Ҳукумати Тоҷикистон ба солимии аҳолӣ, ки сарвати миллии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба зоҳир намуда, ҳифзи саломатии шарвандонашро яке аз афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат муаррифӣ менамояд. Бо назардошти барномаҳои стратегии кишвар ва ҳадафҳои рушди миллӣ соҳаи тандурустии кишвар куллан таҳким ва такмил ёфта, ҳамакнун ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад. Ин аст, ки дар раванди идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ба масъалаҳои беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беш аз пеш аҳамияти хосса зоҳир мегардад.

Тайи солҳои охир бунёд гардидани муассисаҳои тандурустии замонавӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави табобат, ворид намудани технологияҳои муосири тиббӣ, ҷалби мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи тиб ба марказҳои саломатӣ муаррифгари пешрафти илми тибби тоҷик гаштааст. Дар баробари ин, бо мақсади ҳарчи беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ҳамакнун дар дурдасттарин минтақаҳои ҷумҳурӣ низ муассисаҳои соҳаи тандурустиву тиббӣ аз таъмиру тармими капиталӣ бароварда шуда, инчунин дармонгоҳҳо ва марказҳои саломатии замонавӣ бунёд гардида истодаанд, ки дар ҳоли идомаёбӣ қарор доштани сохтмони якчанд беморхонаву дармонгоҳҳо ва бунгоҳҳои саломатӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ далел ба гуфтаҳои боло мебошад.

 

Тавре зимни суҳбат Ғаюров Садриддин Мирзошарифович – мудири шуъбаи Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба минтақаи Кӯлоб зимни суҳбат иброз дошт, рушди  хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани сифати он ва таъмини тамоми шароит барои беҳдошти сиҳатии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд барои беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ дар навоҳии дурдасти кишвар тамоми чораҳо андешида мешаванд. Ин аст, ки танҳо тайи 6 моҳи соли 2019 дар гуруҳи навоҳии минтақаи Кӯлоб таъмир ва бунёди иншооти тандурустӣ, воридоти таҷҳизот ва нақлиёти тиббии ба талаботи давр ҷавобгӯй дар алоҳидагӣ ба таври зайл сурат гирифт:

 

Шаҳру ноҳияи Кӯлоб

Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони Маркази модару кӯдак аз ҳисоби Бонки рушди Олмон аз соли 2017 оғоз гардида, айни ҳол идома дорад.

Сохтмони бинои нави Маркази вилоятии бемориҳои руҳӣ ва Маркази вилоятии бемориҳои наркологӣ аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рафта истодааст.

Дар муассисаҳои вилоятии шаҳри Кӯлоб таъмир ба маблағи 498748 сомонӣ ва таҷҳизотҳои тиббӣ ва ғайритиббӣ ба маблағи 510620 сомонӣ аз ҳисоби буҷети вилоти Хатлон маблағгузорӣ карда шудааст.

Дар ноҳияи Кӯлоб аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 497 000 сомонӣ бинои нав барои МСД Хонаобод иншоот қомат афрохта, ба истифода дода шуд. Айни ҳол сохтмони биноҳои асосӣ барои Бунгоҳи саломатии Гулистон ва Бунгоҳи саломатии Файзободи ҷамоати Даҳана, ки дар мактабҳо фаъолият мекунанд, бо маблағгузории соҳибкорони ватанӣ рафта истодааст. Аз ҳисоби соҳибкорон Бунгоҳи саломатии Саросиёб ва Бунгоҳи саломатии Корези боло азнавсозӣ карда шуда, Бунгоҳи саломатии Хоҷаисҳоқ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 285000 сомонӣ азнавсозӣ ва ба маблағи 15000 сомонӣ бо таҷҳизоти тиббӣ таъмин гардид. Маркази саломатии ноҳия бо маблағи 80000 сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ ва дигар манбаъҳо аз таъмир бароварда шуда, аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ бошад, шуъбаи кӯдаконаи Беморхонаи марказӣ ба маблағи 65000 сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

       

Ноҳияи Темурмалик

Дар шаш моҳи соли 2019 дар КАТС-и ноҳия аз ҳисоби буҷаи ноҳиявӣ 16000 сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои махсус 8000 сомонӣ дар маҷмуъ ба маблағи 24000 сомонӣ 1 адад курсии стомотологӣ харидори гардида, аз ҳисоби вазорати Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ба маблағи 30000 сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ ворид шуд. Беморхонаи №2, ҷамоати деҳоти ба номи С.Раҳимов, деҳаи Қазоқ аз тарафи соҳибкорони ватанӣ ба маблағи 215000 сомонӣ таъмир ва мавриди истифода қарор гирифт. Инчунин, ба БМН Темурмалик аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷҳизоти тиббӣ — УЗИ, ЭКГ, БИКС, яхдон, мизи гинекологӣ ва дигар таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи 251238 сомонӣ ворид карда шуд.

Сохтмони Бунгоҳи саломатии деҳаи Давлатшоён, Бунгоҳи саломатии  ҷамоати  Кангурт, деҳаи Гузари тор, ҷамоати Қарақамиш, деҳаи Даҳаи намак, Бунгоҳи саломатии ҷамоати Танобчии деҳаи Танобчӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ идома дорад.

      

Ноҳияи Муъминобод

Сохтмони Маркази саломатии деҳотии ҷамоати Деҳибаланд деҳаи Тутқавул аз ҳисоби соҳибкори ватанӣ ба маблағи 750000 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Бинои маркази саломатии деҳаи Дустӣ ҷамоати Боғгаӣ аз хисоби буҷети маҳаллӣ ва бо таври ҳашар, сохтмони бинои Бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Даҳаначиён ҷамоати Боғгаӣ, Бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Кулдамон ҷамоати Ш.Шоҳин, Бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Хосабои ҷамоати Н.Назар  идома дорад.

 

Ноҳияи Шамсиддини Шоҳин       

Аз ҳисоби Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон 1 адад нақлиёти Ёрии таъҷилӣ ба маблағи 330000 сомонӣ ҳамчун мадади башардӯстона расонида шуд. Беморхонаи Марказии ноҳия аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 100000 сомонӣ таъмир карда шудааст ва аз ҳисоби дигар манбаъҳо ба маблағи 135000 сохтмон гузаронида шуд. Аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба маблағи 67972 сомонӣ Беморхонаи Чагам бино карда шуда, ба маблағи 139010 сомонӣ муассисаҳои тиббӣ (Беморхонаи №4, Маркази саломатии ноҳиявӣ, Маркази саломатии деҳаи Кафтар, Маркази саломатии деҳаи Порвор, Маркази саломатии деҳаи Дараи об, Маркази саломатии деҳаи Саричашма, Маркази саломатии деҳаи Доғистон, Маркази иммунопрофилактика) аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Сохтмони бунгоҳи тиббии Қавоқ бо маблағи 310000 сомонӣ аз ҳисоби UNDP бунёд ва ба истифода дода шуд.

 

Ноҳияи Данғара

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ Маркази саломатии деҳаи Лаҳури ҷамоати И.Шариф, Бунгоҳи саломатии деҳаи Дурахшони ҷамоати И.Шариф, Бунгоҳи саломатии деҳаи Нурбахш ҷамоати Лолазор, Бунгоҳи саломатии деҳаи Нурофар ба маблағи  300000 сомонӣ, Бунгоҳи саломатии деҳаи Шаҳрбори ҷамоати И.Шариф ба маблағи 300000 сомонӣ, Беморхонаи ҷамоати Себистон, Таваллудхона дар ҷамоати Пушинги деҳаи Пушинг аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ сохта ба истифода дода шуда, ҳамчунин, се нақлиёти тиббӣ ба маблағи 282000 сомонӣ аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ гардид.

 

Ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ

Айни ҳол аз тарафи соҳибкорони ватанӣ бунёди бинои Бунгоҳи саломатии деҳаи Таги Намак ба маблағи зиёда аз 400000 сомонӣ рафта истодааст. Дар баробари ин, Маркази саломатии деҳаи Д.Халифаев бо истифодаи маблағи зиёда аз 700000 сомонӣ мавриди истифода қарор гирифт. Инчунин аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ таъмири асосии Маркази саломатии ноҳия ба маблағи 280000 сомонӣ рафта истодааст. Маркази сили ноҳия бошад, ба маблағи 61351 сомонӣ аз таъмир бароварда шуд. Барои МСН аз ҳисоби БКД ҚҲҶТ №90 ба маблағи 128500 сомонӣ таҷҳизоти даруннигарӣ харидорӣ карда шуд.

      

Ноҳияи Фархор

Аз ҳисоби Бонки умумиҷаҳонӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ дар Маркази саломатии деҳоти ҷамоати Ғалабаи деҳаи Қизилсу сохтмон рафта истодааст.

 

Ноҳияи Балҷувон

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Балҷувон  Бунгоҳи саломатии ҷамоати С. Раҳим, деҳаи Некмардон аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби Барномаи рушди СММ ба маблағи 310000 сомонӣ ба истифода дода шудааст. Дар ҷамоати С. Амиршоев, деҳаи Чашмасор Бунгоҳи саломатии деҳа аз ҳисоби Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба маблағи 1352000 сомонӣ сохта ба истифода дода шуда, дар ҷамоати Балҷувон, деҳаи Холдорчашма Бунгоҳи саломатии деҳот аз ҳисоби соҳибкори ватанӣ ба маблағи 320000 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Сохтмони бинои шуъбаи сироятӣ, таъмири шуъбаи амрози дарунӣ, кӯдакона, сохтмони бинои Бунгоҳҳои саломатии деҳоти Охбулоқ, Узноҳур, Самар, Оличадара, Дебдор, Зардолудашт ба нақша гирифта шудааст.

 

Ноҳияи Восеъ

Аз ҳисоби соҳибкори ватанӣ Маркази саломатии деҳаи Заркамари ҷамоати Миралӣ Маҳмадалӣ ба маблағи 950000 сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ аз ҳисоби Бонки рушди Олмон таъмири асосӣ рафта истодааст. Дар Беморхонаи № 1 аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири асосӣ рафта истодааст.

 

Дар маҷмуъ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб корҳои сохтмонӣ ҳамагӣ ба маблағи 6276972 сомонӣ:

Аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 595000 сомонӣ;

— Аз ҳисоби сармояи хориҷӣ ба маблағи 1662000 сомонӣ;

— Аз ҳисоби соoибкорони ватанӣ ба маблағи 33200000 сомонӣ;

— Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 564972 сомонӣ;

— Аз ҳисоби дигар манбаъҳо ба маблағи 135000 сомонӣ.

 

Дар маҷмуъ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб корҳои таъмири иншооти соҳаи тандурустӣ ҳамагӣ ба маблағи 1439109 сомонӣ:

Аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 100000 сомонӣ;

— Аз ҳисоби соҳибкорони ватанӣ ба маблағи 636351 сомонӣ;

— Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 702758 сомонӣ.

 

Дар маҷмуъ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб таҷҳизоти тиббӣ ҳамагӣ ба маблағи 959358 сомонӣ:

Аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 296238 сомонӣ;

— Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 526620 сомонӣ;

— Аз ҳисоби БКД ҚҲҶТ №90 ба маблағи 128500 сомонӣ ва аз ҳисоби ҚҲҶТ № 600 ба маблағи 8000 сомонӣ.

 

Дар маҷмуъ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб нақлиёти тиббӣ ҳамагӣ ба маблағи 1176000 сомонӣ:

Аз ҳисоби сармояи хориҷӣ 1 адад нақлиёти тиббӣ ба маблағи 33000 сомонӣ;

— Аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 адад нақлиёти тиббӣ ба маблағи 846000 сомонӣ харидорӣ шудааст.

Шуъбаи Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, оид ба минтақаи Кӯлоб ва зерсохторҳои он дар 6 моҳи соли ҷорӣ бо мададу дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва аҳолӣ дар татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ва иҷрои вазифаҳои худ ба натиҷаҳои муайян ноил гашт. Минбаъд низ баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, тансиҳатию некуаҳволӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад кард.

 

МТЖТ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here