Вазири фарҳанги Русия Олга Любимова ба бемории коронавирус мубтало шудааст. Тибқи иттилои хадамоти матбуотии Вазорати фарҳанги Русия, бемории Олга нисбатан сабук буда, ӯ дар хона ба табобат машғул аст.

Ин манбаъ мегӯяд, ки Олга Любимова корҳои худро тариқи фосилавӣ анҷом медиҳад.

— Натиҷаи санҷиши коронавируси вай мусбат баромад. Вазир дар хона буда, маҷлису конфронсҳоро ба таври видиоӣ анҷом медиҳад. Беморияш он қадар вазнин нест, — омадааст дар иттилоияи хадамоти матбуотии вазорат.

Чанд рӯз пеш, сарвазири Русия Мишустин низ гирифтори коронавирус шуда, дар беморхона бистарӣ шуда буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here