Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар баробари давра ба давра рӯ ба тараққӣ ниҳодани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ, инчунин дигар самтҳои муҳими рӯзгори ҷомеаи тоҷик, соҳаи тандурустӣ низ бо талош ва назари хайрхоҳонаи давлату Ҳукумати мамлакат рушд ёфта, дар заминаи он имрӯзҳо вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мутобиқ ба талаботи давр роҳандозӣ шудааст.

Тайи солҳои охир бунёд гардидани муассисаҳои тандурустии замонавӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави табобат, ворид намудани технологияҳои муосири тиббӣ, ҷалби мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи тиб ба марказҳои саломатӣ муаррифгари пешрафти илми тибби тоҷик гаштааст. Дар баробари ин, бо мақсади ҳарчи беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҳамакнун дар дурдасттарин минтақаҳои ҷумҳурӣ низ муассисаҳои соҳаи тандурустиву тиббӣ аз таъмиру тармими капиталӣ бароварда шуда, инчунин дармонгоҳҳо ва марказҳои саломатии замонавӣ бунёд гардида истодаанд, ки дар ҳоли идомаёбӣ қарор доштани сохтмони якчанд беморхонаву дармонгоҳҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ далел ба гуфтаҳои боло мебошад.

Перомуни ҳолати хизматрасонии тиббию санитарӣ дар ноҳияи Файзобод гузориши навбатии хабарнигори “МТЖТ” манзури хонандагони ҳафтаномаи “Самак” мегардад. Гузориши мазкур дар асоси маълумотнома перомуни ҳолати хизматрасонии тиббию санитарӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳияи Файзобод, инчунин суҳбат бо роҳбари КАТС -и ноҳия Мирзоев Музаффар Каримович омода гардидааст.

 

Зимни суҳбат Музаффар Мирзоев иброз дошт, ки кормандони муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Файзобод фаъолияти худро дар доираи Қонунҳо, Қарорҳо, Стратегияҳо, Барномаҳои миллӣ ва соҳавӣ, нақшаҳои миллии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулшуда, татбики амалии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, Паёми Пешвои миллат, фармоишу қарорҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амру қарорҳои раиси ноҳияи Файзобод ба роҳ монда, талошу такопӯи ҳамешагии худро баҳри рушди саломатии аҳолӣ ва соҳа равона намудаанд.

Чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз гуруҳи пешоҳанги соҳаи тандурустӣ хизматрасонии дармонгоҳӣ буд ва мемонад. Дар ин росто ба аҳолии ноҳияи Файзобод айни ҳол 1 маркази саломатии ноҳиявӣ, 15 маркази саломатии деҳот, 6 марказҳои саломатии соҳавӣ, 27 бунгоҳҳои саломатӣ фаъолият намуда, дар маҷмуъ 49 адад муассисаҳои КАТС бо 421 нафар корманд ба наздики 109 ҳазор аҳолӣ хизматрасониҳои тиббиву санитариро ба роҳ мондаанд.

Дар идомаи раванди корҳои ободониву бунёдкорӣ, ки аз Паёми Президенти мамлакат маншаъ мегирад, муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Файзобод бо назардошти он ки саломатии мардум шарти муҳимтарини пешрафти мамлакат мебошад, ба ҳалли масъалаҳои вобаста ба тандурустии аҳолӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳанд. Натиҷаи ҷамъбасти панҷмоҳаи соли ҷорӣ дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта гувоҳ аз он медиҳад, ки кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Файзобод баҳри хизматрасониҳои сифатноки тиббӣ ба аҳолӣ талош намуда, ба як қатор нишондодҳои оморӣ ноил гардидаанд.

Чунончӣ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар КАТС-и ноҳияи Файзобод нишондоди зоиши занони ҳомиладор дар таваллудхонаҳо ба 96,7% расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Фоизи истифодабарандагони маводи зидди ҳамл ба 28% афзуд. Ҳамчунин, дар маркази ВНМО тайи се моҳ 786 нафар аз муоинаи тиббӣ гузаронда шуданд, ки аз ин миён 2 нафар мубталои ин беморӣ ба қайд гирифта шуд. Фаъолияти маркази эмтаъминкунӣ дар ин давра қаноатбахш арзёбӣ мегардад.

767 нафар наврасони соли таваллудашон 2003, ки аз тарафи Комиссариати ҳарбии ноҳия дар моҳи январи соли 2019 даъват шуда буданд, аз муоинаи тиббӣ гузашта, аз ин миён бемории 122 нафар маълум карда шуд. Беморони дарёфтшуда сари вақт аз тарафи мутахассисони КАТС, аз ҷумла, духтурони ҷарроҳ, гӯшу гулӯву бинӣ, асаб ва чашм зери назорати диспансери қарор гирифта, ба муолиҷа фаро гирифта шуданд. Ҳолати диспансеризатсияи беморони соҳавӣ бошад, ба 1 апрели соли 2019 дар маҷмуъ 1153 нафарро ташкил медиҳад, ки мубталоёни сил 132, руҳӣ 785, зуҳравӣ 13, наркологӣ 74 ва саратон 95 нафарро ташкил медиҳанд.

Айни ҳол дар  маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО дар ноҳияи Файзобод 54 нафар сироятёфта аз қайд мегузаранд. Аз ин шумора 36 нафарашон дар ноҳия табобат мегиранд, 17 нафари дигар дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рудакӣ ба табобат ҷалб карда шуда, дар давоми соли ҷорӣ 1 нафар фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар ин муддат барои шаҳрвандони аз муҳоҷират баргашта комиссияи ройгони аз қайдгузарӣ таъсис дода шудааст, ки сари вақт бемориҳои сироятӣ муайян карда шуда, ба муолиҷа фаро гирифта мешаванд.

Хушбахтона, дар ин давра бемориҳои сироятии домана, аскаридоз, эхинакркоз, сӯхтанӣ, ғургушак ва исҳоли хунин ба қайд гирифта нашудаанд. Вале мутаассифона, бемориҳои шадиди рӯдаву меъда, илтиҳоби шадиди шушҳо, СШРВ, газидагӣ ва луобгардонӣ, инчунин, зардпарвини навъҳои “А” ва “В” дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта майли афзоиш доранд, ки боиси нигаронист.

Ҷиҳати омодагиҳо ба муносибати таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марказ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Файзобод корҳои ободонию бунёдкорӣ бо ҷидду ҷаҳди зиёд ва талошу такопӯи масъулиятшиносона идома дорад. Тибқи нақшаи бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-1059 аз 22 майи соли 2018 тасдиқгардида то соли 2021 дар ин ноҳияи зебоманзари мамлакат дар маҷмуъ бояд 352 адад иншооти хурду бузург бунёд ёбад. Тибқи иттилои дарёфтӣ дар баробари сохта ба истифода додани марказҳои фарҳангиву фароғатӣ, бунёди боғчаву мактаб, биноҳои истиқомативу боғҳои фарҳангиву истироҳатгоҳҳои замонавӣ, ҳамчунин таъмиру азнавсозии муассисаҳои тандурустиву табобатӣ, низ дар назар дошта шудааст, ки дар сатҳи некуаҳволии мардум ва таъмин намудани мардуми маҳал бо ҷойҳои кории доимиву мавсимӣ мадад хоҳанд кард.

Ҳинни суҳбат Музаффар Мирзоев ҳамчунин иброз дошт, ки иҷроиши барномаҳои миллӣ ба таври ҳамешагӣ дар мадди назари маъмурияти КАТС ва сохтори госпиталӣ қарор дорад. Таҳлили фаъолияти ин барномаҳо ва натиҷаҳои ба даст омада аз он дарак медиҳанд, ки сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ назар ба солҳои пешина беҳтар гардидааст. Дар баробари ин, бехатарии фаъолияти кормандони тиб дар ҷойи корӣ то қадри имкон таъмин гардида, ҳамаи ҳуҷраҳои корӣ бо лампаҳои кварсӣ муҷаҳҳаз гардидаанд ва реҷаи безараргардонӣ бо маҳлули хлорамин риоя мешавад.

Қайд гардид, ки КАТС-и ноҳияи Файзобод бо Маркази ҷумҳуриявии ҳифзи аҳолӣ аз бемориҳои сил хуб ба роҳ монда шуда, маркази мазкур барои пешрафти кор муассисаҳои тандурустии ноҳияро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои марбута пайваста дар байни аҳолии шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, ҳармоҳа бо ин мақсад чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ доир менамояд. Минҷумла, соли ҷорӣ дар байни кормандони беморхонаи марказӣ, муассисаҳои таълимӣ, литсей, ҷамоатҳо чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд. Аз ҳамаи он нафароне, ки таҳти назорати диспансерӣ қарор доранд, тибқи талаботи барнома аз рӯи ҳолати онҳо назорати қатъӣ бурда мешавад.

Дар баробари ин, кормандони КАТС дар ҳамаи чорабиниҳо фаъолона иштирок менамоянд. Аз ҷумла, дар соли сипаришуда онҳо дар чорабиниҳо бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ташкил шуда буд, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 — солагии Иҷлосияи 16 -уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба фаъолият шуруъ намудани агрегати якуми НБО – и «Роғун» ва ғайра фаъолона иштирок намуда, имсол низ ин анъанаро идома дода истодаанд ва иди миллии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд.

Тавре дар рафти суҳбат Музаффар Каримович изҳор намуд, сарфи назар аз таваҷҷуҳу дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати васеъ намудани доираи тадбирҳо баҳри беҳбудии сатҳи солимӣ ва некӯаҳволии аҳолӣ, ки омили инъикоскунандаи вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷисмонии ҷомеа мебошад, то ҳанӯз баъзе мушкилот дар соҳаи тандурустии ноҳия ба чашм мерасанд. Роҳбарият ва кормандони КАТС дар ҳамдастӣ бо мутахассисони марбутаи соҳа ва ҳукумати маҳал ҷиҳати ҳалли саривақтии ин камбудиҳо чораҳои мушаххас меандешад.

“Зеро Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шарвандонашро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи тандурустии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад. Дар ин замина мо – табибони ноҳияи Файзобод низ ин сиёсати Ҳукумати кишварро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беш аз пеш чаҳду талош хоҳем намуд” — иброз намуд дар фароварди суҳбат роҳбари КАТС — и ноҳияи Файзобод Музаффар Мирзоев.

 

“МТЖТ”

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here