Солҳои охир миёни аҳолӣ вируси гепатити А хеле афзоиш ёфтааст. Банда тасмим гирифтам, ки роҷеъ ба бемории сироятии мазкур, сироятшавӣ, пешгирӣ ва табобати он ба воситаи ҳафтаномаи «Фараж», ки яке аз пурхонандатарин нашрияҳост, маълумот диҳам.

Азбаски бемории вирусии гепатити А мавсимӣ мебошад, нуқтаи авҷи он ба моҳҳои аввали хониш, яъне сентябр ва октябр рост меояд ва волидайнро зарур аст, ки дар ин марҳила хеле эҳтиёткор бошанд. Зеро пешгирии ҳама гуна беморӣ ҳамеша аз табобат осонтар аст.

Гепатити вируси А бемории шадиди сироятӣ буда, бо расонидани осеби аввалия ба ҷигар ҷараён мегирад ва аз як шахс ба шахси дигар бо роҳи ғизохӯрӣ интиқол дода мешавад. Гепатити А нисбат ба дигар гепатитҳои вирусӣ одатан хеле сабук ҷараён гирифта, ба хурӯҷи фарояндаи музмин тамоюл надорад. Маҳз ҳамин паталогияро дар зиндагии рӯзмарра «бемории Боткин» меноманд. Омили ангезандаи гепатит вирусе мебошад, ки ба гуруҳи вирусҳои рӯда мансуб аст. Вируси мазкур дар муҳити беруна тобовар буда, дар ҳарорти 40 дараҷа тӯли чанд рӯз боқӣ мемонад, аммо ҳангоми ҷӯшонидан вирус пас аз 15 дақиқа нобуд мешавад.

Манбаи сироят одами бемор мебошад. Аз шахси мариз вирус асосан тариқи наҷосат ҷудо мешавад, аммо тавассути пешоб камтар.

Сироят чӣ гуна сурат мегирад? Вирус дар организми инсон ба воситаи дастҳои чиркин ва ё ҳангоми хӯрдани маводи ғизоӣ, сабзавот, меваҳо ворид мешавад. Инчунин гирифторшавӣ метавонад ҳангоми шино кардан дар обанборҳое, ки ба заҳоби партовҳои корхонаҳои саноатӣ олуда шудаанд, рух диҳад. Вуруди вирус ба бадани одами солим ба таври ноаён, ба истилоҳ дар давраи инкубатсионӣ, ки бо гепатити А аз 14 то 35 рӯз тӯл мекашад, сурат мегирад. Сипас тазоҳуроти беморӣ ба таври зерин оғоз меёбад: ҳарорати бадан афзоиш меёбад, сардард пайдо мешавад, иштиҳо коҳиш меёбад, сустии бадан, дилбеҳузуршавӣ ва қай кардан мушоҳида мешавад. Дар бештари беморон падидаҳои пурхӯрӣ ва сурхшавии раҳм (зева) ба вуҷуд меояд, пешоб хиратоб шуда, ба худ ранги оби ҷав (пиво)-ро мегирад, аммо моддаи малфуъ (фимкалий) баръакс рӯшан мешавад.

Гепатити А метавонад дар шакли зардча, яъне бо тазоҳуроти ранги зард аз чашмҳои обраванда (слизистый) ва илтиҳоби пӯст ҷараён ёбад. Аммо мумкин аст, ағлаб дар кӯдакон бидуни шаклҳои зардча вуҷуд дошта бошад. Бо ин ва дигар шакли беморӣ пеш аз ҳама ҷигар осеб мебинад. Ин ба эҳсоси сангинӣ дар зерқабурғаҳои рост ва афзоиши андозаи ҷигар ба мушоҳида мерасад.

Вируси гепатити А пеш аз зоҳиршавии зардча ба наҷосати шахси бемор хеле зудтар, яъне пеш аз давраи гирифторшавӣ ба зардча,ба мушоҳида мерасад. Маҳз дар ҳамин давраи беморӣ беморон барои атрофиёни худ бо расонидани сироят бештар хатарафзоянд. Баробари пайдошавии давраи зардии ранги склер ва илтиҳоби пӯст тахсиси вирус ба шиддат коҳиш меёбад ва манбаи сирояти он зуд паст мешавад. Аз ҳама бештар беморони гирифтори гепатити бидуни шакли зардча хатарноктаранд, зеро дар онҳо аломати асосии дифференсиалии гепатит, яъне зардча вуҷуд надорад, аммо ҷудошавии вирус идома меёбад. Бояд донист ва дар ёд дошт, беморе, ки ба ҳар шакли гепатити А гирифтор аст, манбаи сироят ба атрофиёни худ мебошад. Азбаски гепатити вируси А гузаранда аст, ҳангоми мулоқот бо бемор мебояд қоидаҳои бехатариро риоя кард. Микробҳо ба воситаи зарфҳои хӯрок (корду шохача) мунтақил мешаванд, инчунин дар дигар ашё, дастаи дар, розетка, калиди барқ ва ғайра боқӣ мемонанд. Бемор ҳатман пас аз қазои ҳоҷат бояд дастони худро бо собун бишӯяд. Зарфи хӯроки бемор бояд алоҳида бошад, дигар ашёи ошхонаро дар об мебояд ҷӯшонид ва ё ба воситаҳои зиддиафунӣ бояд безарар карда шаванд.

Тадбирҳои пешгирии гепатити А сода ва барои ҳама дастрас аст:

— Иҷрои ҳатмии қоидаҳои беҳдошти «гигиена» шахсӣ. Шустани дастҳо пеш аз хӯрдани таом, пас аз қазои ҳоҷат, итмоми кор, сайругашт ва монанди ин.

— Сабзавот, меваҳо, тут, кабудиҳоро дар зери ҷараёни тези лӯлаоб шустан.

— Танҳо оби ҷӯшонидашударо нӯшидан.

— Дар обанборҳо шино накардан.

— Манзилҳоеро, ки дар он мардум будубош доранд: хонаҳо, ҷои кор, биноҳои ҷамъиятӣ, фурӯшгоҳҳо, мавзеъҳои коммуналӣ ва истеҳсолиро  дар ҳолати тозагӣ нигоҳ доштан.

Дар айни замон аз ҳама усули самараноки пешгирии гепатити вируси А эмкунӣ маҳсуб мешавад.

Ҳамчунин, ба истилоҳ «гуруҳҳои хатарноке» вуҷуд доранд, ки одамони шомили гуруҳи мазкур агар иммунитеташон заиф бошад, пеш аз ҳама ҳатман аз маъракаи эмкунӣ гузаранд. Гузашта аз ин, гуруҳи одамоне низ ҳастанд, ки хатари зуд олудашавӣ ба ин беморӣ доранду ба мамлакатҳое сафар мекунанд, ки дар он ҷо мизони баланди сирояти беморӣ вуҷуд дорад. Ба гуруҳи мазкур кормандони соҳаи тибби шуъбаҳои сироятӣ, низомиён, мураббиён ва омӯзгорони муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ, кормандони ҷамъияти матлубот ва таъминоти об, бахусус канализатсия шомиланд. Хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимӣ низ қишри зуд осебпазир маҳсуб меёбанд. Азбаски бемории вирусии гепатити А мавсимӣ мебошад, нуқтаи авҷи он ба моҳҳои аввали хониш, яъне сентяюбр ва октябр рост меояд. Ана дар ҳамин вақт чун нахустин бор аҳли синф ҷамъ меоянд, маҳз дар ҳамин гуруҳҳо хатари гирифторшавӣ баланд мешавад. Ин пеш аз ҳама ба паст будани таҷрибаҳои беҳдоштии (гигиенаи) бачагон дар ҳамин синну сол, инчунин аз назорати калонсолон дур будани онҳо вобастагӣ дорад. Дар муассисаҳои таълимӣ борҳо мушоҳида шудааст, ки хонандагон гуруҳ-гуруҳ ба ин беморӣ мубтало шудаанд. Бинобар ин, бачагон пеш аз фаро гирифта шудан ба таҳсил бояд ҳатман аз маъракаи эмкунӣ бар зидди бемории гепатити А гузаранд.

 

Баёнқул АМОНОВ,

сарвари Маркази саломатии Марғедар

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here