Зиндагӣ барои ҳар фарде арзишу маъниҳои хоси худро дорад. Яке барои некиҳое, ки аз дигарон ба ӯ мерасад, изҳори миннатдорӣ мекунаду дигаре барои суханҳои ширину омӯзанда ва саввумӣ баҳри амалҳои шоиставу созандае, ки барояш анҷом медиҳанд. Аммо, ба андешаи мо, ба ҳар инсоне чизи аз ҳама муҳим кори неку номи накӯст, ки барои абадият боқӣ мемонад, на мансабу мақоми воло.

Чунончи бузургони хирадофарини мо ин маъниро зебо сурудаанд:

На ба мансаб бувад баландии мард,

Балки мансаб шавад ба мард баланд.

Андешаҳои созандаи башар дар ҳар давру замоне муҳаррики рушду тараққии ҷомеа будаву ҳастанд. Бахусус бузургони хирадварзамон осори арзишманде ба мерос гузоштаанд, ки он на танҳо ифтихори мо форсизабонон, балки мероси гарони умумибашарӣ маҳсуб мешавад. Вижагии дигари бузургон он буда, ки онҳо на танҳо дар як риштаву соҳа, балки дар чанд замина гули сари сабади маҳофилу маҷолис будаанд. Ва дар ин амр худро мадюни устодону муаллимоне медонистанд, ки аз сари сидқу ихлос ҳарфе ба онҳо омӯхтаанд, ки ин вижагӣ ба ҷомеаи дирӯзу имрӯзи мо сидқ мекунад. Умуман, аз қадимулайём эҳтиром ба устод ё бузургтар аз худ аз хислатҳои ҳамидаи мардуми тоҷик будааст. Чунончи Сайидо ин маъниро мӯшикофона ба риштаи назм кашида, мефармояд, ки бузургон ба манзалаи об дар фасли тирамоҳ софу беолоишанд, ки таҷрибаи зиндагиашон омӯзанда аст:

Роҳи равшан зи бузургони кӯҳансол биталаб,

Обҳо соф дар айёми хазон мегардад.

Воқеан, инсон бузург намешавад ҷуз ба аъмолу хидматҳои шоистааш ба мардум, ки дар ҳар давру замоне он сарчашмаи илҳоми бузургони илму хирад будаву ҳаст. Яке бо рафтори инсонӣ, дигаре бо ахлоқи ҳамида ва саввумӣ бо хизматҳои шоистааш гули сари сабади маҳофили ҳунарию адабӣ буда, аммо ба фармудаи шоир, ҳеҷ ибодате волотар аз хизмат ба халқ нест:

Сад масҷиду сад работ обод кунӣ,

Сад банда ба зар харида озод кунӣ.

Сад сол ба рӯза бошию шаб ба намоз,

Беҳ з-он набувад, ки як диле шод кунӣ.

Тавре зикр гардид, арзишу маънавиятро ҳар нафар аз хидмат ба мардум касб мекунад. Чунончи нафаре, ки ҳоло тасмим дорем дар муаррифиаш чанд сухан бигӯем, яке аз пизишкони исодами масеҳонафас аст, ки ҳамеша дар хидмати мардум будаву ҳоҷоташонро ба наҳви аҳсан бароварда намудааст. Ӯ Ибодов Неъматулло Соҳибович, номзади илмҳои тиббӣ, уролог (пизишки амрози гурда), корманди Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии урологӣ» мебошад, ки 6-уми декабри соли 1964 дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд шуда, пас аз хатми мактаб соли 1982 вориди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино гардида, соли 1988 онро бо дарёфти тахассуси «Духтури муолиҷавии пизишк-уролог» хатм намудааст. Чун дар тинанаш меҳри табиб шудан ҷӯш мезад, ҳамон сол ҳамчун духтури бахши урологӣ дар Бемористони марказии ноҳияи Ховалинг ба фаъолият оғоз намуд. Аз соли 1988 то 1990 дар бемористони марказии ноҳияи Ховалинг фаъолият намуда, тайи солҳои 1990-1993 дар бемористони марказии ноҳияи Восеъ фаъолиятро идома медиҳад. Аз соли 1993 то 1995 ҳамчун ординатори клиникии кафедраи урологии ДДТТ ба номи Ибни Сино фаъолият намуда, соли 1995-1996 табиб-урологи шуъбаи урологияи бемористони ба номи А. Дяков ва аз соли 1996 то 2009 мудири амалиёти ҷарроҳии шуъбаи урологияи ҳамин бемористон мегардад. Номбурда аз соли 2009 то соли 2014 ҳамчун мудири шуъбаи 1-уми урологии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва соли 2014-2015 муовини директор оид ба корҳои табобатии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии урологӣ» ва аз 7-уми августи соли 2015 то кунун директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии урологӣ»-и шаҳри Душанбе мебошад.

Албатта, расидан ба чунин мақом барои Ибодов Неъматулло кори саҳлу осон набуд, вале ӯ барои расидан ба инчунин ҷойгоҳ талошу заҳматҳои зиёд кашидааст. Чунончи, зимни дидори ахир изҳор намуд, ки «барои расидан ба ҳадафам ҳаргиз даст аз талошу кӯшиш барнадоштам ва ин байти Сайидои Насафӣ ҳамеша шиори корам буд:

Рӯзӣ насиби кас ба нишастан намешавад,

Бояд чу осиё зи пайи обу дона рафт».

Ӯ ҳарчанд аз назари ахлоқӣ ва фаъолияти касбӣ сахтгир аст, аммо дар ҳаёт инсони наҷибу хоксор ва ҳалиму меҳрубон аст. Тавре ки афроди корафтода борҳо аз бархӯрди муаддабона ва муолиҷаи ҳирфаияш суханони нек гуфтаву дар расонаҳо дар васфаш суханони нек иброз намудаанд.

Дӯстону ҳамкоронаш зимни ёдоварӣ аз ахлоқи ҳамидаи Ибодов Неъматулло меафзоянд, ки ӯро пайваста дар ҳоли омӯзишу таҷриба ва муолиҷаи беморон мебинанд. Яке аз онҳо бо зикри кирдорҳои шоистааш афзуд, ки ӯ ҳаргиз дар заминаи муолиҷаи беморон ба шитобкорӣ роҳ намедиҳад. Нахуст сабабу таърихи беморӣ ва доруҳои пештар масрафнамудаашро хуб омӯхта, пасон даст ба кор мешавад ва ҳамин амали оқилонааш сабаб гардида, то дар муолиҷаи зудҳангоми беморон муваффақ шавад. Зимни нишастҳои корӣ ҳамеша ба ҳамкорон тазаккур медиҳад, ки агар мутахассиси ягон соҳа ба иштибоҳ роҳ диҳад, шояд имкони ислоҳи он мавҷуд бошад, аммо барои пизишкон иштибоҳ кардан баробар бо марги ягон нафар аст. Ин мавзуро ҳамеша дар мадди назар дошта, мегӯяд, ки дар ҳар коре масъулиятшинос будан қадами аввалини муваффақият аст. Борҳо аз забони номбурда шунидаам, ки мегуфт, ба даст овардани обрӯю эътибор ё номи баланд кори яке дурӯза набуда, балки замон ниёз дорад. Дар тасдиқи суханаш байти зерини Соиби Табрезиро ёдовар мешавад:

Агар номи баланд аз даҳр хоҳӣ, сабр кун, Соиб,

Зи пастӣ метавон рафтан ба бом оҳиста-оҳиста.

Албатта, роҷеъ ба ахлоқу одоб, кору пайкор ва фаъолиятҳои касбии вориси ҳақиқии Сино — Ибодов Неъматулло Соҳибович ҳар қадар суханҳои арзишманду воло бигӯем, боз ҳам кам аст. Аз ин рӯ, ба ҳамин чанд сухан иктифо намуда, даст ба дуо мебардорем ва нахуст аз даргоҳи яздони пок ва сониян аз руҳи пурфутуҳи пири табибон — Ибни Сино барои номбурда саломатии бардавом, тану руҳи солим ва муваффақияту пирӯзии комил таманно менамоем.

Фаррухи ҲУСЕЙН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here