Бо омӯзгори собиқадори 71-сола, аз деҳаи Утоғари ноҳияи Айнӣ Муллокатта Қуддусов дар саҳни Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” замоне шинос шудем, ки духтур фишорашро месанҷид. Мӯйсафед зоҳиран бардам ва хеле хушчақчақ буд.

Номбурда дар суҳбат гуфт, бемории дил ва фишорбаландии шараёнии дараҷаи 2, хатари 3 азияташ медиҳад.

-Писарам бемор аст ва ӯро барои табобат ба беморхонаи Қарияи Боло овардам. Он ҷо фаҳмидам, ки имрӯз дар “Беморхонаи Мансуров” тамоми ташхисҳо бепул гузаронида мешаванд. Ҳарчанд дар  ноҳияамон зери назорати табибон ҳастам, мехоҳам аз маслиҳатҳои духтурони Душанбе низ бебаҳра намонам,-гуфт марди солманд.

Воқеан, дар баробари ин мӯйсафед садҳо нафар сокинони касбу кори гуногуни шаҳри Душанбе ва навоҳии гирду атроф низ рӯзи 6-уми апрели соли равон дар ин макон ҷамъ омада буданд.

Боис ба зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамасола охири ҳафтаи аввали моҳи апрел бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки дар тамоми дунё санаи 7-уми апрел қабул шудааст, чорабинии умумиҷумҳуриявӣ баргузор мегардад. Ин маъракаи ҳаётан муҳим бо назардошти он ки чанд сол боз дар кишвар роҳандозӣ мешавад, ду соли охир дар сатҳи хеле баланд, зери унвони «Фарогирии умумӣ ба хизматрасонии тиббӣ» дар саҳни Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил карда мешавад ва устодону профессорон, мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳаи тандурустӣ ва садҳо сокинону меҳмонони шаҳри Душанберо ба ҳам меорад.

Ин рӯз муассисаҳои тандурустии кишвар шаҳрвандонро аз ташхиси ройгони ултрасадо, рентген, озмоишгоҳу лабораторияҳои сайёр барои муоинаи бемориҳои гурда, чашм, асаб, дилу рагҳои хунгард, шуш, роҳҳои нафас, фишорбаландӣ, қанд ва дигар бемориҳо гузаронда, ҳамзамон баҳри пешгирӣ ва усулҳои табобати бемориҳо аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаи тиб маслиҳату тавсияҳои муфид дода шуд.

Ба қавли мутахассисони соҳа, хусусияти хоси ин чорабинӣ он аст, ки бо шаҳрвандон дар як ҷо ҷамъ мешаванду озодона дар бораи вазъи саломатияшон суҳбат мекунанд. Ҳамчунин, дар ин ҷо ҳама шароит барои ташхиси беморон муҳайё карда мешавад ва беморон имкони дастрасӣ ба намудҳои гуногуни ташхисро пайдо мекунанд.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар баробари муроҷиат ба табибони асабшинос, кардиолог, чашму гӯшу гулую бинӣ, бемориҳои ҳозимаву ташхиси рентгенӣ таваҷҷуҳи аксари ҷамъомадагон ба Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ бештар буд.

Сокини ноҳияи Рӯдакӣ Ёрова Гулғунча, ки пас аз супурдани хун барои ташхиси гепатит аз бинои таҳлилгоҳ берун меомад,  зимни суҳбат гуфт, рӯзи якуми апрел ҳам хун супорида будам, ҷавобаш манфӣ баромад. “Фаҳмидам, ки имрӯз ройгон аст, танҳо ба хотири саломатӣ, барои мутмаин шуданам  омадам, ки бори дуюм аз ташхис гузарам”.

Баргузории чорабинии мазкур аз соати 8 то 12-и рӯз муқаррар гардида буд, вале вақти ҷудошуда кайҳо сипарӣ шуда бошад ҳам, одамон барои қабул пушти дари Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ навбат мепоиданд.

Лаҳзае таваҷҷуҳамро баҳси масъуле бо навбатпоён ба худ кашид, ки мардумро аз ба охир расидани вақти муқарраршуда дарак медод ва мехост, то дигар пушти дар наистанд, аммо одамон аз ҷой намеҷунбиданд. Садои нафаре баланд шуд, ки мегуфт, аз роҳи дур, маҳз ба хотири ташхиси ройгони гепатит омадаасту имконияти дубора барояш даст намедиҳад. Дар ҳамин ҳол, нафаре ҳозир шуду ҷамъомадагонро ором намуд ва мардумро бовар кунонд, ки то нафари охиринро қабул хоҳанд кард.

Дар бораи кӣ будани ин кас аз масъулин пурсон шудем, ӯро директори маркази мазкур муаррифӣ карданд. Банда низ тасмим гирифтам, то аз наздик бо ӯ суҳбат дошта бошам.

Директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ Салимзода Абубакр гуфт, маркази мазкур дар асоси лоиҳа соли 2017 таъсис дода шудааст.

-Марказ қариб 30 нафар корманд дорад ва ҳадафи асосияш аз муоинаи тиббии духтурон иборат аст, ки бояд сари чанд муддат дар ин ҷо аз ташхис гузаранд ва аз вазъи саломатияшон огоҳ шаванд, зеро кормандони соҳа, махсусан ҷарроҳоне, ки ба ҷарроҳии беморон машғуланд, бояд орӣ аз ҳама намуди гепатитҳо бошанд. Чун соли 2018 фаъолиятамонро амалӣ кардем, дар Рӯзи умумиҷаҳонӣ тандурустӣ, ки дар саҳни ҳавлии Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор карда шуд, ҳудуди 200 нафарро ройгон аз ташхис гузаронидем. Имсол бошад, аз рӯи маълумоте, ки дар даст дорам, алҳол дар худи марказ қариб 549 нафар ва дар минтақаҳо ҳудуди 100 кас бепул ташхис карда шудаанд. Марказ дар рӯзҳои муқаррарӣ ба маъюбон ва дигар шахсони имтиёздор ройгон хизмат мекунад ва нафарони солим бошанд, тибқи қарори 600-и Ҳукумати ҷумҳурӣ вобаста ба намудҳои ташхиси гепатит то 31 сомонӣ маблағи хизматрасонӣ пардохт мекунанд. Ташхиси “ПЦР”, ки аз муайян кардани миқдори микроб дар таркиби ҷигар иборат аст, 310 сомонӣ арзиш дорад, — гуфт директори Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди гепатитҳои вирусӣ Абубакр Салимзода.

Директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” Парвина Мухторова эълон ва таҷлили 7 апрелро ҳамчун “Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ”  як навъ ҷалби таваҷҷуҳи  роҳбарону сарватмандони ҷаҳон ба мушкилоти тандурустӣ, вазъу ҳолати беморон ва ҳифзу ҳимояи саломатии инсонҳо меҳисобад.

Номбурда дар суҳбат гуфт, “Ин рӯз даъват аз тамоми табибони дунё аст, то дар роҳи сиҳатии мардум донишу таҷрибаи хешро дареғ надоранд. Онҳо бояд вазифаи хешро шарафмандона ва аз рӯи садоқату самимият ва вафодорӣ ба одамон иҷро кунанд.  Ҳамчунин, ин муроҷиат ба тамоми мардуми сайёра низ ҳаст, ки саломатӣ-гавҳари ноёбро ҳифз кунанд, аз сиҳатии хеш доимо бохабар бошанд”.

Мувофиқи маълумоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар доираи чорабинӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки рӯзи 6-уми апрел дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, дар умум 6 852 нафар муроҷиат кардаанд. Ҳамчунин, давоми ҳафтаи гузашта вазорат рӯзҳои 2-юм ва 8-уми апрел ба шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ҳам “Корвони саломатӣ” роҳсипор кардааст, ки дар умум беш аз 16 000 нафар шаҳрвандон аз хизматрасониҳои гуногуни тиббӣ баҳравар  гардидаанд.

Шамсулло ФОЗИЛОВ, “ФАРАЖ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here