Аз бузурге мепурсанд, ки беҳтарин неъмати дунё кадом аст? Мегӯяд: «Саломатӣ». Воқеан, барои ҳар мавҷуди зиндае саломатӣ неъмати бебаҳост. Агар инсон саломати комили руҳу тан надошта бошад, дар ҳеҷ ҷодае муваффақ намешавад.

Инак, мехоҳам дар бораи шахсе бигӯям, ки ба истилоҳ «инсони ҳақиқӣ ва комил» аст. Ӯ Бобоалиев Сарҳад Маъруфалиевич, мутаваллиди 19-уми июни соли 1969 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд аст. Пас аз хатми мактаби миёна дар соли 1986 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, онро соли 1994 бо муваффақият хатм намудааст. Дар ин миён, яъне солҳои 1987-1989 хизмати ҳарбиро дар неруҳои мусаллаҳи СССР анҷом додааст. Пас аз поёни хидмати сарбозӣ дубора дар Донишгоҳи тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсилро идома дода, соли 1994 онро хатм намуд ва пас аз он дар бахши эҳё ва бемориҳои дил дар бемористони маъруфи Қарияи боло ба фаъолият оғоз кард. Аз соли 1999 то соли 2007 мудири бахши ташхиси функсионалӣ ва соли 2007 то соли 2009 ҳамчун мудири бахши эҳё фаъолият намуд. Аз моҳи сентябри соли 2009 то ба имрӯз дар Маркази саломатии мавсум ба «Дили солим»-и Дармонгоҳи ибни Сино кору фаъолият менамояд. Оиладор ва соҳиби 3 фарзанд аст.

Боре барои муоинаи вазъи саломатиам ба Бобоалиев Сарҳад муроҷиат намудам. Зимни дидор ин вориси ҳақиқии Сино суханро ингуна оғоз кард, ки «ақли солим дар бадани солим аст». Ба андеша рафтаму бо худ гуфтам чӣ сухани ҳикматомӯзе шунидам, яъне агар бадан солим аст, пас ақл низ аз саломати комил бархӯрдор мегардад. Ӯ идома дод, ки инсон набояд ҳаргиз дар ҳеҷ заминае, бавижа саломатии руҳу тан ба афкори манфӣ роҳ диҳад ва барои исбот сухани пизишки маъруфи рус В. Ключевскийро ёдовар шуд, ки мефармояд: «Одны вечно больны, потому что заботятся быть здоровыми, а другие здоровы, потому что не бояться быть больными».

Дар баробари ин ҳама сифатҳои неку писандида, Бобоалиев Сарҳад бисёр ҳалиму меҳрубону хушсухан аст. Фикр мекунам ӯ беморонро на танҳо бо доруву дармон, балки бо рафтору кирдор ва одоби шоистааш низ табобат мекунад. Дар ташхиси амрози беморон ҳамто надорад ва шахсони муроҷиаткарда мегӯянд, ки ӯ бидуни дастгоҳҳои пизишкӣ бемориро ташхис дода, доруҳои лозимиро таъйин менамояд. Борҳо ин суханро аз забонаш шунидаам, ки мегуфт «барои ман ҳамчун пизишк пеш аз ҳама саломатӣ ва шодии шумо муҳим аст» ва дар тақвияти суханаш ин дубайтиро замзама кард:

Сад масҷиду сад работ обод кунӣ,

Сад банда ба зар харида озод кунӣ.

Сад сол ба рӯза бошию шаб ба намоз,

Беҳ з-он набувад, ки як диле шод кунӣ.

Номбурда дар соҳаи худаш — пизишкӣ воқеан дониши зиёд дорад. Чунончи, худ борҳо шоҳид будам, номбурда ҳар субҳ пеш аз муроҷиат кардан ба бемор таърихи бемории ҳар нафарро ҷудогона меомӯзад, сабаб ва асосҳои бемории ҳар нафарро ҷудогона ташхис медиҳад ва ин амал ба ӯ имкон медиҳад, ки ба истилоҳ «бемориро аз бех муолиҷа кунад» ва дар ин замина бисёр муваффақ аст. Дар баробари ин, ҳаргиз аз масири инсонияту инсондӯстӣ хориҷ намегардад. Боре зимни наҳваи бархӯрдаш бо шахсони корафтода ё ниёзмандеро мушоҳида кардаму нохудогоҳ ин байти шоири маъруфи афғонистонӣ Халилуллоҳ Халилӣ ба ёдам омад, ки фармудааст:

Дар хирмани коинот кардем нигоҳ,

Як дона муҳаббат асту боқӣ ҳама коҳ.

Хислати дигари ҳамидааш ин аст, ки ҳаргиз замонро беҳуда талаф намекунад ва пайваста дар ҳоли омӯзиш ё муолиҷаи беморон қарор дорад. Дар ҳамин синни ҷавонӣ ба ин ҳақиқат расидааст, ки умри гаронмояро бояд барои корҳои неку судманд сипарӣ кард ва ин байти маъруфро пайваста вирди забон дорад:

Ғофил машав зи умр, ки чун киштие дар об,

Истода менамояду чун тир меравад.

Номбурда аз моҳи сентябри соли 2009 дар Маркази саломатии «Дили солим»-и дармонгоҳи Ибни Сино то ба имрӯз фаъолият мекунад ва дар ҳоли ҳозир ҳамчун муовини директори генералӣ дар бахши муолиҷа машғули кор аст. Пири табибон Ибни Синоро хеле дӯст медорад ва ашъорашро ҳамеша вирди забон дорад. Аз ашъори ин пири хирад ва дигар бузургони адабиёти классикӣ шеъру ғазал ва пораҳои шеърии марбут ба саломати руҳу ҷонро ҳифз намуда, дар лаҳзаҳои мувофиқ барои беморон қироат мекунад, ки ин амал худ боиси руҳбаландии онон мегардад.

Тавре мегӯянд, «Бузургонро бузургон зинда медоранд». Барои афроди бузургтар аз худаш ҳамеша эҳтиром қоил аст ва аз таҷрибаи зиндагии онҳо меомӯзад ва ин байтро ҳамчун шиор дар муносибат бо бузургтарҳо интихоб кардааст:

Роҳи равшан зи бузургони куҳансол биталаб,

Обҳо соф дар айёми хазон мегардад.

Ӯро борҳо дар ҳоли мутолиаву омӯзиш ва ёдгирӣ дидаам. Тавре бузургон мегӯянд, «агар ду рӯзат якхела гузарад, аз ҳаёт ақиб мемонӣ». Гӯё ин фармударо шиори зиндагии худ қарор додаааст, ҳамеша дар пайи сайқалу густариши донишу малакаи хештан аст. Чунончи, иштирокаш дар конференсияҳои байналмилалии зерин далели ин гуфтаҳост: Конгресси духтурони дил дар шаҳрҳои Москва, Сан-Петербург, Қазон, Екатеринбург (соли 2009), Конгресси духтурони дил дар Эрон (соли 2010), иштирок дар 13-умин давраи байналмилалии омӯзиши духтурони дил дар шаҳри Москва (соли 2011), Конгресси Евроосиёии духтурони дил дар шаҳри Остонаи Қазоқистон (соли 2012).

Хизматҳои арзишманду шоистааш бо ҷоизаву ифтихорномаҳову медалҳо қадрдонӣ шудааст, ба мисли Медали ҷашнии неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Иттифоқаи касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи тандурустӣ (соли 2007), Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар баробари меҳнати шабонарӯзии сангину масъулиятталаб, омӯзиш ва сайқал додани донишро ҳамзамон пеш бурда, 22-юми сентябри соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз рисолаи илмии худ бо муваффақият дифоъ намуд ва номзади илмҳои пизишкӣ гардид.

Ӯ дар ҳақиқат ҳам ворисони ҳақиқии Ибни Синост, зеро дар баробари пизишки хуб будан, гоҳе қаламкашӣ ҳам мекунад. Ҳаргиз ба ноумедӣ роҳ намедиҳад ва ба оянда хеле некбин аст. Дар дидоре, ки чанд рӯз пештар доштем, аз як сухани дигари бисёр ҳикматомез ёдовар шуд. Бароям бори дигар собит гардид, ки ӯ дар ҳақиқат ба тамоми маъно пизишки донишманд аст ва он сухан ин буд: «Барои касе, ки оҳиста, вале пайваста меравад, ҳеҷ роҳе дур нест». Умедворем, ки роҳи дар пеш гирифтаи Бобоалиев Сарҳад Маъруфалиевич ҳамеша софу ҳамвору пурбарор бошад ва дар ин ҷодаи пурифтихори пизишкӣ барояш муваффақияту бурдборӣ орзумандем.

Фаррухи ҲУСЕЙН

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here