Коллеҷи давлатии тиббии шаҳри Кӯлоб яке аз маъруфтарин муассисаҳои миёнаи тиббӣ дар минтақаи Кӯлоб ба ҳисоб рафта, нахустин маротиба соли 1953 ҳамчун мактаби тиббии шаҳри Кӯлоб ва соли 1954 чун «Омӯзишгоҳи тиббӣ» бо муҳлати сесолаи таҳсил таъсис дода шудааст.

Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб бо соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996 ба Коллеҷи тиббӣ табдил дода шуда, дорои 2 бинои таълимии дуошёнаи бо тамоми шароитҳо муҷаҳҳазгардонида мебошад. Муассисаи мазкур дар тӯли фаъолияти худ даҳҳо ҳазор мутахассисони соҳаи тибро тарбия намуда, дар хизмати халқу Ватан қарор додааст ва алъон низ на танҳо дар минтақа, балки дар тамоми кишвар маъруфият дорад. Айни замон аз 47 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ донишҷӯён дар он ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин худ гувоҳ аз маъруфияти коллеҷ аст.

Дар коллеҷ ба донишҷӯён 5 нафар устодони унвонҷӯй, 2 нафар кормандони Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар дорандаи медали Хизмати Шоиста, 18 нафар аълочиёни маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 нафар аълочиёни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 34 нафар дорандаи дараҷаи тахассуси олӣ; 13 нафар дорои дараҷаи I, 14 нафар дараҷаи II дарс мегӯянд, ки ин худ аз сатҳи баланди таълим дар коллеҷ шаҳодат медиҳад.

Шӯъбаҳо, ихтисосҳо ва кафедраҳо

Аз суҳбат бо директори коллеҷ Назаров Ҷумахон маълум шуд, ки дар Коллеҷи давлатии тиббии шаҳри Кӯлоб 5 шуъба — шуъбаи «Кори табобатӣ», шуъбаи «Кори ҳамширагӣ», шуъбаи «Кори момодоягӣ», шуъбаи «Кори фарматсевтӣ, «Кори дандонсозӣ», «Кори тиббӣ — профилактикӣ», «Кори тиббӣ-ташхисӣ», шуъбаи «Кори фарматсевтӣ ва ҳамширагии шабона» ва гуруҳҳои мақсаднок амал мекунанд. Дар доираи шуъбаҳои номбурда муҳассилин аз рӯи ихтисосҳои зерини миёнаи тиббӣ таҳсил мекунанд:

1.Кори табобатӣ 2 — 790101 (тахассус — ҳамшираи тибби оилавӣ).

2.Кори ҳамширагӣ 2 — 790106 (тахассус — ҳамшираи тиббӣ).

3.Кори момодоягӣ 2 — 790102 (тахассус — момодоя).

4.Кори фарматсевтӣ 2 — 790108 (тахассус — ёрдамчии фарматсевт).

5.Кори дандонсозӣ 2 — 790133 (тахассус — техники дандон).

6.Кори тиббию ташхисӣ 2 — 790104 (тахассус — лаборант).

7.Кори тиббию профилактикӣ (тахассус — ёрдамчии табиби гигиенист, эпидемиолог ва санитарӣ).

Ба ғайр аз ин, дар коллеҷ 6 кафедраи фаннӣ — кафедраи фанҳои гуманитарӣ, кафедраи забонҳо, кафедраи морфологӣ, кафедраи умумитибб ӣ ва биологӣ, кафедраи корҳои ҳамширагӣ ва тибби оилавӣ, кафедраи ҷарроҳӣ амал мекунанд, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва касбияти муҳассилин саҳми арзанда мегузоранд.

Шумораи устодон ва донишҷӯён

Дар коллеҷ 111 нафар омӯзгорон кор ва фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 72 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Шумораи омӯзгорони соатбайъ ва ҳамкор 312 нафар мебошанд. Аз шумораи омӯзгорони асосӣ 51 нафарашон омӯзгорони фанҳои тиббӣ ва 60 нафар омӯзгорони фанҳои ғайри тиббӣ мебошанд. Ғайр аз ин, 212 нафар омӯзгорон дар басти дуҷойягӣ кор мекунанд.

Шумораи умумии донишҷӯён дар коллеҷи тиббӣ дар соли хониши 2018-2019-ум 4011 нафарро ташкил медиҳад (1962 нафар гуруҳҳои буҷавӣ ва 2049 нафар гуруҳҳои шартномавӣ), ки аз ин шумора 3155 нафарашон духтарон буда, аз 47 ноҳияҳои кишвар гирд омадаанд. Коллеҷ инчунин дар ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод, Ш. Шоҳин ва Ховалинг гуруҳҳои мақсаднок дорад, ки дар онҳо 483 нафар муҳассилин ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар соли хониши 2018-2019 дар курсҳои якум Низомнома оид ба ташкили ҷараёни таълим дар низоми кредитии таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ амалӣ карда шудааст.

Таҷрибаомӯзӣ чун муҳимтарин бахши таълим

Ба қавли директори коллеҷ Ҷумахон Назаров, дар муассиса таҷрибаомӯзии донишӯён қисми асосии раванди таълимӣ ба ҳисоб рафта, ҳадафи асосии он мустаҳкам намудани дониши назариявии донишҷӯён аст. Тибқи нақшаи таълимие, ки аз тарафи маъмурияти муассиса тасдиқ шудааст, таҷрибаомӯзии донишӯён бо се усул гузаронида мешавад:

1. Таълимӣ — (бо таълими назариявӣ).

2. Таълимӣ — истеҳсолӣ (бе таълими назариявӣ).

3. Қабл аз дипломӣ (таҷрибаомӯзӣ дар ҷои кор).

Дар рафти боздид аз синфҳои ихтисос ӣ, лабораторияҳо ва синфҳои тибби оилавӣ мушоҳида намудем, ки тамоми синфхонаҳо бо асбобҳои аёнӣ, муляжҳо ва дигар лавозимоти таълимии тиббӣ комилан муҷаҳҳаз гардонида шуда, ҳама шароит барои азхудкунии касби интихобкардашуда муҳайё карда шудааст.

Бо роҳнамоии муовини директор оид ба таълим Ҳакимова Латофат мо аз тамоми синфхонаҳо ва лабораторияҳо дидан кардем. Дар рафти сайри яксоатаи сифхонаҳо ва лабораторияҳо маълум шуд, ки бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи Институти Шветсариягии бемориҳои тропикӣ ва тандурустии оммавӣ 4 ҳуҷраи таълимии амалӣ бо ҳамаи шароитҳои хозиразамон муҷаҳҳаз гардидаанд. Аз ҷумла 4 маникени таълимию амалӣ, ки бо компютер пайваст мебошанд, муляжҳо, тарозуҳои тиббӣ, катҳои бисёрвазифавӣ, глюкометрҳо, ҷабираҳо, тренажёрҳо, барои тазриқи доруҳо, тренажёрҳои акушер-гинекологӣ, термометрҳо ва танометрҳои электронӣ, тобидаҳои хунманъкунанда, сониясанҷҳо барои чен кардани набз, стетоскопҳои таълимӣ, асбобҳои ҷарроҳии гуногун, аробачаҳои тиббӣ барои маъюбон, муляжҳои кӯдакона, зонтҳои тиббӣ, мизу курсиҳо, проекторҳо, дастпӯшакҳои тиббӣ, қуттиҳои қатрон ӣ дар ҳамаи дарсҳои амалӣ истифода бурда мешавад. Донишҷӯён дар дарсҳои амалӣ бевосита бо онҳо кор мекунанд ва донишу касбияти худро сайқал медиҳанд.

Коллеҷи давлатии тиббии шаҳри Кӯлоб дорои кабинетҳои фаннии бо ашёҳои фаннӣ ва овезаҳои таълимӣ муҷаҳҳазгардонидашудаи физика, кори ҳамширагӣ, фалсафа, гигиена, толори лексионӣ, информатика, педиатрия, таърих, кимиё, физиотерапия, асосҳои равоншиносии умумӣ, забони лотинӣ, забони тоҷикӣ, забони русӣ, забони англисӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон буда, ба талаботи барномаҳои таълимии имрӯза комилан мувофиқат мекунанд ва дар онҳо дарсҳои назариявию амалӣ аз тарафи устодони таҷрибадор гузаронида мешаванд.

Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб инчунин бо 32 муассисаҳои тиббию табобатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб шартномаи  байниҳамдигарӣ ба имзо расонидаааст, ки дар онҳо 60 ҳуҷраҳои таълимӣ вуҷуд доранд. Донишҷӯён дар муассисаҳои номбурда таълими амалӣ мегиранд ва дастурамалҳои заруриро аз худ менамоянд. Дар бинои асосии коллеҷ инчунин шуъбаи дандонсозӣ вуҷуд дорад, ки дар он ҳам ба корафтодагон хизмат расонида мешавад, ҳам донишҷӯён бевосита дар рафти кори дандонсозӣ ва андозагирӣ иштирок намуда, таҷриба мегиранд.

Маркази технологияи иноватсионӣ

Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб маркази технологияи инноватсионӣ мавҷуд аст, ки дорои 5 синфхонаи компютерӣ ва 100 адад компютер буда, 10 ададаш бо шабакаи интернет пайваст мебошад. Маркази тестии муассиса бошад, комилан нав буда, дар толори он 32 компютер ба шабакаи интернет пайваст карда шуда, донишҷӯён дар рафти супоридани имтиҳонҳо бевосита аз он истифода мебаранд.

Китобхона

Китобхонаи коллеҷ соли 1953 таъсис дода шуда, дар бинои таҳхонаи коллеҷ ҷойгир шудааст. Шумораи умумии китобҳо 16659 ададро ташкил медиҳад, ки 5725 адади онро китобҳои тахассусӣ, 2814 ададашро китобҳои бадеӣ ва сиёсӣ ва 8120 ададро китобҳои дарсӣ ташкил медиҳанд. Коллеҷ инчунин дорои китобхонаи электрон ӣ буда, дар умум 2600 нафар донишҷӯён ва 100 нафар омӯзгорон ба он аъзо мебошанд.

Хобгоҳ

Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб дорои хобгоҳи чорошёна буда, дар он 450 нафар донишҷӯйдухтарон истиқомат мекунанд. Донишҷӯёни нимаятим ва ятимони кулл ба таври ройгон бо ҷои хоб таъмин карда мешаванд. Хобгоҳ бо ҳама шароити зист — бо  ҷевон, рахти хоб, мошини ҷомашӯӣ, ташноб, ҳуҷраи оббозӣ, кӯрпа, телевизори замонавӣ, ҷой барои хӯрокпазӣ таъмин мебошад. Инчунин, хобгоҳ дорои ошхонаи хуб аст. Дар нақша аст, ки бинои нави хобгоҳ дар соли оянда ба истифода дода шавад. Дар он сурат муассиса имконият пайдо хоҳад кард, ки ҳуҷраҳои бештареро барои истиқомат ба донишҷӯёни эҳтиёҷманд ҷудо намояд.

Дар коллеҷ 17 нафар ятимони кулл таҳсил мекунанд, ки 12 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Ятимони кулл ҳамеша зери дастгирии роҳбари муассиса қарор дошта, ба онҳо идрорпулӣ аз тарафи муассиса ва соҳибкорон дода шуда, инчунин рӯзҳои ид, ҷашнҳо онҳо бо тӯҳфаҳо ва кӯмакпулиҳои махсус қадр карда мешаванд.

Корҳои созандагию бунёдкорӣ

Дар соли 2018 дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб бисёр пешравиҳо роҷеъ ба созандагию бунёдкорӣ, ободонӣ ба чашм мерасанд, ки мувофиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудаанд. Аз ҷумла аз таъмири пурра баровардани хобгоҳи донишҷӯён, болопӯш кардани биноҳои таълимии коллеҷ, таъмири таҳхонаҳои бинои асосии коллеҷ, тайёр намудани синфхонаҳои таълим ӣ, таъмири китобхона ва ошхона барои донишҷӯёну омӯзгорон дар таҳхонаи бинои асосӣ, ба истифода додани 1 синфхонаи нави компютерӣ бо 35 адад компютер, ба истифода додани маркази таълимӣ — истеҳсолӣ, лабораторияи ташхиси бактериологӣ барои донишҷӯён, таъмин намудани 5 синфхонаи замонавӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва таъмини кафедраи кори ҳамширагӣ ва тибби оилавӣ бо воситаҳои айёнӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин, коллеҷ дорои як толори калони варзишӣ ва як майдончаи варзишӣ мебошад, ки ба талаботи рӯз комилан ҷавобгӯ аст.

Корҳои тарбиявӣ

Аз суҳбат бо директори коллеҷ Ҷумахон Назаров ва омӯзгорону хонандагон маълум шуд, ки сатҳи корҳои тарбиявӣ дар коллеҷи мазкур дар муқоиса ба солҳои пешин беҳтар гашта, сифати дарсҳои тарбиявӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Ба ғайр аз дарсҳои назарявию амалӣ барои ба роҳи дуруст ҳидоят намудани муҳассилин дар коллеҷ бо кормандони мақомоти қудратӣ чандин маротиба вохӯриҳо ташкил карда шуда, дар масъалаҳои доғи рӯз, шомил нашудан ба гуруҳу ҷараёнҳои мазҳабӣ — экстремистӣ — ифродгароӣ, суҳбату баромадҳои ҷолиби диққат гузаронида мешаванд, ки дар шароити кунунӣ гузаронидани чунин суҳбатҳо аҳамияти барҷаста доранд.

Нашрияи «Дармонбахш»

Коллеҷ нашрияи шахсии худро бо номи «Дармонбахш» дорад, ки дар он мақолаҳои устодону донишҷӯён ба чоп расида, ҳаёту фаъолияти донишҷӯён, табибон, фаъолияти донишҷуён дар гуруҳҳои мақсадноки ноҳияҳои Восеъ, Ховалинг, Муъминобод, Ш. Шоҳин инъикос карда мешавад.

Иштирок ва ғолибият дар озмунҳои тахассусӣ ва варзишӣ

Донишҷӯёни коллеҷ ҳамасола дар моҳи май дар олимпиадаҳои фаннӣ ва касбии тахассусӣ дар байни муассисаҳои тахсилоти миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат меварзанд. Аз ҷумла, соли равон онҳо дар озмунҳои касбӣ ва тахассусӣ байни коллеҷҳои тиббии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муваффақият баромад карда, сазовори ифтихорномаҳо гардидаанд.

Дастовардҳои донишҷӯён дар бахши варзиш хеле зиёд аст. Дар мусобиқаи шаҳрӣ бахшида ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба волейбол байни духтарон ва писарон ҷои 1-ум ва дар баскетбол ҷои 2-юмро соҳиб шуданд. Дар соли 2018 Спартакиадаи XI-уми ҷумҳурияв ӣ аз намуди волейбол дар байни коллеҷ ва донишгоҳҳо гузаронида шуд. Дастаи писарони волейболи коллеҷ дар ин спартакиада сазовори ҷойи 1-ум ва дастаи футболбозони писарона сазовори ҷойи 1-ум гардиданд.

Дар чемпионати ҶТ оид ба чавгонбоз ӣ дар соли 2018 Давлатов Комрон  ҷои дуюм, дар чемпионати ҶТ оид ба тенниси рӯимизӣ Раҳматуллоева Бунафша ҷои сеюмро соҳиб шуд.

Мисолҳои мазкур гувоҳи онанд, ки донишҷӯёни коллеҷи мазкур танҳо бо омӯзиши касби духтурӣ қаноат накарда, дар ҳама соҳаҳо нерӯи зеҳнӣ ва  ҷисмонии худро тақвият бахшида, обрӯи коллеҷро на танҳо дар минтақа, балки дар кулли кишвар боло мебаранд.

Омодасозии мутахассисони ба меъёр ҷавобгӯ

Роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ҳама нерӯи созандаи хешро баҳри тайёр намудани мутахассисони миёнаи касбии тиббии  ҷавобгӯ ба меъёрҳои давлатӣ харҷ намуда, бо мақсади вусъати минбаъдаи фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва ҷабҳаҳои дигари ҳаёти коллеҷ татбиқи чораҳои зеринро шарти асосӣ медонанд:

— дар раванди таълим истифода бурдани усулхое, ки фаъолнокии донишҷӯёнро бедор мекунад;

— ҷалби донишҷӯён ба машғулиятҳои фардӣ ва иловагӣ;

— ҷоннок намудани кори таълифи дастуру мақолаҳои илмӣ, методӣ ва таълимӣ;

— ҷалб намудани омӯзгорону шогирдони лаёқатманд ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ;

— ҷоннок сохтани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ дар тарбияи донишҷӯён;

— таваҷҷӯҳи махсус додан ба вазъи хобгоҳ ва ҷоннок намудани корҳои тарбиявӣ байни истиқоматкунандагон ва донишҷӯёне, ки дар хонаҳои иҷоравӣ зиндагонӣ мекунанд;

— иштироки фаъоли маъмурият, омӯзгорон ва тамоми донишҷӯёни коллеҷ дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсии шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ.

Як бартарияти хуби коллеҷи мазкур дар он аст, ки аксари хатмкунандагонаш тибқи шартнома ба кор фаро гирифта мешаванд ва ин обрӯву нуфуз ва рейтинги муассисаро боз ҳам болотар мебарад. Қабул ба коллеҷи мазкур ба воситаи ММТНП ҶТ сурат гирифта, ба онҳое, ки нияти таҳсил дар коллеҷро доранд, кафолати пурраи вориси воқеии Абӯалӣ ибни Сино шудан дода мешавад.

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР,

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here