Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 16 то 17 октябр дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор шуда, дар водиҳо борон ва дар баландии 1000 м барф дар назар аст.

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок дар назар буда,   дар ғарби вилоят шабона -2+3, рӯзона 11+16 ва дар шарқи ин вилоят шабона -11-16 ва рӯзона -1+4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок   шуда,  шамол аз самти ғарб 3-8    метр ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона +8+13 ва рӯзона +14+19  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона +6+11 ва рӯзона 17+22  дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда,  ҳарорат шабона ба +2+7  ва рӯзона ба +15+20 дараҷа  мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда    дар назар буда, ҳаво шабона +3+5 ва рӯзона +17+19  дараҷа гарм мешавад.

Добавить комментарий