Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз 16 то 17 октябр дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор шуда, дар водиҳо борон ва дар баландии 1000 м барф дар назар аст.
Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок дар назар буда, дар ғарби вилоят шабона -2+3, рӯзона 11+16 ва дар шарқи ин вилоят шабона -11-16 ва рӯзона -1+4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +8+13 ва рӯзона +14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона +6+11 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат шабона ба +2+7 ва рӯзона ба +15+20 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар буда, ҳаво шабона +3+5 ва рӯзона +17+19 дараҷа гарм мешавад.