Соҳаи тандурустии ноҳияи Рашт имрӯз бо дастгирии доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.

Ҳоло дар ноҳия ба 132114 нафар аҳолӣ, ки аз ин 67375 нафарашро мард ва 64739 нафарро зан ташкил медиҳад, 6 адад муассисаҳои госпиталӣ ва 70 адад муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Ғайр аз ин, ба хизматрасонии тиббӣ як қатор марказҳои соҳавӣ низ машғул мебошанд, аз он ҷумла, Маркази давлатии санитарию эпидемиологӣ, Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО, Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил, Маркази мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ, Маркази байниноҳиявии клиникии тиби оилавӣ  (МБКТО), Маркази эмтаъминкунӣ, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, Маркази солимии репродуктивӣ, Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, Коллеҷи тиббӣ ва Шуъбаи дезинфексияи профилактикӣ.

Таъминотнокӣ бо табибон дар ноҳия ба 11,4 (ба 10000 аҳолӣ) ва бо ҳамшираҳои тиб ба 33,4 (ба 10000 аҳолӣ) баробар мебошад.

Дар ноҳия 366 кати бистарӣ фаъолият дорад, ки аз инҳо 206 ададаш ба беморхонаи марказии ноҳия, 85 адад ба беморхонаҳои минтақавӣ, 60 адад ба беморхонаи байниноҳиявии бемориҳои руҳӣ ва 15 адад ба шуъбаи бемориҳои сил рост меояд.

Дар давраи ҳисоботии соли 2020 шумораи умумии кормандони соҳаи тандурустӣ дар ҳудуди ноҳия 957 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 146 нафар табибон ва 453 нафар кормандони миёнаи тиб ва 359 нафар дигар кормандон мебошанд. Аз 957 нафар кормандон 482 (50,5%) нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.

Таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи соҳа ба ҳисоб меравад. Талаботи муассисаҳои тандурустии ноҳия ба мутахассисони дорои маълумоти олии тиб ба 41 нафар, аз ҷумла 13 нафар сохтори госпиталӣ ва 28 нафар муассисаҳои КАТС мебошад.

Беморхонаи марказии ноҳия аз 16 шуъба иборат буда, дорои 206 кати бистарӣ мебошад, ки 372 корманд дар 286,25 воҳиди корӣ фаъолият доранд.

Шумораи умумии ҷарроҳӣ дар давоми соли гузашта ба 839 нафар гузаронида шудааст. Ҷарроҳии калонсолон 449 нафарро ташкил медиҳад, ки 89 нафар ба таври нақшавӣ, 315 нафар ба таври таъҷилӣ, 45 нафар ҷарроҳии бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ, инчунин беморони гирифтори бемории рагҳои хунгард 4 нафар ба таври нақшавӣ ва 12 нафар ба таври таъҷилӣ гузаронида шудааст. Ҷарроҳии кӯдакона 243 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора ҷарроҳии нақшавӣ 62 нафар, ҷарроҳии таъҷилӣ 149 нафар, ҷарроҳиҳои хурди статсионарӣ 10 нафар мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ ҷарроҳӣ ба 153 нафар беморони занона, 21 нафар ба таври нақшавӣ ва 132 нафар ба таври таъҷилӣ гузаронида шудааст.

Беморхонаи минтақавии шаҳраки Навобод дорои 3 шуъба, 35 кати бистарӣ буда, 36 коргар дар 43,05 воҳиди корӣ фаъолият намуда, ба 36000 ҳазор аҳолии 4 ҷамоат хизмати тиббӣ мерасонанд. Шумораи умумии бистаришудагон дар шуъбаҳои беморхона 446 нафар буда, дар соли 2019 ба 451 нафар баробар мебошад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 5 нафар кам мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ дар беморхона аз шумораи умумии бистаришудагон 399 нафар ба таври ройгон хизмат расонида шудаанд. Дар давоми сол аз шумораи умумии бистаришудагон 62 нафар занони ҳомила, ки дар ҳолати вазнин қарор доштаанд, ба беморхонаи марказӣ интиқол дода шудаанд. Аз саршавии бемории сироятии коронавирус 14 нафар бемор бистарӣ карда шуда, шумораи фавт 1 нафарро ташкил медиҳад. Инчунин, аз тарафи кормандони беморхонаи минтақавӣ ва МСД дар шароити хона аз саршавии бемории сироятии коронавирус 155 нафар гумонбарон ба табобат фаро гирифта шудаанд, ки пурра шифо ёфтаанд.

Беморхонаи минтақавии Ҳоит дорои 30 кати бистарӣ буда, 36 коргар дар 43,0 воҳиди корӣ ба 14663 нафар аҳолии ҷамоати деҳоти Ҳоит ва Ясманд хизмати тиббӣ мерасонанд. Дар давраи ҳисоботӣ дар беморхона аз шумораи умумии бистаришудагон 312 нафар ба таври ройгон хизмат расонида шудаанд. Аз саршавии бемории сироятии коронавирус 30 нафар бемор бистарӣ карда шуда, шумораи фавт 1 нафарро ташкил медиҳад.

Инчунин аз тарафи кормандони беморхонаи минтақавӣ ва МСД дар шароити хона аз саршавии бемории сироятии коронавирус 105 нафар гумонбарон ба табобат фаро гирифта шудаанд, ки аз инҳо 105 нафар шифо ёфтаанд.

Дар Беморхонаи минтақавӣ ва маркази саломатии деҳоти Ҳоит ба миқдори зиёда аз 110 612 метри мураббаъ корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда, кор дар ин самт ҳамарӯза давом дорад.

Беморхонаи минтақавии Қалъаи Сурх дорои 3 шуъба, 10 кати бистарӣ буда, 17 коргар дар 23 воҳиди корӣ ба 17069 нафар аҳолии ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх хизмати тиббӣ мерасонанд. Дар давраи ҳисоботӣ дар беморхона аз шумораи умумии бистаришудагон 191 нафар ба таври ройгон хизмат расонида шудаанд. Аз саршавии бемории сироятии коронавирус 6 нафар бемор бистарӣ карда шуда, шумораи фавт 1 нафарро ташкил медиҳад.

Беморхонаи минтақавии Нимич дорои 3 шуъба, 10 кати бистарӣ буда, 18 коргар дар 17,0 воҳиди корӣ ба 7635 нафар аҳолии ҷамоати деҳоти Ҷафр хизмати тиббӣ  мерасонанд. Дар давраи ҳисоботӣ дар беморхона аз шумораи умумии бистаришудагон 125 нафар ба таври ройгон хизмат расонида шудаанд. Аз саршавии бемории сироятии коронавирус дар беморхонаи минтақавӣ 3 нафар бемор бистарӣ карда шуда, баъди пурра сиҳатшавӣ ба хона ҷавоб дода шудаанд.

Инчунин аз тарафи кормандони беморхонаи минтақавӣ ва маркази саломатӣ дар шароити хона аз саршавии бемории сироятии коронавирус 34 нафар гумонбарон ба табобат фаро гирифта шудаанд, ки аз инҳо ҳамаашон шифо ёфтаанд.

Маркази байниноҳиявии бемориҳои руҳӣ дар минтақаи Рашт аз шуъбаҳои занона ва мардона иборат буда, дорои 60 кати бистарӣ бо 44 коргари тиббӣ дар 70,0 ваҳиди корӣ фаъолият доранд. Марказ соли 2009 ташкил шуда, ба 5 ноҳияи минтақа аз рӯи оиннома ёрии равонпизишкӣ мерасонад. Ҳамаи беморон аз тарафи табибон табобати соҳавиро гирифта, бо ҳолати хуби руҳӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, ба қайди тиббӣ гирифта шудаанд ва аз тарафи духтурон назорат бурда мешаванд. Ҳамаи бемороне, ки ба шуъбаҳо дохил мешаванд, 3 вақт бо хӯроки гарм, анҷомҳои хоб, маводҳои доруворӣ таъмин карда мешаванд. Ҳаммоми беморон саривақтӣ гузаронида мешавад.

Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Рашт дар тобеияти худ 1 Маркази саломатии ноҳиявӣ, 19 адад марказҳои саломатии деҳотӣ, 50 адад бунгоҳҳои тиббӣ дошта, 67 табиб, 329 корманди миёнаи тиб ба 129 821 нафар аҳолӣ дар 3 минтақа (Минтақаи марказӣ — 45 муассиса, минтақаи Ҳоит — 6 муассиса, минтақаи Навобод — 19 муассиса) кумаки аввалияи тиббӣ мерасонанд.

Дар шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ҳамагӣ 1 070681 муроҷиат ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 112 377 ба МСН ва 958304 ба МСД ва бунгоҳҳои саломатӣ рост меояд.

Коллеҷи тиббии ноҳия дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ монда, баҳри баланд бардоштани савияи дониши дошишҷӯён саъю кӯшиш менамояд. Дар коллеҷи тиббии ноҳия 49 нафар кормандон фаъолият доранд, ки аз онҳо 31 нафарашон дорои маълумоти олӣ мебошанд. Донишҷӯён аз рӯи ду ихтисос — кори ҳамширагӣ ва кори момодоягӣ таҳсил менамоянд. Шумораи донишҷӯён 716 нафар мебошанд, ки аз онҳо 437 нафар духтарон ва 279 нафар писарон мебошанд. Аз ин шумораи донишҷӯён 277 нафар дар гуруҳҳои шартномавӣ ва 439 нафар дар гуруҳҳои буҷавӣ таҳсил мекунанд.

Дар баробари фанҳои тахассусӣ фанҳои гуманитарӣ низ таълим дода мешаванд. Дарсҳои техникии информатсионӣ пурра дар синфҳои компютерӣ гузаронида мешаванд, ки синфҳо дорои 76 адад компютер, 2 адад ноутбук, 5 адад проектор мебошанд, ки 4 адади онҳо бо хати интернетӣ пайваст мебошанд.

Консепсияи миллии тарбия, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2006 таҳти рақами №94 тасдиқ шудааст, дар самти дуруст ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ бо роҳҳои гуногун амалӣ гардонида мешавад.

Таҳти назорати мутахассисони маркази шуъбаи санитарӣ- гигиении ноҳия 69 иншооти саноатӣ, 203 иншооти хӯрокворӣ, 120 иншооти кӯдакон ва наврасон ва 174 иншооти коммуналӣ қарор доранд.

Аз тарафи мутахассисони маркази шуъбаи эпидемиологии ноҳия 2370 нафар бемориҳои сироятӣ, аз ин 1150 нафар бемории паразитӣ дар асоси хабарҳои таъҷилии беморхонаи марказӣ, КАТС ба қайд гирифта шуда, аз тарафи мутахассиси шуъбаи эпидемиологӣ, кортҳои эпидемиологӣ ташкил карда шуда, назорати эпидемиологӣ ва корҳои профилактикӣ — санитарӣ гузаронида шудаанд.

Оид ба муайян намудани ҳолатҳои санитарию гигиении обҳои нӯшокӣ аз 69 нуқта ташхиси бактериологӣ гирифта шудааст, ки натиҷаҳои ташхисҳои бактериологӣ бо талаботҳои санитарию гигиенӣ ҷавобгӯй мебошанд.

Барои муайян намудани бемории буғумдард ба озмоишгоҳи бактериологии марказ 39 нафар шаҳрвандон муроҷиат карда, баъди натиҷаи ташхиси бактериологӣ маълум шудааст, ки 28 нафарашон мусбат ва 11 нафарашон манфӣ мебошанд. Ҳамагӣ дар озмоишгоҳи бактериологӣ аз тарафи мутахассисони ташхисгоҳи марказ 6097 нуқта ташхис гирифта шуда, ҷавобҳои мушаххас дода шудааст. Ташхиси обшӯй гирифта шуда, аз 207 иншоот, ки ҳамагӣ 911 нуқтаро ташкил медиҳад, бо натиҷаи манфӣ 718 нуқта ва 189 нуқтааш мусбат мебошад.

Дар ноҳия маркази мубориза бар зидди бемориҳои ВНМО фаъолият дорад. Марказ дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти худро аз рӯи нақша-чорабиниҳо ва «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.02.2017 таҳти №89 ва қарори раиси ноҳияи Рашт аз 31.05.2017 таҳти №330 ба роҳ монда, як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст. Дар маркази мазкур озмоишгоҳ фаъолият дорад, ки дар соли равон 11190 нафар аз ташхиси вируси норасоии масуният гузаштаанд, ки аз инҳо 2553 нафар мард ва 7342 нафар зан, ки дар соли 2020-ум 10 нафар бо нишондоди мусбат (дар 12-моҳаи соли 2019-ум 12 нафар) мебошад. Аз ин шумора 6 нафар мард ва 4 нафар зан бо нишондоди мусбат дарёфт гардидааст.

Дар Маркази сили ноҳия 52 нафар беморони сил ба қайд гирифта шуда, аз инҳо 44 нафарашон бори аввал (дар соли 2019 — 64 нафар), аз ин шумора 16 нафар занҳо ва 5 нафар кӯдаки синни то 15-сола ба қайд гирифта шудааст. Дар марказ озмоишгоҳ фаъолият дорад. Озмоишгоҳ дорои таҷҳизоти ташхисии «Ҷен Эксперт» мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ 736 нафар беморон аз ташхис гузаронида шуда, 2 нафар шакли мутобиқгашта ва 19 нафар беморони шакли оддӣ дарёфт гардидаанд.

Дар 14 ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия кумитаҳои маҳаллии тандурустӣ ташкил карда шудааст, ки барои баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба бемории сил, аз ҷумла гуруҳи зери хавф хизмат мерасонанд ва инчунин гумонбаршудагон ба бемории силро барои ташхис ба маркази бемориҳои сили ноҳия равона мекунанд.

Дар назорати диспансерии марказ 286 нафар беморон дар қайд мебошанд. Ҳамаи беморон бо Барномаи DOTS фаро гирифта шудаанд.

Бо Қарори раиси ноҳия ҳамаи беморони ба қайд гирифташуда то ба охир расидани табобат аз андози замин, қувваи барқ ва об озод мебошанд.

Мувофиқи нақшаи кории солона, ки аз тарафи маркази ҷумҳуриявии шуъбаи дезинфексияи профилактикии ВТ ва ҲИА ҶТ ва Мақомоти иҷрояи ҳокимяти давлатии ноҳияи Рашт тасдиқ ва мувофиқа карда шудааст, аз рӯи он амал намуда истодааст. Самти асосии фаъолияти ШДП-и таъмини иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №49 аз 8.12.2003 “Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ” мувофиқи моддаи 30-39 равона карда шудааст.

Шуъбаи дезинфексияи профилактикии ноҳия аз 4 ҳуҷраи корӣ, як мошини хизматӣ, 3 адад автомакс (асбобҳои безараргардонӣ) иборат мебошад. Марказ аз 8,0 воҳиди корӣ иборат буда, 8 нафар коргар фаъолият менамоянд.

Дар давраи ҳисоботии соли 2020 корҳои безараргардонӣ ба таври ройгон дар ҳаҷми 697992 метри мураббаъ иҷро карда шудааст.

Дар озмоишгоҳи маркази мубориза бар зидди бемориҳои тропикии ноҳия 5583 нафар (дар соли 2019-ум 8099 нафар) аз ташхиси озмоишӣ оид ба бемориҳои кирми рӯдаю меъда гузаштаанд, ки аз ин шумора 1268 нафар (дар соли 2019-ум 1161 нафар) беморони кирми рӯда дарёфт гардидаанд. Дар давраи ҳисоботӣ дар озмоишгоҳи марказ таҳлили хун барои вараҷа 2876 нафар (дар соли 2019-ум 2798 нафар) гирифта шудааст. Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим аз як ҳуҷраи корӣ иборат буда, дорои 9,0 воҳиди корӣ аст ва 8 нафар коргар фаъолият мекунанд.

Шуъбаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар ноҳияи Рашт фаъолияти худро дар асоси Низомномаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми декабри соли 2008 таҳти №601 тасдиқ шудааст, ба роҳ мондааст.

Дар ноҳияи Рашт ба ҳолати 01.12.2020-ум 1829 нафар (ба ҳолати 01.12.2019-ум 1820 нафар) маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки (1,3% аҳолии ноҳияи Рашт) 1507 нафари онҳо маъюбони калонсол мебошанд.

Аз инҳо 191 нафар (10,4%)  гуруҳи якум, 1037 нафар (56,7%) гуруҳи дуюм ва 279 нафар (12,25%) гуруҳи сеюм мебошанд. Кӯдакони маъюби то 18-сола 323 (0,2% аҳолии ноҳияи Рашт) нафар буда, 17,6%-и маъюбонро ташкил медиҳанд.

Дар давраи ҳисоботии соли 2020 қобилияти кории 8 нафар маъюб қисман  барқарор карда шуда (аз гуруҳи 2 ба 3), гуруҳи маъюбии 9 нафар маъюб вазнин карда шудааст (аз 2 ба 1ва аз 3 ба 2). Воситаҳои ҳаракаткунанда (аробачаи маъюбӣ) ба 8 нафар маъюб тавсия дода шудааст.

Соҳаи тандурустии ноҳияи Рашт оид ба иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18-уми марти соли 2020 №1365, Қарори Раиси ноҳияи Рашт аз 30-юми марти соли 2020, № 217 “Дар бораи таъсис додани ситоди маҳаллӣ ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба пурзӯр намудани чораҳои зидди эпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус COVID — 19 ба тасвиб расидааст.

Дар ситоди фосилавии ҳаррӯзаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иштироки бевоситаи Вазири тандурустӣ ва муовинон, ки дар шабонарӯз 2 маротиба баргузор мегардад, масъалаҳои ҳисоботҳои оморӣ, гардиши хонагӣ оид ба дарёфти беморон, пешгирӣ, табобат ва бистаригардонии беморон, инчунин фавти беморон аз бемории сироятии нави коронавирус COVID-19 баррасӣ карда мешаванд.

Дар беморхонаи марказӣ маводи дорувории зарурӣ, либоси махсус, ниқоб ва маҳлули антисептикӣ иловатан захира шуда, дар ҳамаи шуъбаҳои беморхона ва беморхонаҳои минтақавӣ тақсим карда шудааст. Дар беморхонаи марказӣ ва беморхонаҳои минтақавӣ оид ба захираҳои маводҳои муҳофизатӣ, антисептикӣ ва доруворӣ танқисӣ вуҷуд надорад.

Дар ҳолати имрӯза аз аввали давраи пайдоиши бемории сирояти COVID-19 то имрӯз дар ноҳия 1273 беморон ба қайд гирифта шудаанд, ки 1270 нафар солим гардонида шуда, айни ҳол таҳти назорати амбулаторӣ дар шароити хона 3 нафар қарор доранд, ки аз инҳо 1 нафар ба натиҷаи молишаки мусбат ва 2 нафар бо илтиҳоби шуши ғайри ковидӣ мебошанд. Дар муассисаҳои госпиталӣ 124 нафар бистарӣ шудаанд, ки аз онҳо 120 нафар шифо ёфтаанд.

Дар шуъбаи сироятӣ ва беморхонаҳои минтақавӣ айни ҳол беморони сироятии COVID-19 бистарӣ намебошанд. Айни ҳол ба миқдори кофӣ молишак (347 адад) ва антитела (435 адад) захира шудааст.

Мавриди қайд аст, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон, шахсони саховатпеша ва шарикони рушд ба муассисаҳои тандурустии ноҳия таҷҳизот, доруворӣ, маводҳои муҳофизатӣ-фардӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ, аз қабили хилъат, айнак, дастпӯшак ва ниқобҳои муҳофизатӣ, хокаи хлор ва маҳлулҳои антисептикӣ, сӯзандоруҳо ва дорувории аввалиндараҷа дастрас карда шудааст, ки дар мувофиқа бо Ситоди ноҳиявӣ тақсимоташон гузаронида шуда истодааст.

Ба гуфтаи сартабиби ноҳияи Рашт муҳтарам Н. Солиҳов, “бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт, шарикони рушд ва соҳибкорони маҳаллӣ соҳаи тандурустии ноҳия ба як қатор дастовардҳо ноил гардид. Аз он ҷумла, ба истифода додани бунгоҳҳои тиббии деҳаи Бинии Суфиён ва Навдонак, ҳамзамон рафти сохтмони бунгоҳи тиббии деҳаи Санги кар, таъмири Зарифи Кочон ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани бунгоҳи тиббии деҳаи Дуоба. Дар назди шуъбаи сироятии беморхонаи марказӣ насб намудани 8 адад хонавагонҳо бо тамоми таҷҳизоти лозима, ки 20 кати бистариро дар бар мегирад. Рафти таъмири асосии шуъбаи ҷарроҳӣ, толори ҷарроҳӣ, шуъбаи эҳёгарӣ бо таъмин намудан бо гармидиҳакҳои бӯғӣ, шуъбаи сироятии беморхонаи марказӣ, рафти сотмони бинои дуошёна дар беморхонаи минтақавии Нимич, шуъбаи қабули беморон, ҳаммоми замонавӣ дар назди шуъбаи кӯдакона, ҳуҷраи гемодиализ ва майдончаи варзишӣ дар назди беморхона идома дорад”.

Ба изҳори мавсуф, “дар ҳамаи шуъбаҳо, атрофи беморхонаи марказӣ ва атрофи маркази саломатии ноҳиявӣ камераҳои мушоҳидавии баландсифат насб гардидаанд. Ба маблағи қариб се миллион сомонӣ ба муассисаҳои тандурустии ноҳия аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоиии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ таҷҳизоти тиббии замонавӣ ворид гардид. Аз ҷумла, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ) 6 адад, пулсоксиметр 20 адад, оксигенератор 17 адад, дефибрилятор 1 адад, ларингоскоп 5 адад, дастгоҳи сабти барқии дил (электрокардиограф) 1 адад, дастгоҳи мониторӣ (базовый монитор) 5 адад, электроотсос 2 адад, лампаҳои безараргардонӣ аз уфунат 22 адад, асбоби қандсанҷӣ (портативний глюкометр) 2 адад. Дар давоми сол ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ 8 адад катҳои функсионалӣ ва 100 адад катҳои оддӣ бо ашёҳои нарм дастрас шудаанд. Маводҳои доруворӣ, ашёҳои муҳофизатӣ ва безарагардонӣ ба маблағи зиёда аз як миллион сомонӣ ба соҳаи тандурустӣ ворид гардидааст, ки айни ҳол ба андозаи кофӣ захира карда шудааст. Ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳия барои ҳавасмандгардонӣ ва заҳматҳои шабонарӯзӣ дар давраи бемории сироятии коронавирус КОВИД-19 маблағҳои пулӣ ва маводҳои озуқаворӣ дастгирӣ карда шуд. Ҳамзамон, дар Беморхонаи марказӣ ҷарроҳии рагҳои хунгард ба роҳ монда шуд, ки ба зиёда аз 35 нафар беморон ҷарроҳӣ гузаронида шуд”.

— Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як адад автомашинаи ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи марказӣ дастрас гардид, ки мо барои ин кумаки бузург аз раиси ноҳия, муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода аз замин то осмон миннатдорем,- афзуд Н. Солиҳов.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here