Падидаи бемории сироятии коронавирус COVID-19 ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро низ нигарон кардааст. Барои мубориза бо ин вабои аср тамоми вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ ситодҳои махсус таъсис додаанд ва раванди пешгирии сирояти коронавирус таҳти назорати қатъии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зимнан, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ин самт саҳм гузорад, зеро огоҳ кардани шаҳрвандони кишвар аз бурдбориҳои назаррас ва бо ин васила боло бурдани эътимоду боварии мардум ба идораву мақомоти давлатиро рисолати ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мешуморад. Ҳадафи мо ин аст, ки дар ҳар шумораи ҳафтаномаҳои “Фараж”, “Самак” ва сомонаи Faraj.tj матолиби таҳлиливу иттилоотиро вобаста ба фаъолияти МИҲД-и ин ё он шаҳру ноҳия вобаста ба пешгирии сирояти коронавирус ба табъ расонем, то мардум аз талошҳои роҳбарияти шаҳру ноҳияҳо, заҳматҳои шабонарӯзии табибони тоҷик ва корҳои хайрхоҳонаи соҳибкорони ватандӯст, ки дар амалишавии иқдоми пешгирии COVID-19 кӯмак мерасонанд, огоҳ бошанду онҳоро дастгирӣ намоянд. Бояд гуфт, ки иқдоми мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик дастгирӣ ёфт.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо назардошти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси фаврии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 16-уми апрели соли ҷорӣ баён доштанд, фаъолиятро ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои гузошташуда дар самти истифодаи самараноку мақсадноки заминҳо, таъмини амнияти озуқаворӣ, гирифтани 2-3 ҳосил аз як замин ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус бо истифодаи тамоми имкониятҳои мавҷуда корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.

Дар баробари ин, бо мақсади андешидани чораҳои пешгирикунандаи паҳншавии бемориҳои сироятӣ, баргузор намудани маъракаи безараргардонии утоқҳои корӣ ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, инчунин аз назар гузаронидани ҳолати омодагии маркази саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ нақшаи чорабиниҳо бо ҷалби фаъолони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ҳизбҳои сиёсии дигар, аҳли зиё ва табибону омӯзгорон таҳия ва тасдиқ гардидааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик амру қарорҳо ва дастуру супоришҳои мақомоти болоии давлатиро оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави бемории короновирус (COVID-19) барои иҷро ба роҳбарӣ гирифта, то ин давра як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст.

Дар асоси қарори дахлдори раиси вилоят аз 20-уми марти соли 2020, №94 “Дар бораи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави короновирус (COVID-19) дар вилояти Хатлон” ва қарори раиси ноҳия аз 8-уми апрели соли 2020, №171 дар бораи ташкили Ситоди ноҳиявӣ дар ин самт ба имзо расида, 31 нафар аъзо дар ситод аз тамоми ташкилоту муассисаҳои дахлдор вобаста гардидаанд ва дар тамоми қаламрави ноҳия кӯчаю маҳаллаҳо, деҳаҳо ва ҷамоатҳо корҳои оммафаҳмониро бурда истодаанд.

Инчунин, тибқи амри раиси ноҳия аз 20-уми апрели соли 2020, №21 гуруҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд, ки дар ҷамоати шаҳраки Совет дар 11 маҳалла 11 гуруҳ бо шумори 72 нафар мутахассисон, дар 6 ҷамоати деҳот, ҷамоатҳои деҳоти Танобчӣ, Кангурт, Қарақамиш ба номи Л. Қармишев, С. Раҳимов ва Бобоюнус дар 56 деҳа, 56 гуруҳ бо шумори 337 нафар корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд.

То имрӯз аз ҳисоби роҳбарияти ноҳия Аминзода Ф., роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Х., Мирзоев Ҳамзаалӣ — директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб ва дигар аъзо шуруъ аз 1-уми апрел то имрӯз миёни кормандони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорон, хонандагон, занони хонашин, дӯконҳои фурӯши хӯрокворӣ суҳбату вохӯрӣ ва корҳои оммафаҳмонӣ дар 7114 хоҷагиҳои ноҳия, яъне 49142 нафар аҳолӣ гузаронида шуда, зиёда аз 6500 адад маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шудааст.

Омодагии 115 адад иншооти хӯрокворӣ, 150 адад иншооти коммуналӣ, 12 адад иншооти меҳнат ва 50 муассисаҳои таълимӣ оид ба безараргардонӣ ва барои пешгирии аҳолӣ аз коронавируси навъи COVID-19 аз назар гузаронида шуда, маводҳои безараргардонӣ ва маводҳои гигиенаи шахсӣ қисман таъмин карда шудаанд.

Бо мақсади бистарӣ намудани беморони эҳтимолӣ аз пандемияи COVID-19 дар муассисаҳои табобатии ноҳиявӣ 120 кат ҷудо карда шудааст. Аз ҷумла, дар беморхонаи марказӣ 80 кат, беморхонаи №1 дар ҷамоати деҳоти Кангурт 25 кат ва дар беморхонаи №2 дар ҷамоати деҳоти ба номи С. Раҳимов 15 кат омода карда шудааст.

Рақамҳои телефони сардори ситоди ноҳиявӣ, сартабиби ноҳия, директори Муассисаи давлатии назорати санитарию эпидемиологӣ ва менеҷери кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия дастраси ҳар як раисони маҳаллаҳо гардонида шудааст.

Ду автомашинаи ёрии таъҷилии муҷҷаҳаз бо таҷҳизоти тиббӣ, як автоклад ва як адад таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) дар ҳолати корӣ дар беморхонаи марказӣ қарор доранд.

Айни замон 3241 адад ниқоб, 32 адад либосҳои муҳофизатии бисёркарата, 45 адад либосҳои муҳофизатии яккарата, 950 адад дастпӯшак, 2 адад автомакс, 280 кг гипохлориди калтсий, 800 адад бахил дар беморхонаи марказӣ дар захира мавҷуд мебошад.

Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ба ҳамаи ташкилоту идораҳо, муассисаҳои соҳаҳои маориф, фарҳанг, ташкилоту идораҳо, марказу нуқтаҳои хизматрасон зиёда аз 4900 нусха китобчаю буклетҳо ва маводҳои итиллоотию таблиғотӣ тақсим карда, ҳамзамон, ҳамарӯза дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба воситаи мошини “Ёрии таъҷилӣ” бо баландгӯяк тавсияҳоро оид ба пешгирии бемории мазкур ва риояи гигиенаи шахсӣ расонида истодааст.

Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар ҳамаи марказҳои ҷамоатҳо кӯчаю маҳаллаҳо корҳои безараргардонӣ ҳамарӯза идома доранд. Аз ҷониби Маркази давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия бо мақсади пешгирии пандемияи COVID-19 дар масоҳати умумии 436800 метри мураббаъ дар ташкилоту идораҳо, манзилҳои шахсии шаҳрвандон, 50 муассисаи таълимӣ, 44 масҷид, 25 муассисаи давлатӣ корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.

Аз 8557 хонаводаҳои ноҳия ба ҳама хонаводаҳо огоҳинома оид ба пешгирии коронавирус, захираи маводҳои озуқа, истифодаи мақсадноку самараноки заминҳо, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ, заминҳои ёрирасон, риояи гигиенаи шахсӣ ва дигар масъалаҳо тақсим карда шуда, корҳои тарғиботию оммафаҳмонӣ идома доранд.

Аз 30-юми апрел то 8-уми июни соли равон дар беморхонаи марказии ноҳия шумораи беморон 49 нафарро ташкил дода, аз ин 46 нафарашон шифо ёфта, аз беморхона ҷавоб дода шудаанд. Фавтидагон 1 нафар буда, 2 нафари дигар дар беморхона таҳти назорати духтурон қарор доранд. Дар муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия 123 нафар беморон ба қайд гирифта шуда, 79 нафар шифо ёфта, 3 нафар фавтидааст ва 43 нафари онҳо таҳти назорати табибони оилавӣ қарор доранд.

— Аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба беморхонаи марказӣ 7 ҳазор сомонӣ, ба маркази саломатии ноҳиявӣ 8000 сомонӣ ва ба маркази назорати давлатии санитарии эпидемиологӣ 1800 сомонӣ ҷудо карда шуда, инчунин ба беморхонаи марказии ноҳиявӣ 20 000 сомонӣ барои хӯрока ҷудо гардидааст. Аз ҳисоби маблағҳои ҷудошуда ба беморхонаи марказӣ хокаи гипохлориди калсий 50 кг — 2750 сомонӣ, дорупошак 1 адад — 240 сомонӣ, комбинзон 15 адад — 2475 сомонӣ, спирт 11 литр — 495 сомонӣ, дастпӯшак 170 дона — 1020 сомонӣ рост меояд. Барои Маркази саломатии ноҳиявӣ хилъат 35 адад — 5600 сомонӣ, айнак 25 адад — 875 сомонӣ, дастпӯшак 250 адад — 500 сомонӣ, бензин 140 литр — 985 сомонӣ харидорӣ карда шуд,- мегӯяд раиси ноҳияи Темурмалик Фотеҳ Аминзода.

Бояд гуфт, ки ба ноҳияи Темурмалик аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 тонна маҳсулот, аз ҷумла 8 тонна картошка, 8 тонна пиёз, 8 тонна сабзӣ, 5 тонна орд, 1 тонна макарон, 1 тонна гречка, 1 тонна переловка, 3 тонна биринҷ, 1 тонна равған ҳамчун кӯмак барои сокинони ноҳия фиристода шудааст. Аз буҷети маҳаллӣ бошад, 3380 тонна маҳсулот, аз ҷумла 600 кг картошка, 600 кг сабзӣ, 400 кг орд, 200 кг макарон, 200 кг гречка, 200 кг переловка, 200 кг биринҷ, 500 литр равған кумак карда шудааст. Аз ҷониби ҶДДМ “Бисот” бошад, 7 тонна маводи ғизоӣ, 500 литр равған, аз ҷумла 5 тонна орд, 1 тонна биринҷ, 1 тонна дигар маводи озуқаворӣ кумак карда шудааст.

С. ХАЛИЛИЁН, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here