Дар сиёсати иҷтимоии пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон ва мусоидат ба ҳалли масоили вобаста ба камбизоатӣ нигаронида шудааст, беҳтар гардонидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии сифатноки тиббӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
Шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Рӯдакӣ баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомали Раҳмон, беҳтар сохтани вазъи солимии аҳолӣ бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии мададрасон дар соли 2019 пайваста тадбирҳои судманд анҷом медиҳанд.
Зимни суҳбат роҳбари шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Рӯдакӣ Мирзоев Камолиддин Зубайдуллоевич иброз дошт, ки феълан дар сар то сари мамлакат, аз он ҷумла дар ноҳияи Рӯдакӣ корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди меҳнатӣ давом дорад. Кормандони соҳаи тандурустии ноҳия низ ин иқдомро бо як ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ дастгирӣ намуда, ҷидду ҷаҳд доранд, то дар ин марҳалаи муҳими созандагӣ саҳми босазои хешро гузоранд. “Бояд қайд кард, ки дастгирии соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятнок ва меҳвари ҳаёти ҷомеа мансуб меёбад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати худро дар самти рушди соҳаи тандурустӣ таҳти шиори “Солимии миллат — боигарии давлат” ба роҳ монда, сол аз сол ба афзун намудани раванди маблағгузории соҳа, қабул ва мавриди амал қарор додани стратегияву барномаҳои миллӣ, беҳтар намудани сифат ва самаранокии хизматрасонии тибби ба аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд”, — зикр намуд К. Мирзоев ҳангоми суҳбат ба хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон.
Дар ин давра сохта мавриди истифода қарор додани иншоотҳои таъиноти гуногуни соҳаи тандурустӣ, ҷиҳозонидани онҳо бо таҷҳизотҳои муосири замонавӣ ва ёрирасон, ба бозомӯзӣ фаро гирифтани мутахасисони ҷавон, муқаррар намудани имтиёзҳо ба табибон ва дигар тадбирҳо шоистаи шукргузорӣ мебошад. Кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Рӯдакӣ суханони роҳбари давлат: “Табибон вазифадоранд, ки чун ворисони арзандаи Синои бузург рисолати ба дӯш гирифтаашонро софдилона иҷро намоянд. Зеро табибон охирин даргоҳи умеди беморон мебошанд. Парвардигор танҳо ба табибон лаёқати бардавом кардани умри инсонро ато кардааст”-ро сармашқи кори интихоб намуда, онро сарбаландона иҷро менамоянд.
Тарзи ҳаёти солим
Ба қавли роҳбари шабакаи муассисаҳои КАТС –и ноҳияи Рӯдакӣ дар 6 моҳи соли 2019 аз ҷониби кормандони соҳаи тиб, дар муасиссаҳои КАТС 932578 нафар қабул карда шудаанд, ки 165531 нафари онҳо бо сабаби беморӣ муроҷеъ гардидаанд. Дар ҳамин ҳол, дар ин марҳила аз ҷониби кормандони МТТҲС – и ноҳияи Рӯдакӣ як қатор чорабиниҳои сатҳи маҳалливу минтақавӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба нақша гирифта гузаронида шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 33540 нафар сокинони синну соли гуногун фаъолона ширкат варзиданд. Дар маҷмӯъ, дар миқёси ноҳия аз ҷониби сохторҳои гуногун, новобаста ба шакли моликият дар самти ташаккули тарзи ҳаёти солим оиди пешгирии бемориҳои сил, ғайрисироятӣ, майзадагӣ ва тамокукашӣ, домана ва БШМР, ШРН, вараҷа, зардпарвин, нашъамандӣ, ВНМО/БПНМ ва гепатитҳо, инчунин, перомуни танзими оила, бақайдгирии занҳои ҳомила, фаъолнокии ҷисмонӣ, ғизои солим, диабети қанд ва камхунӣ, баландбардории сатҳи маърифатнокии омма ҷиҳати саломатӣ ва ғайра корҳои назаррас анҷом дода шудааст.
Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои сироятӣ
Маркази мубориза алайҳи бемориҳои сил баъди воридоти барномаи стратегияи ДОТС оиди саривақт муайян намудану табобати бемориҳо ва пешгирии бемориҳои сил, дар байни аҳолӣ ба таври густурда фаъолият намуда истодааст. Дар марказ тайи 6 моҳ 260 нафар бемор ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 17 нафар кӯдакони то синни 14 — сола мебошанд. Зимнан ташхиси бо бемор алоқаи зич доштагон дар ин давра 719 нафар буда, аз онҳо 62 нафар ҳамчун бемор сабт гардидаанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар 6 моҳи соли 2019 мувофиқи нишондодҳои эпидемиологӣ ба Маркази ВНМО — и ноҳия 9683 нафар муроҷиат кардаанд, ки аз ин ҷумла, мардҳо 1089 нафар ва занҳо 8594 нафарро ташкил медиҳанд. Дар марказ ҳисоби умумии сироятфтагон 808 нафар, минҷумла, 490 нафар мард ва 318 нафар зан мебошанд. Ҳамчунин, ва 177 нафар кӯдак ба қайди оморӣ гирифта шудаанд, ки дар зери назорати доимӣ қарор доранд. Мувофиқи тартиботи фаъолияти марказ сироятёфтагон ба таври ҳамешагӣ аз ташхисҳои махсуси лабораторӣ барои муайян намудани бемориҳои сироятӣ гузаронида мешаванд.
Қобили зикр аст, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти марказро корҳои пешгирикунанда ташкил медиҳад, ки ин масъала дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳо дар мадди аввал гузошта шудааст.
Маркази солимии репродуктивии ноҳия низ фаъолияти худро самаранок ва тибқи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва дастурамалҳо роҳандозӣ намудаааст. Пӯшида нест, ки дар ин самт яке аз нишондодҳои асосии солимии ҷомеа ин сатҳи сиҳатии модару кӯдак мебошад. Аз ин сабаб масъалаи сиҳатии модарон зери назорати доимии маъмурияти КАТС –и ноҳияи Рӯдакӣ қарор дорад. Дар баробари ин, ҳамарӯза аз тарафи табибони машваратчӣ ва момодояҳо дар мактаби тайёрӣ ба зоиши партнёрӣ, махсусан бо занҳои бори аввал ҳомиладоршаванда суҳбатҳо гузаронида мешаванд. Дар ин раванд бо 50 нафар занҳое, ки бевосита бо модару кӯдак сару кор доранд, инчунин, бо 6 нафар кормандони нав ба кор қабулгардида ҳудуди 18 соат дарс гузаронида шуд. Ба ин нигоҳ накарда, дар байни занони фаъоли минтақаҳо оиди синамаконӣ гуруҳҳои дастгирикунанда ташкил гардида, ба ҳамаи занҳои ҳомиладор ва ширмакон оиди 10 қадами ширмаконӣ маслиҳатҳо муфид дода шуд. Натиҷаи ҳамин корҳои фаҳмондадиҳӣ ва фаъолияти пурсамари кормандони соҳа буд, ки нишондодҳои омориии фавти модару кӯдак ва исқоти ҳамл мутаносибан дар муқоиса бо шашмоҳаи аввали соли гузашта ба маротиб коҳиш ёфт.
Хушбахтона, маҷмувн дар нимсолаи ҷорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ домана, вабо, вараҷа, гепатити «А», исҳоли хунин, брутселлёз, дифтерия, коклюш, сурхакон, ботулизм, таби хунин, полимиелит, столбняк, зуком, ҳорӣ барин бемориҳои сироятӣ ба қайд гирифта нашуда бошанд ҳам, вале сатҳи мубталоӣ ба бемориҳои сироятии дигар, аз қабили гепаотот “В”, СШРН аниқшуда, СШРН аниқнашуда, обакон, баногӯшак, сурхча, скарлатина, аскаридоз ва лямблиоз дар муқоиса ба ҳамин давраи соли порина коҳиш наёфтаанд ва ё дар ҳамон смқдор боқӣ мондаанд.
Дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ
Бояд гуфт, ки ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дурнамои пешгирӣ ва назорати бемориҳои ғайрисироятӣ ва осеббардорӣ дар ҶТ барои солҳои 2013-2023 корҳои зиёд анҷом пазируфтаанд ва иҷрои дастурамалҳои вазифавӣ ҳанӯз мавриди татбиқшавӣ қарор доранд. Ин аст, ки дар маркази ноҳия баҳри бартараф кардани хатари осеббардорӣ ва бақайдгирӣ, инчунин омилҳои татбиқи иқлимӣ ташкил карда шуда, аз рӯи онҳо назорат бурда мешавад. Бо ин мақсад байни толибилмон ба гуруҳҳои аҳолӣ баҳри пурзӯр кардани корҳои профилактикӣ ҷиҳати пешгирии осебҳо шахсони мутассадӣ таъйин карда шудаанд. Ҳамчунин, бо иштироки табибони осебшинос оид ба масъалаи осеббардорӣ, ташхис, табобати замонавӣ ва офиятгардонӣ аз осеб бо усули пахши мустақим тариқи радиои маҳаллӣ барномаҳо пешниҳод гардиданд. Дар ҷасалаҳои пагоҳирӯзӣ бошад, байни кормандони КАТС ва МСД-ҳо сардухтурони МСД-ҳо оиди пешгирии осеббардорӣ ёрии аввалини тиббӣ дарсҳои амалӣ ва семинарҳо гузаронданд. Дар ин росто, аз тарафи мутахасиссони осебшинос байни 230 нафар кормандони ШКД ва БДА ҳангоми садамаҳои нақлиётӣ ва осебҳо расонидани ёрии аввалин дарсҳои амалӣ ва маърӯзаҳо хонда шуд.
Тавъам ба ин чораҳо, дар муассисаҳо корҳои пешгирӣ оиди осебгирӣ гузаронида шуда, қуттиҳои ёрии аввалин ва нуқтаҳои ёрирасон ташкил гардидаанд ва ҳамчунин, ҳамаи муасиссаҳои истеҳсолӣ, ки дорои хатари осеббардорӣ мебошанд, ба қайд гирифта шуда, зери назорати домӣ қарор доранд. Дар баробари ин, пешниҳод гардидааст, ки ба барномаҳои таълимии мактабҳо ворид намудани машғулиятҳо оид ба пешгирии осеббардорӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ворид карда шавад. Ба ин манзур тайи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз тарафи мутахасисони МСД, ки наздик ба шохроҳҳои калон ҷойгир шудаанд, 12 нуқтаи расонидани ёрии аввалин ҳангоми осеб ташкил ёфт ва ин нуқтаҳо бо асбобҳои зарурӣ таҷҳизонида шудаанд.
Муассисаҳои зертобеи КАТС – и ноҳияи Рӯдакӣ талош меварзанд, ки ҳисоботҳои омориро ҳангоми садамаҳои нақлиётӣ, саноатӣ ва хоҷагӣ дар ҳар се моҳ аз муассисаҳо зирабт талаб намуда, онҳоро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳанд. Ба ҳамин манзур иловатан дар маркази сухторхомӯшкунии ноҳияи Рӯдакӣ, бригадаи зудамали КАТС ва ёрии таъҷилӣ оиди расонидани ёрии аввалин пайваста дарсҳои амалӣ мегузаранд.
Айни ҳол дар ҳайати шӯъбаи ҷарроҳӣ 10 кати бемориҳои осебгирифта ва 4 кати бемориҳои ҷарроҳиву асаб ташкил ёфта, ҳамчунин дар КАТС 2 ҳуҷраи осебшиносӣ ва 4 нуқтаи расонидани ёрии аввалин дар ҳайати МСД-и Баҳористон, МСД Чимтеппа, МСД Сарикиштӣ ва МСД Россия амал менамоянд, ки дар онҳо табибон ва ҳамшираҳо бо дараҷаи тахассусӣ таъминанд. Тайи 6 моҳ дар миқёси ноҳияи Рӯдакӣ дар умум 10000 нафар бемор бо гирифтани осеби гуногун муроҷиат кардааст.
Кумак ба ниёзмандон
Айни ҳол дар муасиссаҳои КАТС –и ноҳияи Рӯдакӣ дар маҷмуъ 440 нафар маъюбони аз 18 — сола боло ва 105 нафар кӯдакон ба қайд гирифта шудаанд. Ҳоло дар Маркази саломатии ноҳиявӣ ҳуҷраи наврасон амал менамояд, ки он бо духтур пурра таъмин мебошад. Дар 6 моҳи соли 2019 аз тарафи маъмурияти сохтори КАТС ба 4 нафар маъюбони ҶБВ, 4 нафар иштирокчиёни ҶБВ, 330 нафар ҷанговарони интернатсионалист, 81 нафар иштирокчиёни садамаи Чернобил, 37 нафар маъюбони армияи шӯравӣ хизмати тиббӣ расонида, ба маблағи 2868 сомонӣ маводи доруворӣ харидорӣ ва дастраси эшон гардид ва ба 12 нафар картаи санаторию осоишгоҳӣ пур карда шуд.
Фаъолияти тибби оилавӣ
Маркази саломатии ноҳиявӣ фаъолияти худро дар асоси нақшаи кории сохтори КАТС-и ноҳия ва амалӣ гардонидани фармони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.06.1998, таҳти № 236 «Оиди ворид намудани тибби оилавӣ дар муассисаҳои тандурустии ноҳия» ба роҳ монда, дар он 23 нафар табибон, 55 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Ҳамаи онҳо бо принсипҳои тибби оилавӣ кор карда, тахминан ба 54000 нафар аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Минтақаҳои хизматрасонӣ дар шаҳраки Сомониён ва ҷамоати Чоргултеппа ҷойгир шудааст. Дар ноҳия дар маҷмуъ 118 нафар табибони тибби оилавӣ ва 322 нафар ҳамшираҳои тибби оилавӣ фаъолият бурда, аз онҳо 120 нафар бо дипломи тибби оилавӣ ба кор қабул карда шудаанд. Аз табибони амрози занона, кӯдакона ва табибони бемориҳои дарунӣ дар ноҳия 94 нафар бозомӯзонида фаъолият бурда истодаанд, 46нафари онҳо дараҷаи тахассуснокӣ доранд. Айни ҳол 44 нафар ҳамшираҳо бо фармоиши сохтори КАТС-и ноҳия барои бозомӯзӣ дар Маркази таълимии клиникаи тибби оилавӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ курси тибби оилавиро гузашта истодаанд. Феълан дар марказҳои саломатии деҳот кушодани шуъбаи табобати рӯзона ва ба фаъолияти пурраи тибби оилавӣ гузарондани онҳо ба нақша гирифта шудааст.
Самти парвоз ҳам мушаххас аст…
Роҳбари шабакаи муассисаҳои КАТС – и ноҳияи Рӯдакӣ Камолиддин Мирзоев дар мавриди беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, таъмини амнияти саломатии мардум бар ин назар аст, ки омӯзиш ва таъмини иҷроиши Стратегия «Оид ба ҳифзи саломатии аҳолӣ дар байни кормандони тиб ва аҳолӣ”, беҳтар намудани сатҳу сифати кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ дар марказҳои саломатии ноҳиявӣ, марказҳои саломатии деҳот ва хонаҳои саломатӣ, сари вақт иҷро намудани вазифаҳои дар пеш гузоштаи Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббии фаврӣ, ҳамчунин, беҳтар намудани хизматрасонии аввалияи тиббӣ ба модарону кӯдакон ва ба ин васила, фавти онҳоро пешгирӣ намудан, паст намудани таваллудҳои хонагӣ, вусъат бахшидан ба эмгузаронии кӯдакони навзод оиди пешгирии бемории сил ва иҷроиши барномаҳои миллии соҳаи тандурустиву соҳаи ташхису табобат аз рӯи протоколҳои клиникӣ дар муассисаҳои тиббӣ дар маҷмуъ қодир аст, ба баланд бардоштани маърифати тиббӣ дар байни аҳолӣ боис гардад ва ба ин васила нуфузу эътибори ворисони воқеии Синову Берунӣ ва Розиву садҳо нобиғагони соҳаи тандурустии кишварро боз ҳам болотар бардорад.
Камолиддин Мирзоев бо зикри ин нуктаҳои муҳими фаъолияти шабакаи муассисаҳои Кумаки аввалияи тиббиву санитарии ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчунин иброз дошт, ки “бо назардошти он ки сиёсати давлат ва ҳукумати кишвар ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва сол аз сол афзудани маблағгузорӣ ба он нигаронида шудааст, КАТС – и ноҳияи Рӯдакӣ низ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ муҳтарам Олимзода Насим Хоҷа ва Раиси ноҳия Акрамзода Рустам бо мақсади тараққиёти ин соҳа ба беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, рушди истеҳсоли ватании маводи доруворӣ, таъмини сифати доруворӣ ва воридоти технологияи нав ва муосири ташхису табобат таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар ин раванд мо минбаъд низ маҳз роҳнамоиҳои созандаи Сарвари давлатро сармашқи зиндагиномаи худ қарор дода, пайваста бо меҳри Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлол ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор ва фаъолиятамонро идома медиҳем ва барои ҳимояи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи саломатии мардуми кишвар ҳамеша ҷащду талош менамоем. Зеро ҳар як кишвари олам барои рушду нумӯ ва таҳкими давлатдорӣ, нуфуз ва эътибори баланд, пеш аз ҳама ба ҳифзи саломатии сокинонаш такя намуда, ояндаи дурахшони хешро таъмин менамояд. Фардои неки Тоҷикистони азизи мо бошад, дар дасти ҳар як сокини бошараф ва дилсӯзи он аст, ки он бешак аз саломатии миллат сарчашма мегирад. Ва саломатии миллат бошад, ин ганҷи ноёби давлат аст.
МТЖТ