Мувофиқи таҳқиқотҳо, дар дунё ҳар 6 сония 1 сигоркаш аз зарари он фавт мекунад. Дар таркиби тамоку (сигор) 400 намуди заҳр мавҷуд аст, ки ба тамоми аъзои бадан таъсири манфӣ мерасонад.

Тамокукашӣ яке аз падидаҳои номатлуб буда, тибқи омор сафи нафароне, ки ба ин амал даст мезананд, рӯз аз рӯз меафзояд ва мутаассифона, вақтҳои охир бонувон низ ба ин амал даст мезананд. Чанде аз сабабҳои тамокукашӣ миёни баъзе аз бонувон ва ҷавонон — ин тақлидҳои кӯр-кӯрона ба фарҳангҳои бегона (аз рӯи ҳавову ҳавас), дар ҳолати асабонияту руҳафтодагӣ ва ноумед гаштан аз рӯзгори носозгор ва дигар ҳолатҳо мебошад. Пас, дар мавриди таъсири тамоку ба организми инсон хонандаро ошно месозем.

Аз таъсири тамоку дар навбати аввал узвҳои шуш, дил, майнаи сар ва меъда зарар мебинанд. Инчунин, бемории саратони шушҳо нафари сигоркашро 4 маротиба зиёдтар таҳдид менамояд. Натиҷаи таҳқиқотҳои коршиносон нишон медиҳад, ки 90% фавтидагони бемории саратони шушҳо маҳз нафарони истеъмолгари тамоку будаанд. Истифодаи зиёди тамоку хавфи гирифторшавӣ ба бемории сактаи дилро низ миёни нафарони сигоркаш 5 маротиба зиёдтар мегардонад. Шумораи нафарони аз бемории инсулт ба ҳалокат расида низ миёни истеъмолгарони тамоку 3-4 маротиба зиёдтар ба назар мерасад. Ба бемории саратони меъда бошад, чунин нафарон дар муқоиса ба шахсони дигар 50% зиёдтар гирифтор мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар таркиби сигор зиёда аз 400 намуди заҳр ва 4000 маводи зараровари кимиёвӣ мавҷуд аст, ки бо фурӯ бурдани дуди сигор 7 сония пас таъсири никотин ба майнаи сар рафта мерасад. Никотин заҳри қотилест, ки бештар ба системаи асаб, ҳозима, узвҳои нафаскашӣ ва дилу рагҳои хунгард таъсири хатаровар мерасонад. Сабаби асосии паҳн гардидани тамоку — ин гӯё таскиндиҳандаи дарди сар ва болидагии руҳ будааст. Вале бояд дар хотир нигоҳ дошт, ки заҳрҳои дар таркиби сигор мавҷудбуда ба тамоми узвҳои дарунӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Чуноне ба ҳама маълум аст, дар пардаи луобие, ки тамоми роҳҳои нафасро фаро гирифтааст, мӯякҳои даврзанандае мавҷуданд, ки вазифаи асосии онҳо берун кардани ҳар гуна моддаҳои нолозим мебошад. Дар ин сурат ҳангоми сигоркашӣ таъсири заҳрҳои сигор ба ин мӯякҳо расида, ҳаракати онҳоро бозмедорад. Дар натиҷа дар қабати роҳҳои нафас модаҳои нолозим ва ё балғам ҷамъ шуда, оқибат шахс метавонад ба бемории бронхит гирифтор шавад. Инчунин, таъсири заҳрҳои сигор ба рагҳои хунгард расида, девораҳои онро танг мекунад ва боиси баланд шудани фишори хун мегардад. Ҳамчунин, ҳангоми сигоркашӣ хуни бадан таъсири заҳри никотинро дар муддати 7-10 сония ба майнаи сар интиқол медиҳад, ки оқибат ба майнаи сар низ зиён оварда, боиси гирифтор шудан ба якчанд бемориҳои хавфноки сар, ба монанди инсулт мегардад.

Мо ҳама аз зарар доштани тамоку ба саломатии шахс бохабарем, вале ҳангоми истифодаи он узвҳои дарунии мо ба чӣ ҳолат ва бемориҳо омада мерасанд, шояд ҳатто тасаввур ҳам накунем. Вақте шахс тамоку мекашад, зарари он нахуст ба дандон мерасад. Дуде, ки шахси сигоркаш фурӯ мебарад, ҳарораташ қариб ба 600-800 дараҷа баробар аст. Ҳарорати сигори сӯзон бошад, ба 700- 900 дараҷа мерасад. Дар фасли зимистон бошад, дуди сигоре, ки шахс фурӯ мебарад, ҳарорати миёнааш ҳамагӣ 50 дараҷаро ташкил медиҳад, ки дар ин сурат паст ва баландшавии ҳарорат ба вуҷуд омада, тарқиши дандонҳо дар назар аст. Инчунин шикастани дандонҳо низ аз эҳтимол дур нест. Ҳамчунин, оҳиста-оҳиста дандон ранги худро гум карда, ба ранги зард табдил меёбад. Ҳангоми суҳбат аз даҳони шахси сигоркаш бӯи нофорам мебарояд, ки ин барои атрофиён умуман хуш нест.

Мувофиқи таҳқиқоти коршиносони тиб, сигор шахсро ҳатто ба марг оварда мерасонад. Нафарони сигоркаш дар муқоиса ба шахсоне, ки тамоку истифода намебаранд, 90% ба бемории саратон, 75% ба бемории бронхит ва 25% ба бемории сактаи дил бештар рӯ ба рӯ мешаванд. Ба ҳисоби миёна агар шахс 70 сол умр бинад, ҳангоми ба истифодаи тамоку даст задан 15 соли умри худро маҳв мегардонад. Таҳқиқоти оморӣ нишон медиҳад, ки дар ҷаҳон соле зиёда аз 5 млн нафар аз зарари тамоку ба ҳалокат мерасанд.

Чуноне дар боло зикр кардем, азбаски ҳарорати сигор баланд аст, аз ин рӯ пӯсти бадани нафароне, ки муддати дароз ва солҳои зиёд ба тамокукашӣ машғуланд, сиёҳ мешавад. Аз ин ҷо бармеояд, ки таъсири бади тамоку ҳатто ба пӯсти бадани шахс низ мерасидааст.

Мутаассифона, бархе аз бонувон низ ба тамокукашӣ майл доранд, ки ин одати бад ба онҳо бениҳоят хатаровар аст. Бахусус дар вақти ҳомиладорӣ истифодаи тамоку қатъиян манъ аст. Коршиносони тиб бар он ақидаанд, ки истифодаи мунтазами тамоку касро ба бенаслӣ оварда мерасонад.

Истифодаи сигор дар баробари ба организм таъсири манфӣ расонидан инчунин дар фаъолияти кории шахс низ таъсири нохуб мерасонад. Махсусан ба фаъолияти варзишии варзишгарон сигор бениҳоят таъсири бад мерасонад. Ҳангоми машқи бадан гардиши хун, нафаскашӣ ва кори дил тез мешавад, вале ҳангоми тамоку кашидани варзишгар таъсири бади он ба чунин узвҳои дохилии ӯ мерасад, яъне рагҳои хунгард танг мегарданд. Акнун худ қазоват кунед, ки дар натиҷа ба саломатии варзишгар чӣ гуна таъсири бад мерасонад. Барои муваффақ шудани варзишгар низ истифодаи тамоку метавонад монеа эҷод намояд.

Коршиносони тиб барои бартараф намудани вобастагии нафарони истеъмолгари тамоку ва ё муолиҷаи пурраи онҳо варзиш ва иҷроиши машқҳои ҷисмониро низ кор мебаранд. Зеро, ба андешаи онҳо, як сабаби асосии рӯоварии онҳо ба маҳсулоти тамоку — ин руҳияи носолим ва бекорӣ мебошад, ки гӯё бо ин восита асабҳои хешро ором менамоянд. Вале дар ин баробар равоншиносон варзиш ва ё машқҳои ҷисмониро беҳтарин воситаи оромиши асаб ва ҳамчунин воситаи дилгарм намудани шахс ба зиндагӣ медонанд. Ва ҳамин аст, ки аллакай коршиносони соҳаи тиб варзишро ба усули муолиҷавии хеш ворид намудаанду барои табобати беморон истифода мебаранд. Зеро бо ин роҳ ба натиҷаи дилхоҳ расидаанд.

Оё боре андеша кардаед, ки 400 навъи заҳр, ки дар таркиби дуди сигор мавҷуданд, ба солимии шумо чӣ гуна таъсир мерасонанд? Ва ё арзанда аст, ки солимии баданро бо якчанд бемориҳои хавфнок, ки ҳатто ба марг мерасонанд, бо истифодаи сигор иваз намоед?

Манижа ИСМОИЛОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here