Шумо ҳоло ба қароре омадед, ки аз ин ба баъд ба варзиш машғул шавед. Вале намедонед аз чӣ сар кунед? Доктор Олаф Ленсен, сармушовири “Маркази ғизои Вивантез”-и Олмон омода аст ба шумо маслиҳат диҳад. Матлаби зер дар ҳамин бора аст.

Агар шумо мехоҳед ба варзиш машғул шавед, пас бояд аз чӣ оғоз кунед? Оё барои ин зарурати гузаштан аз ягон тест вуҷуд дорад? Ва ё таҳлили хун гузаронд ва аз муоинаҳои дигари тиббӣ, аз қабили санҷиши кори дил гузашт?

Ин вобаста ба вазъи саломатӣ ва синну соли шумост. Маъмулан мо тавсия медиҳем, ки аз ташхиси махсуси варзишӣ ва тиббӣ гузаред, то яқин шавад, ки варзишкори оянда модарзод ба бемории дил гирифтор нест, ба гипертония, бемориҳои рагу дил ва ё шуш мубтало нест.  

Ин ташхисҳо маъмулан аз электрокардиография, ташхиси маҷмуъии тиббӣ, аз ҷумла санҷиши фишори раги шарён, сатҳи қанд дар хун, нишондоди гурдаҳо, таҳлили газ дар хун ва ғайраро дар бар мегирад.  

Оё мумкин аст, ки то ва баъди варзиш ғизо хӯрд?

Як соат пеш аз машқ варзишкор бояд ғизоҳои зудҳазмшавандаи дорои карбогидрадҳои нерӯманд ва камравған ва клетчатка (моддаи пардаи ҳуҷайраи рустаниҳо) истеъмол намояд.  

Се соат пеш аз варзиш варзишкор метавонад ғизоҳои сабуки омодашуда аз орди ҷавӣ, шири беравған ва ҳатто сендвиҷ бихӯрад.  Илова бар ин макаронҳо бо қайлаи помидор, нони гандум ва ё мевагӣ низ метавонанд алтернативи ин ғизоҳо бошанд.  

Баъди варзиш муҳим аст, ки ба қадри кофӣ об нӯшанд (якуним баробар бештар аз он ки бо резиши арақи бадан ҳангоми машқ варзишгар аз даст додаст). Аммо шарт он аст, ки обро оҳиста ва батадриҷ нӯшад ва бо ин васила меъдаро эҳтиёт намояд. Ҳамчунин захираи гликогенро пур бояд кард ва бо ин васила талафоти витаминҳо ва сафедаҳо ҷуброн шаванд: як миқдор гӯшти беравған ва ё моҳӣ бо хӯриш аз карбогидрадҳои мураккаб (масалан ярма) истеъмол намоед. Варзишгар бояд ҳар ду соат дар тӯли шаш соати баъди машқ ба миқдори 1-1,5 грамм карбогидрадҳо истеъмол кунад. Ғайр аз ин вай метавонад ба ғизои худ на камтар аз 8 грамм сафеда (масалан твороги камравған) илова намояд.  

Ҳангоми машқ чӣ миқдор об бояд нӯшид? 

Одамоне, ки варзиш мекунанд, як соат пеш ва баъд аз машқ бояд об ва ё чойи сард нӯшанд. Ҳангоми тамринҳо шарт нест, ки об нӯшанд. Аммо бояд инро ҳам ба назар гирифт, ки об ва чой ҳам бояд ҳазм шаванд. Об ва чой маъмулан то ду соат дар шикам боқӣ мемонанд.  

Афроде, ки дар маърази алоими кашиш ҳастанд, бояд дар тӯли тамрин оби камтар истеъмол кунанд.  

Ғизои худро чӣ гуна бояд тағйир дод, агар шумо мехоҳед ба варзиш машғул шавед?

Барои ин кофист, ки қоидаҳои умумии ғизохӯриро риоя кунед. Аммо вобаста ба ҳадафи варзишгар миқдори ғизои масрафмешударо бояд ба танзим даровард. Масалан, барои он ки мушакҳоро обутоб диҳад, бояд варзишгар бештар ғизоҳои сафедадор истеъмол намояд. Аммо барои хароб шудан муҳим он аст, ки ба раванди обшавии чарбу таваҷҷуҳ намуд. Натиҷаи беҳтаринро метавон бо машқҳои шиддаташон миёна бо назардошти парҳез миқдори камкардашудаи таомҳои равғандор ба даст овард. Таъсири мушобеҳро аз тамринҳои субҳгоҳии дили наҳор низ комёб шуд. 

Оё ягон фарқияти ҷинсият дар намудҳои варзиш вуҷуд дорад? Эҳтимолан ба занҳо тавсия шавад, ки ба рақс ва ё давидан машғул шаванд? 

На, ин ҷо фарқияте нест ва ҳамаи навъҳои варзиш чӣ барои мардон ва чӣ барои занон баробар муфиданд. 

Оё зарурати он вуҷуд дорад, ки пайваста муроқиби саломатӣ буд, онро ташхис кард, агар инсон варзишгарӣ мекунад? 

На, ҳамон меъёри стандартии ташхиси яксола кифоя аст.  

Таҳияи Ф.Муҳаммад

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here