Солҳои охир хатари паҳншавии гепатитҳо дар байни аҳолӣ зиёд шуда, боиси ташвиши аҳли ҷомеа гаштааст. Дар робита ба ин масъала, дар қабули стоматолог ҳамеша хатари баланди сироятёбӣ ва интиқоли сироят мавҷуд аст, хусусан тавассути асбобҳо, қолаби қатори дандонҳо ва дигар маснуоти таъйиноти стоматологӣ, ки бо ковокии даҳон алоқамандӣ дорад. Вобаста ба ин МТК «Стоматология» ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо ПИК «Гастроэнтералогия»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сари вақт муайян ва пешгирӣ намудани паҳншавии он чораҳои зарурӣ меандешанд.

Барои пешгирии паҳншавии гепатитҳо сари вақт муайян намудани беморӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва масъулияти мутахассисони соҳа, самаранокии поксозии асбобҳои стоматологӣ, оттискҳо бо роҳи истифодаи аз ҷиҳати илмӣ асоснок гардидани гандзидоии химиявӣ ва омехта, тавассути дезинфектантҳои беалдегид, инчунин ба воситаи коркарди ултрасадоии дорои таъсири спектри васеи зиддимикробӣ лозим аст. Вале роҳҳои сироятёбии гепатит дар аксари ҳолатҳо норавшан боқӣ мемонад. Барои мутлақо хотирҷамъ будан ваксинатсия (эм) кардан лозим аст. Гепатитҳои вирусӣ бемориҳои сироятии интишорёфтаи хатарнок ба ҳисоб мераванд. Бемориҳои мазкур дар шаклҳои мухталиф зоҳир мешаванд, вале дар байни аломатҳои асосӣ зардӣ ва дарди зери қабурғаи ростро ҷудо мекунанд. Ба хотири ташхис гузоштан таҳлили хун, пешоб ва дар ҳолатҳои вазнин бошад, биопсияи ҷигар зарур аст. Аз тамоми анвои гепатит гепатити А нисбатан паҳншудатарин ба шумор меравад. Аз лаҳзаи сироятёбӣ то пайдо шудани аломатҳои аввалини беморӣ аз 7 то 50 рӯз мегузарад. Бештар оғози бемориро ҳарорати баланд ҳамбаста буда, ба хотир зукомро меорад. Дар аксари ҳолат бо сиҳатёбии ғайриихтиёрӣ анҷом мепазирад ва муолиҷаи фаъолро низ тақозо намекунад. Зимни ҷараёни вазнин чакондани доруҳоро таъйин мекунанд, ки таъсири заҳролуди вирусро ба ҷигар бартараф намоянд. Вируси гепатити В тавассути алоқаи ҷинсӣ, тазриқ аз сӯзандоруҳои тамизнашуда дар истифодабарандагони маводи мухадир ва аз модар ба ҷанин мегузарад. Дар ҳолатҳои маъмулӣ беморӣ аз баландшавии ҳарорат, сустӣ, дарди буғумҳо, дилбеҳузурӣ қайкунӣ оғоз меёбад. Ҷигар ва сипурз калон мешаванд. Инчунин мумкин аст, тирагии пешоб ва берангии фазла пайдо шавад. Гепатити С шакли нисбатан вазнини гепатити вирусӣ  ба ҳисоб меравад, ки онро гепатити пас аз хунгузаронӣ низ номгузорӣ намудаанд. Яъне, ба он пас аз гузаронидани хун гирифтор шудаанд. Маълум мешавад, ки хуни донорӣ чанд сол пеш ба вируси гепатити С аз тест гузаштааст. Сирояти сӯзандоруи нашъамандон кофист ва аксари сироятёбиҳо аз ин роҳ аст. Роҳҳои алоқаи ҷинсӣ ва аз модар ба кӯдак низ имконпазир аст. Шакли музмини бемории мазкур хатари зиёдтар дорад, ки аксаран ба сирроз ва саратони ҷигар табдил мешавад. Тақрибан дар 70-80%-и беморон ҷараёни музмин инкишоф меёбад. Агар гепатити С бо дигар шаклҳои гепатити вирусӣ якҷоя шавад, бемориро якбора вазнин намуда, хатари фавт меафзояд. Гепатити D «бемории ҳамроҳ буда, ҷараёни оризашуда гепатити В мебошад. Гепатити Е ба гепатити А монанд аст, вале тадриҷан оғоз ёфта, барои ҳомиладорон хатари он бештар аст. Ҳеҷ гоҳ аз сӯзандоруҳои умумӣ ва сӯзанҳо барои қабули маводи мухаддир истифода накунед. Ҳеҷ гоҳ бо асбобҳои бесироятнашуда пирсинг ва холкӯбӣ нанамоед. Фаромӯш накунед, вируси гепатит дар муқобили вируси ВНМО ниҳоят сахтҷон аст, муддати тулонӣ дар муҳит ҳифз мешавад (гоҳо то чандин ҳафта). Осори ба назар нонамоёни хун метавонад ҳатто дар ҷавпоя, ки зимни ба кор бурдани кокаин истифода мешавад, боқӣ монад, аз ин рӯ дар ин ҳолат аз сироятёбӣ барҳазар будан зарур аст.

Тавассути алоқаи ҷинсӣ бештар гепатити В мегузарад, сироятёбии гепатити С низ имконпазир аст. Чораҳои эҳтиётиро зимни алоқаи ҷинсӣ дар вақти ҳайз ниҳоят ҷиддӣ ба роҳ мондан зарур аст, шаҳвати даҳонӣ низ метавонад хатарнок бошад. Гепатит бо роҳи «амудӣ» — зимни ҳомиладорӣ, таваллудкунӣ, синамаконӣ аз модар ба кӯдак мегузарад. Дар ҳолати дастгирии дахлдори тиббӣ мумкин аст кӯдак аз сироятёбӣ эмин монад ва ин риояи ҷиддии қоидаҳои беҳдошту қабули доруҳоро тақозо мекунад.

Имрӯзҳо дар амалияи тандурустӣ танҳо ваксинаи таъсирбахш бар муқобили гепатити А ва В мавҷуд асту халос. Тадқиқотҳои шиддатнок барои таҳияи ваксина бар зидди гепатити С дар марҳилаи ибтидоӣ қарор дорад, зеро тағйирёбии баланди вирус ва мавҷуд набудани коркарди самараноки ҷавобии подтани муҳофизатӣ баъди аз сар гузаронидани гепатити С ба амал овардани чунин тадқиқотҳоро душвор мегардонад. Дар робита бо ин ҳолат ба муқобили гепатити С муолиҷаи саривақтӣ оғоз шуда, метавонад рушди тағйиротҳои вазнини хуруҷкунандаро дар бофтаҳои ҷигар пешгирӣ намояд, ки бегуфтугӯ сифати ҳаёти беморро боло мебарад.

Худро аз бемории гепатити А ҳифз кардан душвор нест, як эм кардан ба муҳлати зиёда аз 1 сол касро аз хавфи сироят ёфтан эмин медорад. Вояи дуюм, ки пас аз 6-12 моҳ гирифта мешавад, муҳофизати дарозмуддатро таъмин менамояд. Ваксина ба калонсолон ба вояи 0,5мл тавассути мушаки долия ворид карда мешавад. Даври муолиҷа 3 эмкунӣ мувофиқи нақшаи 0,1 ва 6 моҳ. Ба кӯдакон 0,25мл ба мушаки долия ду маротиба бо фосилаи 1 моҳӣ ворид карда мешавад.

Аз соли 1981 дар дунё зиёда аз 1млрд. вояи ваксина бар муқобили гепатити В ба кор бурда шудааст, ки зимни нишондиҳандаҳои олии бехатарӣ ва самаранокиро ба бор овардааст. Ваксина дар 95% барои пешгирии рушди ҳомилони музмини вируси гепатити В самаранок ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди он ки ҳомилони музмини вируси гепатити В ба хатари баланди фавтнокӣ дар натиҷаи сирроз ва саратони ҷигар мубталоянд, ваксина бар зидди гепатити В аввалин ваксинаи зиддисаратонӣ мебошад. Созмони умумибашарии тандурустӣ соли 1972 бо назардошти муҳимияти барҷастаи ваксина бар зидди гепатити В тамоми мамлакатҳоро таклиф намуд, ки ба тақвими миллии эмкунӣ бар зидди вируси гепатити В худро шомил намоянд. Имрӯз зиёда аз 100 мамлакат ба тақвими худ эмкунӣ зидди вируси гепатити В-ро шомил намудаанд. Илова бар ин, дар аксари мамлакатҳои аз ҷиҳати саноатӣ мутараққӣ эмкуниро ба наврасон низ мегузаронанд. Дар баъзе иёлоти ИМА тамоми навзодонро як-як эм мекунанд.

Соли 1996 ба тақвими миллии эмкунии профилактикӣ ваксина зидди гепатити В шомил карда шуд.

Тибқи Тақвими миллии эмкунии профилактикӣ аввалин ваксина бар муқобили гепатити вирусии В ба навзодон дар 12 соати аввали ҳаёт, дуюмӣ дар 1 моҳагӣ ва сеюм бошад, дар 6 моҳагӣ гузаронида мешавад.

Тифлоне, ки аз модарони ҳомила, ки гирифтори гепатити вирусии В ба дунё меоянд, дар семоҳаи саввуми ҳомиладорӣ тибқи нақшаи зерин – 0-1-2-12-моҳагӣ зидди гепатити вирусии В ваксинатсия карда мешаванд.

Реаксияҳои пас аз эмкунӣ зимни истифодаи ваксина аҳёнан мушоҳида мешавад. Дар 3,5-5%-и ҳолатҳо дарди мавзеии рафъшаванда, сурхлакка ва сахтшавии ҷойи тазриқ, ичунин ҳарорати начандон баланд, шикоят аз беҳолӣ, хастагӣ, дарди мушакҳо, дарди сар, сарчархзанӣ, дилбеҳузурӣ имконпазир аст. Реаксияҳои номбаршуда пас аз ду тазриқи аввал пайдо шуда, пас аз ду-се рӯз мегузаранд. Дар нафароне, ки ҳассосияти баланд доранд, реаксияи навъи таъхирнопазир имконпазир аст, аз ин рӯ эмкардагон ба муддати 30 дақиқа бояд таҳти назорати табиб бошанд.

Хулоса, гепатитҳои вирусӣ бемориҳои сироятии интишорёфтаи хатарнок ба ҳисоб мераванд. Бемориҳои мазкур дар шаклҳои мухталиф зоҳир мешаванд, вале дар байни аломатҳои асосӣ зардӣ ва дарди зери қабурғаи ростро ҷудо мекунанд. Ба хотири ташхис гузоштан таҳлили хун, пешоб ва дар ҳолатҳои вазнин бошад, биопсияи ҷигар зарур аст.

Саидшоҳ Таибов, ассистенти кафедраи стоматологияи муолиҷавии ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here