НИГОҲИ АВВАЛ:

Чил сол фарёдшунави дард

Намедонам чандум сафарам ба ноҳияи Данғара аст, вале хуб медонам, ки дар ҳар сафар чанд нафаре пайдо мешавад ва мегӯяд: “Бачам, қати холаи Момагулат як саволу ҷавоб накардӣ?…”. Се нуқта маънои онро дорад, ки ҳар кадоме бо тарзи ба худ хос аз духтури оилавиашон Момагул Раҷабова васф мекарданд. Ин маротиба ҳам ҳолати пештара рух дод.

Момагул Раҷабова 4-уми апрели соли 1959 дар деҳаи Корези болои шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Имсол баробари ба охир расидани соли таҳсил қаҳрамони мо 40-солагии фаъолияти худро қайд кард. 40 сол бо мардум, 40 сол дар гӯш оҳу воҳ. 40 сол гӯш ба қимор, ки касе бо ҳоҷате дарашро мекӯбад. 40 сол дар бӯйи дору. 40 сол табиби қалбҳои мардуми дурдасттарин деҳаҳои шаҳру навоҳии Кӯлобу Хуросону Данғара.

Мо атрофи 59 соли зиндагӣ ва 40 соли ҳамрози мардум буданаш бо ин зани дилбохтаи касби худ суҳбате доштем.

НИГОҲИ ДУВВУМ:

Кӯчаи лойолуди хотираҳо

— Чӣ тавр ба суроғи даврони кӯдакӣ меравед?

— Сари  чанд вақт ба зодгоҳам меравам ва аз ҳар дарахту девор, сангу сафол, хонаву мактаб кӯдакиамро суроғ мекунам. Ҳама чизҳои деҳаи ман бӯй мекунанд, бӯйи кӯдакии ман.

— Кӯдакии Шумо чи гуна гузаштааст?

— Ман он даврони ширинро бо “хола-бозӣ” гузаронидаам. Дар кӯчаамон чанд духтаре буд, ки ҳамагӣ ҳар рӯз дар хонаи мо ҷамъ мешуданд ва мо афсонаҳое мебофтем, ки имрӯз худ қаҳрамонашон шудаем…

— Аз мактаб чӣ монда ба лавҳи хотир?

— Дар синфи дуюм мехондам. Як рӯз муаллим дар тахтаи синф рақами 22 навишт ва аз ман чанд будани рақами навиштаашро пурсид. Ман бошам, 2 ва 2 ҷавоб дода будам.

— Ёд доред, ки охирин бор кай бо ҳамсинфонатон якҷоя вохӯрда, суҳбат карда бошед?

— Соли 2016 мо 40-солагии хатми мактабамонро якҷоя қайд кардем. Ман ҳар вақте ки ба деҳаам равам, ҳатман хона ба хонаи ҳамсинфонам гашта, онҳоро алоҳида-алоҳида мебинам ва аз саломатию рӯзгордориашон бохабар мешавам.

НИГОҲИ САВВУМ:

Таҳсили пинҳонӣ

— Хору хас, сангу кулӯх дар роҳи ба омӯзишгоҳ дохил шудани як духтари деҳотӣ набуд магар?

— Буд-буд, бачам. Ғайр аз гуфтаҳои ту боз дар роҳи таҳсили ман дарёву кӯлҳо ҳам буданд, аммо Худо ба ман кӯмак кард. Аз синфи мо чанд нафар ба шаҳри Кӯлоб барои идомаи таҳсил камар бастанд ва мо нафарони аввалин аз деҳаамон будем. Зиддиятҳо зиёд буданд, хусусан бародарони модарам дар аввал муқобили таҳсили ман буданд ва кор то ҷое расид, ки як соли расои таҳсиламро пинҳонӣ ва бо роҳҳои дарозе, ки тағоҳоям маро набинанд, гузаронидам. Баъдан бо ёрии Худованд ва модарам каме ҳам бошад тағоҳоям аз аспи хашму бадгумонӣ фаромаданду ёрирасонам шуданд.

— Аз даврони таҳсили ним пинҳонию ним ошкороятон ягон лаҳзае ҳаст, ки барои мо қисса кунед?

— Таҳсилам дар Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб бисёр хуб буд. Моро бештар бачаҳои гуруҳамон фиреб медоданд. Дар роҳи хона-омӯзишгоҳ як дарахти тути калон буд ва барои дар паҳлуи мо қадам задан, бачаҳои гуруҳамон моро метарсонданд, ки зери он дарахт аҷина аст. Мо бошем, фақат дар сояи онҳо мерафтему меомадем.

НИГОҲИ ЧАҲОРУМ:

Ҷавоби мактубҳо

— Замони таҳсил дар мактабу омӯзишгоҳ ишқ дар ҷузвдони Шумо буд ё…?

— Вақти мактабхониам ақлам ба ишқу ошиқӣ намерасид. Замоне, ки дар омӯзишгоҳ таҳсил мекардам, ақлам басанда буд, аммо фикре, ки атрофи номам гапи баде пайдо нашавад, нагузоштам, ки касе наздик шавад ба ман. Дар ҳоле, ки чанд ҷавон ба ман таваҷҷуҳ доштанд.

— Хуб, Шумо чӣ тавр шавҳар кардед?

— Ман пас аз хатми омӯзишгоҳ бо роҳхат якуним сол дар Беморхонаи кӯдаконаи шаҳри Кӯлоб ба ҳайси хоҳари шафқат кор кардам. Баъдан шавҳар кардам.

— Бо шавҳаратон чи гуна муносибат доштед пеш аз тӯй?

— Мо пеш аз тӯй ҳамагӣ як маротиба ҳамдигарро дидем. Қиссаи хонадоршавии мо каме аҷиб аст. Вақте ки мо якдигарамонро дидем, шуълаи меҳре фурӯзон шуд. Баъд тарафи мо, намедонам бо кадом сабабе, пайвастани моро нахостанд. Мо бо як вохӯрӣ ва як суҳбат одат кардем ба ҳам. Баъдан илоҷи ба ҳам расиданро бо тасаллӣ додани якдигар ба воситаи мактуб донистем…

— Узр, гапатонро мебурам. Яъне билохира нафаре пайдо шуд, ки Шумо мактуббозӣ кунед?

— Ҳамин тавр, аммо мактубҳои мо аз бекорӣ, бозӣ ва ё хурсандӣ набуданд, балки кӯшиш мекардем ба висоли ҳам бирасем.

— Чӣ, мактубҳо қудрати ба висоли ҳамдигар расонидани Шуморо доштанд? Дар он мактубҳои аввалу бароятон азиз, кадом ҷумлаҳо навишта шуда буданд?

— Ҳар мактуби дилдорро пас аз хонданам ба болои ҷевонамон мегузоштам, ки хонагиҳо ҳама бихонанд ва аз ҳолати мо бохабар шаванд. Масалан вай рӯзе навишта буд: “Ҳаракат кун ба висоли ҳам бирасем, ман туро дӯст медорам!”. Ҷавоби ман чунин буд: “Ман кӯшиш карда истодаам, ки мо якҷо шавем ва ба ин боварӣ дорам…”. Ба ҳамин монанд. Душвортарин кор дар ҳаётам ҷавоб гардонидан ба мактубҳо буд.

НИГОҲИ ПАНҶУМ:

Гиря дар сӯги падар

— Тавре медонем, Шумо оғӯши падарро ба хотир надоред. Ҳамин тавр?

— Бале, натанҳо оғӯш, балки дар ёдам нест навозишҳо, духтарамгӯиҳояш… Лекин…

— Се нуқтаи пас аз “лекин” чӣ маъно дорад?

— Аз падарам як хотира дорам. Ман хуб дар хотир дорам, ки падарам дар пушташ захме дошт ва аз дарди он азият мекашид. Вақте ки калон шудам, аз модарам ҳақиқат ё хоб будани онро пурсидам. Модарам гуфтанд, ки дар ҳақиқат дар пушти падарам захме буда ва он вақт ман якунимсола будаам.

— Дар сӯги падар гиря накардан чӣ маъно дорад?

— Мурдан хубтар аст, аммо фаҳмиши ман намерасид.

— Ҳоло ҳам барои падар  гиря мекунед?

— Бале, бе ин намешавад. Ҳар вақте ки ба мотамхонае равам, чанд дақиқае барои падарам мегирям.

НИГОҲИ ШАШУМ:

Табиби дилҳо

— Харитаи зиндагӣ давоми роҳи ҳаётатонро чӣ гуна нишон дод?

— Ман дар ноҳияи Хуросон 12 сол бо шавҳарам зиндагӣ кардам. Соҳиби 4 фарзанд шудем. Зиндагиамон бисёр хуб буд. Соли 1986 дар ноҳияи Данғара деҳае бо номи Чорсада бунёд шуд. Сокинони деҳа аз ноҳияи Комсомолобод муҳоҷир шуда буданд. Шавҳари ман, ки биносоз буд, дар ҳамон деҳа хонааш доданд. Мо аз Хуросон ба Данғара кӯч бастем. Рости гап, пас аз омаданам пушаймон шуда будам. Зеро дар макони нави зисти мо, ки навбунёд буд, ба ҷуз дашти хоктудае дигар чизеро дидан мумкин набуд. Пас аз андаке барои ман як вагон ҷудо карданд, то ба мардум хизмати тиббӣ расонам. Дар як вақт ба мардуми 6 деҳа хизмат мерасондам. Ҳамин тавр, дар ин ҷо мо боз соҳиби 3 фарзанди дигар шудем. Шавҳарам инсони хуб буд, боре гапи мо ду нашуда буд.

— Тавре медонем, ҳоло шавҳаратон дар қайди ҳаёт нестанд…

— Дуруст. Пас аз ҷанги шаҳрвандӣ зиндагӣ мушкил шуд. Нон пайдо кардан душвор шуд. Яку якбора 4 фарзанди мо дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ таҳсил мекарданд. Ноилоҷ шавҳарам ба Русия коркунӣ рафт. 23-юми феврали соли 2002 рафт ва 24-уми апрели ҳамон сол мурдаашро оварданд.

— Зиндагӣ вазнинтар, гиряҳо аёнтар, ғамҳо зиёдтар, нон камтар, кори саҳро зиёдтар…

— Зиндагиам мушкилтар шуд. Бо кори саҳро тавонистам, ки фарзандонамро хононам. Ҳоло охирин фарзандам дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон таҳсил дорад.

— Зиндагиатон кай ранги дигар гирифт?

— Вақте ки дуюмбора барои зери об мондани яке аз деҳаҳои ноҳияи Нуробод мардуми зиёде ба Данғара кӯчонида шуданду деҳаи Чорсада-2 бунёд шуд. Ман дар ин деҳа духтур интихоб шудам ва сокинонашро мисли сокинони деҳаи худам ҳар рӯз хабар мегирам. Ногуфта намонад, ки дар деҳаи навбунёд бунгоҳи тиббӣ бо тамоми шароитҳои замонавӣ сохта, калидашро ба дасти ман доданд.

— Одат, муҳаббат ва ё тақозои касб аст, ки Шумо хона ба хона мегардед?

— Ман ҳамаи вариантҳои пешниҳодкардаатонро қабул дорам ва ба фикрам, ба хотири ҳамааш аст рафтуомадам. Зеро, вақтҳое мешавад, ки ба хонаҳое меравам, ки бемор надоранд ва ин рафтанҳоро метавон аз муҳаббат ва аз рӯйи одат номид.

 

НИГОҲИ ҲАФТУМ:

Танҳоӣ, гул, суруд

 

— Аз мушкилиҳо ба куҷо мегурезед?

— Ба танҳоӣ.

— Дар танҳоӣ чӣ кор мекунед?

— Гул мекорам.

— Вақти гулкорӣ суруд мехонед ё фикр мекунед?

— Суруд мехонам.

— Садоятон хаста  мабод!

Суҳбати Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

Душанбе-Данғара-Душанбе

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here