Коллеҷи тиббии ғайридавлатии шаҳри Кӯлоб

Коллеҷи тиббии ғайридавлатии шаҳри Кӯлоб аз беҳтарин муассисаҳои тиббии миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб буда, соли 2015 таъсис ёфтааст ва аз нодиртарин дастоварди ҳамкориҳои бахши хусусӣ ва давлат дониста мешавад.  Коллеҷи мазкур дорои  Иҷозат оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи тиббию фарматсевтӣ бо силсилаи ВТХМА ВММ №0000026 аз 25-05-2015 буда, соли 2018 нахустин меваҳои боғи умедаш, яъне хатмкунандагонаш муассисаро хатм карда, бо дипломи миёнаи тиббӣ ба беморхонаҳои ҷумҳурӣ фиристода шуданд. Тибқи пурсиши миёни хатмкунандагон гузаронида шуда, маълум шуд, ки 80 дар сади хатмкунандагон ба кор фаро гирифта шуда, боқимондаҳо таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ Сино идома дода истодаанд. Чунин дастовард дар як муддати кӯтоҳ воқеан қобили таҳсин аст. 

Устоди собиқадор Нуруллоева Сарвиноз Аҳматуллоевна дар айни замон директори Коллеҷи тиббии ғайридавлатии шаҳри Кӯлоб мебошанд.

Кафедраҳо ва ихтисосҳо

Коллечи тиббии ғайридавлатии шаҳри Кӯлоб дорои се кафедра — «Фанҳои гуманитарӣ», «Фанҳои тиббӣ-биологӣ» ва «Фанхои тиббӣ-клиникӣ» буда, бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-05-2015, №449 аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассис омода мекунад:

Кори табобатӣ — 2-790101 (тахассуси ҳамшираи тиббӣ ва оилавӣ);

Кори момодоягӣ —  2-790102 (тахассуси момодоя);

Кори ҳамширагӣ — 2-790106 (тахассуси ҳамшираи тиббӣ);

Кори фарматсевтӣ — 2-790108 (тахассуси ёрдамчии фарматсевт);

Кори табобати дандон — 2-790107 (тахассуси ёрдамчии табиби дандон).

Бояд гуфт, ки ихтисоси кори ҳамширагӣ — 2-790106, ҳам дар заминаи таҳсилоти умумии асосии синфи 9 ва ҳам 11 амал мекунад.

Ҳамаи донишҷӯёни коллеҷ дар доираи ихтисосҳои мазкур ба таври шартномавӣ таҳсил мекунанд. Дар соли таҳсили 2018-2019 коллеҷ мувофиқи низомнома оид ба ташкили ҷараёни таълим дар низоми кредитӣ 600 нафар хонандагонро ба таҳсил фаро гирифт, ки 451 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Шумораи донишҷӯёни коллеҷи тиббии ғайридавлатии Кӯлоб дар соли хониши 2018-2019 дар умум 1235-нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 916 нафаршон духтарон мебошанд. Ҷадвали дарсҳо дар муассиса дар асоси сарбории омӯзгорон ташкил карда шуда, барои иҷроиш назорати доимӣ бурда мешавад.

Дар коллеҷ 7-нафар ятимони кул таҳсил менамоянд. Онҳо ҳамеша зери назорату дастгирии роҳбари муассиса қарор дошта, ба онҳо ҳамасола мададпулӣ дода мешавад.

Кадрҳои омӯзгорӣ

Дар коллеҷ 41-нафар устодон ба шогирдон дарс мегӯянд, ки аз онҳо 13 нафарашон зан мебошанд. Аз шумораи умумии омӯзгорони асосӣ 15 нафарашон омӯзгорони фанҳои тиббӣ, як нафар дотсент, 4 нафар унвонҷӯ буда, 5 нафарашон аълочии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Шумораи омӯзгорони соатбайъ ва ҳамкор 138 нафарро ташкил медиҳад, ки 90 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 122 нафарашон омӯзгорони фанҳои тиббӣ, 30 нафар бо дараҷаи тахасуси олӣ, 28 нафар дараҷаи 1-ум ва 11 нафар дараҷаи 2-юманд. Ҳамаи омӯзгорон солҳои гуногун аз такмили ихтисос гузашта, дараҷаи касбияти худро баланд бардоштаанд ва донишу малакаи худро ба шогирдон самимона меомӯзанд.

Нақшаҳои таълимӣ

Нақшаҳои ҷараёни таълим ва барномаҳои таълимӣ, ки барои муассисаҳои таълимии «Коллеҷи тиббӣ» аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Чумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд, дар коллеҷ ба роҳ монда шудаанд.

Тайёр намудани мутахассисон дар «Коллечи тиббии ғайридавлатӣ» пурра тибқи барномаҳои таълимии мувофиқ ба стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Феълан дар коллеҷи мазкур шуъбаҳои «Кори табобатӣ», «Кори момодоягӣ», «Кори ҳамширагӣ», «Кори фарматсевтӣ» ва «Кори табобати дандон» фаъолият мекунад.

Базаи технологӣ

Муассиса дорои 2 бинои таълимии ҳозиразамон буда, аз 32 синфхона, лабараторияҳо ва синфҳои тибби оилавии муҷаҳҳаз бо ҳама лавозимоти дарсӣ ва асбобҳои аёнӣ иборат аст. Кабинетҳои фаннии муосир бо ашёҳои фаннӣ ва овезаҳои таълимӣ таъмин буда, дар ҳама кабинетҳо, аз ҷумла кабинетҳои физика; кори ҳамширагӣ; информатика; педиатрия; таърих; кимиё; физиотерапия ва ғайра ҳама шароит барои таҳсили донишҷӯён муҳайё карда шудааст. Дарсҳои назариявию амалӣ аз тарафи устодони таҷрибадор гузаронида мешаванд. Ин имконият медиҳад, ки дараҷаи азхудкунии дарсҳо ба таври зарурӣ баланд бардошта шавад.

Коллеҷ инчунин як майдончаи варзишӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 1 ошхона ва 2 толори васеъ дорад, ки донишҷӯёну устодон аз он фаъолона истифода мебаранд.

Дар китобхонаи коллеҷ 6480 адад китобҳои дарсӣ, бадеӣ, сиёсӣ ва тахассусӣ ҷамъ оварда шуда, китобхона як қироатхона барои азхудкунии дарсҳо ва хондани китобҳо низ дорад, ки ин имкон медиҳад, донишҷӯён баъд аз дарс, китобҳои заруриро ба даст оварда, дар толори он ба дарсҳо ҳаматарафа омодагӣ гиранд.

Синфҳонаҳои компютерии «Коллеҷи тибии ғайридавлатӣ» бо 37 адад компютер, 6 адад принтер, 3 адад проектор, 2 адад модеми роутер, 8 адад камераҳои бехатарӣ ва 2 адад компютери портативӣ (ноутбук) ҷиҳозонда шудаанд.

Дарсҳои кушод

Мувофиқи ҷадвали пешниҳоднамудаи мудирони кафедраҳо, танҳо дар соли равон дар коллеҷ оид ба мавзӯҳои гуногуни тахассусию тиббӣ 6 маротиба дарсҳои кушоди намунавӣ гузаронида шудааст, ки чунин дарсҳо дар такмили дониши муҳассилин саҳми арзанда мегузоранд. Дар Коллеҷи тиббӣ инчунин гӯшаи методӣ ташкил карда шудааст, ки дар он чи тавр гузаронидани дарсҳои назариявӣ ва амалӣ нишон дода шудааст. Фақат дар соли хониши 2018-2019 21 нафар омӯзгорон ба дарси ҳамдигар даромада, ба якдигар ёрии методӣ расонидаанд.

Таҷрибаомӯзӣ

Таҷрибаомӯзӣ ва кори амалии донишҷӯёни коллеҷи тиббӣ яке аз қисмҳои асосии барномаи таълимӣ буда, бо мақсади мустаҳкам намудани дониши донишҷӯён аз дарсҳои назариявӣ ва ба даст овардани маҳорату малакаи касбӣ ташкил карда мешавад.

Корҳои амалӣ дар асоси барномаи таълимии тасдиқкардаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Дар рафти таҷрибаомӯзии донишҷӯёни муассисаи таълимии «Коллеҷи тибии ғайридавлатии шаҳри Кӯлоб» барои иҷроиши кори амалия ба муассисаҳои табобатӣ сафарбар карда мешавад.

Дарсҳои таҷрибавӣ дар муассисаҳои табобатӣ бо сифати баланд гузаронида шуда, дониши дар раванди дарсҳо гирифтаи донишҷӯён  мустаҳкам карда шуда, малака, маҳорат ва касбияти онҳоро баланд мебардорад.

Бо фармони директори муассиса Нуруллоева С.А. ҳамасола донишҷӯёни бахшҳои 2, 3 ва 4-и шуъбаҳои «кори табобатӣ», «кори ҳамширагӣ», «кори фарматсевтӣ» ба таҷрибаомӯзии таълимӣ-истеҳсолӣ ва таҷрибаомӯзии пеш аз дипломӣ сафарбар кунонида мешаванд.

Тибки нақши таълимӣ таҷрибаомӯзии донишҷӯён бо 3 усул гузаронида мешавад:

1. Таълимӣ-(бо таври назариявӣ);

2. Таълимӣ-истеҳсолӣ (бе таълими назариявӣ);

3. Қаблаздипломӣ (таҷрибаомӯзи дар ҷойи кор).

Комиссияи назоратӣ

Дар муассиса комисияи назорати сифати таълим дар якҷоягӣ бо комиссияи экспертии назди шуъбаи таълим якчанд сол боз фаъолият намуда истодаанд. Гуруҳи назорати сифати таълим ҳамасола байни донишҷӯён мониторинг гузаронида аз натиҷааш гузориш медиҳад. Натиҷаи мониторинги соли равон гузаронида шуда, нишон дод, ки дарҷаи азхудкунии дарсҳо дар коллеҷ дар сатҳи баланд қарор дорад.

Аз суҳбат бо маъмурияти Коллеҷи тиббии ғайридавлтии шаҳри Кӯлоб маълум шуд, ки муассиса бо Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ҳамкории зич дорад ва аз таҷрибаи бойи он ҳаматарафа истифода мебарад. Пеш аз ҳама чунин ҳамкорӣ бо шуъбаи методии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда шуда, китобҳои дарсӣ аз ҳаминҷо дастрас карда мешаванд.

Чорабиниҳо

Маъмурият, омӯзгорон ва тамоми донишҷӯёни коллеҷ дар чорабиниҳои фарҳангию сиёсии шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ фаъолона ширкат менамоянд. Маъмурияти Коллеҷи тиббии ғайридавлтии шаҳри Кӯлоб супоришҳо, қарорҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистонро сармашқи кори худ қарор дода, дар соли хониши 2018-2019, дар беҳбудӣ, ободонӣ ва раванди таълиму тарбия корҳои зиёдеро ба сомон расониданд. Аз ҷумла конференсияи назариявӣ-тарғиботии «Об барои рушди устувор»-ро мисол овардан мумкин аст, ки 28-уми феврали соли 2018 гузаронида шуд. Ҳайати донишҷӯён ва устодон дар он фаъолона ширкат варзиданд. Инчунин 2-юми октябри соли 2018 конференсияи назариявӣ-амалӣ дар мавзӯи «Асоси парастории навзодон» бо иштироки донишҷӯён ва устодони коллеҷ гузаронида шуда, баъдан дар телевизиони Кӯлоб намоиш дода шуд.

Бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» санаи 4-уми апрели соли 2018 донишҷӯёни коллеҷ ба воситаи қатора барои саёҳат ба шаҳру ноҳияҳои Бохтар-Шаҳритӯс-Кӯлоб сафарбар карда шуда, бо таърихи Хатлон шинос шуданд.

Дар ошёнаи 1-уми бинои таълимӣ гӯшаи «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва дар ошёнаи 2-юм «Гушаи президентӣ» ташкил карда шудааст.

Варзиш

Варзиш яке аз соҳаҳои фаъол дониста шуда, маъмурияти муассисаи таълимии гайридавлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб» бо такя ба мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.02.2018 с. №14/2-363 ба ин соҳа аҳамияти ҷиддӣ дода истодаанд. Натиҷаи чунин кӯшишҳо буд, ки донишҷӯёни «кори ҳамширагӣ» Умаров Аминҷон ва Раҳимов Умедҷон аз 16-ум то 19-уми ноябри соли 2018 бахшида ба «Рӯзи Президент» дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявии гӯштини тарзи озод дар байни наврасон иштирок намуда, сазовори ҷойи 1-ум ва 2-юм гардиданд.

Корҳои тарбиявӣ

Корҳои тарбиявӣ, нисбат ба соли хониши аввал беҳтар гашта, сифати дарсҳои тарбиявӣ хуб ба рох монда шудааст. Ҳар сол дар муассиса дар баробари гузаштани дарсҳои тарбиявӣ инчунин бо кормандони мақомоти қудратӣ, пешқадамони соҳаи тиб, падару модарони обрӯманд якчанд маротиба вохӯриҳо гузаронида шуда, дар мавзуҳои гуногун, аз ҷумла роҳҳои пешгирӣ аз ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла ҷалб нашудан ба гуруҳҳои ифротӣ ба донишҷӯён фаҳмонида мешавад. Дар чунин дарсҳо инчунин падару модарон даъват карда шуда, ба онҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» шарҳ дода шуда, ҳар моҳ маҷлисҳои падару модарон низ гузаронида мешаванд.

Бо мақсади вусъати минбаъдаи фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва ҷабҳаҳои дигари ҳаёти коллеҷ татбиқи амалии чораву тадбирҳои зерин ба роҳ монда шудааст:

— дар раванди таълим истифода бурдани усулҳое, ки фаъолнокии донишҷӯёнро бедор мекунад;

— ҷалби донишҷӯён ба машғулияти фардӣ ва иловагӣ;

— ҷоннок намудани кори таълифи дастуру маколаҳои илмӣ, методӣ ва таълимӣ;

— ҷалби омӯзгорону шогирдони лаёқатманд барои озмунҳои ҷумҳуриявӣ;

— ҷоннок сохтани фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ дар кори тарбияи донишҷӯён.

Нахустин хатмкунандагон

Аз суҳбат бо директори коллеҷи тиббӣ Нуруллоева Сарвиноз Аҳматуллоевна маълум шуд, ки дар соли хониш 2017-2018 109 нафар нахустхатмкунадагони коллеҷ муассисаро хатм намудаанд, ки аз онҳо 84 нафарашон духтарон мебошанд. Аксари хатмкунандагон дар муассисаҳои тиббии вилояти Хатлон бо ҷойи кор таъмин шудаанд ва бахше аз онҳо таҳсилро дар Донишгоҳи тиббӣ идома дода истодаанд. Маъмурияти коллеҷ дар суҳбат бо мо иброз доштанд, ки дар оянда низ барои тайёр намудани кадрҳои баландихтисос ҳама таҷриба, дониш ва малакаи худро истифода бурда, бо сатҳу сифати баланд кадрҳои тиббӣ омода намуда, дар хизмати халқу ватан қарор хоҳанд дод. Онҳо тамоми қувват, дониш ва малакаи худро баҳри ҳифзи музаффариятҳои даврони Истиқлолият: ваҳдати миллӣ, муттаҳидӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва пешравии минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба харҷ дода, баҳри тайёр намудани мутахассисони миёнаи касбии тиббии ҷавобгӯ ба меъёрҳои талаботи замон равона намуда истодаанд.

Таҳсил дар чунин коллеҷи муосир барои донишҷӯён боиси ифтихор аст ва ҳам имконият медиҳад, ки чун мутахассисони хуби соҳаи тиб ба воя расида ба Ватан ва ба халқи худ хизмат намоянд. Маъмурияти коллеҷ ба довталабони муассисаи мазкур кафолат медиҳанд, ки ҳангоми интихоби ин коллеҷ барои таҳсил дар интихоби худ хато нахоҳанд кард.

Холиқи Муҳаммадназар, Маркази тадқиқоти журналистӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here