Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро ба роҳ мондааст. Аз суҳбат бо директори коллеҷи мазкур Азимзода Сабзаалӣ Ҳайдар маълум шуд, ки дар муассиса ҳама шароитҳои лозима барои донишҷӯён фароҳам буда, маъмурият барои тарбия ва омодасозии мутахассисони рақобатпазиру муосири тиббӣ тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд.

 Ёде аз таърихи коллеҷ

Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон» ҳамчун муассисаи таълимии миёнаи касбӣ оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳаи «Кори ҳамширагӣ», «Кори тиббӣ-ташхисӣ», «Кори момодоягӣ» ва «Кори фармасевтӣ» аз соли 2014 ин ҷониб фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Коллеҷи мазкур аз соли 2010 фаъолияти худро дар як бинои Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии ноҳия , ки аз 3 ошёна иборат аст, роҳандозӣ намуд. Дар ин баробар тибқи шартнома дар беморхонаи марказии ноҳия дар шуъбаҳои бемориҳои сироятӣ, ҷарроҳӣ, бемориҳои дарунӣ, бемориҳои гӯшу бинӣ, бемориҳои пӯст, таваллудхона, маркази беҳдоштӣ 19 синфхона ҳамчун синфхонаи таълимӣ ҷудо карда шудааст, ки дарсҳои таҷрибавӣ гузаронида мешаванд. Дар бинои таълимии кунуние, ки коллеҷ мустақар аст, 23 синфхонаи таълимӣ мавҷуд аст. Барои донишҷӯён синфхонаҳо бо ҳама лавозимоти муосир ва аёниятҳо, ки баҳри таълим лозим аст, муҳаё мебошад.

Сабзаалӣ Алимзода — директори коллеҷи болозикр зимни суҳбат афзуд, ки «аз моҳи марти соли 2018 шуъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳия ба тавозуни Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон» гузаронида шуд, ки аз 4 ошёна иборат мебошад. Дар соли таҳсили 2019-ум 5 кафедраи ин таълимгоҳ ба бинои болозикр кӯчонида шуданд. Айни ҳол дар ду ошёнаи бинои нави таълимӣ, ки пурра аз таъмири асосӣ бароварда шудаанд, бахшҳои якум ва дуюми ихтисосҳои «Кори ҳамширагӣ», «Кори ташхисӣ-тиббӣ», «Кори момодоягӣ» ба таҳсил фаро гирифта шудаанд».

Дар сохтори коллеҷ ихтисосҳои «Кори ҳамширагӣ», «Кори тиббӣ-ташхисӣ», «Кори момодоягӣ» ва «Кори фармасевтӣ» мавҷуд мебошанд.

Манбаъ илова намуд, ки машғулиятҳо дар бинои нав мунтазам аз ҷониби омӯзгорони ботаҷриба бо истифодаи усулҳои нави таълимӣ ва технологияи муосир, аз қабили доскаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо гузаронида мешаванд.

Айни замон дар коллеҷ 9 кафедра фаъолият дорад: кафедраи «Кори ҳамширагӣ», кафедраи «Умумитиббӣ», кафедраи «Гуманитарӣ», кафедраи «Забонҳо», кафедраи «Табиӣ-риёзӣ», кафедраи «Фармакология, гигиена ва асосҳои микробиология», кафедраи «Тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ», кафедраи «Кори ҳамширагӣ дар ҷарроҳия» ва кафедраи «Кори ҳамширагӣ дар терапия». Ҳамчунин, сохтори коллеҷ аз қисми таълимӣ ва тарбиявӣ, таҷрибаомӯзӣ, кабинети методӣ, лаборатория, китобхона, қисми хобгоҳ, шуъбаи кадрҳо, бойгонӣ, бунгоҳи тиббӣ ва муҳосибот иборат аст.

Дар коллеҷ барои мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ дар ҳамаи синфхонаҳо системаи гармидиҳӣ гузаронида шуда, фаршҳои он бо линолиум пӯшида шудаанд. То ин ҷониб 43 адад компютерҳо дар синфхонаҳои компютерӣ мавҷуд аст, 26 адад тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо харидорӣ гардидаанд. Умуман, 4 адад ноутбук, 8 адад нетбук, 129 адад компютер, 15 адад принтер, 10 адад нусхабардор барои синфхонаҳо харидориву ба истифода дода шудаанд.

Беҳтарин омӯзгорон ҷалб шудаанд

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” айни ҳол 194 нафар кормандон фаъолият доранд, ки як нафар номзади илми тиб, 7 нафар омӯзгорони дорои тахассуси дараҷаи олӣ, 2 нафар тахассуси дараҷаи якум, 6 нафар бо тахассуси дараҷаи дуюм мебошанд.

Инчунин, дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” 2 нафар Аълочии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 нафар Аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд.

Дастоварди донишҷӯён назаррас аст

Коллеҷи зикргардида ба шакли рӯзона таҳсилро ба роҳ монда, шумораи муҳассилин 1430 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ҷумла 316 нафарашон писарон ва 1114 нафарашон духтарон буда, 189 нафар тариқи буҷавӣ ва 1241 нафар тариқи шартномавӣ таҳсил менамоянд.

Ба иттилои роҳбарияти муассиса, таълимгирандагони ин даргоҳ дар озмуну олимпиадаҳо фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Аз ҷумла, як нафар донишҷӯи бахши дуюми ин муассиса дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ноҳия иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардидаву ба озмуни вилоятӣ роҳхат ёфтааст.

Китобхона дорои 160 ҳазор китоб аст

Роҳбарияти коллеҷи барои илмомӯзии донишҷӯён тамоми шароитро фароҳам овардаанд. Дар ҳамин замина, баҳри ҳарчи бештар рӯ ба китоб овардани муҳассилин ва ба мутолиаи адабиёти таълимӣ, тахассусиву мухталиф машғул гардидани донишҷӯён китобхона таъсис дода шудааст, ки дорои базаи хуби адабиёти соҳавӣ мебошад.

Сабзаалӣ Алимзода — директори коллеҷи мазкур шарҳ дод, ки «айни замон хазинаи китобхонаи коллеҷ 16030 ададро ташкил медиҳад, аз ҷумла тахассусӣ 10883 адад, таълимӣ 2339 адад, методӣ 222 адад, бадеӣ 2449 адад, адабиёти сиёсӣ, фарҳангӣ 157 адад. Ҳамакнун таълимгирандагони ин боргоҳи илму дониш аз имконияти мавҷуда самаранок истифода бурда, дар толори китобхона, ки 50 ҷой барои мутолиаи китоб ташкил шудааст, ба хониши китоб машғул мешаванд».

Ҳамчунин, дар коллеҷ китобхонаи электронӣ ташкил карда шудааст, ки бо 17 адад компютерҳо ва 1 адад принтер таъмин карда шудааст. Хазинаи китобхонаи электронӣ зиёда аз 181 адад китобҳоро дар шакли электронӣ, филмҳои таълимӣ, маводи лексионӣ дар шакли презентатсияҳо ва модулҳои таълимӣ, маҷмуи саволҳои тестӣ дар бар мегирад, ки донишҷӯён ҳамарӯза аз он васеъ истифода мебаранд.

Компютерҳои китобхона бо хати Интернет пайваст мебошанд, ки донишҷӯён пайваста истифода мебаранд.

Дар китобхона ҳамчунин маҷаллаҳо ва рӯзномаҳои даврӣ, ки коллеҷ ба онҳо обуна мебошад, мавҷуданд, ки омӯзгорон ва донишҷӯён онҳоро пайваста мутолиа мекунанд, аз ҷумла нашрияҳои “Минбари халқ”, “Ҷумҳурият”, “Субҳи Ёвон”, “Адабиёт ва санъат”, “Садои шарқ”, “Ёрии таъҷилӣ”, “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Ваҳдат”, маҷаллаи “Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон”, “Бонувони Тоҷикистон” ва ғайра.

Инчунин, мутобиқ ба паём ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташкили қироатхона дар ҳамаи сохторҳо дар муассиса қироатхона бо 35 ҷои нишаст барои омӯзгорон ташкил гардидааст.

Тадбирҳои зарурӣ баҳри пешгирии СOVID -19

Аз ҷониби ҳамширагон пайваста ҳолати санитарии бино ва ҳуҷраҳои таълимӣ, ҳамчунин вазъи солимии омӯзгорон ва донишҷӯён зери назорат гирифта шудааст. Дар муассиса оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла СOVID-19 чорабиниҳои профилактикӣ ташкил ва гузаронида шудаанд. Саҳни коллеҷ, роҳравҳо ва ҳуҷраҳои таълимӣ бо маҳлули гипохлориди калсий безарар гардонида шудаанд. Ҳамчунин, коллеҷ бо ҳароратсанҷ ва маҳлулҳои спиртдор барои бесироятгардонии дастон таъмин карда шудааст, ки ҳами даромадгоҳҳо бо онҳо таъмин буда, ҳангоми воридшавии донишҷӯён ҳарорати баданашон санҷида шуда, дастони онҳо бесироят гардонида мешавад.

Нақшаҳо неканд

Маъмурияти Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон” азм доранд, ки дар оянда шароитро дар ин макони илму маърифат боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монда, беҳтарин мутахассисонро дар соҳаи тиб омода намоняд, то онҳо дар оянда ба халқу ватани худ хизмати софдилона кунанд. Барои омӯзгорону донишҷӯён саломатӣ ва бурдбориҳоро таманно дорем!

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here