Чӣ гуна дӯстон? Ҳама кӯшиш мекарданд маро ранҷонанд, ман наметавонистам ба касе шикоят барам. Дар баъзе китобҳо ман ҳикояи хурдеро бо номи «Гов» такрор мекунам. Ман, кӯдаки 7-сола ба назди гов мерафтам ва зиёд оид ба зиндагии душвор ва гуруснагӣ, таҳқири модарандар шикоят мекардам. Бо ашк ба гов дар бораи он ки чи гуна бачаҳо дафтару қаламро, ки дар мактаб барои кӯшиш ва хониши хубам дода буданд, гирифтанд, бо сатилҳои калон об кашиданам, ҳезум тайёр карданам, говчаронӣ ва тайёр кардани таппак нақл мекардам. Гов бепарво хоб буд. Бо думаш магасҳоро пеш мекард. Маро намефаҳмид. Ман чорзону нишаста, гиря мекардам. Айни ҳол ман 82-солаам. Шаш сол пеш 2 ҳамсинфи ман, ки кӯдакии маро ёд доштанд, дар қайди ҳаёт буданд. Намедонам, ҳоло онҳо зиндаанд ё не. Мумкин, вақте китобҳои ман ба дасташон мерасанд, онҳо аз худ хабар диҳанд. Намедонам.

Дар солҳои камолот дӯстони зиёд доштед? Ҳангоми машҳур шуданатон?

— Суол ҷолиб аст, аммо инро бояд ба одами касби дигардошта дод. Ман дар китобҳои худ — «Актёр», «Маска», «Паяц», «Драматург», «Кафедра добра», «Театральная орбита», «Занавес» навишта будам, ки миёни ҳунармандон дӯстии самимӣ нест, рақобат ва кашмакашҳои пасипардагӣ вуҷуд дорад. Бо касб, ҳунарманд ҳамчунин ҳисси рашк, мубориза барои нақши аввалро мегирад. Мо аз сабаби он, ки кор тавъам кардааст, маҷбурем бо ҳам таҳаммул кунем.

Дар олами синамо низ дӯстон наёфтед?

— Ман бисёр коргардон ва ҳунармандонеро, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштам, ҳурмат мекардам. Аммо ин танҳо лаҳзаҳои корӣ буданд. Дар замони худ ман дар «Тоҷикфилм», «Узбекфилм», «Беларусфилм», «Озарбойҷонфилм», дар Алҷазоир, Марокаш нақш офаридам. Дар тӯли зиндагии эҷодӣ дар 55 сол ман 200 нақш офаридам. Сари нақшҳо дар синамо ва театр заҳмати зиёд кашидам. Масалан саҳнаи «Эдип»- ро мо зиёда аз 100 маротиба намоиш додем. Касе ин нақшро дар ҷаҳон зиёдтар наофаридааст.

Ҳунарманд бояд ба образ дарояд, матнро азхуд кунад, ҳаракатҳоро, мимика ва амсоли ин. Тавъам бо ин бояд дар саҳнаҳои дигар бозӣ кунад, симои нав офарад. Гӯед, ки ман ва дигар ҳунармандон барои дӯстону наздикон аз куҷо вақт меёбем? Мо — ҳунармандон маҳкумшудаем…

— Ҳа, ман албатта аз китобҳои зебои Шумо дар ин бора чизе хондаам…

— Дар китобҳоям ман муфассал дар бораи ҳар як нақш гуфтаам: ҳодисаҳо ҳангоми наворбардорӣ, ҳам дар саҳнаи театр ва дигар ҳолатҳо… Аммо бояд гӯям, хушбахтона, замоне, ки мо дар Театри ба номи Лоҳутӣ фаъолият мекардем, тифоқ будем, вагарна шоҳкориҳое ба монанди «Эдип»-и Софокл, «Ҳамлет»-и Шекспир, «Ревизор»-и Гогол, ҳамагӣ наздики 70 спектакл намебаромаданд. Дар кино ҳам, агар ман бо актёрҳо ва коргардонҳои маъруф дар якҷоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ кор намекардам, пас маро дар филмҳои машҳуре ба монанди «Рустам ва Суҳроб», «Фирорӣ», «Шикори охирин», «Ошкорсозӣ», «Чор нафар аз Чорсанг», наздики 30 филме, ки ҳамаи онҳо истеҳсоли киностудяҳои гуногунанд, намедидед. Бояд қайд кунам, ки дар Озарбойҷон ман дар 3 филм, дар Ӯзбекистон дар 7 филм, ҳатто дар Марокко дар 2 филм нақши асосӣ бозидаам. Ҳамаи образҳои офаридаамро шуморида наметавонам, хоҳишмандон метавонанд онҳоро аз китобхонаи филмҳо аз Интернет пайдо кунанд.

— Ба ҳар ҳол, дар ҳаёти тӯлонии эҷодии Шумо одамоне буданд, ки хотираҳои нек гузошта бошанд?

— Бале, инҳо устодони ман дар Маскав, дар ГИТИС, профессор Олга Ивановна Пижова, Борис Владимирович Бибиков, Нина Викторовна Чефранова, Михаил Петрович Чистяков ва дигарон. Дар вақташ онҳо шогирдони худи К. С. Станиславкий буданд ва эшон як ҷаҳон актёрони машҳури рус, ба мисли Вячеслав Тихонов, Нонна Мордюкова, Леонид Куравлёв ва дигаронро тарбия карданд. Дар эҷодиётам ман онҳоро волидони худам меҳисобам ва доимо мегӯям, ки дар Кӯлоб ба дунё омадам, вале дар Маскав тарбият гирифтам. Дар Тоҷикистон ҳамақидаи ман Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва коргардони Театри ба номи Маяковский Вениамин Яковлевич Ланге буд. Руҳаш шод бод. Солҳои донишҷӯӣ бачаҳои гуруҳи параллелӣ ба ман муносибати хос нишон медоданд. Масалан, Сикчин Н. В., ки баъдан мунаққиди машҳури театрӣ гардид. Ӯ чанд номаи муфассал бо таҳлили намоишам дар Маскав, бахусус дар мавриди спектакли «Эдип» навишт.

Тааҷубовар нест, ки дӯстони хуби ман берун аз доираи санъат буданд. Масалан, табиб Борис Битсоев ва ҳамсари вай — ҳамсояҳои собиқи ман ва одамони хеле наҷиб. Ӯ ҳамеша дар бораи ман очеркҳои хеле олӣ менавишт, дастгирӣ мекард ва илҳом мебахшид. Миёни рӯзноманигорон Ася Гордонро махсус қайд мекунам, зеро ӯ аз сар то по эҷодиёти маро омӯхтааст ва мақолаи хеле хубе навишта буд, ки ҳоло ҳам актуалӣ аст. Дар миёни мунаққидони санъати театрии тоҷик бошад, шодравон Низом Нурҷонов. Ӯ ба эҷодиёти ман хеле ҷиддӣ муносибат мекард, ҳам таъриф, ҳам танқид мекард ва дар эҷодиёти ман ояндаи дурахшонро медид. Ҳамеша шодравон Акбар Сатторовро бо некӣ ба ёд меорам, зеро ӯ дар солҳои душвор маро дастгирӣ мекард. Ин одамон ба ман наздик буданд ва мушкилоти маро мефаҳмиданд. Дар мавриди муносибати оилавӣ бошад, хомӯш буданро афзалтар медонам. Ҳаёт хеле душвор аст ва ман аз таҳлил кардану гунаҳгор кофтан худдорӣ мекунам.

 

Дастур барои оилаҳои ҷавон

— Дар айни ҳол, омори расмӣ нишон медиҳад, ки шумораи талоқҳо дар кишвар ба таври мунтазам афзоиш меёбад. Шумо дар бораи нақши оила дар ҳаёти шахс чӣ маслиҳат доред?

— Бо омор баҳс намекунам… Ба ҷавонон чӣ гӯям? Охир, тақдири ҳар нафар дар дасти худаш аст. Танҳо як чиз мегӯям: Дар интихоби шавҳар ва ё ҳамсари ҳаётии худ хеле бодиққат бошед. Саросема нашавед. Танҳо ба сурат нигоҳ накунед. Ба умқи чашми ҳамдигар нигаред, зеро чашм — ин оинаи қалб аст. Аз андешаи волидонатон натарсед, ба сухани калонсолон гӯш диҳед. Баъдан, вақте ки бо ҳам мешавед, бунёд кардани оила ва муносибатро ёд гиред. Адабиёт хонед, бо ҳамдигар таҳлил кунед. Ба ҳамдигар кӯмак расонед, бо оилаҳои хуб муносибат кунед, таҷрибаи онҳоро мушоҳида ва қабул кунед. Барои худ чизи асосиро ёд гиред: бо эҳсосот зиндагӣ накунед.

Кӯрпаро танҳо ба тарафи худ накашед, ба ҳамдигар бодиққат муносибат кунед. Мушкили ҷуфти худро дарк кунед, кӯшиш кунед ёрӣ диҳед, зеро ин ҳаёти шумо низ ҳаст.

 

Дар бораи танҳоӣ ва хушбахтӣ

— Ба андешаи Шумо танҳоӣ чист? Кадом ҷиҳатҳои танҳоӣ бисёрмусбат ё манфӣ?

— Одам табиатан ҳамеша танҳо аст. Барои он ки худро танҳо эҳсос накунӣ, ба одам чунон наздикие лозим аст, то ки шумо як ҷуфти комилро бо ин шахс ҳис кунед, аммо ин хеле кам ва ба ҳақиқат наздик нест. Фикри дигаронро таҳаммул кардан зарур аст. Таҳаммул ба норасоии нафаре дигар, гарчанде, фикр мекунам, хоҳиши будан бо нафаре танҳо ба хотири раҳоӣ аз танҳоӣ, ин ҳам танҳоист. Аммо вақте ки умр ба охир мерасаду одамро ба қабр мегузоранд, ӯ он ҷо ҳам танҳост. Ин назарияи Гадоевист.

Қисмати зиёди олимони бузург, файласуфон, нависандагон, рассомон танҳо буданд. Мехоҳам фақат илова кунам, ки бисёрии онҳо девона шуданд ва девона эълон карда шуданд. Танҳоӣ ба бархеҳо кӯмак мерасонад, то эҷод кунанд, вале дигаронро мекушад. Барои ҳамин, ба суоли он ки дар танҳоӣ чӣ зиёд аст — мусбат ё манфӣ ҷавоби мушаххас додан ғайриимкон аст.

Одами танҳо метавонад ҷисман ва ё руҳан танҳо бошад. Вай метавонад дар миёни ҳазорон нафар бошад, вале худро танҳо эҳсос кунад, чунки ҳеҷ кас ӯро намефаҳмад ва ё фаҳмидан намехоҳад. Дар ин мавзуъ ман китоби «Танҳо» дар 3 ҷилд дорам, ки хондани онро ба шумо тавсия медиҳам.

— Шумо худ аз ҷумлаи танҳоён ҳастед?

— Ҳа, бо табассуми ғамолуд ба шумо мегӯям, муаллифи 250 ҷилд китоб, ки дар ҳаёт «актёри беҳамто» номида шудааст, танҳо аст ва дар танҳоӣ дар болои асарҳои худ кор карданро дӯст медорад, қаблан бошад, дар офаридани симоҳои нав. Фақат фарқ миёни танҳоии ман ва одамони машҳури дигари танҳо дар он аст, ки ман ду духтари зебо, панҷ набера ва 1 абера дорам. Бо онҳо мефахрам. Акнун ман аз ҳама сирри асосиро ба шумо мекушоям, аммо бидуни шарҳ. Бигузор ҷавонон худашон дар ин бора фикр кунанд: «Танҳоӣ — ин аз ҳама минуси калон дар ҳаёти инсон аст» (Ҳ. Гадо).

— Ба ҷавонон боз чӣ маслиҳат додан мехостед?

— Дар китобҳоям ҳамеша ба ҷавонон дастур ва маслиҳатҳо медиҳам: волидони худро фаромӯш накунед, саломатии онҳоро нигоҳ доред, агар хабар гирифта наметавонед, ба онҳо занг занед, кӯмак расонед. Чунки дар пирӣ онҳо ба мисли кӯдаке мешаванд, ки бояд аз дасташон гирифт. Онҳо ба кӯмаки шумо ниёз доранд. Инро ман ба ҳамаи он ҷавононе мегӯям, ки падару модарашон дар қайди ҳаётанд. Шумо ҷавонед, то он ки волидони шумо зиндаанд. Вақте ки онҳо аз ҳаёт мераванду шумо ба ҷои эшон дар ҳамон ҳолати танҳоӣ мешавед, фарзандонатон шуморо ҳамон тавре, ки шумо волидонатонро нигоҳубин карда будед, нигоҳбонӣ мекунанд. Барои худ хулоса бароред.

— Дар китоби «1000 соли танҳоӣ» як ибора доред: «Хушбахтӣ дар ҳаёт то он дамест, ки мо ҳама фаслҳои солро дида метавонем». Ин ба он маъност, ки Шумо муносибататонро ба нокомилии ҷаҳон ва одамон дигар кардаед? Шумо зиндагиро бештар қадр мекардагӣ шудед?

— Дар гуфтори ман танҳо каме лирика ва ҳамзамон дард аст, вале ин ба он маъно нест, ки ман муносибатамро бо номукаммалӣ дигар кардаам. Ман ҳамеша, қариб дар ҳама китобҳоям, фикрамро дар хусуси номукаммалии инсон ва ҷаҳон мегӯям. Магар одамони комил якдигарро мекушанд, шаҳрҳоро тахриб мекунанд, мӯйсафедон ва кӯдаконро азоб медиҳанд? Не, не, ин суоли актуалӣ ва доғи рӯз аст ва он мисли занҷир дар ҳама асарҳои ман мегузарад.

 

Дар бораи Пешвои миллат

— Дар ҳамин китоб, дар мақолаи Ҳунарманди нави асри XXI аз нигоҳи ман” шумо ҳамчун яке аз шартҳои асосии тарбияи ҳунармандони ҷавон омӯзиши асарҳои Президенти муҳтарами моро ҳисоб мекунед. Агар ба Шумо пешниҳод мекарданд, ки нақши Пешвои миллатро дар кино офаред, ба кадом хислатҳои ӯ таваҷҷуҳи бештар мекардед?

— Ба хиради ӯ дар сиёсат ва дар идораи давлат, донистани вазъияти ҷаҳони муосир ва кишвар, қотеъияти характери ӯ, доштани донишҳои иқтисодӣ, дипломатия. Ҳамчун ҳунарманд мегӯям, ки ӯ қобилияти ба худ ҷалб кардани омма, халқро бо сухани зинда дорост. Ман суханҳоеро, ки дар яке аз китобҳоям навиштам, ба Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида будам. Ман ҳангоми офаридани нақши ҷадди бузурги мо, асосгузори нахустин давлати тоҷикон — Шоҳ Исмоили Сомонӣ аз симои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон илҳом гирифта будам.

 

Дар бораи фарҳангшинос, профессор Низом Нурҷонов

— Шумо дар китобҳои худ ба ҷавонон, аз ҷумла ба ҳунармандони оянда маслиҳат медиҳед, ки эҷодиёти шумо, мероси намояндагони бузурги халқи мо, фарҳангу таърихи моро донанд ва “шахсияти мунаққиди соҳаи театр, доктори илмҳои санъатшиносӣ Низом Нурҷоновро донанд ва хизматҳои ӯро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунанд”. Муносибатҳои миёни шумову ӯ чи гуна буд? Оё шумо ният доред хотироти худро дар бораи ӯ дар китобҳои минбаъдаатон баён кунед?

— Ин саволи калон аст, аммо ман кӯшиш мекунам мухтасар баён кунам. Миёни мо сирф муносибатҳои эҷодӣ вуҷуд доштанд. Ӯ баъзан андешаҳои интиқодии худро баён мекард. Ба ҳамин хотир ӯ мунаққид аст, ки андешаҳояшро бигӯяд. Ин хуб аст, вақте ки як нафар аз берун чизеро, ки ту дар дарун бо сабабҳои гуногун надидиву сари вақт ислоҳ накардӣ, қайд мекунад. Бо баъзе эродҳои ӯ ман розӣ будам, бо баъзеи дигар не ва он гоҳ миёни мо баҳсҳои эҷодӣ сурат мегирифтанд, аммо ҳамеша ба созиш мерасидем. Ман ба ҳунармандони оянда тавсия медодам, ки на танҳо хонанд, балки нақди ӯро ба намоишномаи “Эдип” омӯзанд. Ман онро дар китобҳоям зери рубрикаи “Эдип дар саҳнаи тоҷик” ҳамроҳи як қатор тақризҳо ба корҳои худам ҷой додаам, аз ҷумла ҳамроҳи тақриз ба намоишномаи “Рӯдакӣ”, ки коргардонаш худи ман будам.

— Шумо аз инҳо чизҳои зиёди муфид барои фаъолияти эҷодиатон пайдо мекунед?

— Бо санъатшиноси бузург вомехӯрдем, ӯ то ҳадди имкон дар намоишномаҳои ман иштирок мекард. Мо берун аз театр ҳам суҳбатҳо мекардем. Бо чунин инсонҳо бояд бештар вомехӯрдем, аммо мутаассифона, ҳам ӯ ва ҳам ман барои мулоқот вақт кам доштем. Дар иртибот ба хотираҳо чунин мегӯям: Пешакӣ фол дидан намехоҳам, аммо фақат мегӯям, ки “насиб бошад”.

— Шумо дар бораи тарбияи ҳунармандони ҷавон ва ҷавонон зиёд менависед, аз ҷумла тарбияи ҳунармандони оянда. Вазъияти мавҷударо чи гуна бояд тағийр дод?

— Пеш аз ҳама бояд ба институт касоне қабул карда шаванд, ки дар ҳақиқат мехоҳанд хизматгорони Мелпомена (Худои юнонӣ, ҳомии фоҷеа ва театр) шаванд. Маҳз хизматгорон, на иштирокчиёни муваққатии навбатпоӣ ба хотири диплом. Қиссаеро мехоҳам ин ҷо нақл кунам. Боре дар яке аз бозорҳои шаҳр бо як ҷавони тануманд суҳбат кардам. Ӯро пурсидам: “Чаро аробакаш шудӣ? Чаро нахондӣ?”. Ӯ бо ифтихор ба ман ҷавоб дод: “Ман маълумоти олӣ дорам. Ман Институти санъатро хатм кардам. Ҳамроҳи ман низ ҳамин донишкадаро ба итмом расонидааст”…

Дар рафти суҳбат донистам, ки онҳо умуман китоб намехонанд. Эпизоде аз китоби нависандаи рус Максим Горкий ба ёдам омад: “Ҷавон баъди кори хастакунанда шамъро дармегиронд ва дар равшании он китоб мехонд. Вақте ки соҳибхона инро дид, зуд шамъро гирифт, “то ки беҳуда моли хӯҷаинро талаф накунад”. Он гоҳ ҷавон китобро болои зарфи хӯрокпазӣ гузошта, дар равшании моҳтоб китобхониро идома дод”.

Воқеаи дигар, боре ба саволи ман дар бораи он ки Абӯалӣ ибни Сино кӣ буд, донишҷӯён чунин ҷавоб доданд: “А… Сино шоир аст ва ба ӯ дар назди Қара-Боло ҳайкал гузоштаанд”.

Аммо маро бештар аз ин духтари донишҷӯе дар ҳайрат мононд. Ӯ харитаи сиёсии ҷаҳонро дар яке аз қаҳвахонаҳои шаҳр дида, гуфт: “Чӣ қадар тасвири зебо”. Зане, ки камтар дуртар менишаст, ин сухани ӯро шунида, ислоҳаш карда, гуфт: “Духтарак, ин тасвир нест, ин харитаи Замини мост”. “Мо инро ҳоло нагузаштаем, зеро ҳоло дар курси сеи донишгоҳ мехонем”. Инро шунида, он зан гуфт: “Шумо аз назди ин харита дар синфи чорум буданатон гузашта рафтаед”.

Ин самараи он аст, ки ҷавонон аз кӯдакӣ ба хондан одат накардаанд.

— Чи гуна ба Шумо муяссар шуд, ки 250 ҷилд китобро таълиф ва нашр кардед?

Пеш аз ин, бояд шукргузор аз Холиқи якто бошам, ки дар майнаам посухи мантиқии ин суолро, ки “Чӣ бояд кард?” ҷой намуд. Вақте ман корамро дар театру кино аз даст додам, ин бароям шабеҳи марг буд. Барои табобати дард ман ҳамроҳ бо нусха ва шамшери Суҳроб дар даст коғазу худкор гирифта, ба навиштан пардохтам. Нашри он дар аввал тавассути нашрияҳои «Чархи гардун» ва «Азия-плюс» бароям даст дод. Инҳо достонҳои ҷудогона ва зарбулмасалҳое буданд, ки ман навиштам. Баъдан дастнависҳо ҳар рӯз бузургтар шуду ба сарам нашри онҳо дар шакли китоб пайдо шуд.

— Пас кӣ дар ин самт ба Шумо кӯмак мерасонад?

-Ин асрор нест. Дар китобҳои ман исми онҳое, ки коре дар ин самт анҷом додаанд, дарҷ гардидааст…

— Дар як шабонарӯз чӣ қадар кор мекунед, яъне менависед?

— Навиштан бароям акнун ба одат табдил шудааст, наздики 20 сол аст, ки ман менависам. Ҳама вақти холиамро бо навиштан пушти сар мекунам.

— Оё китобҳои нашр ва фурӯхташуда харҷатонро мепӯшонад?

— Дар ҳоли ҳозир не. Барои китобҳоям тамоми дороиямро харҷ кардам. Ҳатто бисёре аз ашёҳоямро фурӯхтам… Айни ҳол дар манзили на он қадар бузургам, ки дар ошёнаи даҳум ҷойгир аст. Қариб то 5 ҳазор китоб ҷамъ шудааст. Бо сабабе, ки лифт ҳамеша кор намекунад, кашонидани китобҳо бароям хеле мушкил аст. Ба Вазорати маориф ва Вазорати фарҳанг як сол қабл муроҷиат намуда будам, то барои паҳнсозии китобҳоям ба ман кӯмак намоянд. Вале то ҳол барои кӯмак шитоб надоранд.

Аз фурсат истифода намуда, мехоҳам ба хонандаи нашрия муроҷиат намоям: «Ман китобҳои худро бар шумо таҳмил намекунам, аммо тавсия медиҳам, ки хонед. Аз онҳо метавонед бисёр чизҳои ҷолиб ва омӯзанда барои худ бигиред. Ҳеҷ кас аз дониш ранҷ набурдааст. Дониш қудрат аст!”.

 

Аз забони русӣ тарҷумаи Шамсулло ФОЗИЛОВ

Добавить комментарий