Вазири фарҳанги Русия Олга Любимова ба бемории коронавирус мубтало шудааст. Тибқи иттилои хадамоти матбуотии Вазорати фарҳанги Русия, бемории Олга нисбатан сабук буда, ӯ дар хона ба табобат машғул аст.

Ин манбаъ мегӯяд, ки Олга Любимова корҳои худро тариқи фосилавӣ анҷом медиҳад.

– Натиҷаи санҷиши коронавируси вай мусбат баромад. Вазир дар хона буда, маҷлису конфронсҳоро ба таври видиоӣ анҷом медиҳад. Беморияш он қадар вазнин нест, – омадааст дар иттилоияи хадамоти матбуотии вазорат.

Чанд рӯз пеш, сарвазири Русия Мишустин низ гирифтори коронавирус шуда, дар беморхона бистарӣ шуда буд.

Добавить комментарий