Бо хунук шудани ҳаво дари ҳар яки моро хоҳ нохоҳ шахсе бо номи Беморӣ (дар баъзе ҷойҳо Касалӣ низ номаш мебаранд) мекӯбад. Агар худро сахт эҳтиёт кунед, шояд ба шумо кордор нашавад. Ё мумкин, акаи Беморӣ вақте намеёбад, то дари баъзеи моро кӯбад!? Илоҳо ҳеҷ якамонро суроғ накунад ин шахс. Мегӯянд меҳмон атои Худосту аммо аз ин гуна меҳмон ҳамаро нигоҳ дорад.

Эҳҳ, боз ҷоғам тафсиду аз мавзуъ дур шудам-ку. Мехостам таърихи меҳмондории акаи Бемориро аз ҷониби банда нақл кунам. Машғули кор будам, ки ногоҳ занге омад, телефони маҷозиро нигаристам, рақамҳои шиноси ноошно. Аҳамияташ надодам. Ҳамин минвол чанд маротибаи дигар смс-паёмҳои огоҳикунанда омаданд. Аммо боз бо либоси тунук машғули кор шудам. Пасон ба кӯча баромадам, зери ҳавои сард сайругашт намудам. Ба қавли худам, амаки Бемориро тарсонидам. Хулласи гап, шаб соатҳои як ё ду буд, ки касе дари ҷисмамро бераҳмона ба кӯфтан даромад. Оқибати нохушеро ҳис намуда, дарро ба рӯяш боз накардам. Аммо мани содаи аз деҳ омада аз куҷо донам, ки ин Бемории шаҳрӣ ба мисли Касалии деҳотии мо сода набудааст!? Даррав аз ҷайбаш чизе калидмонандро бароварду дарро кушода дохили ҷисмам гардид. Сӯям бо тамасхур нигоҳ карду гуфт:

— Чанд бор огоҳат кардам, ки бо либоси тунук дар ҳавои хунук кор накун… Аммо писанд накардӣ. Ана акнун сазоятро мегирӣ! Шумо одамҳо аҷаб ноинсофед, охир худро эҳтиёт намекунеду маро маҷбур месозед, то меҳмонатон шавам. Пас маро «берӯ» гӯён таъна мезанед. Чӣ, магар ба ман низ мефорад, ки хоби ширини худро ҳаром карда, ба инҷо омадаву то саҳар бо ту нишинам?

Ҳарчанд доруяш додам, таваллояш намудам, ин амаки якрав ба гап надаромад. Ҳамин минвол, то саҳар маро азоб дод… Бо дамидани субҳ, нигарам, рафтанӣ нест. Гӯширо гирифтаму ба аҷали беморӣ (духтур) занг задам. Пас аз баёни мақсаду гуфтани суроға, телефонро хомӯш кардам накардам, ки аллакай болои сарам духтурҳо истода буданд. Амаки Бемор пас аз дӯғу пуписаи акаи духтур аз назди ман рафт. Фариштагони наҷот ба ин ҳама қонеъ нашуда, маро ҳамроҳи худ ба бо мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхон бурданд. Пас аз супоридани ташхису гузаштан аз муоинаи табибони ҳозиқ, маслиҳатҳо гирифта, аз назди эшон берун шудам.

Соат 7:16 дақиқа. Берун сарду торик. Савори автобус хона рафта истода, худро мазаммат намудам:

— Ба мошини ёрии таъҷилӣ савор шуданро ки орзуву реҷа карда будаӣ, о мемурӣ фикри бозгаштро низ кунӣ?!…

Ҳамин тавр, бо мошини ёрии таъҷилӣ бурданду бо автобуси пур ба хона омадам…

Бахтиёр РАҲМАТУЛЛОЕВ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here