Падидаи бемории сироятии коронавирус COVID-19 ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро низ нигарон кардааст. Барои мубориза бо ин вабои аср тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ ситодҳои махсус таъсис додаанд ва раванди пешгирии сирояти коронавирус таҳти назорати қатъии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зимнан, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ин самт саҳм гузорад, зеро огоҳ кардани шаҳрвандони кишвар аз бурдбориҳои назаррас ва бо ин васила боло бурдани эътимоду боварии мардум ба идораву мақомоти давлатиро рисолати ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мешуморад. Ҳадафи мо ин аст, ки дар ҳар шумораи ҳафтаномаҳои “Фараж”, “Самак” ва сомонаи Faraj.tj матолиби таҳлиливу иттилоотиро вобаста ба фаъолияти МИҲД-и ин ё он шаҳру ноҳия вобаста ба пешгирии сирояти коронавирус ба табъ расонем, то мардум аз талошҳои роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо, заҳматҳои шабонарӯзии табибони тоҷик ва корҳои хайрхоҳонаи соҳибкорони ватандӯст, ки дар амалишавии иқдоми пешгирии COVID-19 кӯмак мерасонанд, огоҳ бошанду онҳоро дастгирӣ намоянд. Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дастгирӣ ёфт.

Тибқи иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирии паҳн нагардидани сирояти нави коронавирус (COVID-19) дар мамлакат, инчунин татбиқ намудани қарорҳои дахлдори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат чораҳои мушаххас андешида шуда истодаанд.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Беморхонаи марказӣ, то пагоҳии 27.05.2020 дар шаҳри Ваҳдат ягон нафар сироятёфта аз бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Танҳо аз бемории илтиҳоби шуш 917 нафар дар беморхонаҳо бистарӣ шудаанд, ки аз он 812 нафарашон дармон ёфтаанд. Фавтидагон бошанд, 42 нафарро ташкил медиҳанд ва 9 нафар ҳоло таҳти табобат қарор доранд.

То имрӯз тавассути супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истироҳатгоҳҳои “Коргарҷавонон”, “Садбарг” ва беморхонаи Телмони шаҳри Ваҳдат 284 нафар барои гузаштани давраи карантин интиқол дода шудаанд.

Дар шаҳри Ваҳдат 3 (се) беморхонаи сироятӣ фаъолият мекунад. Ҳамчунин, барои 200 нафар кат бо 6 ҳуҷраи эҳё ва 8 воситаи нақлиёт омодаи қабули маризон аст.

Бо мақсади сари вақт чораҷӯӣ намудани маризон дар беморхонаи марказӣ 33 литр маҳлули антисептикӣ, 378 кг маҳлули гипохлоридии калтсий, бо маблағи 130 ҳазор сомонӣ доруворӣ, 418 дона хилъати комбензон, 1967 дона ниқоби яккарата, 1172 дона чепчик, 120 дона айнак, маводи шӯянда (собун) — 556 дона, моеъи дасшӯӣ — 26 дона, 129 литр белизна ва ҷиҳози бистарӣ — 99 комплект мавҷуд мебошад.

Ҳамчунин, дар беморхонаи марказӣ 2 тоннаю 150 кг орд, 238 кг равған, 225 кг гречка, 225 кг нахӯд, 175 кг биринҷ, 222 кг шакар, 200 кг макарон, 1 банка томат, 20 кг шири қоқ, 224 кг хӯрокаи тайёр мавҷуд мебошад.

Ба гуфтаи сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат, номзади илмҳои тиб, Аълочии тандурустии ҷумҳурӣ муҳтарам Буракова Дилбар Ғафуровна, “мо дар кору фаъолият ҳар нафас дастгириҳои доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эҳсос менамоем, чунки маҳз Президенти кишвар дар сиёсати иҷтимоии худ соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар эълом дошта, танҳо давоми 7 соли охир дар мамлакат муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии бешумор сохта ба истифода дода шуданд. Гузашта аз ин, то ҷашни 30-солагии Истиқлолият боз чандин муассисаҳои тандурустӣ аз тарафи соҳибкорон ва давлат сохта ба истифода дода хоҳанд шуд. Дар шаҳри Ваҳдат бошад, ҳомии кормандони соҳаи тандурустӣ раиси шаҳр муҳтарам Амирзода Р. А. мебошанд, ки аллакай аз нимаи дуюми моҳи январи соли равон дар асоси супоришҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пешгирии бемории коронавирус омодагиҳои басо ҷиддӣ дида, ба таври кофӣ маводҳои доруворӣ, хӯрока, маводи сӯхт ва 8 нақлиёт барои эҳтиёт омода намуда, 200 кати эҳтиётӣ барои қабули беморони эҳтимолӣ тайёр карда шудааст. Гузашта аз ин, танҳо давоми 20 рӯзи охир аз беморхонаҳои шаҳр аз 907 бемори ба қайд гирифташуда 812 нафарашон пурра табобат ёфтанд. Ман ҳамчун табиб ба раиси шаҳри Ваҳдат барои дар чунин рӯзҳои вазнин дастгирӣ намудани табибони беморхонаҳои шаҳр миннатдорӣ баён менамоям. Гузашта аз ин, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба муассисаҳои тандурустии шаҳри Ваҳдат ба маблағи 330 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ, либосҳои махсус, хӯрока ва маводҳои антисептикӣ равон карда шуд, ки ин ҷо хизмати Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар муҳтарам Абдуллозода Ҷ. А. басо калон мебошад. Маҳз ин хизматҳои Ҳукумати кишвар, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва раиси шаҳри Ваҳдат муҳтарам Амирзода Р. А. буд, ки аллакай дар самти пешгирию табобат ба натиҷаҳои басо хуб ноил гардидем”.

Бояд гуфт, ки сарфи назар аз вазъияти нигаронкунандаи пайдоиши коронавирус, ҳама соҳаҳо дар шаҳри Ваҳдат фаъолияти худро бонизом пеш бурда истодаанд. Нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр дар семоҳаи якуми соли 2020-ум 37 млн 441 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки баробари 100 фоизи нақшаи семоҳа мебошад ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 6 млн 460 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра даромадҳои ҷумҳуриявӣ 18 млн 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки баробари 116% нақшаи семоҳа буда, нисбати нақша ба маблағи 2 млн 444 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 3589 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар муҷмуъ, нақшаи даромадҳои буҷети маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ ба андозаи 105 фоиз иҷро гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 10 млн 50 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Дар семоҳаи якуми соли 2020 қисми хароҷоти буҷети шаҳр 35942 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки баробари 84 фоизи нақшаи семоҳа мебошад.

Дар шаҳри Ваҳдат 3 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст:

  1. Лоиҳаи парвариши замбӯри асал ва истеҳсоли маҳcулоти замбӯри асал ба маблағи 395,8 ҳазор доллари амрикоӣ.
  2. Лоиҳаи сохтмони системаи обтаъминкунии деҳоти Симиганҷи ҷамоати деҳоти Симиганҷ ба маблағи 80 ҳазор доллари амрикоӣ.
  3. Лоиҳаи сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаи Гулзори ҷамоати деҳоти Чӯянгарон бо маблағи 55 ҳазор доллари амрикоӣ.

Дар семоҳаи якуми соли 2020 дар миқёси шаҳр 12589 субъектҳои соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудаанд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 114 адад зиёд мебошад. Тибқи маълумотҳо аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ҷиҳати рушди соҳибкорӣ ба маблағи 52 млн сомонӣ қарз дода шудааст, ки дар қиёс нисбати соли гузашта ба маблағи 12 млн сомонӣ ё ин, ки 28,6% зиёд мебошад.

Дар шаҳр тибқи маълумотҳои оморӣ ба маблағи 5 млн 915 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 6,3 млн сомонӣ кам мебошад.

Дар ҳудуди шаҳр 8011 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд. Дар семоҳаи якуми соли 2020 дар майдони 15 гектар боғ ва 5,5 токзори нав бунёд карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 гектар боғ ва 1,5 гектар токзор зиёд аст. Дар ин давра 5,5 гектар боғ ва 0,5 токзор аз нав барқарор карда шудааст.

Барои беҳ кардани ҳолати мелиоративии заминҳои корами обӣ соли 2020 аз ҳисоби маблағи хизматрасонии об 30 ҳазор метри мукааб шабакаҳо обёрӣ, ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ заҳкашу заҳбурҳо тоза карда шуда, ду адад пойгоҳҳои обкашӣ, 5 адад иншооти гидротехникӣ, 5 адад нуқтаҳои обченкунӣ аз таъмир бароварда шудаанд. Дар ин давра 28 гектар ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ беҳ карда шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама сохторҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 86 млн 497 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5253 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиши он 6,5 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ дар семоҳаи аввали соли 2020 дар қиёс нисбати соли гузашта 22,4 тонна сабзавот, 2736 тонна гӯшт (бо вазни зинда), 16,8 тонна гӯшти моҳӣ, 8038 тонна шир, 19 млн 743 ҳазор дона тухм зиёд истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиши аз 1,8 то 46,1 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 181 млн 506 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки дар муқоиса нисбат ба соли 2019 ба маблағи 40 млн 897 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши он дар ин давра 129,1 фоизро ташкил додааст.

Дар семоҳаи аввали соли 2020 фурӯши оби ошомиданӣ 2 млн 700 ҳазор метри мукаабро ташкил додааст. Ҷамъоварии маблағи истифодаи об 1 млн 42 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки баробари 120 фоизи нақшаи семоҳа мебошад.

Дар семоҳаи якуми соли 2020 муассисаҳои нақлиётии шаҳр ба миқдори 364 ҳазор тонна бор ва 7058 ҳазор нафар мусофир кашонидаанд, ки нисбат ба семоҳаи якуми соли 2019 ба миқдори 55 ҳазор тонна бор ва 338 ҳазор нафар мусофир зиёд мебошад.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард соли 2020 дар масофаи 14 км ба маблағи 27820 сомонӣ чуқуриҳо бо мумқири гарм, 30 км роҳҳо аз таъмирри ҷорӣ ба маблағи 48,3 ҳазор сомонӣ бароварда шуда, 135 ҳазор сомонӣ барои зимистонгузаронию кабудизоркунӣ маблағ масраф гардидааст.

Дар ҳудуди шаҳр 153 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд, ки аз он 12 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 15 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 126 муассисаи таҳсилоти умумӣ мебошанд.

Ба ғайр аз ин дар ҳудуди шаҳр як гимназия, як литсей, як муассисаи нобиноён, як муассисаи хусусӣ ва як муассисаи ислоҳӣ фaъолият доранд.

Дар муассисаҳои таълимии шаҳр 79064 нафар хонандагон таълиму тарбия мегиранд. Дар солҳои таҳсили 2019-2020-ум 3691 нафар омӯзгорон, аз он ҷумла 1992 нафар занҳо (ё ба 60,6%) ба таълиму тарбияи мактаббачагон машғул мебошанд. Дар ҳудуди шаҳр 20 муассисаҳои томактабӣ, аз он ҷумла 3 кӯдакистони хусусӣ фаъолият доранд, ки 2281 нафар кӯдаконро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд.

Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ 140 нафар хонандагон ғолиби олимпиадаи шаҳрӣ гардида, ба олимпиадаи минтақавӣ сафарбар шудаанд, ки 25 нафари онҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида, дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 5 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд.

Айни замон муассисаҳои таълимии шаҳр бо 1824 адад компютер, 370 адад принтер, 31 адад тахтаҳои электронӣ ва 42 адад видеопроекторҳо таъмин мебошанд, ки ба ҳар 21,3 нафар хонанда як адад компютер рост меояд. Дар ҳудуди шаҳр 66 муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла қасри фарҳанг, мактаби мусиқӣ, кохи маърифат, мактаби рассомӣ, 11 хонаҳои маданият дар шаҳраку деҳот, 46 китобхонаҳо, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, осорхонаи шаҳрӣ, театри халқӣ, студияи сабти овоз ва бахши радиошунавонӣ фаъолият дошта, ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Дар шаҳр барои хизматрасонии тиббиву табобатӣ ба аҳолӣ беморхонаи марказӣ, 6 беморхонаи минтақавӣ, муассисаи давлатии худмаблағгузории «Маркази ҷарроҳӣ», маркази шикастабандӣ ва осебшиносии «Нури Ваҳдат», маркази ташхисию табобатии “Шафқат”, маркази ташхисию табобатии “Ваҳдат”, маркази ташхисию табобатии “Парастор” ва Маркази ташхисию табобатии “Ҳаёт” фаъолият менамоянд. Ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳр маркази саломатии шаҳрӣ бо филиалаш, 30 марказҳои саломатии деҳот, 79 бунгоҳҳои саломатӣ, маркази ёрии таъҷилӣ, 7 маркази барномаҳои миллӣ, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, маркази байниноҳиявии экспертизаи тиббию судӣ ва маркази стоматологӣ фаъолият менамоянд. Дар ин давра ба аҳолии шаҳру деҳот 436 табиб ва 1854 ҳамшираҳои тиббӣ хизмат расонидаанд.

Дар ҳудуди шаҳр 212 иншооти варзишӣ мавҷуд мебошад. Аз он ҷумла, 1 варзишгоҳ бо теъдоди 26 ҳазор ҷойи нишаст, 1 варзишгоҳи дигар бо теъдоди 5 ҳазор ҷойи нишаст, 1 мактаби варзишӣ, 156 адад майдончаҳои оммавӣ — варзишӣ, 47 адад толорҳои варзишӣ ва 2 адад ҳавзи шиноварӣ, 1 адад маҷмааи варзишӣ ва 4 иншооти махсуси варзишӣ. Дар мактаби варзишӣ 22 нафар мураббиён ба 550 нафар (49 нафар духтарон) варзишгарон тамрин медиҳанд. Варзишгарони шаҳр дар 9 мусобиқаҳои минтақавӣ ва ҷамъиятҳои варзишӣ иштирок карда, соҳиби 25 медали тилло, 43 медали нуқра ва 41 медали биринҷӣ гардидаанд.

Барои муҳайё сохтани шароити мусоид ба сайёҳони дохилию хориҷӣ дар минтақаи истироҳатию сайёҳии Ромит истироҳатгоҳҳои оммавӣ, меҳмонхонаҳои замонавӣ, ошхонаҳои миллӣ, мағозаҳои фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, маҷмааҳои варзишӣ, ташнобҳои сарироҳӣ сохта ба истифода дода шудааст. Ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ дар шаҳр ширкати сайёҳии “Карон-тур”, “Канаск-тур” ва “Шоҳин-Душанбе” фаъолият менамоянд. Дар семоҳаи якуми соли 2020 ба шаҳри Ваҳдат 4803 нафар сайёҳону меҳмонони дохилӣ ташриф овардаанд, ки аз ин ҳисоб ба корхонаю ташкилотҳои хизматрасон 50 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст.

Дар ин давра дар шаҳр 730 нафар шаҳрвандон бо кори доимӣ таъмин шуда, 110 нафар ба корҳои ҷамъиятии музднок ва 230 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, ба 25 нафар шаҳрвандон барои фаъолияти соҳибкорӣ ба маблағи 37600 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст. Дар шаҳр 24805 нафақахӯрон ба қайд гирифта шудаанд ва нафақаи семоҳаи аввали соли 2020 пурра пардохт гардидааст. Дар семоҳаи якуми соли 2020 дар ҳудуди шаҳр 671 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.

Дар шаҳр як комиссияи доимии шаҳрӣ, 12 комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва 114 комиссияҳои ҷамъиятӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар самти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолият менамоянд. Дар семоҳаи якуми соли 2020 вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардида, пеши роҳи 40 қонунвайронкунӣ гирифта шуда, барои чораандешӣ ба Суди шаҳри Ваҳдат пешниҳод карда шудааст.

Дар семоҳаи якуми соли 2020 ба дастгоҳи раиси шаҳр 2765 адад аснод ворид гардидааст, ки аз он 1674 ададашро (60,5%) муроҷиатҳои хаттӣ ва 501 ададашро (18,1%) муроҷиатҳои шифоҳӣ ташкил медиҳад. Дар қиёс нисбати соли гузашта шумораи муроҷиатҳои хаттӣ ва шифоҳӣ 1115 адад кам гаштааст. Дар рӯзҳои қабул аз ҷониби раиси шаҳр 503 нафар шаҳрвандон қабул гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 330 нафар кам мебошад.

Барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ то соли 2021 дар соҳаи маориф 21 мактаб, як литсейи касбомӯзӣ, як мактаб — интернат, 4 маркази омӯзиш ва таъмири технологияи компютерӣ, як маркази омӯзиши забони англисӣ, як маркази омӯзиши касби дӯзандагию ҳунарҳои мардумӣ ва 145 синфхонаҳои иловагӣ бояд сохта шаванд. Дар соҳаи тандурустӣ бошад, бунёди як маркази саломатӣ, 2 беморхона, 54 бунгоҳи тиббӣ, 3 маркази ташхисию табобатӣ, як антропологияи тиббӣ, як маркази дандонпизишкӣ ва 5 дорухона ба нақша гирифта шудааст. Бунёди 4 китобхона, 1 майдони баргузории чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ, як бинои амфитеатр, як бинои Қасри фарҳанг, як боғи фарҳангию фароғатӣ ва насби таҷҳизоти муосири атраксионию чархофалакҳо аз ҷумлаи иншооти соҳаи фарҳангӣ ба шумор мераванд. Дар соҳаи варзиш бунёди 50 майдони варзишӣ, 10 толори варзишӣ, 3 варзишгоҳи замонавӣ ва як майдони варзишии болопӯшида ба нақша гирифта шудааст. Бунёди 5 меҳмонхона, 2 истироҳатгоҳ ва як маҷмааи сайёҳӣ мутааллиқи соҳаи сайёҳӣ мебошад.

Дар маҷмуъ давоми солҳои 2018-2021 ба муносибати ин ҷашни бузург бунёд ва таҷдиду таъмири зиёда аз 612 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар давоми солҳои 2018, 2019 ва семоҳаи аввали соли 2020-ум 372 иншоот, аз ҷумла 19 корхонаю коргоҳҳои саноатӣ, 30 адад иншооти тандурустӣ, 46 адад иншооти соҳаи маориф, 31 адад иншооти варзишӣ, 9 адад иншооти истироҳатию фароғатӣ, 92 адад иншооти савдою хизматрасонӣ, 29 адад роҳу кӯпрук, 14 адад биноҳои истиқоматӣ, 3 адад биноҳои маъмурӣ ва 99 адад дигар иншоот ба маблағи 153 млн 990 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шудааст. Айни замон дар миқёси шаҳр сохтмону бунёди 66 иншооти иҷтимоию фарҳангӣ, хизматрасонию савдо, биноҳои истиқоматии баландошёнаву миёнаошёна бомаром идома дорад.

Роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳри Ваҳдат муҳтарам Ислом Ҳайдарзода бо қаноатмандӣ аз фаъолияти масъулини соҳаҳои гуногуни шаҳр гуфт, ки “дар шаҳри Ваҳдат фаъолият дар кулли самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ бо низоми ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Ин гувоҳи роҳбарии хуби раиси муҳтарами шаҳр Амирзода Раҳмоналӣ Амир мебошад, ки эшон дар масъалаи садоқат ба кор, Ватан ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо намунаи ибратанд”.

Ба гуфтаи, раиси шаҳри Ваҳдат муҳтарам Амирзода Раҳмоналӣ Амир, бо мақсади пешгирии паҳн нагардидани сирояти нави коронавирус дар шаҳри Ваҳдат аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳр 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

— Бо супориши Пешвои муаззами миллат вобаста ба пешгирии пандемияи COVID-19 мо аллакай омодагиҳоро барои қабули беморон ва сироятёфтагони эҳтимолӣ аз нимаи дуюми моҳи январи соли 2020 оғоз намуда будем. Бо ин мақсад се беморхонаи минтақавӣ ва беморхонаи сироятиро тайёр намуда, 8 нақлиёти махсус ва маводҳои доруворию табобатӣ ва санитариро омода карда будем. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат баҳри иҷрои саривақтӣ ва сифатноки дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад,- афзуд ӯ.

Саиди ҲАЙДАР

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here